Тамос

Агар пешниҳоде барои муаллиф ва ё назаре дар бораи сафҳа ва матолиби он дошта бошед, лутфан онро дар зайл марқум бифармоед.

70 replies

  1. Комёб бошед!

    Нравится

    • Сипоси фаровон ҷаноби Мухлис

      Нравится

      • Ассалому алейкум, домулло чун фикр мекунам инчо сомонаи шахсии шумост мехостам аксхо ва маълумоти бештаре аз худатон мегузоштед, мисли хикояти дар Бухоро буданатон, ки дар сомонаи фейсбук буд. Ва боз мехостам сомонаи Кимиёи Саодат чи шуд?

        Нравится 2 людей

      • Плефтагӯиҳои Истаравшанӣ (ё чи гуна Истаравшанӣ худ бе таҳлил маводи таҳлилӣ менависад)

        ВОКУНИШ. Дар сомонаи «Кимиёи саодат» маводеро таҳти унвони «Худкардаро тадбир нест ё иштибоҳҳои сархӯри Ятимов» дар ду бахш хондаму хулоса кардам, ки кӯрдилу хоинро наметавон бо ҳеҷ роҳе мутақоид сохт. Зеро сиришти ин нафарон ба гунае шакл гирифтааст, ки рӯзеро агар бе иғвою дасиса ва ё туҳмат шаб кунанд, хобашон намебарад. Хоб як тараф истад, балки нони додаи хоҷагонашон оши баданашон нахоҳад шуд.

        Сайидюнуси Истаравшанӣ дар матлабаш, ки дар асоси гӯё факту рақам ва далелҳои дар мусоҳибаи сардабири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бо судяи Суди Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон Шамс Азизов овардашуда таҳия намудааст, қайд менамояд, ки «билохира лозим буд касе дар ин кишвар парда аз рӯи ин шайтанатҳо бардорад!».

        Баъди хондани ин ҷумла дар зеҳнам фақат ҳамин фикр омад, ки танҳо касоне, ки шайтонсириштанд дар ҳама чиз ба қавли худашон “шайтанат” мекобанд. Аммо ба ин чиз коре надорам, зеро на шайтонаму на шайтанатро мефаҳмам. Аммо азбаски ҳуқуқшинос ҳастам ба баъзе масоили ҳуқуқӣ сарфаҳм меравам ва метавонам гӯям ки зимни навишти матлаб Истаравшанӣ ба плефтагӯӣ роҳ додааст.

        Ҳарчанд, ки кӯшиш кардааст, ки судя Шамс Азизовро дар он гунаҳкор намояд, ки бе асоси ҳуқуқӣ сухан гуфтааст, худ ба иштибоҳоти ҷиддӣ роҳ додааст, ки дар саросари матлаби навиштаи ӯ ба мушоҳида мерасанд. Аммо ман ба хатогиҳову ҳарзагӯиҳои ӯ дар саросари матлаб низ коре надорам. Фақат бароям ҳамчун аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хушоянд нест, ки пеш аз ҳама як ҳизби террористию экстремистӣ ва ғайриқонунӣ таъсисёфтаю ғайриқонунӣ эътирофгаштаро бо ҳизби созандаю бунёдкоре, ки қариб панҷсад ҳазор аъзо дорад ва бештари онҳоро аҳли зиё ташкил медиҳанд, ба хотири пӯшонидани ғаризаҳои худ муқоиса мекунад. Чунин муқоиса аслан муносиб нест. Тавре худи Истаравшанӣ эътироф кардааст, «…Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои аввалин бор, дар таърихи 20 апрели соли 1973 (яъне дар даврони Шӯравии собиқ) дар вилояти Қӯрғонтеппа дар манзили Қаландари Садриддин эъломи мавҷудият кард. Албатта бо номи “Наҳзати ҷавонон”, ки рӯшан аст расмӣ набуд. Сипас, дар соли 1990 Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ба сурати расмӣ таъсис ва дар таърихи 9 июни соли 1990 Анҷумани таъсисии он дар шаҳри Аштархони Русия баргузор гардид, ки ҳанӯз Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ барқарор буд ва Тоҷикистоне ба унвони як ҷумҳурии мустақил вуҷуд надошт. Албатта дар таъсиси ин ҳизб, фаъолони ҲНИТ саҳми асосиро доштанд. Баъд, дар таърихи 5 октябри соли 1990 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравиро дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ эълом кард. Бо ин ҳол, дар таърихи 6 октябри соли 1990 Конфронси бахши тоҷикистонии Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, дар рустои Чортути ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) баргузор гардид.»

        Чи таърихе дорад ин ҳизби хоинон: ғайрирасмӣ, пинҳонӣ, ғайриқонунӣ ва ғайра. Агар ҳизби ифодакунандаи манфиатҳои миллӣ бошад, агар дар он ғаризаҳои хоҷагону гуруҳҳои манфиатҷӯ набошад, дар пушти ин кор ягон кишвари дигар набошад, пас чаро дар замоне, ки Иттиҳоди Шӯравии абарқудрат пойбарҷову яккаҳизбӣ тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ буд, дар кадом тангкӯчаю паскӯча, пинҳонию ғайриқонунию ғайрирасмӣ ин ҳизбро таъсис доданд? Чаро аз аввал номашро ошкор накарданду наҳзати ҷавонон номаш ниҳоданд, агар дар он фиреб набуд? Чаро ҳамчун Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ таъсис ёфту баъд дарди сари миллати тоҷик шуд? Ин ва дигар суолҳое, ки барои ман ҳанӯз ҳам муаммост.

        Аммо ҳарчи бошад намехоҳам бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муқоиса карда шавад.

        Дигар ин, ки Истаравшанӣ ба сухани Ш. Азизов дар хусуси “Танҳо дар 5 соли охир 45 нафар аъзои ҲНИТ ҷиноятҳои гуногуни вазнин ва махсусан вазнин содир намуда, нисбат ба кирдорҳои ғайриқонуниашон қарорҳои ниҳоии судӣ қабул карда шуданд», чунин мегуяд, ки аз як ҳарзагӯие беш нест. “Ҳам ҷаноби Азизов ва ҳам фармоишгари ин мусоҳиба, хуб медонанд, ки танҳо баъзеи ин афрод (на ҳамаи онҳо) узви собиқ будаанд, на ин ки ҳангоми судури ҷиноят узви ҲНИТ буда бошанд. Ҳоло суол, вақте узви собиқи як ҳизб муртакиби ҷинояте бишавад, оё ин метавонад далел барои манъи фаъолияти он ҳизб ва зиндонӣ кардани раҳбаронаш гардад?”

        Ман ба ин суоли Истаравшани посух мегӯям! Албатта! Зеро ҷинояте, ки аъзои ТЭТ ҲНИТ карданд ҳама ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини ба фаъолияти сиёсиашон омехтаю сӯистифодашуда ва зидди сохти конститутсионии давлат равонашуда буданд. Аксари онҳо на аъзои қаторӣ, балки масъулонусаркардагони ҲНИТ буданд. Инҷо бояд фарқ гузошт, ки ҷиноятро ки содир кардааст, шаҳрванди оддӣ ва ё шахси мансабдор? Агар шахси баландпояи ТЭТ ҲНИТ ба хотири табаддулоти ба нақшадоштааш силоҳи ғайриқонунӣ нигоҳ медорад, албатта аз узви ҲХДТ, ки ҳатто даст ба коррупсия задааст, фарқ мекунад. Албатта агар намояндаи Ҳизби Халқии Демократӣ низ чунин кунанд, яъне ба табаддулоти давлати омодагӣ гиранду, мардумро зидди ҳокимияти қонунӣ ва сохти конститутсионии давлат даъват кунанд, шоиста он аст, ки ба хотири давлату миллат баста шавад.

        Истаравшанӣ дар идома мегӯяд, ки «Агар чунин аст, пас бояд Ҳизби халқӣ-демукротики Тоҷикистон (ҲХДТ), яъне ҳизби ҳоким низ теруристӣ эълом шуда ва фаъолияташ ҳамин ҳоло қатъ ва раҳбаронаш равонаи зиндон гарданд, зеро яке аз масъулони баландпояи ҳукумати кунунӣ ҷаноби сарҳанг Гулмурод Ҳалимов (ки намедонам зинда аст ё мурда) узви гуруҳи теруристии ДОЪИШ ташриф дорад ва дар дунё исми “муборакаш” дар канори исми Бен Лодан ва Абӯбакри Бағдодӣ ва амсолуҳум ёд мешавад».

        Аммо Истаравшанӣ ё фаромуш кардааст, ё лоақал ба хотири хомӯш нанишастану луқма ҳалол кардан ҳарзагӯӣ мекунад. Зеро Гулмурод Ҳалимов хеҷ вақт аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон набуд, зеро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон як гуруҳ шахсон наметавонанд, аъзои ҳизб бошанд, аз он ҷумла кормандони сохторҳои амнияту мудофиа ва мақомоти интизомӣ. Барои ҳамин ман иброз медорам, ки Ҳалимов ҳеҷ гоҳ узвияти ҳизб надошт. Аммо аз амалаш маълум шуд, ки зери таблиғи нодурусти шумою шумобаринҳо ва дигар наҳзатиҳои ватанфуруш қарор гирифтааст. Аслан, кӣ медонад!? Шумо ӯро ба хотири исботи ҳарзаҳои гуфтагии Кабирии хоин, ки гӯё баъди аз саҳнаи сиёсӣ рафтани наҳзатиҳо ҷомеа ифротию радикал шудааст, бероҳа накарда бошед!?

        Дигар ин, ки гӯё фарзандони даҳҳо аъзои ҲХДТ ҳаминак дар сафи гурӯҳи теруристии ДОЪИШ дар ҳоли ҷангидан дар Сурия ва Ирок ҳастанд, ин низ туҳмати рӯирост мебошад. То ҷое ман маълумот дорам, аксари касоне, ки дар Сурияви Ироқ дар сафи гуруҳҳои террористию экстремистии бо ном Давлати Исломӣ қарор доранд, ё фарзандони аъзо ва ё ҷонибдорони ҲНИТ ҳастанд (ҳарчанд аъзои ҲНИТ набуданд, аммо ҷонибдор буданд) ё зери таъсири таблиғу ташвиқи наҳзатиҳои дархориҷбуда қарор гирифтаанд, ки на худашон ва на падаронашон аъзои ҲХДТ нестанд.

        Дар ёд дорам, ки боре фарзанди ким-кадом роҳбари ноҳиявии бахши ҲХДТ дар девори мактаб чизе навишта буду, шумо ҷанобони наҳзатӣ дар тамоми ВАО эълон доштед, ки гуё дар натиҷаи амалиёти оперативии масъулини ҲНИТ ин ҳолат сабт ва ошкор шудааст. Чунон обуранг додед, ки гуё монанди наҳзатиҳо ба табаддулот даъват карда бошад. Падари писарбачаро, ки масъули ҲХДТ дар ноҳия буд, бо тамоми моддаҳои кодекси одобу ахлоқ гунаҳкор кардеду сабаби аз вазифа барканор гаштанаш шудед. Он вақт он масъули Ҳизби халқии демократӣ чизе нагуфту аз вазифа рафт ва қабул кард, ки фарзандаш кори муносиб накардааст. Ҳарчанд, ки ҳамагӣ чанд калима дар девор буду, он ҳам аз ҷониби падари мактаббача покиза ва таъмиру тармим карда шуд. Яъне зарари расонидашуда ҷуброн гашта буд.

        Аммо Шумо ҷанобонро на хиёнати худатон азоби виҷдон медиҳаду, на аз фарзандону хешу ақрабоятон. Миллат хиёнати Шуморо фаромуш намекунад. Захми рӯи қалби миллат гузоштаатон шифо наёфтааст. Шумо қотили чандин ҳазор ҷавонони ин миллатед! Шумо хоинони миллатед!!!

        Амирбек ҲАСАНОВ, ҳуқуқшиноси нафақахур, узви қатории ҲХДТ.

        Нравится

    • ИЗҲОРОТИ ШӮРОИ МАРКАЗИИ ТАШКИЛОТИ ҶАМЪИЯТИИ ҶАВОНОН «СОЗАНДАГОНИ ВАТАН»
      (дар робита ба суханронии Холиди Маҳмасаид дар ҷаласаи САҲА, ки дар торнамои Кимиёи саодат ба нашр расидааст)

      Шӯрои марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» матлаби дар торнамои Кимиёи саодат нашршударо, ки таҳти унвони ««Авангард» ва «Созандагони Ватан» харобкор ва сӯзанда ҳастанд, на созанда» аз суханронии Холиди Муҳаммадсаъид, фаъоли сиёсӣ ном шахс таҳия гаштааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
      Бароямон ғайри қобили қабул аст, ки чунин суханони бесаводона, берун аз мантиқу фаҳмиши сиёсӣ, пур аз ғарази гуруҳиву шахсӣ ва ба ифроту хусумат олуда дар нишасти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, яъне яке аз бонуфузтарин ниҳодҳои байналмилалии вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон садо медиҳанду, масъулони ин ниҳод ба ҷои монеъ шудан ба поймолсозии волотарин ҳуқуқҳои фитрии инсон, амсоли ҳуқуқ ба ҳаёт, шаъну шараф ва ғайра, ки имрӯзҳо дар бархе кишварҳои дунё ба таври бесобиқа ба мушоҳида мерасанд, мешунаванд ва мавриди баррасӣ ва баъзан дастгирӣ қарор медиҳанд.
      Созмонҳои аз тарафи Холид номбурда, яъне «Авангард» ва «Созандагони Ватан» узви фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва ҳамин танҳо Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» зиёда аз 250 000 аъзои расмӣ дораду ҳазорон ҳазори дигар ҷавонони пайраву ҷонибдор, дар муқоиса аз чанд ҷавони авбошбашараи хиёнаткор ба миллату давлатдории миллӣ, ки аврупои бузург барояшон ҳаққи эътирозу гирдиҳамоӣ додааст, чаро натавонанд ба хотири ҳимоя аз манфиатҳои худу миллати худ даст ба тазоҳурот бизананд? Аз куҷост ин бардошти худписандона дар узви ҳизби террористию экстремистии наҳзати исломӣ, ки ӯ ҳақ доштаасту касони дигар не?
      Ин ки аъзои «Созандагони Ватан» дар назди хонаҳои мухолифин даст ба тазоҳурот мезананд, аз тазоҳуроте, ки ин террористону экстремистон ва хоинбачаҳо дар доираи ҳуқуқи башар назди қароргоҳҳои муваққатии Роҳбари давлат дар бархе кишварҳои аврупо барпо мекунанд, чи фарқият дорад? Ё фишоре, ки гуё болои сари хонаводаҳои онҳо анҷом ёфтааст, аз фишоре, ки болои миллати тоҷик ва давлату Ҳукумати он аз кишварҳои аврупоӣ ин хоинони миллат зимни ҷаласаи имсолаи САҲА дархост карданд, магар сангинтар аст?
      Хешу ақрабои ин хоинони миллат, ки чандин солҳо аз ҳисоби хуну ҷони ҳазорон қурбониёни ҷанги солҳои навадум маишати оилавиву авлодӣ доштанд ва ҳангоме, ки маҳз бо айби ин хоинон мардуми тоҷик вазнинтарин рӯзҳоро сипари мекарду Кабириву дигар хоинони миллат дар Аврупову Эрон хонаву кушк ва зиндагии пурсаодату пурмаишат доштанд, аз 8 миллион фарзандони ин миллат болотару волотаранд? Чи касоне ҳастанд хешу ақрабои ин хоинони миллат, ки миллионҳо миллион пули хоҷагони хориҷиашонро аз ҳисоби хиёнат ба миллати худ якҷо хурданду боз ин миллат бояд онҳоро болои даст кунад?! Дар ҳоле, ки ин гуруҳчаҳои хиёнаткор барои давлатдории миллии 8 миллион сокини Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки зиёда аз 5 миллиони онро ҷавонон ташкил медиҳанд, хатар эҷод мекунанд, мехоҳанд обрӯи давлати миллии онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ба хотири манфиатҳои худу хоҷагони хориҷиашон резонанд, чи кор бояд кунанд!?
      Албатта ин суолҳое ҳастанд, ки бояд Кабириву кабирибаринҳо ва Холиду холидбаринҳо посух гӯянд.
      Чаро Холид чунин мантиқу хулоса кардааст, ки ҳамин як амали бо ҳам монанд, яъне тазоҳурот дар аврупо ҳуқуқи инсон будаасту дар Тоҷикистони демократӣ падидаи манфию харобкорию сӯзандагӣ? Магар мантиқи даъвои касоне, ки аз демократия ҳарф мезананду мехоҳанд ба мо демократияро омӯзонанд, ҳамин аст? Бале, воқеият ин аст, ки демократияи фаҳмонидаи Кабирӣ ва хоҷагони хориҷиаш ба холидбаринҳо чунин аст: демократияи хиёнат, демократияи ҷаҳолат ва демократияи разолат! Барои ин хоинон демократияи мефаҳмидаи худашон василаи расидан ба ғаризаҳои шахсию гурӯҳияшон аст, на ҳокимияти халқ!
      Дар мавриди ин, ки ҷаноби Холид ҷузъе аз ҷомеаи шаҳрвандӣ будани «Созандагони Ватан»-ро инкор мекунад, намедонем кӣ ба чи ҳаққе чунин хулоса кардааст. Ё шояд ҷомеаи шаҳрвандӣ аз нигоҳи ин мухолифони бо ном «сиёсӣ» ниҳоди сирф дар муқобили давлат қароргирифта фаҳмида шавад?! Магар созмони ҷамъиятие, ки зиёда аз 250 000 аъзо ва ҳазорон ҷонибдори дигар дошта, дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон саҳми муносиб мегузорад, аз ватану миллат, сулҳу осоиш, пешрафту шукуфоӣ ва иттиҳоду ягонагӣ мегӯяд, оё метавонад ҷузъи ҷомеаи шаҳрвандӣ набошаду, ниҳодҳои нафақат ба расмият шинохтанашуда, балки аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ террористию экстремистӣ эътирофшуда, амсоли ТЭТ ҲНИТ ва гурӯҳаки ҳамагӣ 24 ҷузъи ҷомеаи шаҳрвандӣ бошанд!? Албатта, ки на! Аммо мантиқи бемантиқи Холиду холидбаринҳо чунин аст.
      Дар воқеъ, бо чи ҳаққе Холид аз номи ҷомеаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар САҲА баромад мекунаду, фаъолтарин ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишварро ба риштаи танқид мекашад, бароямон муаммост. Аминем, ки дар кутоҳтарин фурсат ҷомеаи огоҳи шаҳрвандии кишвар ин суолро ба Холид хоҳад дод, ки кӣ ва ё чи касе ба ӯ ҳаққи аз номи ҷомеаи шаҳрвандӣ сухан карданро додааст?
      Чизи дигари тааҷубовар аз суханронии Холид бароямон ин аст, ки тазоҳуроту дархости бозпаси Кабириву дигар террористонро аз ҷониби созмонҳои «Авангард» ва «Созандагони Ватан» назди намояндагиҳои САҲА равиши террористӣ ва экстремистӣ унвон кардааст. Агар ин амалҳо равишҳои хусусияти террористию экстремистидошта бошанд, пас шумо Холид бароямон бори дигар эътироф намудед, ки бо ин ҳама тазоҳуроту дархосте, ки дар Аврупо оиди озод кардани хоинони миллат таҳти пӯшиши «Қурбониҳои сиёсӣ»-атон мекунед, амалҳои комилан террористию экстремистианд. Ё боз аз мантиқи пучатон кор гирифта, гуфтаниед, ки ин амали Шумо ҳуқуқи сиёсиатон ҳасту аз мо, аъзои «Созандагони Ватан» амали ғайриқонунӣ?
      Дар охир иброз менамоем, ки суханро нуқтаи авҷаш (кулминатсияаш) муқаррар мекунад, ки аз забони чи касе садо додааст. Ҳарчанд ин сафсатаҳои шуморо қобили таваҷҷуҳ надонистем ва хостем тибқи масали машҳури «Ҷавоби аблаҳон сукут» рафтор намоем, аммо иззати нафси боз ҳам зиёда аз 250 000 нафар ҷавоне, ки аъзои созмони ҷавононамон «Созандагони Ватан» ҳастанд, нагузошт хомӯш бошем.
      Аз ин рӯ, аз анҷоми сухани Холид метавон ҳаминро хулоса кард, ки ӯву ӯбаринҳо танҳо қодир ба пасоҳанг кардани «Пешоҳанг», сӯзандаи ватан кардани «Созандагони Ватан» ҳастанду халос. Ин аст қудрати Шумо дар муқобили мо ҷавонони «Созандагони Ватан». Аммо тибқи қоидаи маъмули мубориза (ҳарчанд лоиқи мубориза нестед) бо усули худатон ҳаминро гуфтанием, ки шумо «Фаъолони сиёсӣ» нестед, балки «Ғайрисиёсиҳои фаъол»- ед, ки рафтори шумо дар сиёсат масали «Хирман куфтани буз»- ро мемонад, шумо «Лухтакони сиёсӣ»-ед монанди бозичаҳои театр ба ҳаракат дароварда мешавед, шумо «Хоинони сиёсӣ»-ед, ки барои ёфтани шароити арзанда даст ба таҳқири миллат задаед, шумо «Беномусони сиёсӣ»-ед, ки аминем барои дарёфти шароити боз ҳам арзандатар дар кишварҳои аврупоӣ аксаратон худро ақаллиятҳои ҷинсӣ унвон кардаеду танҳо мехоҳед ин амали нангинатонро зери ҷомаи «фаъоли сиёсӣ» пӯшонед, шумо «Ҷоҳилони сиёсӣ»-ед, ки бо нотавонбинии худ оромиву сулҳу суботро дар кишвар дида наметавонед, шумо «Хоинони миллат» ҳастед, ки омодаед барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худу хоҷагони сиёсиатон миллатро қурбон кунед. Миллат ҳеҷ вақт Шуморо нахоҳад бахшид.
      Дар охир изҳор мекунем, ки Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» чунин суханони бепояву бесаводона ва ғаразноки чунин фаъолони бо ном «сиёсӣ»-ро қатъиян маҳкум намуда, бо қатъият ҳушдор медиҳад, ки такрори чунин рафтори бадхоҳонаву хиёнаткоронаро бе посух нахоҳад гузошт.
      Шӯрои марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», шаҳри Душанбе,
      14 сентябри соли 2017.

      Нравится

  2. Ҷаноби Mike Hanry, бале ин сомонаи шахсии банда аст ва ҳар рӯз агар фурсате даст дод, матлаб хоҳам гузошт. Ва аммо дар робита бо сойти Кимиёи саодат, хидмати шумо арз кунам, ки ин сойт ба далолиле баста шудааст, ки феълан намехоҳам дар бораи он чизе бигӯям.

    Нравится

  3. Ассалому алайкум ако Сайидюнус бахшиш бошад аз шумо як дархост доштам ки ба ман кӯмак кунед роҷе ба як китобе ки ман онро аз забони форси ба забони тоҷики тарҷума кардам аммо ба сабаи ки ман мутъассифона таҳсилоти миёна дорам dироиши он аз ман сохта нест мешуд ки ин китоби пурарзиши <>-ро dироиш мекардед ки ин китобро ба дастраси тоҷикзабоҳо қарор диҳем ки бо сабаби он ба ҳидояти комил роҳ ёбанд. Бо ташаккур Собир.

    Нравится

    • Ва алайкум салом бародари азиз,
      Росташ намедонам оё фурсате кофӣ барои вироиши китоби шумо меёбам ё на, бинобар ин феълан ваъда намедиҳам. Агар касе дигарро барои ин кор пайдо бикунед, беҳтар аст.
      Пӯзиш, ки натавонистам ба дархости шумо ҷавоби мусбат бидиҳам. Зинда бошед!

      Нравится

  4. Салом ба ҳама! Бародар Собир, он китобатонро ба ман фиристед, ман то ҳадди имкон кӯмакатон мекунам. faridunislom@outlook.com

    Нравится

  5. Ассалому ъалайкум акаи Сайидюнус. Мо ҳар шаб аз сафҳаи Шумо аз бахши Омӯзиши Мантиқ ба азхудкунии ин фан машғулем ва аз Шумо хеле сипосгузорем аммо бим аз он дорем ки мабодо навиштани матолиби ин илмро идома надиҳед зеро ду ё се рӯз аст ки дарси 20-ро нанавиштаед. Мо тасмим гирифтем ки то охир мантиқро аз Шумои гиромӣ омӯзем зеро навиштаҳоятон бароямон фаҳмост.

    Нравится

    • Ва алайкум салом, зинда бошед бародари азизам Камолҷон! Фақат ду дарс монда, ки ҳамин имруз ва фардо онҳоро хоҳам гузошт.

      Нравится

  6. Салом дар мавриди Бозор Собир хуб гуфтед.

    Нравится

  7. Умедворем ба далели муваҷҷаҳе, ки Ҷаноби Шумо ҳам хуб огоҳ ҳастед, ба хотири мухлисони фаровоне, ки дар Эрон доред ва дар ин кишвар ин сомона филтер аст ва фақат бо филтершикан метавонем истифода намоем, ки сахтиҳои фаровон ва харҷи изофиро дарбар дорад, лутф мекардед ва дар як фазои дигаре низ матолибатонро мегузоштед, ки мо ҳам истифода намоем.
    Мисли он ки пештарҳо матолиби фесбукатонро дар одноклассники ба сурати комил мегузоштед ва мо бароҳатӣ истифода менамудем…
    Мунтазири хабарҳои хуш, мухлиси ҳамешагии шумо Умедвор

    Нравится 1 человек

  8. Ассалому алайкум акаи Сайидюнус! Инҷониб имшаб дарси 15-уми мантиқро хондам,аммо мисоли зарби дуввуми шакли дуввуми қиёсро нафаҳмидам. Дар боло хондам, ки шакли дуввуми қиёс
    онест, ки ҳадди васат дар ҳар ду муқаддима маҳмул воқеъ шавад, аммо дар ин мисол ҳадди васат, ки санг аст, дар муқаддимаи аввал маҳмул ва дар дуввум мавзӯъ аст. Ё шояд ягон ҷояшро ғалат фаҳмидам, ки боиси дарнаёфтанам шуд.
    Рости хеле хушҳол шудем, ки тасмими омӯзиши фалсафаро доред, мо ҳам ният доштем,ки баъди пурра фаро гирифтани мантиқ ба шумо инро пешниҳод мекунем, Дуо мекунем, ки Худованди Ҳаййу Қаййум умри шуморо зиёда гардонад, то аз дониши шумо моро ҳам суде восил шавад.
    Акаи Саййидюнус тавзеҳатонро дар бораи мисоли дар боло гуфташуда интизорам.

    Нравится

    • Ва алайкум салом,
      Даст марезод Камолҷон! Сипоси фаровон аз тазаккур, мисол он ҷо иштибоҳ оварда шуда буд, ман ислоҳаш кардам. Мисол ба ин сурат аст:
      1. Ҳеч инсоне ҷомид нест;
      2. Ҳар санге ҷомид аст;
      3. Натиҷа: Ҳеч инсоне санг нест.
      Ва аммо дарсҳои фалсафаро ҳамин имшаб ва ё иншоаллоҳ фардо шурӯъ мекунам.
      Саломат бошед!

      Нравится

  9. Ассалому алайкум акаи Саййидюнус. Пӯзиш, ки бо пурсишҳои худ вақти қимати шуморо мегирам. Имшаб баъди мутолиа кардани дарси 19 ва 20 ду чизро нафаҳмидам: 1.Мисоли 4-уми дарси 19, ки дар он ҳадди васат — зовияи Б — такрор шудааст, аммо дар матн омадааст, ки такрор нашудааст. 2.Дар дарси 20 яқиниёт ба ду тақсим мешаванд: бадеҳӣ ва назарӣ ва боз бадеҳӣ ба шаш, аммо дар бораи назарӣ гуфта нашудааст. ,Пӯзиш акаи Саййидюнус, ки ҷуръат карда мепурсам. Беандоза шавқ дорам, ки фалсафаву мантиқро донам ва акнун, ки чун шумо устоде фарзона ёфтам, талош мекунам, то бо фазли Аллоҳ ин дуро омӯзам.

    Нравится

    • Ва алайкум салом, зинда бошед Камолҷон! Посухи суоли шумо ба ин шарҳ аст:
      1. Чунон ки аз баҳсҳои қиёс равшан шуд, яке аз шартҳои натиҷабахш будани қиёс он аст, ки робита дар он бояд робитаи индироҷ бошад. Яъне дохил будани яке дар дохили дигарӣ. Ба сухани дигар, суғро бояд дар даруни кубро наҳуфта бошад. Барои ҳамин, яке аз шартҳои қиёсро такрори ҳадди васат донистаанд.
      Ҳол, яке аз касоне ки ба қиёс эрод гирифтааст, файласуф ва риёздони машҳури ангилисӣ Бертронд Росел (Bertrand Russell) аст. Ӯ мегӯяд:
      “Мантиқи арастуӣ чунин фарз карда, ки ҳамвора робитаи ду чиз дар як қазия ба сурати индироҷ аст, бинобар ин қиёсро мунҳасир карда бар истисноӣ ва иқтиронӣ, ва қиёси иқтирониро мунҳасир карда ба чаҳор шакли маъруф. Ва ҳол он ки як навъ робитаи дигаре ғайр аз робитаи индироҷ вуҷуд дорад, ва он робитаи тасовӣ аст, ки дар риёзиёт ба кор бурда мешавад. Мисли ин ки мегӯем:
      1. Зовияи А мусовӣ аст бо зовияи Б;
      2. Зовияи Б мусовӣ аст бо зовияи В;
      3. Пас, зовияи А мусовӣ аст бо зовияи В.
      Ин қиёс бо ҳеч як аз шаклҳои чаҳоргонаи мантиқ мунтабиқ нест, зеро ҳадди васат такрор нашудааст.”
      Дар воқеъ, мисоли Бертронд Росел чунин аст:
      1. А мусовӣ (баробар) аст бо Б;
      2. “Мусовӣ бо Б”, мусовӣ аст бо В;
      3. Пас, А мусовӣ аст бо В.
      Дар ин ҷо, мавзӯи кубро (“Мусовӣ бо Б”), ғайр аз маҳмули суғро (Б) аст. Яъне ҳадди васат такрор нашудааст. Ҳол, барои фаҳми беҳтар, ба ҷои А, Б ва В мисол зикр мекунем:
      1. “Масоҳати хонаи Шокир” мусовӣ аст бо “масоҳати хонаи Аҳмад”;
      2. “Масоҳати хонаи Карим” (ки мусовӣ аст бо “масоҳати хонаи Аҳмад”) мусовӣ аст бо “масоҳати хонаи Раҳим”;
      3. Пас, “масоҳати хонаи Шокир” мусовӣ аст бо “масоҳати хонаи Раҳим”.
      Чунон ки мулоҳиза мефармоед, мавзӯи кубро (“Масоҳати хонаи Карим”) ғайр аз маҳмули суғро (“Масоҳати хонаи Аҳмад”) аст, ва он такрор нашудааст.
      Агар Росел бо осори мантиқдонони исломӣ ошно мебуд, ба назар намерасид, ки ин эродро матраҳ бикунад. Зеро мантиқдонон, ба хусус Ибни Сино, ҳазор сол пеш аз ин ки Росел ин эродро бигирад, ба он посух гуфтаанд ва ин навъ қиёсро қиёси мусовот номидаанд.
      Хулосаи посухи Ибни Сино ин аст, ки қиёси мусовот гарчӣ дар зоҳир дорои ду муқаддима аст ва шароити ҳеч кадом аз шаклҳои чаҳоргонаи қиёси иқтирониро надорад ва ҳадди васат дар он такрор нашудааст, аммо бо таваҷҷӯҳ ба ин ки як муқаддимаи махфӣ ва пинҳон низ дорад, бо зикри он муқаддимаи махфӣ, баргашти ин қиёс ба қиёси иқтиронӣ равшан мешавад. Дар ҳамин мисол, муқаддимаи махфӣ ин аст: “Мусовии мусовӣ, ҳамон мусовӣ аст”. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, “Мусовӣ бо Б” дар мисоли боло, дар воқеъ ҳамон Б мегардад, чун гуфтем, ки “Мусовии мусовӣ, ҳамон мусовӣ аст”. Бо ин ҳисоб, маълум аст, ки ин ҳам як қиёси иқтиронӣ аст, мунтаҳо як қиёси иқтиронии мураккаб.
      2. Ва аммо посухи суоли дуввум:
      Шояд он ҷо ин тавзеҳро медодам, ки бадеҳии назарӣ яъне қиёсе, ки муқаддимаҳояш агарчӣ бадеҳӣ нестанд (яъне барои касби онҳо ниёз ба фикр ва эъмоли назар аст), аммо такя бар муқаддимаҳои бадеҳӣ доранд. Мисол:
      1. Муҳаммад (с) паёмбар аст;
      2. Ҳар паёмбаре маъсум аст;
      3. Пас, Муҳаммад (с) маъсум аст.
      Дар ин мисол, ҳам суғро ва ҳам кубро бадеҳӣ нестанд, зеро ҳар ду ниёз ба исбот доранд, вале далел ва бурҳонҳое, ки ин ду муқаддима дар исботашон ба онҳо такя доранд, саранҷом ба бадеҳиёт бармегарданд.
      Як нукта: агар дар мисолҳо аҳёнан қазияҳои куллӣ намеоварам, ба ин хотир аст, ки мисол бо қазияҳои ҷузъӣ фаҳмаш осонтар аст. Вагарна чунон ки медонед, қазияҳо дар қиёс бояд ҳама куллӣ бошанд. Саломат бошед
      Аз Шумо хоҳиш мекунам, боз агар ҳар ҷо ишкол ва эроде дидед, ҳатман бароям ёдовар бишавед.

      Нравится

  10. Ассалому алайкум акаи Саййидюнус. Посухи пурсиши аввалро баъд аз он, ки мисоли «масоҳати хона»-ро овардед, алҳамдулиллаҳ, хеле хуб фаҳмидам. Сипосгузорам. Аммо посухи суоли дуввумро боз
    ҳам нафаҳмидам.
    Ва яқиниёт ба навбаи худ ба бадеҳӣ (ё бадеҳиёт) ва назарӣ (ё назариёт) тақсим мешаванд.

    Бадеҳиёт усул ва пояи яқиниётро ташкил медиҳанд ва бар шаш навъанд: аввалиёт, мушоҳадот,таҷрибиёт,мутавотирот,ҳадсиёт,фитриёт.
    Акаи Саййидюнус,ҳамин аввалиёт, мушоҳадот,таҷрибиёт,мутавотирот,ҳадсиёт,фитриёт ҳам бадеҳиётанд ва ҳам назариёт ё танҳо назариётанд? Аз дарс ман чунин фаҳмидам, ки инҳо бадеҳиётанд ва фақат ҳаминро дарнаёфтам, ки назариёт кадоманд. Яқиниёт ба ду тақсим мешаванд: бадеҳӣ ва назарӣ. Бадеҳӣ инҳоянд: аввалиёт, мушоҳадот, таҷрибиёт,мутавотирот, ҳадсиёт, фитриёт. Назариёт кадомҳоянд нафаҳмидам. Бо эҳтиром.

    Нравится

    • Ва алайкум салом,
      Ин шаш навъ, ҳама бадеҳиёт ҳастанд. Ва аммо назариёт (ё назарӣ), яъне яқинии назарӣ, Манзур ин аст, ки ин қазия яқинӣ аст, вале мисли бадеҳиёт ба худии худ пеши зеҳн маълум нест, балки пас аз фикр ва назар равшан мешавад. Ва ин ҳам, ки инро яқинӣ мегӯянд, чун натиҷааш яқинӣ аст, на заннӣ. Саломат бошед!

      Нравится

  11. САЛОМ. САВОЛИ МАН АЗ ҲАМАИ ҲУҚУҚШИНОСОНИ ТОҶИК ИН АСТ, КИ ОЁ БО «ОБЛАВА» АЗ КУЧАВУ ХИЁБОН Ё ҶОИ КОР ВА Ё ҲАТТО АЗ ҶОИ ХОБ(!) ДАСТГИР КАРДАНИ ҶАВОН ВА БО ЗУРӢ БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ БУРДА ШУДАНАШ АЗ РУИ ҚОНУН ДУРУСТ АСТ Ё НЕ? АГАР ДУРУСТ БОШАД, МО СУКУТ КУНЕМ ВА АГАР НОДУРУСТ БОШАД БА КУҶО ШИКОЯТ БАРЕМ?
    PS.АЗ МУҲТАРАМ УСТОД САЙИДЮНУС УЗРХОҲӢ МЕКУНАМ КИ ИН СУОЛРО ИН ҶО МАТРАҲ КАРДАМ, БА НАЗАРАМ ИН ТАНҲО МИНБАРЕСТ КИ АФРОДЕ АМСОЛИ БАНДА «ДОДАШОН»-РО МЕТАВОНАНД БИЗАНАНД, БИНОБАР ИН БАХШИШ УСТОД.

    Нравится

  12. Акаи Сайидюнусҷон, омӯзиши фалсафаро раҳо кардед?

    Нравится

  13. Дар Сурия чунин корро намекунанд….

    Ба кабристон нигар то бубини,
    Ки дунё бо харисонаш чи кардааст!
    Салом алейкум бародарон ва хоҳарони гироми. Рости банда аз навиштани чунин хабар ба Шумо шарм медорам. Лек маҷбур ҳастам, ки бинвисам чунин хабари бе нангу бе номусиро. Банда зодаи зебоманзари водии Зарафшон хастам. Хамавақт бо бузургони ин диер ифтихор доштам ва дорам.
    Санаи 19 май дар ноҳияи Айни киҳлоки Ревад ходисае руй дод, ки тамоми ин деҳаро ба хайрат афтодааст.
    1. Шаби 19 –уми май дар кабристони кишлок шахси номаълум даромада зиеда аз 25 мар-марҳои болои кабрҳоро шакастааст.Дар кишлоки мо тули 3 рез аст, мардум ба воима зер кардаги аст.
    2. Инчунин дар кишлок шахси номаълум шабонарузи ба бомхои мардум сагн мепартоянд, ки дар натича як чанд шифирхои хонахо шакастаги аст.
    Айни замон дар кишлок кормандони ВКД омадаги хастанд лек ягон натиҷае нест аз кори онҳо. Зеро ки рузона рафта онҳо дар истироҳатгоҳи раиси кишлок хоб мекунанд гуе ягон коре нашуда бошад.
    Аз Шумо хаминро мегуям, ки дар кишлок чор масҷид мавчуд аст. З-тои он бо мазҳаби ҳанафи ва яктои он аз руи гуфти мардум салафи аст.

    Ба Шумо дустини азиз ва рузноманигорони гироми хаминро хохиш менамоям, ки хамин масъаларо барраси намоед. Дар сурати пайдо шудани маълумот ҳатман ҳабар медиҳам.
    Бо эҳтиром сокинони зебоманзари ноҳияи Айни қишлоки Ревад.

    Нравится 1 человек

  14. Саидюнуси истаравшани обод бошед бародар барои макола рахмат

    Нравится

  15. Ассалому алайкум, акаи Сайидюнус. Оё Фисоғурис ҳамон Пифагор аст, ки дар ҳандаса мехондем(теоремаи Пифагор)? Оё Афлотун ба вуҷуди Худованд бовар дошт? Қаблан сипосгузорам.

    Нравится

    • Бале, Фисоғурис ҳамон Пифагор аст дустам. Ҳам Афлотун ва ҳам Арасту ҳар ду мӯътақид ба вуҷуди Худо буданд, иншоаллоҳ дар ин бора ҳам дар сари фурсат баҳс хоҳам кард. Саломат бошед!

      Нравится

  16. Салом устод, як савол бароям пеш омадааст, ки мехоҳам чавоби онро аз назари ислом бароям бигуед. Шояд хонда бошед, ки донишмандон имруз муваффак ба шабеҳсози (клонирование) шудаанд ва хатто назарияви исбот шудааст, ки метавон аз руи ДНКи як шахси мурда нусхаи уро сохт. Масалан, ДНКи Энштейнро агар тавонистанд ба даст биоваранд, метавонанд уро зинда кунанд, агарчи амалан озомоиш дар ин хусус ба натича нарасидааст, лекин назарияви ба исбот расидааст, ки шояд рузе ба ин кор муваффак шаванд. Савол ин аст:
    1. Оё метавонем гуфт, ки одами шабехсозишуда офарида ва бандаи Худо аст? Зеро сохтаи инсон аст.
    2. Мегуянд мурдаро зинда карда намешавад ва баъд аз мурдан ба олами дигар меравад, оё вакте ин назария ба натича расад, чавобаш чист?
    3. Барои чи олимони исломи бо шабехсози (клонирование) сахт зиддият карданд? Оё ин зиддият, зиддият бо илм нест?
    Ба ин саволхо чавоб медодед.
    Пешопеш ташаккур устод.
    Набичон Рауфзод

    Нравится

    • Посух: Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим. Ва алайкум салом. Посухи пурсиши шумо зимни баёни чанд нукта равшан хоҳад шуд:

      1. Иҷоза бидиҳед, аввал шабеҳсозиро таъриф бикунам. Шабеҳсозӣ (ва ё ҳамон клонирование) иборат аст аз: таксири як мавҷуди зинда (масалан, як гиёҳ ё як ҳайвон ва ё ҳатто як инсон) бидуни омезиши ҷинсӣ. Ва он чӣ то кунун донишмандон дар ин замина муваффақ ба он шудаанд ин аст, ки тавонистаанд, ёхта (клетка)-и зиндаро дар як шароити хосс таксир ва табдил ба як ҷондор (гиёҳ, ҳайвон, инсон) бикунанд. Аммо дар шабеҳсозии ҷасади пӯсида, ҳанӯз ба муваффақияте даст наёфтаанд ва албатта таҳқиқот ва озмоишҳо рӯйи ин кор дар ҳоли анҷом аст ва чи басо муваффақ ҳам бишаванд, ки баъид ба назар намерасад.

      2. Ва аммо ин ки мегӯед “оё метавонем гуфт, ки одами шабеҳсозишуда офарида ва бандаи Худо аст?..”, бале, ки офарида ва бандаи Худост. Магар ғайр аз ин аст. Шояд ин шубҳа пеши шумо ношӣ аз ин аст, ки тасаввури шумо аз мафҳуми “халқ” ва “офаридан”, тасаввури дурусте набошад. Халқ ва офаридани Худо яъне ба вуҷуд овардан, ҳастӣ бахшидан, чизеро ки набуда падид овардан. Ва ғайри Худо, ҳеч мавҷуде қодир ба халқ ва офаридан ба ин маъно нест. Асосан, бештари иштибоҳҳои мо инсонҳо ношӣ аз ташбеҳи офаридани Худо ба кори масалан як банно ва сохтмонмоз ва ё як усто аст. Фикр мекунем, офаридани Худо шабеҳи кори як банно аст. Дар ҳоле ки кори як банно ва сохтмонсоз (ва ё ҳар созандае дигар) ҷуз ин нест, ки чизҳоеро, ки мавҷуд ҳастанд, дар канори якдигар бо як тартиби хосс мечинад ва чизеро дуруст мекунад. Масалан, рӯйи чӯбу тахтаву оҳану ғайра кор мекунад ва ё хишту оҳаку симону ин қабил ашёро бо як тартиби хосс дар канори якдигар мечинад ва хонае дуруст мекунад, на ин ки чизеро, ки аслан набуда ва вуҷуди хориҷӣ надошта падид оварда бошад.

      Хуб, ҳоло “халқ” ва “офарида шудан”-и мавҷудот — ки кори Худост – ба чӣ сурат ҳастанд? Оё чунин аст, ки онҳо як дафъа ва ба якбора аз осмон фуруд оянд? Маълум аст, ки чунин нест, балки ҳар яке аз ин мавҷудот, аз роҳҳои махсусе халқ ва офарида мешаванд; роҳҳое, ки худи Худо хоста аз он тариқ халқ бишаванд. Ҳоло як мисоле бизанам, то масъалаи шабеҳсозӣ низ бароятон равшан бишавад. Масалан, мевае ба номи себ чӣ гуна халқ ва офарида мешавад? Як роҳаш – ки роҳи роиҷ аст — ин аст, ки ҳаста ва донае аз себро дар замин мепошанд ва он дона ба тадриҷ табдил ба як дарахт ва сипас ин дарахт меваи себро ба самар мерасонад. Пас себ, ки як офаридаи Худост, роҳи падид омаданаш ҳамин будааст, на ин ки як дафъа аз осмон фуруд ояд. Ва як роҳи дигаре ҳам дорад, ва он ин ки деҳқон шохае аз як дарахти себро аз роҳи қаламзанӣ ба як дарахти дигар пайванд мезанад ва аз он дарахт меваи себ ба бор меояд. Ин ҳам як роҳи дигари падид омадани себ аст. Пеш аз кашфи қаламазанӣ ва пайванд дар олами гиёҳон, шояд башар фирк мекарда, ки танҳо роҳи ба вуҷуд омадани себ, ҳамон роҳи коштани ҳаста ва донаи он ба замин мебошад, вале баъд аз ин кашф фаҳмид, ки роҳи дигаре ҳам доштааст, ки ҳамин роҳи қаламзанӣ ва пайванд будааст. Шояд роҳҳои дигаре ҳам барои падид омадани себ вуҷуд дошта бошад, ки ҳанӯз башар кашф накарда ва шояд ҳам кашф карда бошад, ки банда чандон иттилоъе надорам. Мегӯянд, имрӯза чиниҳо бархе аз меваҳо ва ҳатто тухми мурғро аз як роҳҳои аҷибу ғарибе падид меоваранд ва шунидам, ҳатто дар бозорҳои Тоҷикистон имрӯз аз ин навъ тухми мурғҳо фурӯхта мешудаанд.

      Шабеҳсозии инсон ҳам, чизе шабеҳи ҳамин пайванд ва қаламазанӣ дар олами гиёҳон аст. Башар пеш аз он ки муваффақ ба кашфи роҳи таксири як ҷондор аз роҳи шабеҳсозӣ ва бидуни омезиши ҷинсӣ бишавад, шояд фикр мекарда, ки танҳо роҳи падид омадани як ҷондор — мисли як ҳайвон ва ё як инсон — ин аст, ки бояд нару модае бо ҳам омезиш бикунанд ва нутфаи нар дар раҳим (баччадон)-и мода қарор бигирад ва мода бордор бишавад ва пас аз муддате (масалан 9 моҳ дар инсонҳо) ва тайи мароҳиле, мавҷуде ба номи инсон падид ояд. Вале пас аз ин кашф башар фаҳмид, ки на, танҳо роҳаш он набудааст, ки балки агар барои як ёхта (клетка) шароите дар берун аз раҳим (баччадон) – ки шабеҳи шароити ҳамон раҳим аст – фароҳам бишавад, ҷондор падид меомадааст. Шояд роҳҳои дигаре ҳам бошад, ки башар ҳанӯз муввафақ ба кашфи он роҳҳо нашуда ва чи басо дар оянда кашф кунад.

      Хуб, ба ҳар ҳол, нақши инсон дар фароянди ба вуҷуд омадани як мавҷуди ҷондор, ин нест, ки пиндошта шавад, ки ба ҷойи Худо нишаста ва кори Худоро карда, ҳаргиз! Балки фақат ин аст, ки башар тавониста роҳе аз роҳҳои таксири ҷондорро кашф бикунад. Асосан, илм дар ҳамаи соҳаҳо кораш ҷуз кашфи қавонини ҳоким бар олами табиат нест; қавонине, ки дар воқеи амр ва сарфи назар аз кашф ё адами кашфи мо, ҳастанд. Пас, ҳунари башар фақат кашфи онҳост, на чизе дигар.

      3. Ва аммо ин ки мефармоед, “Мегуянд мурдаро зинда карда намешавад ва баъд аз мурдан ба олами дигар меравад, оё вакте ин назария ба натича расад, чавобаш чист?”, посух ин аст, ки иттифоқан, пайравони адён мегӯянд мурдаҳо зинда мешаванд. Яъне пас аз марги як инсон, руҳи ӯ мунтақил ба олами барзах шуда ва дар қиёмат бо ҳамин ҷасадаш ҳашру нашр мешавад. Ин ҳарфи ҳамаи адёни осмонӣ аз яҳудияту насронияту ислом аст. Дар сураи муборакаи Ёсин мехонем:

      أَوَلَمْ يَرَ الْإِنْسَانُ أَنَّا خَلَقْنَاهُ مِنْ نُطْفَةٍ فَإِذَا هُوَ خَصِيمٌ مُبِينٌ. وَضَرَبَ لَنَا مَثَلًا وَنَسِيَ خَلْقَهُ قَالَ مَنْ يُحْيِ الْعِظَامَ وَهِيَ رَمِيمٌ. قُلْ يُحْيِيهَا الَّذِي أَنْشَأَهَا أَوَّلَ مَرَّةٍ وَهُوَ بِكُلِّ خَلْقٍ عَلِيمٌ. الَّذِي جَعَلَ لَكُمْ مِنَ الشَّجَرِ الْأَخْضَرِ نَارًا فَإِذَا أَنْتُمْ مِنْهُ تُوقِدُونَ. أَوَلَيْسَ الَّذِي خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ بِقَادِرٍ عَلَى أَنْ يَخْلُقَ مِثْلَهُمْ بَلَى وَهُوَ الْخَلَّاقُ الْعَلِيمُ. إِنَّمَا أَمْرُهُ إِذَا أَرَادَ شَيْئًا أَنْ يَقُولَ لَهُ كُنْ فَيَكُونُ. فَسُبْحَانَ الَّذِي بِيَدِهِ مَلَكُوتُ كُلِّ شَيْءٍ وَإِلَيْهِ تُرْجَعُونَ

      “Оё одамӣ надида (ва надонистааст), ки мо ӯро аз нутфае офаридем, ки акнун ситезагаре ошкор аст? Ва барои мо масале зад (дар зинда кардани мурдагон) ва офариниши худро фаромӯш карда, гуфт: кист, ки устухонҳоро дар ҳоле ки пӯсида ва хок шуда зинда мекунад? Бигӯ: ҳамон (Худое), ки нахустин бор офаридаш зиндааш мекунад, ва Ӯ ба ҳамаи офаридаҳо доност. Ҳамон (Худое), ки барои шумо аз дарахти сабз оташе падид кард, пас он гоҳ шумо аз он оташ меафрӯзед. Оё он ки осмонҳо ва заминро офарид, бар офаридани монанди инҳо тавоно нест? Бале (тавоност), ва Ӯст офаридгори доно. Ҷуз ин нест, ки кор ва фармони Ӯ, чун чизеро бихоҳад, ин аст, ки гӯядаш: бош, пас мебошад. Пас пок ва муназзаҳ аст он (Худое), ки подшоҳии (моликият ва ҳокимияти) ҳама чиз ба дасти Ӯст ва ба сӯйи Ӯ бозгардонида мешавед.” (Сураи Ёсин, 77-83)

      Пас, агар рӯзе башар қодир ба кашфи ин роҳ бишавад, ки аз рӯйи ДНК-и як ҷасади пӯсида шабеҳи вайро таксир бикунад, ин дуруст дар таъйиди ҳамон андешае аст, ки адён мегӯянд.

      Аммо нуктаи қобили ёдоварӣ дар ин росто ин аст, ки шабеҳсозии як ҷасади пӯсида, зинда кардани худи вай нест, иштибоҳ нашавад. Ҳатто худи назарияпардозони ин теурӣ ҳам намегӯянд, ки агар рӯзе тавонистанд аз рӯйи ДНК-и ҷасади Эйнштейн онро таксир бикунанд, таксиршуда айнан худи Эйнштейн хоҳад буд, балки мегӯянд, шабеҳ ва ба истилоҳ, нусхаи вай хоҳад буд. Ҷасаде, ки шояд дар зоҳир комилан бо вай монанд ва шабеҳ бошад, аммо ба ҳар ҳол, худи вай нест. Ӯ, ки мурдааст, руҳаш мунтақил ба олами барзах шуда. Аммо ин ҷасади ҷадид ва шабеҳи вай, руҳе дигар хоҳад дошт бо зиндагӣ ва ҳаёте комилан дигар.

      3. Ва аммо дар посух ба пурсиши севвуми шумо, ки мегӯед, “Барои чи олимони исломи бо шабехсози (клонирование) сахт зиддият карданд? Оё ин зиддият, зиддият бо илм нест?”, арз шавад, ки аввалан, донишмандони исломӣ дар мавриди шабеҳсозӣ, фақат бо шабеҳсозӣ ва таксири инсонҳо мухолифат кардаанд, на шабеҳсозӣ дар олами ҳайвонот. Албатта, на танҳо олимони исломӣ, ки бештари динмадорони олам аз насрониҳо ва яҳудиҳо ва куллан арзишмадорон бо таксири инсон мухолифат кардаанд. Сониян, зиддият бо ҳар кашфе, лузуман зиддият бо илм нест. Иштибоҳ нашавад. Хеле аз кашфиёт ҳастанд, ки ба суд ва нафъи башар нестанд. Масалан, сохти бомби атомӣ оё ба суд ва нафъи башар тамом шуд? Бисёре аз уламои исломӣ сохти бомби атомиро ҳаром медонанд. Аммо оё ин таҳрим, ба маънои он аст, ки онҳо бо илм мухолифат кардаанд. Ҳаргиз! Фуқаҳои мо, ки бо таксири инсонҳо мухолифат кардаанд, далели мухолифаташонро ин медонанд, ки дар сурати таҳаққуқи якчунин чизе, ҷомеа бо анбӯҳе аз афроди бе падару модар ва бе отифае рӯ ба рӯ хоҳад шуд, ки Худо медонад агар бисёр бишаванд, башар бо чӣ рӯзгоре мувоҷеҳ хоҳад шуд. Ёдам ҳаст, як филме дида будам, ки ба назарам сохтаи Ҳоливуд буд дар ин бора, ки як сиёсатмадори бадхӯ ба донишмандон суфориш мекунад, ки барои вай якчунин инсонҳоеро бисозанд ва онҳо ҳам месозанд, ва он гоҳ ин бадхӯ артише аз ин одамони бе падару модар, ки фақат фармонбардори ӯ буданд, ташкил медиҳад ва дар пайи тасхири кулли олам мешавад. Пас, мо бояд бидонем, уламои мо, ки бо ин амр ба мухолифат бархостаанд, далелашон чист, на ин ки мухолифати онҳо ҳамли бар мухолифат бо илм ва пешрафт талаққӣ бишавад.

      Ба ҳамин андоза иктифо мекунам, саломат бошед.

      Сайидюнуси Истаравшанӣ

      Нравится

  17. Салом алайкум бародари азиз ! Чаро сайти пештараи Шумо бо номи Кимеи Саодат кушода намешавад? Ба ман чанд матолиб аз он сайт зарур аст. Саломату сарбаланд бошед.

    Нравится

    • Ва алайкум салом, он сойт баста шудааст, алъон мақолаҳо ва навиштаҳои ман дар ҳамин веблогам нашр мешаванд. Метавонед он чиро бароятон зарур аст, дар ҳамин ҷо таҳия кунам. Онро бароям нависед. Саломат бошед!

      Нравится

      • Салом алайкум бародари азиз! Саломату сарбаланд бошед хамеша барои ман мурочиати Угулой Гаффорова ки ба раиси чумхур хато на кунам мохи ноябри соли гузашта карда буд зарур аст. Агар мушкили на бошад ба почтаам равно кунед низ мешавад.

        Нравится

      • Ва алайкум салом, он гузоришро мутаассифона дар бойгонӣ надорам. Зинда бошед!

        Нравится

      • Ва алайкум салом, мутаассифона онро дар бойгонӣ пайдо накардам хоҳари азиз, бо арзи пузиш!

        Нравится

  18. Сайидюнуси гиромӣ, мехостам, ба як саволам аз шумо посух гирам, аммо дар ин блогатон ҷои саволдиҳиро наёфтам. Чӣ гуна саволамро ба шумо ироа кунам?

    Нравится

  19. Дӯсте дорам, ки хост ба ин саволаш посух ёбад. Ба ин ке ӯ Интернет истифода намекунад.
    «Ман таи чанд сол аст, ки бемории рӯҳӣ дорам. Муолиҷаҳо бо духтур, домулло кардам, беморӣ дуруст нест. Намоз мехондам. Акнун аз шумо пурсиданӣ ҳастам, ки оё барои ман комилан шарт, ки намоз хонам? Ман фикр мекунам, намоз барои касе комилан шарт аст, ки саломатии равонӣ дошта бошад. Сипос!»

    Нравится

    • Иншоаллоҳ сари фурсат посухи пурсиши шуморо медиҳам.

      Нравится

    • Ба номи Худо, намоз дар шариати ислом фақат аз зиммаи касе бардошта мешавад, ки комилан аз ақл рафта бошад, яъне девона бошад. Бинобар ин, агар дӯсти шумо аз ақл нарафтааст, яъне медонад, ки чӣ кор мекунад ва ба рафторҳояш огоҳ аст, намоз аз гардани ӯ соқит намешавад ва бояд бихонад. Ба сухани дигар, баъзе вақтҳо одам ба як бемории руҳӣ ва равонӣ гирифтор мешавад, вале ақлашро аз даст намедиҳад ва медонад, ки чӣ кор мекунад, барои инчунин инсоне намоз фарз аст, набояд намозро тарк кунад. Ва як вақт ҳам ҳаст, ки ӯ гоҳе ақлашро аз даст медиҳад ва гоҳе ҳам ба худ меояд, барои инчунин инсон, намоз замоне ки беҳуш аст, аз зиммааш соқит аст, вале замоне ки ба ҳуш ояд ва бидонад чӣ кор мекунад, намозро бояд бихонад.
      Барои дӯстатон дуо мекунам, ки Худованд барояш шифо бидиҳад!

      Нравится

  20. Домуллои азиз салом, ва иди саиди курбонро бароятон муборак бод мегуям! Домулло дар фейсбук нафаре ба исми шумо ба варсоки гуихо овора аст, агар хабар надошта бошед! Намонед ки шумои арчманду мухтарамро бадном кунанд. Дар ин бора метавонед бо ташкилкунандагони фейсбук тамос бигиред!

    Нравится

  21. Assalamu alaykum oyo Khumayniro kofir gufta metavonem ?

    Нравится

  22. Салом алейкум ва рахматуллох! Ман ду суол доштам:
    1. Як зану шавхар чанчол мекунанд, ва дар охир зан аз хона баромада рафтани мешавад, шавхараш ба занаш мегуяд, ки агар аз остонаи хонаам берун рави ту бар ман харом хасти, вале зан ба
    гапи шавхараш ахмият намедихаду баромада меравад, оё ин зан ба шавхараш харом шудааст? (Бояд кайд кард, ки ин мард аракхур аст, ва нафакаи хонаашро таъмин намекунад ва ба пули ёфтааш
    арак мехурад, вале дар вакти чанчол бо занаш ва дар аснои гуфтани гап хушьёр будааст)
    Суоли 2: Як зану мард мехоханд пинхони никох кунанд, оё дар шохидии як марди шохид, зан нафсашро ба мард бахшад ва мард кабул кунад, оё ин хам никох хисоб мешавад ё на?

    Чавобашро ба е-майл интизор хастам.
    Ташаккур!

    Нравится

    • Ба номи Худо

      Посухи пурсиши аввал: Бале, дар ин сурат, бо камоли таассуф як талоқ воқеъ мешавад ва бояд таҷдиди никоҳ кунанд, чӣ мард арақхӯр бошад ва чӣ набошад, зеро муҳим шавҳари ӯст.

      Дар «Маҳмудул-фатово» дар посух ба ин пурсиш, ки «Яке ба завҷааш мегӯяд: агар шумо чунон кардед, хона ва нон барои шумо ҳаром аст, албатта нияти талоқ доштааст, зан низ муртакиби он кор шудааст, ҳукмаш чист?», мефармояд:

      «Эҳтиёт дар ин аст, ки зану шавҳар таҷдиди никоҳ кунанд. Яъне рӯ ба рӯи ду мард ва ё як мард ва ду зан эҷобу қабул кунанд. Ва эҷобу қабули шаръӣ ин аст, ки шавҳар бигӯяд: ман шуморо ба никоҳи худ даровардам ва ҳамсар қабул кунад, албатта шавҳар дар оянда молики ду талоқи дигар мебошад.» (Маҳмудул-фатово, с. 752)

      Посухи пурсиши дуввум: Дар никоҳ шарт аст, ки ақди издивоҷ дар ҳузури шоҳидҳо (яъне ду мард ва ё як мард ва ду зан) анҷом бигирад, бинобар ин, он чӣ фармудед, никоҳи шаръӣ ба шумор намеояд.

      Саломат бошед

      Сайидюнуси Истаравшанӣ

      Нравится

  23. Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов

    Ин ёд дошт ро хондам як чиз аз дахонаш парондаст
    Шумо агар тахлилгар мебудед хечгох ин харфхоро намезадед. Дар бораи ин вокеа факат харфхои Додочон пароканда шуда аст ба хар тараф чун ки бо мархуми шахид Хочи Халим хурда хисоби дошт барои хамин хар анги ро ба у мехохад часпонад вале мо медоним ки Хочи Халим ,Эшони Чунайд ,Мулло Умар,Эшони Зайнуддин ки хо буданд .
    Онхо шерони буданд ки мархуми устон Нури ба унвони посдори нахзат ва умати мусалмони точик чо гузошта буд ва Рахмонуф низ мисли саг аз онхо метарсид ва бе кумаки Чин,Русия ва ОДКБ аз паси онхо бар намиомад вале афсус .
    Чи зеки боки мондаст чуз хасу хошок нист
    Вале масулият барои бокимонда сангин шудаст!

    Нравится

  24. Салом
    Пиво(буза)е ки дар болои куттии он NON ALCOHOLIC яъне бе олкогол нависта шудааст нушидан барои мусалмон чоиз аст?
    Бошед то бошем!

    Нравится

    • Ва алайкум салом,
      Номи он «моушшаъир» аст ва нӯшиданаш ҷоиз аст агар маҳсули кишварҳои исломӣ бошад, мисли Туркия, Аморот, Эрон, Саудӣ ва соири кишварҳои исломӣ, зеро холӣ аз алкул аст. Аммо агар маҳсули кишварҳои ғайри исломӣ бошад, эҳтиёт он аст, ки парҳез шавад, магар ин ки итминон ҳосил шуда бошад, ки холӣ аз алкул мебошад. Саломат бошед!

      Нравится

  25. Саломалайкум! монда набошен! хоҳиши мо ҳамин аст, ки rss и ин сайттонро ба роҳ андозед!…. чун мо ҳам хоҳони охирон хабарҳо ва таҳлилҳо ҳастем ва ҳам вақте надорем ки ба яко яки сайтҳо ба воситай кампютер мурочеа кунем! бо сипоси фаровон! ва як чаҳон ташаккури пешаки!

    Нравится

  26. Як чаҳон ташаккур!….. бе саброна интизорем!

    Нравится

  27. саломалекум!…. rss чи шуд?

    Нравится

  28. ташаккур барои РСС…

    Нравится

  29. Ассалому алайкум домуллои мухтарам. Мехостем дар сахифаи худ матолибе перомуни адолати ичтимои аз нигохи Ислом чой медодед. Ташаккур бар шумои азиз!

    Нравится

  30. Салом. Фарорасии мохи муборак муборакатон!
    Чанд саволе доштам фурсат ки ёфтед посух бдихед каблам мамнун!
    1. то чое ки ман огахам вакте ки пешоб карди тахорат мешиканад ва истинчо хатми аст. оё бади пешоб истинчо(шустани олот) ва шустани каллахои пой хатмист? бародаре мегуяд ки агар сахар тахорат карди ва истинчо карди ва дар давоми руз агар пешоб куни хам шустани по ва олот мухим нест ва бо шустани дасту ру намоз хондан равост. оё ин гуфтахо дуруст аст? 2. дар мохи рамазон баъди ифтор кардан масалан дар давоми соатхои 9 бегох то 2и шаб бо зани халоли никохии худ алока кардан равост? 3. дар бораи хайз. агар зан се руз касали занона шавад рузи 4ум бо у алока кардан равост ё инки 3руз хайз бинад 3 рузи дигар биисти баъд алока куни? муваффак бошед!

    Нравится

    • Ва алайкум салом:
      1. Истинҷо ҳар боре, ки қазои ҳоҷат кардед, лозим аст. Гуфтаи он бародар дуруст нест.
      2. Дар Рамазон, ҷимоъ бо ҳамсар фақат замоне ҷоиз нест, ки мусалмон рӯза бошад, яъне аз саҳар то мағриб (шом). Ва аммо баъд аз ифтор то саҳар, ҷимоъ бо ҳамсар ҷоиз аст.
      3. Ҷимоъ бо ҳамсар баъд аз ҳайз, аз ҳамон замоне ки хун қатъ шавад ва ғусл кард, равост.
      Саломат бошед!

      Нравится

      • Хазор рахмат домулло!!! Пирузу муваффак бошед ва Худо арчатон бидихад! Банда хам зарур будани истинчоро шунида будам ва барои мутмаин шуданам аз шумо пурсидам, захмат кашидеду чвоб додед, ки иншоаллох, арчашро мебинед.

        Нравится

      • Саломат бошед!

        Нравится

  31. Salom

    Нравится

  32. Салом идатон муборак бошаду хамеша солим бошед! аз ШУМО 1 ХОХИШ ки линк ё худи видиои кироатхоятонро инчо гузоред каблан мамнун. Чое гуш кардам ки хеле хуб кироат мекунед ва ба андешаи ман бахраманд гаштани хонандагони Ксаадат аз он муфид аст

    Нравится

    • Ва алайкум салом, агар манзуратон қироати Қуръони Карим бошад, банда қории баноме нестам дӯстам! Қироатам аз қироатҳои дигарон ҳеч тафовуте надорад. Саломат бошед!

      Нравится

  33. Чун хамеша хоксоред. Бале манзурам қироати Қуръони Карим аст агар имконатон шуд ва агар сабтхое доред дар ютуб ё ин ки хаминчо гузоред, ташаккур!

    Нравится

  34. Ассалом акаи Саидюнус аввалан мамнунам аз ин сайти Шумо нав дастрас кардам, Локин бовари дорам ки то андозае аз ин ҷо баҳрае мебарам, Барои ман китоби Кимиёи Саодат электрониш зарур аст, Илтимос ака агар доштабошед ба мар ирсол мекардед,Бори дигар илтимос акаи САИДЮСУф,

    Нравится

  35. Салом устод беҳтарин саифа ман нав дарёфт кардам Аллоҳ аз шумо рози бошад

    Нравится

  36. Ассалому ъалйкум устод мехостам аз шумо бипурсам , дар Руссия шахсоне хастанд аз Точикистон,ки дар калисои русхо кор мекунанд,яъне рубу чин мекунанд, богбонй мекунанд. Ое шахси мусулмонро дар калисои насронй кор карданаш раво аст ,чихати шаръии масъаларо мефахмондед.Аз шумо хело сипосгузорам

    Нравится

  37. 1. Волояти ќонун дар Љумњурии Тољикистон њукумфармо мебошад. Даст болои дили худ гузор, амалњои худро дар тарозўи адл аз рўи инсоф баркаш, баъдан нисбати Пешвои муаззами миллат сухан намо!
    Ибодулло Мањмадов

    2. Сарвазири Канада яке аз шахсиятњои машњури сиёсї буда, ба маслињатгаре чун шумо ниёз надорад. Ў хуб медонад, ки бо ки мулоќот кунад , бо ки не.
    Суњроб Вањоббов.

    3. Гарат аз даст барояд дањане ширин кун,
    Мардї он нест, ки муште бизанї бар дањане.
    Балаев Абдурауф.

    4. Кўзаро бишкаставу бар санг маломат мекунї,
    Љомро бишкаста соќиро маломат мекунї.
    Бас дуио дидаам дар табъи пасту дуни ту,
    Худ разолаткору уммеди адолат мекунї
    Абдусаломи Илњом.

    5. Дар гирдоби макру фиреб, љањлу хушунат худро ѓарќ макун. Мард бояд мардона сухан намояд!
    Машњур Ќаландаров.

    6. Мулоќоти Сарвазири Канада бо Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон нишонаи эътирофи як шахсияти сиёсии машњур аз Пешвои миллати тољикон мебошад.
    Мањмадов Мањмадшариф.

    7. Њељ кас њуќуќи аз номи зиёда аз 8 миллион нафар шањрвандони давлати тољикон њуќуќи сухан кардан ва пешнињод намуданро надорад. Шањрвандони Тољикистон пуштибонї аз давлат ва сарвари муаззами худ менамоянд. Абдусатторова Файзинисо.

    8. Бузургии инсон ба хирад аст, на ба сол. Љомеаи Тољикистон, давлати навини тољикон дар доираи санадњои меъёрї-њуќуќии дохилию берунї фаъолият дорад. Дарки волояти ќонунро аз кулли шањрвандони кишвар пурсон бош! Бедориев Диловар.

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: