Инсони муваффақ

Паёми таслият ба муносибати шаҳодати ҷонгудози Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов

Ба номи Худо

Хушо онон, ки дар роҳи адолат

Ба хуни хеш ғалтиданду рафтанд

Хушо онон, ки дар мизони виҷдон

Ҳисобу хеш санҷиданду рафтанд

Нагардиданд ҳаргиз гирди ботил

Ҳақиқатро писандиданду рафтанд

* * *

Намедонам, касоне ки Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватовро терур карданд, бо чӣ ангеза ва ҳадаф ба ин кор даст ёзиданд?

Оё бо ин пиндор, ки “дарсе” бошад, то дигар ҳеч тоҷике ба худ ҷуръат надиҳад нисбат ба бебандубориҳои ҳокими худкомаи Тоҷикистон ва хонавода ва наздиконаш эътирозе бикунад?

То барои тоҷик ин ҳақиқат мафҳум бишавад, ки саранҷоми касе ки ба Раҳмон “НА” мегӯяд ва аз курниш дар баробари ӯ худдорӣ мекунад, ҷуз кушта шудан нест?

Оё бо ин гумон даст ба терури Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов ёзиданд, ки то тоҷик бидонад, он чӣ аз ҳар тоҷике дар баробари Раҳмон ва рафторҳояш хоста шуда ва мешавад, ҷуз лаббайк ва “борикаллоҳ!” гуфтан нест, вагарна ӯро сарнавиште назири сарнавишти Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов дар интизор хоҳад буд?

Оё бо ин ангеза будааст, ки то ба ҳар тоҷик ва тоҷикистонӣ ин ҳақиқат тафҳим бишавад, ки дигар коре ба кори ҳокими ин мамлакат ва давлатмардонаш надошта ва сараш ба охури худаш бошад ва фузулӣ накунад ва даҳонашро ҷуз барои “шукргузорӣ” аз ҳоким ва “қаҳрамонӣ”-ҳои вай нагушояд?

Оё инҳост ангеза ва ҳадафи терурист аз ба шаҳодат расондани Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов?

Агар инҳост – ки алалқоъида ҳаминҳост – пас қотил ва терурист иштибоҳ мекунад.

Зеро қотил, зоҳиран, бо ҳисобу китобҳои ин дунёӣ ба масоил нигоҳ мекунад ва ҳамаро ба худаш қиёс мекунад. Худаш, ки хештанро чунин ёфтааст ва дар худ ҷуз зиллат ва хорӣ ва тарс аз кушта шудан намебинад, фикр мекунад, лобуд дигарон ҳам мисли ӯянд ; ки вақте бо хун мувоҷеҳ мешаванд, вақте шоҳиди кушта шудани азизе аз азизони худ мешаванд, дигар сукут ва хомӯширо бар эътироз ва шикоят тарҷеҳ медиҳанд ва кулӯх бар лаб мениҳанд.

Ғофил аз ин ки масъала паҳлӯи дигаре ҳам дорад.

Бечора намедонад, ки рехта шудани ҳар хуне, ҷуръате тоза ва шуҷоате музоъаф бар раҳравони роҳи ҳақ ва адолат мебахшад.

Бечора намедонад, ки хун, нишонаи пирӯзии кушташуда ва аломати шикасти қотил ва кушанда аст.

Бечора огоҳ нест, ки дар суннати Худо ва суннати торих, нахустин аломати пирӯзии муборизони роҳи озодӣ ин аст, ки яке аз раҳбарони ин роҳ ба дасти ситампеша ва диктотур кушта ва хунаш рехта бишавад.

Бечора аз донистани ин ҳақиқат маҳрум аст, ки золим ва ситамгар вақте роҳи чораро ҷуз дар куштан ва терур ва ҳазфи физикии мухолифони худ наёбад, ин яъне поёни кори ӯст.

Бинобар ин, банда ба монанди ҳар тоҷики сарбаланд ва азиз ва бошараф, бар ин боварам, ки шаҳодати Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов оғози поёни кори ҳокими ситампеша ва худкомаи Тоҷикистон аст.

Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов бо шаҳодати худ, барои мо ин бовар ва эътиқодро росихтар ва усутвортар сохт, ки тоҷик намурдааст, ҳанӯз дар рагҳои ӯ хуни шуҷоат, хуни мардонагӣ, хуни иззат ва шараф ҷорист, ӯ аз мурдан дар роҳи сарбаландӣ ва иззат ва шарафи миҳанаш намеҳаросад.

Ин ҳақиқатро бароямон собит кард, ки:

Марг дар зиндагии ҳамроҳ бо зиллат ва хорӣ айни ҳаёт ва зиндагӣ аст, ва ҳаёт дар хорӣ ва зиллат айни марг аст.

Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов, ин азизи Худо, намурдааст, ӯ зинда аст.

Мурдаҳо касоне ҳастанд, ки аз тарси ҳоким ва аз тарси марг, кулӯх бар лаб ниҳода ва ҳар зулм ва ситамеро аз ин диктотур таҳаммул мекунанд.

Мурдаҳо касоне ҳастанд, ки барои чанд сабоҳ зиндагӣ дар ин дунёи фонӣ, ҳозиранд ҳар хорӣ ва зиллатеро таҳаммул кунанд ва дар забонашон ҷуз “шукр” аз диктотур ва ризоят аз ҳар ғалате, ки муртакиб мешавад, ҷорӣ нест.

Дар поён лозим медонам, аз даргоҳи Худованд барои бозмондаҳои Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов ба хусус аз ҳамсари гиромии ӯ, ки ҳамеша дар канори шавҳар ва ҳомӣ ва пуштибони ӯ дар роҳи муборизааш буд, шифои оҷил ва сабри ҷамил масъалат мекунам ва шаҳодати ин марди Худоро барои ӯ табрик ва таслият мегӯям.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

6 марти соли 2015

Бейрут, Лубнон

1 ответ »

  1. Мардони озодихох хамеша дар тули торих мисли борони бахори бар заминхои ташна бориданду рафтанд. Вазифаи як марди бедору озодихох беш аз ин нест, бар калбхои тарсида борони шучоат ва бар дилхои ноумед борони умед биборад. Шахид Умарали Кувватов хам рисолати худро хуб анчом дод, ва тилисми нангини тарсробишкасту забонхои бастаро боз кард.

    Нравится 2 людей

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.