Перейти к содержимому

Инҳо ҳама ношӣ аз ҷаҳолат ва нодонӣ аст

Як нигоҳ ба вазъи мусалмонон кофӣ аст, бароямон нишон бидиҳад, дини мо ҳамеша аз дасти нодонҳо ва ҷоҳилҳо зарба хӯрда. Касоне ки на илми динӣ доранд ва на бо маъорифи исломӣ ошно ҳастанд, корашон шуда баҳсҳои динӣ! Ин ҷанҷоли шиъа ва суннӣ ва кофир хондани ҳамдигар ва тӯҳбат ва бӯҳтон ба ҳамдигар, инҳо ҳама ношӣ аз ҷаҳолат ва нодонӣ аст.

Агар мусалмон воқеъан олим ва донишманд бошад, ҳаргиз ба ин гуна баҳсҳо худро машғул ва андармон намекунад, балки пеш аз ҳама ба донишандӯзӣ ва ислоҳи худ мепардозад. Банда дар ҳаётам надидаам, ки ду олимии воқеъии шиъа ва суннӣ, ки як ҷо нишинанд, бо ҳам ҷанҷол карда бошанд, балки ҳар ду саъй кардаанд аз якдигар истифодаи илмӣ бикунанд. Аммо олимнамоҳо ва касоне ки саводи динӣ надоранд, вақте бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд, шурӯъ мекунанд ба пархош ва беадабӣ ба якдигар ва ҳатто корашон ба ҷое мерасад, ки якдигарро дашном мекунанд ва гиребони якдигарро мегиранд… Оё ин аст Ислом!? Оё ҳамин аст ахлоқи исломӣ?! Ба Худо савганд, инҳо аз Ислом ба дуранд, аз ахлоқи Паёмбар (с) ба дуранд!

Мо бояд ба ҷойи ҷанҷолу баҳсҳои беҳуда, ба илмандӯзӣ ва илмомӯзӣ машғул бишавем. Рӯзи қиёмат аз мо нахоҳанд пурсид, ки чаро бо фалон кас ҷанҷол ва кашмакаш накардӣ? Балки хоҳанд пурсид, чаро илм наёмӯхтӣ? Чаро худатро ислоҳ накардӣ? Чаро хештанро бо ахлоқи исломӣ наёростӣ?…

Гоҳе аз банда мепурсанд, чаро шумо ба тӯҳматҳо ва пархошҳо ва бӯҳтонҳо ҷавоб наменависед? Посухам ин аст, ки агар банда ба посух навиштан ба ин ёваҳо худро машғул ва андармон бикунам, ки дигар тамоми вақт бояд биншинам ва ҷавоб бинависам… дар ҳоле ки баҳс бо нодон ва ҷоҳил худаш аломат ва нишонаи ҷаҳолат аст!

Илова бар ин, дигар вақте барои навиштан, мутолеъа, тадрис, аҳёнан баҳсҳои зарурӣ ва созанда ва посух навиштан ба суолҳо (ки аз тариқи емайл ирсол мешавад) бароям боқӣ намемонд… Ҳамин аст, ки аслан таваҷҷӯҳ намекунам ба ин чарандиёт ва ёваҳо!

Бидуни таъоруф арз мекунам, ки Худойро шукр ҳамвора аз вақтам хуб истифода кардаам; матлаб менависам, ду се соат тадрис ҳам дорам, ҳудуди 5 ё 6 соат мутолеа мекунам… Агар вақи худро сарфи ҷавоб ба ҳар ёва ва чаранде сарф мекардам, ки дигар вақте барои ин корҳо боқӣ намемонд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: