Перейти к содержимому

Гар бувад умр, ба майхона расам бори дигар

Гар бувад умр, ба майхона расам бори дигар,

Ба ҷуз аз хидмати риндон накунам кори дигар.

Хуррам он рӯз, ки бо дидаи гирён биравам.

То занам об дари майкада як бори дигар,

Маърифат нест дар ин қавм, Худоё, сабабе,

То барам гавҳари худро ба харидори дигар.

Ёр агар рафту ҳақи сӯҳбати дерин нашинохт,

Ҳоша лиллаҳ, ки равам ман зи пайи ёри дигар.

Гар мусоъид шавадам доираи чархи кабуд,

Ҳам ба даст оварамаш боз ба паргори дигар.

Офият металабад хотирам, ар бигзоранд

Ғамзаи шӯхашу он турраи таррори дигар.

Рози сарбастаи мо бин, ки ба дастон гуфтанд

Ҳар замон бо дафу най бар сари бозори дигар.

Ҳар дам аз дард бинолам, ки фалак ҳар соат,

Кунадам қасди дили реш ба озори дигар,

Бозгӯям: на дар ин воқеъа Ҳофиз танҳост,

Ғарқа гаштанд дар ин бодия бисёри дигар.

(Ҳофиз)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: