Мантиқ

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 1

Имрӯзҳо, ки аз фароғати боли бештаре бархӯрдорам, тасмим гирифтам ба омӯзиши илми мантиқ ва фалсафа барои дӯстдорон ва алоқамандони ин ду илми шариф бипардозам. Саъй мекунам, бо забони бисёр содда ва равон матолибро баён бикунам. Умедворам, ин кӯшиш ва талош судманд воқеъ бишавад. Аз омӯзиши илми мантиқ шурӯъ мекунам, ки тақрибан 20 ё бештар аз дарс иборат хоҳад буд. Инак, дарси аввал аз илми мантиқ.

* * *

Дарси 1: Таърифи илми мантиқ ва мазвӯи он

Чакида ва хулосаи баҳси имрӯз

Таърифи илми мантиқ: мантиқ, қонуни дуруст андешидан аст. Ҳар гоҳ инсон бихоҳад дуруст биандешад, ногузир бояд ин қонунро риоят намояд, вагарна дар андешидани худ дучори лағзиш шуда, ба бероҳа меравад. Аз ин рӯст, ки илми мантиқ чунин таъриф шудааст:

Илми мантиқ абзор ва василае аз синхи қоида ва қонун аст, ки риоят кардани он, зеҳнро аз лағзиш дар андеша ва тафаккур нигаҳ медорад.”

Таърифи фикр: фикр, чидани ба тартиби як силсила масъалаҳои маълум барои ба даст овардани як масъалаи номаълум аст.

Мазвӯи илми мантиқ: мазвӯи илми мантиқ иборат аст аз муарриф ва ҳуҷҷат. Яъне масъалаҳои мантиқ ё дар бораи муарриф (таърифкунанда)-ҳо баҳс мекунад ё дар бораи ҳуҷҷат (истидлол)-ҳо.

Тафсили баҳс

Имтиёзи инсон

Имтиёзи инсон аз соири махлуқоти заминӣ дар ин аст, ки инсон мавҷуде аст дорои қудрати андешидан, ба хилофи соири махлуқот, ки аз чунин неъмате бе баҳра ҳастанд. Масалан, мавҷуде чун саг тамоми огоҳиҳо ва маълумоташ ҳамонҳое аст, ки аз тариқи ҳавосси панҷгонааш (биноӣ, шунавоӣ, бӯёӣ, чашоӣ ва ламс карданӣ) вориди зеҳни ӯ мешавад, аммо инсон ба иловаи маълумоте, ки аз тариқи ҳавосси панҷгонааш ба онҳо ноил мегардад, як нерӯ ва қувваи дигаре дорад ба номи “қувваи оқила”, ки ба воситаи он корҳои аҷибу ғарибе анҷом медиҳад ва тамоми пешрафтҳои илмии инсон ҳам ба баракати ҳамин қувва аст.

Яке аз корҳои ин қувва табдили як масъалаи ношинохта ба масъалаи шинохта аст. Масалан, фарз кунед, барои инсон маълум бошад, ки “Суқрот инсон аст” ва низ маълум бошад, ки “ҳамаи инсонҳо дорои қалб мебошанд”, вале барояш маълум набошад, ки “оё Суқрот ҳам дорои қалб аст ё на?” (Инро фақат ба унвони мисол меоварам). Дар ин ҷо, инсон метавонад бо ба коргирии қувваи оқила ва бо истифода аз маълумоти қаблӣ ва дар зеҳн доштаи худ, ин маҷҳул ва ношинохтаро табдил ба маълум ва шинохта намояд; ба ин тариқ, ки он ду маълуми худро (яъне “Суқрот инсон аст” ва “ҳамаи инсонҳо дорои қалб мебошанд”-ро) дар зеҳни худ пушти сари ҳам чида ва бо андак андешидане, ба ин натиҷа мерасад, ки “агар Суқрот инсон бошад ва аз сӯе ҳам, ҳамаи инсонҳо дорои қалб бошанд, пас қатъан Суқрот ҳам дорои қалб хоҳад буд, чун ӯ низ инсон аст ва инсонҳо ҳама дорои қалб мебошанд.” Сурати ин истидол ба ин сурат аст:

Муқаддимаи 1: Суқрот инсон аст

Муқаддимаи 2: Ҳамаи инсонҳо дорои қалб мебошанд

Натиҷа: Пас, Суқрот дорои қалб аст

Вале бо вуҷуди ин, инсон гоҳе дар ҳамин амалиёти андешидан ва тафаккур, ба хато меравад. Ин ҷост, ки ниёз дорад ба як васила ва абзоре, ки битавонад ба воситаи он, афкор ва андешаҳояшро дуруст намояд. Ин васила ҳамон илми мантиқ аст.

Аз ин рӯст, ки илми мантиқро чунин таъриф кардаанд:

Мантиқ абзоре аст аз навъи қоида ва қонун, ки риоят кардан ва ба кор бурдани он, зеҳнро аз хато дар тафаккур нигаҳ медорад.” Ва ба иборате дигар: мантиқ илме аст, ки барои инсон як даста қонун ва қоидаҳое меомӯзад, ки агар инсон он қоидаҳоро – дар ҳангоми фикр кардан – некӯ ба кор гирад, ӯро аз хато дар фикр нигаҳ медорад.

Фоидаи мантиқ

Аз таърифе, ки барои мантиқ зикр кардем, фоидаи мантиқ низ равшан мешавад. Маълум шуд, ки фоидаи мантиқ ҷилавгирии зеҳн аст аз хато дар тафаккур. Вале аз таърифи номбурда равшан нашуд, ки мантиқ чӣ гуна пеши роҳи хато дар тафаккурро мегирад. Тавзеҳи комили ин матлаб бастагӣ дорад ба ин ки мо қаблан – ҳарчанд ба сурати кӯтоҳ — бо масоили мантиқӣ ошно шуда бошем. Ва мо ба сурати кӯтоҳ дар ин ҷо ин матлабро баён мекунем.

Ибтидо лозим аст фикрро таъриф кунем, зеро то таърифи фикр — ба мафҳуме, ки мантиқ дар назар дорад — равшан нашавад, абзор будани мантиқ барои фикр ва ба иборати дигар, “хатосанҷ” будани илми мантиқ барои фикр равшан намешавад.

Фикр ё тафаккур иборат аст аз: марбут кардани чанд маълум ба якдигар барои ба даст овардани маълуми ҷадид ва табдили як маҷҳул ба маълум. Мисли ҳамон мисоли боло, ки ду маълум (яъне “Суқрот инсон аст” ва “ҳамаи инсонҳо дорои қалб мебошанд”)-ро ба якдигар марбут кардем ва он гоҳ ин маҷҳулро, ки “оё Суқрот ҳам дорои қалб аст ё на?”, табдил ба маълум намудем.

Зеҳн он гоҳ, ки фикр мекунад ва мехоҳад аз таркиб кардани маълумоти хеш маҷҳулеро табдил ба маълум кунад, бояд ба он маълумот шаклу назму сурати хосс бидиҳад. Яъне маълумоти қаблии зеҳн танҳо дар сурате зояндаи натиҷа хоҳанд буд, ки шакл ва сурати хоссе ба онҳо дода шавад. Мантиқ қоида ва қонунҳои ин назм ва шаклро баён мекунад. Яъне мантиқ ба мо тавзеҳ медиҳад, ки маълумоти зеҳнии қаблӣ танҳо дар сурате зоянда хоҳанд буд, ки бар асоси муқаррароти мантиқӣ шакл ва сурат гирифта бошад.

Асосан, амали фикр кардан чизе ҷуз назм додан ба маълумот ва поя қарор додани онҳо барои кашфи як амри ҷадид нест. Пас вақте ки мегӯем, мантиқ қонуни саҳеҳ фикр кардан аст ва аз тарафи дигар мегӯем, фикр иборат аст аз марбут кардани чанд маълум ба якдигар барои ба даст овардани маълуми ҷадид ва табдил кардани як маҷҳул ба маълум, ин ба он маъност, ки мантиқ кораш ин аст, ки “қоидаҳои дуруст ҳаракат кардани зеҳнро нишон медиҳад”. Дуруст ҳаракат кардани зеҳн, чизе ҷуз дуруст тартиб додан ва дуруст шакл ва сурат додан ба маълумот нест.

Пас кори мантиқ ин аст, ки ҳаракати зеҳнро дар ҳини тафаккур таҳти контроли худ қарор медиҳад.

Хатои зеҳн

Зеҳн он гоҳ ки тафаккур мекунад ва умуреро муқаддима барои амри дигар қарор медиҳад, мумкин аст саҳеҳ амал кунад ва мумкин аст дучори хато гардад. Маншаи хато яке аз ду амри зайл мумкин аст буда бошад:

1. Он муқаддамоте, ки онҳоро поя қарор дода ва маълум фарз кардааст, хато ва иштибоҳ бошад. Яъне муқаддамоте, ки маводд ва масолеҳи истидлоли моро ташкил медиҳад, фосид бошад;

2. Назм ва шакл ва сурате, ки ба муқаддамот дода шудааст, ғалат бошад. Яъне ҳарчанд маводд ва масолеҳи истидлоли мо саҳеҳ ва дуруст аст, вале шакли истидлоли мо ғалат мебошад.

Як истидлол дар олами зеҳн монанди як сохтмон аст. Як сохтмон он гоҳ комил аст, ки ҳам масолеҳаш бе айб бошад ва ҳам шакли сохтмон бар асоси усули саҳеҳи сохтмонӣ бино шуда бошад. Ҳар кадом аз инҳо агар набошад, он сохтмон қобили эътимод нест. Масалан, агар гуфтем:

Муқаддимаи 1: Суқрот инсон аст

Муқаддимаи 2: Ҳар инсоне ситамгар аст

Натиҷа: Пас, Суқрот ситамгар аст

Ин истидлоли мо аз назари шакл ва сурат саҳеҳ аст, аммо аз назари модда ва масолеҳ фосид аст. Зеро он ҷо, ки мегӯем: “Ҳар инсоне ситамгар аст”, дуруст нест. Аммо агар бигӯем:

Муқаддимаи 1: Суқрот инсон аст

Муқаддимаи 2: Суқрот олим аст

Натиҷа: Пас, инсон олим аст

Дар ин ҷо модда ва масолеҳи истидлоли мо саҳеҳ аст, вале шакл ва низоми он мантиқӣ нест. Бинобар ин натиҷа ғалат аст. Ин ки чаро шакл ва низом мантиқӣ нест, баъдан дар боби қиёс равшан хоҳад шуд.

Хатосанҷии мантиқ – мантиқе, ки дар садади баёни он ҳастем — фақат марбут аст ба шакл ва сурати истидлол. Бинобар ин, ин мантиқро “мантиқи сурӣ” меноманд. Аммо санҷиши хатои моддаи истидлол аз ӯҳдаи мантиқи сурӣ хориҷ аст. Албатта одатан дар китобҳои мантиқӣ дар поёни мабоҳис мабҳасеро таҳти унвони “мабҳаси синоъоти хамса” меоваранд, ки марбут аст ба моддаи истидлол, вале сару кори мантиқ бештар бо шакл ва сурати истидлол аст.

Аз маҷмӯи он чӣ гуфта шуд маълум гашт, ки арзиши мантиқ ин аст, ки хатосанҷи амали фикр кардан аст. Яъне хатосанҷи сурат ва шакли истидлолҳост.

Мазвӯи илми мантиқ

Мазвӯи ҳар илме иборат аст аз он чизе, ки он илм дар атрофи он баҳс мекунад.

Мазвӯи илми мантиқ иборат аст аз муарриф ва ҳуҷҷат, яъне масъалаҳои мантиқ ё дар бораи муаррифҳо, яъне таърифҳо баҳс мекунад ё дар бораи ҳуҷҷат, яъне дар бораи истидлолҳо. Феълан кофӣ аст бидонем, ки дар ҳамаи улум маҷмӯан ду кор сурат мегирад: яке ин ки як силсила умур таъриф мешаванд ва дигар ин ки барои исботи як силсила аҳком истидлол ва далел оварда мешавад. Дар ҳамаи улум ин ду кор сурат мегирад.

Илми мантиқ мехоҳад ба мо роҳи саҳеҳ таъриф кардан ва саҳеҳ истидлол кардан-ро биомӯзад. Дар дарсҳои оянда муарриф ва ҳуҷҷатро, ки мавзӯи илми мантиқ мебошанд, беҳтар хоҳем шинохт.

Агар суол ва пурсише барои алоқамандон пеш омад, метавонанд суоли худро дар зери ҳамин матлаб матраҳ намоянд.

Рубрики:Мантиқ, Омӯзиши мантиқ

Помечен как:

»

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.