Инсони муваффақ

Рахнае ҷуброннопазир

“Ҳар гоҳ олиме бимирад, рахнае дар Ислом эҷод мешавад, ки ҳеч чиз наметавонад ҷои онро пур кунад.” (Паёмбари Акрам (с))

Даргузашти ногаҳонии олим ва донишманди маъруфи ҷаҳони Ислом, Шайх Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф, бе тардид дили ҳар мусалмонеро ҷариҳадор кард ва ба ҳақ, ки бо фавти ин донишманди вораста, рахна ва шикофе дар Ислом, ва ба хусус дар миёни мусалмонони Осиёи Марказӣ эҷод шудааст, ки ҳеч чиз наметавонд ҷои онро пур кунад.

Барои охирин бор эшонро тақрибан се моҳ пеш зиёрат карда будам; замоне ки ба ҳамроҳи дӯсти самимиашон Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода барои қироати Фотеҳа барои ҳамсари марҳумам ба манзили мо дар Эрон ташриф оварда ва меҳмон шуда буданд ва иллати ҳузурашон дар Эрон ҳам, ширкат дар як конфронси илмӣ дар ин кишвар буд.

Шайх Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф на танҳо як мулло ба он мазмуне, ки дар ҷоҳои мо маъруф аст буд, балки як муҳаққиқи ба тамоми маъно, соҳибназар дар маорифи исломӣ ва аз ҳама муҳим, касе буд, ки хидматҳояш дар роҳи ҳифз ва нашри маорифи исломӣ дар Осиёи Марказӣ ва ҳатто кишварҳои пасошӯравӣ, беназир буданд ва ӯ ба танҳоӣ кори як муассисаи аризу тавилеро анҷом медод.

Муддате пеш дар ёддоште дар сойти Кимиёи саодат (ки ҳоло ба далоиле бо камоли таассуф баста шудааст) ба тафсил дар бораи ин шахсияти вораста ва хадамоташ ёдовар шуда будам. Дар он ёддошт оварда будам, ки режими диктотури Ӯзбакистон, ки дар оғози кор ба баҳонаи “мубориза бо теруризм ва ифротгароӣ”, фаъолияти ҳар гуна созмон ва шахсиятҳои исломиро манъ ва барои онҳо маҳдудият эҷод карда буд, бо гузашти айём мутаваҷҷеҳ шуд, ки ин иқдомҳояш на ин ки барояш “судманд” нестанд, балки бар густариш ва шуюъи ифротгароӣ ва тундравӣ дар ҷомеа афзуда ва шумори ҷавононе, ки оҳанги “Вазиристон”-и Покистон ва пайвастан ба Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон мекунанд, меафзояд.

Ва ин буд, ки ин режими мустабид ночор буд, ба Шайх Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф иҷозаи фаъолият бидиҳад. Шайх Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф дар ибтидо (солҳои 1996) ва дар пайи фишорҳои ин режим, ин кишварро тарк ва ибтидо ба Туркия ва сипас ба Либӣ ҳиҷрат карда буд. Сипас бо висотат ва миёнҷигарии Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва иқноъи режими Ӯзбакистон барои баргашт ва иҷозаи фаъолияти озодона, билохира Шайх Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф ба миҳанаш баргашт.

Шайх Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф, ба маҳзи ин ки ба ватанаш баргашт, шурӯъ ба фаъолият намуд. Албатта вай дар сояи режими Ӯзбакистон ва бо таваҷҷӯҳ бо сиёсатҳои исломситезонаи ин режим, ҳозир набуд, аз нав симати муфтигӣ дар Ӯзбакистон ва ё ягон мақоми расмиро бипазирад, балки хоҳиш кард, то монеъи фаъолиятҳои мустақилли вай нашаванд, ва зоҳиран ҳукумати Ӯзбакистон ҳам, ба ин дархости ӯ мувофиқат намуд.

Ӯ, ба унвони як олими огоҳи исломӣ, муҳимтарин вазифаи шаръии худ дар ҷомеаро чунин ташхис дод, ки бояд Исломи дуруст – ва ҳамон тавр ки ҳаст – ро дар ҷомеа ва ба хусус миёни ҷавонон тарвиҷ бикунад, то аз рӯйи ҷаҳолат ба доми ифротгароён наяфтанд. Бинобар ин, бо ҳамкорӣ ва кӯмаки шогирдони худ, дар канори посух гуфтан ба пурсишҳои мазҳабии ҷавонон дар расонаҳои навишторӣ ва низ таълифи китобҳои исломӣ, ҳамчунин чанд сойти интернетӣ ба забонҳои ӯзбакӣ ва русӣ роҳ андохт. Шумори сойтҳои мутаъаллиқ ба ин олими фарҳехта ва огоҳ, ҳудуди 20 сойт аст, ки бино бар омор, бештарин бинанда ва хонанда ва муроҷеакунандаро дар Ӯзбакистон дорост.

Шайх Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф тақрибан ҳамаи китобҳои ҳадисии аҳли суннат ва ҷамоатро ба ӯзбакӣ тарҷума ва чопу нашр карда буд, ба иловаи таълифи тафсири тамомии сураҳои Қуръон ба номи “Тафсири Ҳилол”, ки чанд бор чоп шудааст. Ин китобҳо ба забони русӣ ҳам тарҷума ва нашр шудаанд.

Фаъолиятҳои пайваста ва мухлисонаи ин олими вораста, сабаб шуданд, илова бар ин ки Исломи ростин ба ҷомеа ва хусусан ҷавонон ироа бишавад, ҳамчунин ҷилави густариши ифротгароӣ ва тундарвии динӣ гирифта бишавад.

Роқими сутур бар ин бовар аст, ки режими диктотур ва худкома ва исломситези Ӯзбакистон, на ошиқи чашму абрӯи донишманде мисли Шайх Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф буд ва на сидқан ва аз дарун хоҳони фаъолиятҳои ин олим, вале бо ин вуҷуд, ба дарки ин нукта пай бурда буд, ки решакан кардани ифротгароӣ ва тундравии динӣ дар ҷомеа, ҳаргиз бо пайкор ва мубориза бо асли Ислом ва маорифи исломӣ муяссар намешавад. Аз ҳамин ҷо буд, ки бар хилофи хост ва майли ботинии худ, ночор шуда буд ба ин олими фарҳехта озодии фаъолият бидиҳад, то ҷилави густариши ифротгароии динӣ гирифта бишавад.

Лозим ба ёдоварист, бар пояи гузориши расонаҳо, Шайх Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф дирӯз бар асари сактаи қалбӣ дар синни 63 солагӣ ҳангоми бозии баскетбол даргузашт.

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, рӯҳонии шинохтаи тоҷик ва собиқ қозии мусалмонони Тоҷикистон, ки аз наздиктарин дӯстони марҳум ба шумор меравад, дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфтааст: “Марги ӯ зоеъаи бузурге барои мусалмонони минтақа аст, зеро дар воқеъ шахсияти олим буд, як умр машғули тадрису таълиму таълифи китоб ва машғули даъват ба Ислом буд. Беш аз 120 китоб таълиф кардааст. Хусусан «Тафсири Ҳилол»-и ӯ, ки бисёр бузургҳаҷм аст ва қариб 4000 саҳифа дорад. Ҳамаи ҳадисҳои Саҳеҳи Бухороиро бо шарҳу тафсир ба узбакӣ нашр кард. Ҳамчунин даҳҳо китоби дигар дошт чӣ дар фиқҳ, чӣ дар таърихи Ислом ва чӣ дар адаб. Аз ин хотир, ӯ як шахсияти дар воқеъ камназир буд

Қозидомулло дар ин гуфтугӯ ҳамчунин ёдовар шудааст: «Мо ҳамеша дӯст будем, ҳамфикру ҳамақида будем. Аз ҳамон замонҳо ҳамеша бо салафиҳо мушкил доштем. Ҳарду таҳмилро қабул надоштем, аз ҷумла таҳмили ақидаҳои мазҳабиро. Ӯ дар ҳақиқат як рӯҳонии миёнарав ва воқеан ҳанафимазҳаб буд. Аммо ислоҳталаб буд

Бар асоси ин гузориш, Рамазон Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистони Русия рӯзи 11 март баробари шунидани хабари даргузашти Шайх Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф гуфт, як кӯчаро дар шаҳри Грозний, маркази Чеченистон ба номи ин устоди падараш хоҳанд гузошт.

Худо ғариқи раҳмат ва ҷойгояшро биҳишт қарор бидиҳад!

»

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.