Ахлоқи зишт

Ин обирӯй ва эътибор ба дарди чӣ мехӯрад?

Дар баробари давом ёфтани зулм ва бақои як золим ва ситамгар, ғолибан одамонро ба се даста тақсим мекунанд ва мегӯянд:

Як даста ёварони он золим ва ситамгаранд, ки дар воқеъ, бозуи золим дар ситамкориҳояш дар ҷомеа, ҳаминҳоянд.

Дастаи дуюм, мардумони бетафовут ҳастанд, ки асосан барояшон муҳим нест, ки зулме дар ҷомеа ҳаст ё нест, ин чиз барояшон аҳаммият надорад, балки он чӣ барояшон муҳим аст, шикамашон сер бошад ва рӯзашон бигузарад. Ин дастаро ҳам, ба навъе аз касоне донистаанд, ки дар тадовуми зулми золим саҳмгузор ҳастанд, бо бетафовутии худ.

Дастаи севвум, тарсуҳоянд; касоне ки аз зулм на ин ки хушашон биёяд ва ё ҳатто бихоҳанд, ки бетафовут бошанд, вале тарсу ҳастанд, ҷуръати истодан дар баробари золимро надоранд, ин гурӯҳро ҳам, дар тадовуми зулми ситамгар саҳим шумурдаанд.

Аммо метавон дастаи чаҳорумеро ҳам ба ин се гурӯҳ изофа кард, ки дар тадовуми зулми ситамгар ва бақои ӯ саҳмгузоранд. Инҳо, бар хилофи дастаи дуюм, касоне нестанд, ки чандон бетафовут бошанд, ва ҳамчунин бар хилофи дастаи севвум, чандон тарсу ҳам нестанд, чаро ки агар бихоҳанд, метавонанд дар баробари зулми золим биистанд ва лоақал бо забони худ пайкор кунанд, вале намехоҳанд вориди майдон шаванд ва худро даргир кунанд. Албатта, ин мавзеъгирии худро пеши худашон муваҷҷаҳ медонанд.

Тавзеҳ он ки ин гурӯҳ медонанд, касе ки вориди ин майдон мешавад, аз газандҳо дар амон намемонад, аз маломатҳо дар амон намемонад, аз сарзанишҳо дар амон намемонад, аз таҳқиру тавҳин шуданҳо, аз тӯҳмату бӯҳтонҳо ва ҳатто аз “беобирӯй шудан” дар ҷомеа ҳам дар амон нахоҳад монд… Инҳо мухолифи зулманд ва бетафовут ва тарсу ҳам нестанд, вале монеъи вурудашон ба майдон, фақат ва фақат ҷойгоҳи иҷтимоияшон аст. Обирӯяшон аст, ки намехоҳанд бирезад. Эътиборашон аст, ки намехоҳанд аз даст бидиҳанд. Саъй мекунанд, аз газандҳо худро ба дур нигаҳ доранд. Ва ин мавзеъгириро, чунон ки арз шуд, барои худашон муваҷҷаҳ медонанд; зеро намехоҳанд, ҷойгоҳ ва эътиборе, ки дар ҷомеа ва назди мардумон доранд, латма бихӯрад.

Хуб, инҳо, бе он ки мутаваҷҷеҳ бошанд, дар тадовуми зулм ва ситами золим ва бақои ӯ, саҳм мегузоранд ва шарики ӯ мешаванд.

Бояд ба инҳо гуфт, магар ин обирӯй ва ин ҷойгоҳ, ки миёни мардум ва ҷомеа дорӣ, бароят ин қадр муҳим аст ва аҳаммият дорад, ки бипазирӣ, ҳақ поймол бишавад, зулм идома биёбад, бар умри золим ва ситамгар афзуда бишавад? Асосан, ин обирӯй ва ин ҷойгоҳ, ки барои худат қоилӣ, ба дарди чӣ мехӯрад агар дар ҷомеа зулм барпо бошад? Адолат зери пойҳо лагадмол гардад?

Оё шоиста набуд, ин обирӯй ва ин ҷойгоҳатро, ба хотири барпоии ҳақ ва адолат дар ҷомеа, ба “муомила” бигузорӣ? Бале, ба муомила бигузорӣ, ки агар қарор аст бо рехта шудани обирӯйи ту ва аз даст рафтани ҷойгоҳи иҷтимоии ту, зулм барчида ва адолат барқарор бишавад, пас бигузор бирезад ва аз даст биравад ва чанд сабоҳе дашномат кунанд, таҳқират кунанд, тавҳинат намоянд… Магар доштани обирӯй дар ҷомеае, ки зулм дар он барқарор аст, арзише дорад? Магар таҳаммули андак дашном ва таҳқир ва тавҳин бароят сахттар ва душвортар аз ин аст, ки бипазирӣ, зулм идома ёбад ва бар умри золим ва ситамгар афзуда бишавад?

Кадомаш бароят арзишмандтар аст: ҳифзи ҷойгоҳат ё барчида шудани басоти зулму ситам аз ҷомеа?

1 ответ »

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.