Машоҳир

Паёми таслият ба муносибати даргузашти модари Шӯҳрат Қудратов

Аз шунидани хабари фавти модари гиромии бародари азизамон Шӯҳрат Қудратов бисёр андӯҳгин шудам.

Бе тардид, дар фавти ин бонуи арҷманд ғамҳо ва ранҷҳое, ки ба сабаби зиндонӣ будани ҷигаргӯшаш гиребонгири ӯ шуданд, бе таъсир нест; зеро барои ҳар модаре ёфтани фарзанди худ дар сиёҳчол сахт аст.

Модар, дар баробари ҳар рӯз ва балки ҳар соат ва дақиқае, ки дилбандашро дар канори худ намеёбад, заҷр мекашад, руҳу равонаш озор мебинад, ҳамеша зеҳнаш ба ӯ машғул аст, на об ба гулӯяш меравад ва на метавонад луқмае нон бихӯрад.

Дар воқеъ, касе ки азизе аз азизонашро зиндонӣ меёбад, дарду ранҷи ӯ ва фишорҳое руҳӣ ва равонӣ, ки бар ӯ ворид мешаванд, бисёр бештар аз ранҷи худи зиндонӣ аст, ва инро банда бештар аз ҳар касе дигар дарк мекунам.

Банда ин воқеаи дарднокро ба ҳамаи бозмондаҳои марҳума ва ба хусус бародари азизам ҷаноби Шӯҳрат Қудратов таслият арз мекунам ва аз даргоҳи Худованди Мутаол барои онон сабри ҷамил масъалат ва раҳоӣ ва озодии ҳарчи зудтари Шӯҳрат аз сиёҳчоли режими бе раҳм ва бе отифаи Раҳмонро хоҳонам.

Шӯҳрати азиз! Бандаро ҳам дар ғами азизи аз даст рафтаи худ шарик бидон.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

14 марти 2015

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.