Нақду назар

“Фаҳмондадиҳӣ”

Бадтарин шакли идораи як кишвар он аст, ки бар асоси майлу рағбати шахсии ҳокими он кишвар идора бишавад ва мантиқ ва қонун ва раъйи мардум дар он, аз ҳеч ҷойгоҳ ва эътиборе бархӯрдор набошанд, ва бадтар аз он албатта, қавонин ва муқарроти он кишвар ҳам бар пояи амёли ӯ вазъ ва гузорда шаванд, то хоҳишҳо ва амёли шахсии ҳоким рангу бӯи қонунӣ ба худ бигиранд.

Қариб ба 23 сол аст, ки Тоҷикистон бар меҳвари майлу рағбати шахси Эмомалӣ Раҳмон идора мешавад. Раҳмон — чунон ки шарҳи ҳол ва зиндагиномааш бароямон мегӯяд – шахсе исломситез аст, корномааш дар ин муддат нишон медиҳад, ӯ ботинан бо ҳар навъ падида ва мазоҳири исломӣ мушкил дорад. Ин шахс на таҳаммулли дидани хоҳарон ва бонувони боҳиҷобро дорад ва на дидани бародарон ва мардони ришдорро. Ӯ чунин ба бор омадааст…

Бо ин ки коре ба орои шахсии ӯ надорем ва марбут ба худаш аст, вале суол ин аст, ки чаро ва бар кадом асос дар идораи кишвар майлу рағбати шахсии худро дахолат медиҳад? Оё ӯ ин ҳақро дорад?

Ту агар бо Ислом мушкил дорӣ, бо сатру ҳиҷоб мушкил дорӣ ва аз риш хушат наёяд, бошад, аммо ту, ки ҳамаи Тоҷикистон ва ҳамаи тоҷикистониён ту нестӣ. Мардуми Тоҷикистон, ки ҳама мисли ту намеандешанд. Чаро мехоҳӣ ҳама мисли ту бошанд, ҳама мисли ту биандешанд, мисли ту фикр бикунанд ва кишвар бар асоси майлу рағбатҳои шахсии ту идора бишавад?

Чанд рӯз пеш Раҳмон дар дидор бо иддае бонувон аз тамоюли баъзе аз бонувони тоҷик ба пӯшидан ва ба сар гирифтани сатр ва ҳиҷоби исломӣ изҳори нигаронӣ карда ва гуфтааст: “Халқи мо… ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпӯшӣ раво нест. Шумо худатон хуб медонед, ки ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ нест. Аммо баъзе занону духтарони тоҷик сиёҳпӯшӣ карда, таърих ва моҳияти ин тарзи либоспӯширо намедонанд ва ҳатто донистан намехоҳанд.” Албатта манзури ӯ аз “сиёҳпӯшӣ” ҳамон доштани сатру ҳиҷоби исломӣ аст, чаро ки дар ҳамин суханронӣ гуфтааст: “Баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд”. Муроди Раҳмон аз “таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ” ва “ҷараёни нави ифротӣ” ҷуз Ислом нест, вагарна доштани сатру ҳиҷоб барои бонувон, дастури сареҳ ва ошкори дини Ислом аст ва рабте ба “ақидаҳои таҳмилӣ” ва “ҷараёни ифротӣ” надорад.

Пас аз ин суханронӣ ва ибрози ин майлу рағбати ботинӣ аз сӯи Раҳмон, ниҳодҳои марбута — аз вазорати кишвар (умури дохила) бигир то ниҳодҳои динии вобаста ба давлат ва муллоҳои дарборӣ — ҳар як ба корҳои ба истилоҳи худашон “фаҳмондадиҳӣ” (ки албатта ба лиҳози адабӣ ин таркиб таркибе ғалат аст ва манзурашон, тафҳим ва фаҳмондан аст) шурӯъ карданд.

Муовини муфтӣ гуфтааст: “Занони мову шумо, ки корҳои хоҷагидорӣ аз қабили пухту паз мекунанд, бояд либоси кушод пӯшанд. Либосҳои сиёҳ ба бар мекунанд, ки аслан ранги сиёҳро дар азодорӣ мепӯшанд. Модарону хоҳарони гузаштагони мо либоси миллӣ доштанд, либосҳои кушоду остиндароз…

Ва ҳамчунин раиси шаҳри Душанбе қарореро имзо кардааст, ки ҳадафаш “пешгирии омилҳои ифротгароёна, хурофотпарастию бегонапарастӣ ва ташаннуҷи мазҳабӣ миёни занону духтарон” гуфта мешавад. (Радиои Озодӣ)

Бо ин ки аз вожаи “фаҳмондадиҳӣ” ҷуз тафҳим ва фаҳмондан бардошт намешавад, ки масалан ба мардум тафҳим бишавад, ки ин кор “писандида” аст ва он кор “нописанд”, вале зоҳиран ин вожа дар назди ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон маънои дигаре ҳам доштааст. Зоҳиран “фаҳмондадиҳӣ” дар назди ин ниҳодҳо ин будааст, ки ба зӯри бозу мардумро водор бикунанд, ки “бифаҳманд”.

Бино бар гузориши хабаргузории “Озодагон”, як гурӯҳ аз тоҷирони бозори “Фаровон”-и шаҳри Қӯрғонтеппа дар тамосе телефонӣ бо ин хабаргузорӣ гуфтаанд, аз онҳо ба таври қотеъ талаб шудааст, аз пӯшидани сатр ва мондани риши баланд худдорӣ кунанд. Яке аз онҳо гуфтааст: “Бо ҳар марди ришдору зани сатрпӯш рӯбарӯ мешуданд, ӯро бурда дар шӯъбаи милиса акс мегирифтанд ва мегуфтаанд, ба ихтиёри худат сатратро гиру ришатро тарош, вагарна бо далели огоҳ кардан, ҳам худамон ин корро анҷом медиҳем ва ҳам 2 ҳазор сомонӣ штрафат мекунем”. Яке аз кормандони риёсати умури дохилии вилояти Хатлон дар сӯҳбат бо “Озодагон”, бо таъйиди ин воқеа, гуфтааст: “Дирӯз кормандони мо ба хотири гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар бораи сатру ҳиҷоб дар бозори “Фаровон” буданд ва азбаски имрӯз шанбегӣ доштанд, нарафтанд”.

Ин ҳам аз “корҳои фаҳмондадиҳӣ”-и ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон.

Ман намедонам, чаро шахсиятҳои тоҷик аз саҳна ғоибанд ва чизе ба забон намеоваранд ва ба ин ҳоким ва навкарону чокаронаш намегӯянд, ки дигар бас аст ин ҳама тавҳин ва ин ҳама таҳқир ва ин ҳама ба бозӣ гирифтанҳо?!

Куҷоянд руҳониҳо ва муллоҳое, ки дар баробари ҳар ҳодисае кучак аз худ ҳассосиятҳое беҷо нишон медиҳанд, вале он ҷо ки лозим аст ва воҷиб аст, ки садо баланд кунанд, чизе аз онҳо шунида ва дида намешавад?!

Куҷоянд он ба ном муллоҳо ва муллобаччаҳое, ки дар баробари барпоии як маросими динӣ (мисли барпоии мавлуди Паёмбар (с) ва ё Ошури Ҳусайнӣ (а)) вокунишҳое тунду тез аз худ нишон медиҳанд ҳатто корашон то такфир ва ба куфру илҳоду бидъат нисбат додани барпокунандаи маросими динӣ мекашад, вале он ҷо ки бо яке аз заруриёти исломӣ пайкор ва мубориза мешавад, кулӯх бар лаб мениҳанд ва чизе ба забон намеёваранд?!

»

  1. Муллохои точик факат бо маьракарави ва паловхури машгул хастанд. Агар президент ба онхо гуяд, ки намозатонро нахонед, намозашонро хам намехонанд, онхо дини худро фурухтаанд.

    Нравится 1 человек

  2. Ин бехудохои лаънати намедонанд, ки хижоб бо тараккиёт зиддияте надорад. Хукуматдорони хануз ин шеъри Лохутиро нахондаанд:
    Куввати магриб на аз чангу рубоб,
    Не зи ракси духтарони бехижоб.
    Куввати магриб аз илму фан аст,
    Аз хамин оташ чарогаш равшан аст.

    Нравится 1 человек

  3. Истаравшани,
    Инсон бояд ки инсофро ба кор гирад, кай дидаед, ки президент Эмомали Рахмон зидди ислом кор карда бошад? Шумо сухани президентро як бори дигар гуш кунед, ё бо диккат хонед. Дар кучои ин сухан “Халқи мо… ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпӯшӣ раво нест.» шумо сухани зидди исломи мебинед? Оё либоси анъанавии точикон зидди исломи мебошад? Садхо сол гузаштагони мо хамин либосро доштанд ва хеч касе нагуфта аст, ки либоси анъанавии занхои точик зидди исломи ба хисоб меояд. Оё ба чои либосхои араби ва эрони ва таклиди кур курона аз бегонагон бехтар набуд, ки ин духтарони чавон либосхои точики ба бар кунанд? Кучояш зидди исломи мебошад? Худи хамсари президент руймол ба сараш мегирад ва либоси занони точикиро ба бар мекунад, оё зидди исломи ва зидди хаёи занона аст либоси у?
    Ман шуморо хамчун як олими боинсоф медонам ва интизор дорем, ки масъалахоро сиёси накунед.
    Дар бораи рейдхо хам хабаргузории Озодагон муболига кардааст. Як пахлуи хакикатро гуфтааст вале пахлуи дигаршро нагуфтааст. Фахмондадихи ки шумо дуруст кайд кардед, ки тафхим ва фахмондан аст, бо зур сурат нагирифтааст ва агар баъзехо ин тавр амал карда бошанд, айби худи хамон шахс аст. Медонед, ки ба баъзехо салларо биёвар гуед, калларо меоваранд. Инро набояд ки айби хукумат шуморид.
    Ман аз шумо талаб дорам ки факат инсоф кунед, мухолиф агар бошед, ин хакки шумо аст, аммо ба масъалахо бо айнаки инсоф нигох карда, бахо дихед.
    Зимнан, табрик мегуям, ки аз нав пайдо шудед ва мо аз маколахоятон истифода мекунем.
    Саломат бошед!

    Нравится

    • Ҷаноби Тоҷики сарбаланд,
      Сипос аз таваҷҷӯҳатон, ва аммо дар робита бо изҳори назари ҷаноби шумо арз шавад, ки банда ҷуз воқеият нанавиштаам. Лоақал бардошти банда аз рафторҳои Раҳмон дар ин муддат ҳамин будааст.
      Оё шумо фикр намекунед, ҳамин анҷоми рейдҳо ва ба истилоҳ «фаҳмондадиҳӣ»-ҳо бо дастури шахси ӯ анҷом мегиранд?
      Магар дар Тоҷикистон касе ҷуръат мекунад бидуни дастур ва фармони шахси Раҳмон коре аз пеши худ бикунад?
      Асосан, ин чӣ мантиқе аст, ки ба сару либос ва вазъи зоҳирии мардум беш аз андоза дахолат мешавад? Бигузор, ҳар касе ба ҳар гунае ки мехоҳад, либос бипӯшад; яке мехоҳад сатр гирад ва дигаре мехоҳад нагирад. Муқтазои демукротик ва озод донистани Тоҷикистон ҷуз ин аст?
      Ӯ чӣ кор дорад ба ин ки мардум чӣ либосе бар тан кунанд?
      Магар мо дар кишвар дигар мушкиле надорем, ки ҳалл шуда ва монда фақат ҳамин ки ба вазъи сару либоси мардум бирасем?
      Рафторҳои ҳукумат ва сиёсате, ки дар пеш гирифтааст, воқеан аҷибу ғариб аст.

      Нравится

  4. инно лиллохи ва инно илайхи рочиун
    Бародарони азиз, бояд мо хакикатан инсоф ро ба харч дихем ва биёем бо маколахои худ сухани Президент ро тахлил кунем, Сиёсат ин ро иктизо мекунад ва сиёсиюн тавре хастанд ки суханонашон дупахлу ва ё инки ду суя аст то инки дарди саре барои худ рох надиханд.
    эмомали Рахмон дар мавриди пушиши занхо баромад карданд ва хамагон шунидем, аммо инчо майдони тахлил холи аст ва харкас ба фоидаи худ сухан мекунад.
    Савол ин аст ки оё дар хакикат манзури чаноби оли пархез аз ифрот дар заминаи хичоб ва пушиши бегонагон аст? ё решакан кардани асли хичоб?
    Бисёре аз руасои чумхур вакте ки як матлабе дар сахнаи умум барои мардум ва миллати худ мезананд ва баъзе вактхо сару садохое барои он матлаби раиси чумхур пеш меояд, мебинем ки он раиси чумхур хакикати ва максади онматлаби худ ро дар чанд баромади дигараш тафсир ва шарх мекунад!!
    имруз харкасе аз суханони чаноби олии мо фахми худро гирифтааст ва Агар чаноби оли захмат ба харч диханд бояд харчи зудтар максади хеш ро барои миллате ки беш аз 90 дар сади он мусулмон аст, бештар баён кунад ки оё «манзури чаноби оли пархез аз ифрот дар заминаи хичоб ва пушиши бегонагон аст? ё решакан кардани асли хичоб??»
    эмомали Рахмон мусулмон аст, падар ва модараш мусулмон буд, ачдодаш мусулмон буданд, модаи Раис руймоли калон мекард мисли модарони мо ва шумо ва хатто хамсари у мебинем ки дар сари худ шоли бузург дорад ва лухт нест, аммо мушкил ин аст ки хеле вакт хо макомоти дахлдор ё касоне ки дастури раиси чумхур ро ба ичро медароранд, ин афрод хато мекунанд ва ба гуфтаи Сайид юнуси Истаравшани ё бо фармони Президент ва ё мумкин худи онхо ба ин кор даст мезананд.6 мо ва шумо дидем ки баъд аз баромади Президент дар ин мавзуъ 99% дарсади касоне ки паёми Президент ба онхо расид, акида, андеша ва мавзеъи худро нишон доданд ва касоне ки касди манъи хичоби исломи ро агар дошта бошанд, онхоро махкум карданд,Як масал аст ки меган » вакти Саг расад, да девори Масчид мемезад»! шумо мурочиат кунед ба сайтхои озодагон озоди ва дигар сойтхо ва андешаи мардум ро дар бораи ин хабар бибинед. ва гуфтанд ва гуфтем ва мегуэм ва хохем гуфт ки харкас агар ба дини мо ба арзищои мо ва ба эътикодоти мо бози кунад чаро ки хичоб ва сатри исломи барои занхои мо рукни дини мо ва хати сурх аст!!! хар касе ба хати сурхи мо кор гирад, дар хар либосе ва дар хар макому пусту мансабе ки бошад, махкумаш мекунем!!! Валлохи зиллатро намепазирем!ба худо касам ин навиштор ро дар холати ашку гиря хавишта истодаам. аз рузе ки раиси мамалакти мо ин баромад ро кард хун мегирям кор то чое расидааст ки дар бозорхо кормандони хукумати сатрдорону ришдорон ро бозпурси мекунанд!! туф бар ин озоди туф бар ин зиндаги туф бар ин зиллат
    мардуми гуруснаи точик барои холи будани шиками худ ва барои поймол шудани хукуки шахсии худ азоб ро тахаммул карданд хичрат ро тахаммул карданд аммо барои поймол шудани арзишҳои динии худ хеч чиз ро тахаммул нахоханд кард ва то чон дар бадан дорем парвардигоро шохид бош намегузорем бар дину шарафу номусамон таарруз шавад.
    Аммо шикояте аз Устод Сайидюнуси Истаравшани пеши Худо дорам!!
    Устоди азиз кучо хастед? шумо ба гуфтаи худ барои як кори чузъи сахифахои дуру дароз макола менавиштед шумо барои як чумла ва калимаи шахсияте маколаи тахлили мекоридед холо ки бо дини мо бози карда истодаанд чаро кучо Гоиб хастед Устод???
    Худованд мушкилоти шуморо дар харкуёе ки бошед хак кунад аммо миллати точик мунтазири шумоянд Устод?? дар ин ходисахои дилхароши ахир
    кучоед ки наменависед? оё бо мо кахр кардед? Сиёсиюни мо точикхо мурдаанд!! кадом руз езори духтарошон ро мекашанд аммо кулух бар дахон гирифта аз тарс чизе намеганд!! Худод зилллататон ро бештар кунад бе номушо. Устодони Донишгоху Муллохои мо мурдаанд!! дигар намедонам чи бигуям цгуз инки мани бе савод ки гапам ба рафикам таъцир надорад ночорам чизе нависам
    чаноби Устод ей мунодии хакку хакикат аз шумо хамчун як шарванд интизор дорам дар хадди тавон баромадхои худро тахлилоту навиштахои худро аз тарики сафахоти ичтимои пахш кунед илтимос фарёд кунед чун шумо шинохта шудаед Худо нигахдоратон.

    Нравится 1 человек

    • Сипос аз изҳори назаратон ҷаноби Ahtam,
      Дар посух ба ин пурсиши шумо, ки «Устоди азиз кучо хастед? шумо ба гуфтаи худ барои як кори чузъи сахифахои дуру дароз макола менавиштед шумо барои як чумла ва калимаи шахсияте маколаи тахлили мекоридед холо ки бо дини мо бози карда истодаанд чаро кучо Гоиб хастед Устод???» ба ҳамин миқдор басанда мекунам, ки банда ҳастам ва ҳамин мақола дар бораи масъалае аст, ки шумо ба он ишора мекунед. Аз ин ба баъд ҳам бештар хоҳам навишт, ҳам дар бораи «Ҷаноби олӣ»-и шумо ва ҳам дар бораи ҳар масъала ва мавзӯъе, ки бояд навишта ва гуфта бишавад.
      Зинда бошед!

      Нравится

  5. Чавоб ба Ahtam.
    Худат медони чи навишта истодаи? Аввал мегуи чаноби оли айб надорад, баъдан аз ин конунхои зидди исломии хукумат норизояти мекуни. боз хаё накарда аз Истаравшани талаб дори ки у сокит будааст. Хамин макола дар бораи кадом мавзу аст Ahtam? Магар Истаравшани аз хамин конун нанавиштааст? У дуруст кайд кардааст, ки айб дар ин чо дар гардани Рахмон аст. Аввал фикр кун сипас навиш.

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.