Перейти к содержимому

Чӣ қадр ба омӯзаҳои тасаввуф ва ирфон ниёзмандем!

Шояд садҳо сол ё бештар аз он аст, ки тасвире, ки аз тасаввуф ва сӯфиҳо дар зеҳни бештари мардумони мо нақш бастааст, як тасвири манфӣ аз ин ҷараён аст. Албатта шаклгирии ин тасвири манфӣ ва салбӣ аз тасаввуф дар зеҳни мардум бармегардад ба рафтор ва кирдори сӯфинамоҳо (на сӯфиҳои ҳақиқӣ), ки бо бидъатҳо ва рафторҳои нописанд ва зишти худ, тасаввуфро олуда бо анвоъи бидъатҳо кардаанд ва дар воқеъ, тасаввуф пеши онҳо ба дӯконе барои имрори маъош ва як касб табдил шуда…

Вагарна, ҳақиқати тасаввуф ҷуз ҳамон Ислом нест. Феълан баҳси ман рӯйи унвони “тасаввуф” нест, ки оё ин ном дар садри Ислом буда ва набуда, ин як баҳси ҷудогона аст, балки баҳси ман рӯйи ҳақиқат ва моҳияти тасаввуф аст.

Тасаввуф сару кораш бо парвариш ва тарбият аст, парвариш ва тарбияти мусалмон аст. Ба сухани дигар, мусалмон, барои ин ки як мусалмони воқеӣ ва ҳақиқӣ бошад, дар навбати аввал бояд тарбият ва парвариш бибинад. Кори Паёмбар (с) ҳам қабл аз ҳар чизе ва ҳатто пеш аз таълим, ин тарбият ва парвариш буд:

Ҳамин тавр дар миёни шумо паёмбар ва фиристодае аз худатон фиристодем, ки оятҳои моро бар шумо тиловат мекунад ва шуморо тазкия (пок) менамояд ва китобу ҳикмат бароятон меомӯзад…” (Сураи Бақара, ояти 151)

Дар ин оят ва ба монанди ҳамин оят, ки бисёр ҳам ҳаст, вазифаи Паёмбар (с) пеш аз ҳар чиз, тазкия ва пок кардани нафсҳо шумурда шуда… Ва тазкияи нафс ҷуз аз роҳи парвариш ва тарбият муяссар нест.

Ин ки дар тасаввуф таъкид рӯйи ин матлаб мешавад, ки бояд тарбият ва тазкияи мусалмон ба дасти як инсони комил (муршид) сурат бигирад, ин бе ҷиҳат ва бе далел нест, балки ба ин хотир аст, ки ҳар тарбият ва парварише бояд тавассути як муаллим ва як роҳнамо сурат бигирад; роҳнамое, ки худаш тарбиятдида ва парваришёфта бошад. Магар метавон тарбияте (ҳар тарбият ва дар ҳар заминае) дар миён бошад, вале бидуни парваришдиҳанда ва тарбияткунанда?

Ин ки баъзеҳо мепиндоранд, бидуни як муршид ва роҳнамо ҳам метавон худро тарбият кард, як пиндори нодуруст ва хатост. Ва аз қазо, ҳамин пиндор аст, ки мо имрӯза мусалмононро муташаттит ва мухталиф меёбем. Ҳар яке барои худаш шуда як муфтӣ! Вагарна, дар сурате ки дуруст тарбияти исломӣ медиданд ва ба дасти як роҳнамо ва инсони комил парвариш меёфтанд, ҳаргиз ду мусалмонеро пайдо намекардед, ки барои Ислом бо ҳам даъво бикунанд ва ҳамдигарро ба инҳирофу фасод нисбат ва муттаҳам бикунанд ва ба роҳатӣ ину онро ба куфру фисқу фуҷур муттаҳам бикунанд ва барои вай аҳком ҷорӣ бисозанд.

Ин як пиндори нодуруст аст, ки ман худам метавонам худамро тарбият кунам, худам роҳамро биёбам, дар Қуръон ва суннати Паёмбар (с) ҳама чиз ҳаст, дигар ниёзе ба пириву муридӣ нест! Ин пиндор нодуруст ва хатост.

Ифроту тафрите, ки дар миёни мусалмонони ҷаҳон, на танҳо кишвари худамон, балки дар саросари ҷаҳони Ислом шоҳидаш ҳастем, ин натиҷаи “худам медонам”-ҳост, “худам ташхис медиҳам”-ҳост, “худам худам”-ҳост… Вақте як мусалмон Исломро дуруст бифаҳмад ва ба дасти як инсони комил ва роҳнамои роҳдида ва тайи мароҳилкарда парвариш ва тарбият ёбад, маҳол аст, ки мусалмони дигареро такфир бикунад, рехтани хуни мусалмони дигареро мубоҳ бишуморад, ба мусалмони дигаре бе ҷиҳат битозад… Инҳо ҳама натиҷаи дуруст тарбият нашудан аст, дуруст парвариш наёфтан аст.

Масали як муршид ва як роҳнамо ва як инсони комил масали боғбон аст, ки дарахтеро парвариш мекунад, аз он нигоҳубинӣ мекунад, мувозиби он аст, ки мабод осебе ба он бирасад…

Муршид ва пири тариқат касе нест, ки падараш замоне пири тариқат буда ва пас аз марги вай онро аз падар ба ирс бурда ва дӯконе барои худаш боз карда ва муридонаш чокарони ӯ бошанд ва корашон ҳам ин бошад, ки ҳар аз гоҳе гирди ҳам оянду бирақасанду бинҷунбад… Ин тасаввуф нест.

Воқеан ҷои таассуф дорад ин бидъатҳо ва ин маросим ва ин одатҳо.

Агар имрӯз ҷаҳони Исломро пароканда меёбем, мусалмононро бе тарбият меёбем, агар мебинем мусалмонон нисбат ба якдигар душман шудаанд ва ҳасаду кинаву такаббуру дигар ахлоқи нописанд ва зишт домангирашон шуда, яке аз асбоб ва авомили он, ҷои холии тасаввуфи воқеӣ ва тарбият ва парвариши ҳақиқие аст, ки ёрони Паёмбар (с) дар садри Ислом ва дар сояи тарбият ва парвариши шахси Паёмбар (с) доштанд.

Чӣ қадр ба омӯзаҳои тасаввуф ниёзмандем!

Чӣ қадр набуди сӯфиҳо ва урафои ҳақиқӣ ламс мешавад!

Агар имрӯз ҷойгоҳи тасаввуф ва ирфоне, ки Ислом овардааст маҳфуз мебуд ва агар омӯзаҳои тасаввуф ва ирфони ҳақиқӣ дар миёни мо вуҷуд дошт ва агар имрӯз мо сӯфиҳо ва орифони воқеӣ доштем, ҳаргиз таълимоти амсоли Ушу ва “ирфони козиб”-и вай ҷойи пое дар ҷаҳони Ислом боз намекард.

Агар мебинем, имрӯзҳо баъзеҳо аз Ушу ва таълимоти вай мегӯянд, ба ин ҷиҳат аст, ки мо дигар Атторе намеёбем, дигар Мавлоное дар миёни мо нест, ки аташи моро сероб кунад, дигар Мавлоно Ҷомие нест, ки дасти мурид бигирад ва дар партави таълимоти қуръонӣ ва набавӣ ба тарбияти вай бипардозад ва аз ӯ як инсони комил бисозад.

Иншоаллоҳ тасмим дорам, ҳар аз гоҳе ба тафсил дар бораи тасаввуф ва ирфони воқеӣ бинависам, дар бораи сӯфиҳо ва орифони ҳақиқӣ ва касоне ки бо сулук ва рафтор ва омӯзаҳои худ ҷаҳони Исломро дигаргун кардаанд бинависам, дар бораи ирфони назарӣ ва ирфони амалӣ бинависам, ба ин умед, ки ирфон ва тасаввуфи ҳақиқӣ ҷойгоҳи аслии худро дар ҷаҳони Ислом пайдо бикунад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: