Перейти к содержимому

Қурбоқаҳо

Чанд курбоқа аз ҷангале убур мекарданд, ки ногаҳон ду то аз онҳо ба дохили гудол (чуқурӣ)-и амиқе уфтоданд.

Бақияи курбоқаҳо дар канори гудол ҷамъ шуданд ва вақте диданд, ки гудол чӣ қадр амиқ аст, ба ду қурбоқаи дигар гуфтанд:

— Дигар чорае нест, шумо ба тақдиратон тан диҳед, ба зудӣ хоҳед мурд!

Ду қурбоқа ин ҳарфҳоро нашунида гирифтанд ва бо тамоми тавоноияшон кӯшиданд, ки аз гудол берун бипаранд. Аммо қурбоқаҳои дигар мудом мегуфтанд:

— Даст аз талоши беҳуда бардоред! Наметавонед аз ин гудол хориҷ шавед, хеле зуд хоҳед мурд!

Билохира, яке аз ду қурбоқа таслими гуфтаҳои дигар қурбоқаҳо шуд ва даст аз талош бардошт ва саранҷом ба дохили гудол парт шуд ва мурд.

Аммо қурбоқаи дигар бо тамоми тавон барои берун омадан аз гудол талош мекард. Ҳар чӣ бақияи қурбоқаҳо фарёд мезаданд, ки талоши бештар фоидае надорад, аммо ӯ мусаммамтар мешуд, то ин ки билохира аз гудол хориҷ шуд. Бо берун омадани вай, ин бовар пеши дигар қурбоқаҳо ҳам падид омад, ки пас мешудааст!

* * *

Паёме, ки ин ҳикоят бароямон медиҳад:

1. Ҳаргиз набояд ноумед шуд ва даст аз талош бардошт, ҳарчанд дигарон бар ту талқин кунанд, ки талош дигар фоидае надорад. Агар одам ба худ ноумедӣ роҳ надиҳад ва ба талоши худ идома бидиҳад, ҳатман ба ҳадафе, ки ба дунболи он аст хоҳад расид;

2. Паёми дигари ин ҳикоят он аст, ки бархеҳо, ки ноумедӣ гиребонгирашон шудааст ва тамоми уфуқҳоро пеши рӯйи худ баста мебинанд, сокит ва хомӯш биншинанд беҳтар аз он аст, ки ноумедии худро ба дигарон ҳам талқин кунанд ва касеро, ки талош мекунад, аз талош ва кӯшишаш боздоранд;

3. Паёми сеюме, ки ин ҳикоят медиҳад ин аст, ки агар дар як ҷомеа ҳама ноумед шуда бошанд ва як нафар ба худ ноумедӣ роҳ надода ва талош ва кӯшиш кунад, ҳамин талош ва кӯшиши вай, барои дигарон умед меофаринад ва онҳоро аз партгоҳи ноумедӣ халос хоҳад кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: