Нақду назар

Вақте нухбаҳо таслими “воқеият” мешаванд

Ҳар ҷомеае иборат аст аз аксарияти тӯда ва ақаллияти нухбаҳо. Ғолибан чунин будааст, ки тӯдаҳо зуд таслими “воқеиятҳо” (ҳар воқеияте, чӣ бад бошад ва чӣ хуб) бишаванд. Аз ҳамин ҷост, ки ҳукком — вақте бихоҳанд, як “воқеият”-ро бар мардум ва ҷомеа таҳмил бикунанд – ҳаргиз аз ноҳияи тӯдаҳо нигарон набуда ва нестанд. Балки ин нухбаҳо ҳастанд, ки ҳукком аз онҳо ҳамеша нигарон ва дар тарсу ҳаросанд, зеро танҳо ин нухбаҳои ҷомеа ҳастанд, ки метавонанд садди роҳи таҳаққуқи хостаҳои номашрӯъи ҳуккоми худкома ва диктотур бишаванд.

Бинобар ин, ҳар вақт нухбаҳои ҷомеа низ мисли аксарияти тӯда таслими “воқеият”-ҳои ба вуҷуд оварда аз сӯйи худкомаҳо бишаванд, чунин ҷомеаро дигар наметавон як ҷомеаи зинда ва пӯё донист.

Дигар барои касе аз тоҷикистониён пӯшида намондааст, ки ҳокими феълӣ аз ҳамин ҳоло дар садади фароҳамсозии заминаҳои лозим барои бақои муҷаддади худ бар курсӣ пас аз поёни муддати риёсати кунунияш дар соли 2020 ва ё лоақал эҷоди замина барои нишондани яке аз фарзандони худ бар курсии риёсат аст.

Барои таҳаққуқи ин хоста, он чӣ имрӯз барои ӯ беш аз ҳар чизи дигар муҳим аст ин донистани назар ва дидгоҳи нухбаҳои ҷомеа, ба вижа касоне аст, ки бо ӯ ва риёсат ва ҳукуматаш чандон сари созгорӣ надоранд, мисли дидгоҳи руасои аҳзоби мухолиф ва шахсиятҳои бо нуфуз дар ҷомеа ва амсоли инон. Агар ӯ эҳсос кунад, нухбаҳо бо ин тасмими вай мувофиқ нестанд, баъид нест аз тасмимаш баргардад, чаро ки медонад, ин кор барояш дарди сарсоз хоҳад буд. Аммо агар бибинад, нухбаҳо низ ба ҳар далеле таслими ин “воқеият” шудаанд ва фикр мекунанд, дигар гурезе аз таслим дар баробари ӯ ва хостаҳояш нест ва бояд бо ӯ “бисозанд”, хотири ӯ аз ин назар ҷамъ шуда ва барои таҳаққуқ бахшидан ба орзуяш мусаммамтар хоҳад шуд.

Изҳор назари ахири Ойниҳол Бобоназарова, ки хабаргузории Tojnews аз эшон нақл кардааст, воқеан аҷибу ғариб аст. Албатта таҳлили эшон дуруст аст, он ҷо ки гуфтаанд, “раванди ҳаводис ва воқеоти Тоҷикистон аз ҳоло бозгӯи он аст, ки Эмомалӣ Раҳмон соли 2020 низ аз вазифа нахоҳад рафт, гарчи муҳлати президентиаш ба итмом мерасад ва бо наздикшавии соли 2020 ҳудуди 500 ҳазор ё зиёдтар мардум аз Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш ва илтимос мекунанд, ки номзадиашро бори дигар ба президентӣ гузорад, муассиса ва корхонаҳои давлатӣ низ ба ин талаб ҳамроҳ мешаванд, яъне халқ илтимос мекунанд, ки Раҳмон як дафъаи дигар Президент шавад ва ин тамоюл аллакай аз ҳозир оғоз шуда истодааст”. Ин таҳлил дуруст аст. Аммо он чӣ аз эшон аҷиб аст ва баъид буд, якчунин чизе бигӯянд ин аст, ки бону Бобоназарова, Озода духтари Раҳмонро барои риёсати ҷумҳурӣ “арзанда” дониста, гуфтаанд: “Озода Раҳмон баъзе чизҳое дорад. Синну солаш мувофиқ аст, номзади илм аст, таҷрибаи кории хуб дорад. Дар ИМА низ кор кардааст. Ӯ ба ғайр аз он ки зан аст, мумкин аст нисбати номзадии вай муборизаҳо нашавад. Аз ин ҷиҳат ман фикр мекунам, ки агар Президент Раҳмон аз вазифа равад, беҳтар аст духтарашро ба президентӣ пешниҳод кунад. Рустам ҳоло ҷавон аст ва ман фикр намекунам, ки дар 4-5 сол ӯ омода шавад. Чунки Президентӣ кори осон нест”.

Гӯӣ эшон дигар таслими ин “воқеият” шудаанд, ки ҳама чиз дар ин кишвар дар дасти як нафар аст ва дар баробари хостаҳои номашрӯъи вай дигар наметавон муқовимат ва истодагӣ кард. Аз як нухба баъид буд якчунин мавзеъгирӣ. Ҳарфи ман ин нест, ки ин “воқеияти талх” як воқеияти козиб аст ва набояд “воқеънигар” буд. Ҳаргиз! Мутаассифона “воқеият” дар Тоҷикистони мо ҷуз ин нест ва Раҳмон дар ҷомеаи мо рақибе барои худ нагузошта. Аммо “воқеият” як чиз аст ва қабул ва таслим дар баробари он як чизи дигар. Он чӣ мехоҳам бигӯям ин аст, ки нухбаҳо набояд таслими ин воқеияти талх бишаванд, ҳарчанд бо забон ва мавзеъгирии худ. Ҳаддиақал чизе ки аз онҳо интизор меравад ин аст, ки мухолифат бикунанд ва фақат “НА” бигӯянд, дигар ҳеч.

Асосан, нухба таслими ҳар “воқеияте” намешавад, балки нухба касе аст, ки “воқеият” меофаринад. “На” гуфтани як нухба ва мухолифати ӯ бо тасмимҳои нодуруст ва номашрӯъ дар ҷомеа, ҳарчанд дар ин мухолифат танҳо бошад, худаш як “воқеият” аст, ки ӯ офарида, ва бо эҷоди ин “воқеият” аз сӯйи вай аст, ки дигарон ӯро дунбол мекунанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.