Салафият

Оё хатари ДОЪИШ барои Тоҷикистон ҷиддист?

Авоили моҳи марти ҳамин сол буд, ки Вазорати дифои Русия аз таҳдиди гурӯҳи теруристии “Давлати исломӣ дар Ироқ ва Сурия” (ва ё ҳамон ДОЪИШ) ба амнияти Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳушдор дод. Бар асоси гузориши пойгоҳи интернетии Радиои Озодӣ, Анатолий Антонов, муовини вазири дифои Русия рӯзи 5-уми март дар як нишасти хабарӣ, зимни эъломи ин ҳушдор, гуфтааст, ки “бино бар маълумоте, ки ҷониби Русия дар даст дорад, нахустин дастаҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар минтақа ба фаъолият оғоз кардаанд.” Вай таъкид кардааст: “Гурӯҳи «Давлати исломӣ» тасмим дорад, дар соли 2015 бо густариши фаъолияташ дар шимоли Афғонистон, марзҳои ҷанубии кишварҳои ҳампаймони Русияро ноором созад.” (Радиои Озодӣ)

Ҳамин буд, ки Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД, дар нишасти хабарии 13 март дар шаҳри Душанбе ҳушдор дод: “Агар даргириҳо дар минтақаи марзии Тоҷикистон ва Афғонистон оғоз шавад, нерӯҳои низомии ин созмон метавонанд дар се рӯз дар ин минтақа ҳузур ёбанд.” (Радиои Озодӣ)

Ҳамчунин ду рӯз пеш, бино бар гузориши пойгоҳи интернетии Радиои Озодӣ, “расонаҳои хабарии Русия аз номи Бахтиёр Шарафов — коршиноси Хадамоти амнияти миллии Ӯзбакистон навиштаанд, тундравҳои “Давлати исломӣ” ё ДОЪИШ дар имтидоди марзи Ӯзбакистон пайдо шудаанд.” Ин корманди Хадамоти амнияти миллии Ӯзбакистон гуфтааст: “ДОЪИШ агентҳо ё эмиссарҳои худро ба Ӯзбакистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ фиристодааст, то онҳо дар байни мардум таблиғот баранд.” Ба гуфтаи вай, “Хадамоти амниятии Ӯзбакистон аз ҳузури онҳо огаҳӣ пайдо кардаанд.”

Ва аз ҳама муҳим он ки худи теруристҳои тоҷики доъишӣ, ки дар ҳоли ҳозир саргарми набард дар Сурия ва Ироқ ҳастанд, дар паёме видоеӣ эълом кардаанд, ки онҳо «ҷиҳод»-ашонро ба Тоҷикистон мекӯчонанд ва “ба қарибӣ қонуни Аллоҳ дар Тоҷикистон ҳукмрон мешавад.” (Радиои Озодӣ)

Ин буд хулосаи он чӣ дар расонаҳо дар ин хусус омадааст.

Аммо оё воқеан ин хатар Тоҷикистонро таҳдид мекунад ва ин ҳушдорҳоро бояд ҷиддӣ гирифт?

“Чароғи сабз”-и Омрико

Ин ки гуфта мешавад, теъдоди қобили таваҷҷӯҳе аз теруристҳои ДОЪИШ дар марзи Тоҷикистон ва ё Туркманистон бо Афғонистон гирд омадаанд, як воқеияти ғайри қобили инкор аст. Ин гузоришҳо дурӯғ нестанд. Аммо ин ки оё воқеан вориди минтақа хоҳанд шуд ё на, ин дигар дар дасти худашон нест. Вуруди онҳо ба хоки Тоҷикистон ё Туркманистон бастагӣ дорад ба умури зерин:

1. Агар вазъ дар майдонҳои ҷанг дар Сурия ва Ироқ, ба наҳве ба нафъи сиёсатҳои Омрико дар минтақа анҷом биёбад ва аз сӯе ҳам, Русия мавзеъи худро дар Укройн таъдил ва дар баробари хостаҳои Ғарб ва Омрико кӯтоҳ биёяд, дар ин сурат ҳатто эҳтимоли вуруди теруристҳои ДОЪИШ ба минтақа мунтафӣ аст, то чӣ расад ба вуруди онон. Албатта лозим ба ёдоварист, ки эҳтимоли ин ки вазъ дар ин майдонҳо ба нафъи Омрико ва ҳампаймонҳои арабаш поён биёбад, бисёр андак аст, ба хусус бо таваҷҷӯҳ ба пирӯзиҳои артиши Сурия ва Ироқ дар майдонҳои ҷанг ва шикастҳои пай дар пайи теруристҳои ДОЪИШ;

2. Аммо агар вазъ дар майдонҳои ҷанг дар Сурия ва Ироқ ба нафъи ҳукуматҳои Сурия ва Ироқ ва ҳампаймонҳои онҳо мисли Эрон ва Русия поён ёфта ва ДОЪИШ дар ин ду кишвар қалъу қамъ бишавад ва ҳамчунин Русия дар парвандаи Укройн дар баробари Ғарб ва хусусан Омрико кӯтоҳ наояд, дар ин сурат, ду эҳтимол вуҷуд дорад:

а) Эҳтимоли аввал он ки ҳукуматҳои минтақа аз (ҷумла Тоҷикистон), бо таваҷӯӯҳ ба ин ки хуб медонанд, ки таҷаммӯъи теруристҳои ДОЪИШ дар марз бо Афғонистон бо “чароғи сабз”-и Омрико ва иҷозати ғайри мустақими ин кишвар барои “рӯзи мабодо” сурат гирифтааст, вориди муъомила бо Омрико бишаванд. Агар муъомилаи онҳо пухт ва ҳукуматҳои минтақа дар баробари хостаҳои Омрико таслим шуданд, Омрико метавонад ҷилави теруристҳои ДОЪИШ-ро бигирад; ки ё дар ҳамон ҷо хафаашон хоҳад кард ва ё ба ҷое дигар интиқол дода хоҳанд шуд.

Ва албатта ин бад-он маъно ҳам нест, ки лузуман худи теруристҳои ДОЪИШ аз ин наҳваи бархӯрди Омрико бо онҳо ва ба бозӣ гирифта шуданашон тавассути ин кишвар огоҳ бошанд. ДОЪИШ, бо Омрико ва Ғарб ба ҳамон андоза душман аст, ки бо Эрон, Русия, Сурия ва Ироқ душман аст. Аммо, ё фикр мекунад сари Омрико “кулоҳ” хоҳад гузошт ва ё асосан мутаваҷҷеҳи ин бозиҳо нест, чунон ки дар гузашта Алқоъида якчунин вазъе дошт.

б) Эҳтимоли дигар (ки роқими сутур онро мӯҳтамалтар медонад) ин аст, ки Русия ҳаргиз иҷоза нахоҳад дод, ҳукуматҳои минтақа ба зарар ва зиёни сиёсатҳои Русия дар минтақа бо Омрико вориди таъомул бишаванд. Ва дар ин сурат, баъид нест, Омрико барои озор ва азияти русҳо, ба теруристҳои ДОЪИШ “чароғи сабз” нишон бидиҳад, то вориди хоки Тоҷикистон (ва ё Туркманистон ва ё ҳатто Ӯзбакистон) бишаванд.

Агар ворид шуданд…

Агар теруристҳои ДОЪИШ вориди хоки Тоҷикистон шуданд (қатъи назар аз теъдоди онҳо), баъид нест то чанд километр аз қаламрави кишварро тасоҳуб ва муддате ҳам он ҷо бимонанд. Вале он чӣ қатъӣ ва ғайри қобили инкор аст, ҳаргиз онҳо дер давом нахоҳанд овард ва дар муддате кӯтоҳ қалъу қамъ хоҳанд шуд. Зеро, на аз пуштвонаи лозими мардумӣ бархӯрдор ҳастанд ва на аз огоҳии сиёсии лозим барои “бақо” дар ҷое. Ҳар ҷо ворид шуданд, ҷуз қатлу куштору эҷоди руъбу ваҳшат миёни мардумон, аз онҳо чизе дида нашудааст. Ва дуруст ҳамин сиёсат аст, ки барои онҳо ҳеч ҷойгоҳ ва манзилате миёни мардумон боз намекунад. Онҳо ҳатто бо ҳамандешон ва ҳамёронашон низ якчунин бархӯрде мекунанд.

Он чӣ пас аз худ мегузоранд

Аммо натиҷаи ин вуруд, агар ворид шуданд, бо камоли таассуф ин хоҳад буд, ки пояҳои ҳукумати худкома тақвият ёфта ва ҳукумат ҳамаи мухолифони сиёсии худро, хусусан аҳзоберо, ки ба истилоҳ, характери динӣ доранд-ро ба “ДОЪИШ” мулҳақ ва ба қалъу қамъи онҳо хоҳад пардохт, ки умедворем, кор ба инҷоҳо кашида нашавад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.