Перейти к содержимому

Бо ин ҷанг, Арабистон қабри худро бо дастони худаш хоҳанд канд

Бо ин ки Арабистони Саудӣ дар гузаштаи начандон дур 6 ҷанги тамомаёр бо Ансоруллоҳи Яманро таҷруба карда ва дар ҳамаи он ҷангҳо бо шикастҳои шармоваре мувоҷеҳ шудааст, ва он ҳам дар замонҳое, ки Ансоруллоҳ дар Яман аз шароити матлубе бархӯрдор набуд, вале боре дигар ва дар ин рӯзҳо, ки мардум ва артиши Яман низ Ансоруллоҳро ҳамроҳӣ мекунанд, даст ба ҳамоқат зад.

Режими Оли Сауд аз бомдоди имрӯз (26.03.2015) моҷароҷӯии низомии хатарнокеро алайҳи Яман ва мардуми ин кишвар оғоз кардааст. Ҷанге, ки дар он Арабистон аз ҳимояти ҳампаймонони минтақаӣ ва ҳамчунин Омрико низ бархӯрдор аст. Ин ҷанг то кунун мунҷар ба шаҳодати беш аз 25 нафар аз шаҳрвандони яманӣ шудааст. Ҳокимони султагари Арабистон дар ин ҷанг ҳатто мунтазири нишасти Иттиҳодияи Араб барои баррасии “гузинаи низомӣ” дар Яман намонданд ва ба дастури Салмон ибни Абдулазиз, подшоҳи ин кишвар, ҷанги худро алайҳи мардуми Яман оғоз карданд.

Албатта, табиист, ки режими Арабистон барои машрӯиятбахшӣ ба таҷовузи низомӣ ба хоки Яман, чанд кишвари вобаста бо худро ҳамроҳ кунад. Ба гуфтаи Одил Алҷубайр, сафири Оли Сауд дар Омрико, беш аз 10 кишвар дар ҷанг алайҳи Яман Арабистонро ҳамроҳӣ мекунанд. Сафири режими Арабистон дар Вошингтон муддаӣ аст, ҳадаф аз ин ҳамалот, “ҳимоят аз давлати машрӯъ ва қонунӣ ва ҷилавгирӣ аз сайтараи Ансоруллоҳ бар Яман” аст. Ин изҳорот нишон медиҳад, Арабистон то чӣ ҳадд дар Яман дахолат мекунад ва барои мардуми ин кишвар ва сарнавишти онҳо тасмимоти хатарноке мегирад.

Он тавр ки Алҷубайр гуфтааст, ҷанги Арабистон алайҳи Яман дар ибтидо шомили ҳамалоти ҳавоӣ аст ва нерӯҳои заминии саудӣ дар ҳоли омодабош ҳастанд, то дар сурати лузум вориди амал шаванд, ки нишон медиҳад, Оли Сауд дар садади моҷароҷӯии низомии заминӣ низ дар Яман аст, ки қатъан паёмадҳои вайронгаре барои ин режим хоҳад дошт.

Дар баёнияи панҷ кишвари арабӣ шомили Арабистон, Баҳрайн, Аморот, Қатар ва Кувайт мавсум ба “Баёнияи Риёз” омадааст: “Ба хотири ҳимоят аз мардуми Яман ва ба дархости ҷаноби Абдураббуҳ Мансур Ҳодӣ, раисиҷумҳури он, тасмим гирифтем, мардуми Яманро аз таҷовузи шибҳинизомиёни Ҳусӣ, ки ҳамчунон абзори қудратҳои хориҷӣ ҳастанд, ки аз барҳам задани амният ва суботи Яман даст барнамедоранд, наҷот диҳем.”

Сафири Оли Сауд дар Омрико гуфтааст: “Мо ҳар иқдомеро, ки лозим бошад дар Яман анҷом хоҳем дод.” Ин изҳори назар нишон медиҳад, ҳокимони Арабистон арзише барои истиқлол ва озодӣ ва таъйини сарнавишти Яман ба дасти фарзандонаш қоил нестанд ва ҳамчунон аз мавзеъи боло ва арбобу раъиятӣ ба мардуми Яман нигоҳ мекунанд ва ба паёмадҳои ҳавлноки моҷароҷӯӣ дар ин кишвар таваҷҷӯҳе надоранд.

Мутаъассифона дар ин миён Омрико, ки ҳамвора дам аз қавонини байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таъбирҳо ва истилоҳоти даҳонпуркун барои фиреби афкори умумии ҷаҳон мезанад, ба режими Оли Сауд барои таҷовузи низомӣ ба Яман чароғи сабз нишон дод. Албатта, бо таваҷҷӯҳ ба баҳрабардории фаровони омрикоиҳо аз манобеъи табиии мардуми Арабистон (ки дулорҳои нафтии он танҳо ба ҷайби Оли Сауд ва ҳазорон шоҳзодаи он меравад), ҳамроҳии Кохи Сафед бо моҷароҷӯии саудиҳо дар Яман комилан табиӣ аст.

Одил Алҷубайр, дар нишасти хабарии худ дар Вошингтун, аз машварат бо ҳампаймонони Оли Сауд ба вижа Омрико сухан гуфт, ки ин худ нишон медиҳад, ин ҷанг бидуни чароғи сабзи Омрико набудааст. Кохи Сафед низ ба навбати худ эълом кардааст, ки Борок Убомо, раисиҷумҳури Омрико, бо ироаи ҳимоятҳои луҷестикӣ ва иттилоотӣ, бо таҷовузи низомӣ ба Яман ба саркардагии Арабистон мувофиқат кардааст. Бар асоси баёнияи Кохи Сафед, “ҳарчанд низомиёни омрикоӣ дар амалиёти низомии мустақим алайҳи Яман мушорикат надоранд, аммо Омрико марказе муштарак барои барномарезӣ бо Арабистон барои ҳамоҳанг кардани ҳимояти низомӣ ва иттилоотии Омрико аз ин ҳамларо ташкил додааст”.

Дар таҷовузи низомии Оли Сауд ба Яман як кишвари арабии ҳошияи Халиҷи Форс мушорикат надорад, ки маънои мухолифати вай бо чунин моҷароҷӯӣ аст. Кишвари Умон муддате аст, ки мухолифати худро бо сиёсатҳои султаталабона ва ҷангафрӯзонаи Оли Сауд дар минтақа ба ҷаҳониён нишон додааст.

Ширкат накардани Уммон дар ҷанги Арабистон алайҳи Яман, беҳтарин далел ва мадрак бар номашрӯъ ва ғайри қонунӣ будани ин таҷовуз аст, ки Оли Сауд талош мекунад, бо мустамсак қарор додани ҳамроҳии чанд кишвари хосс, ба он машрӯияти қонунӣ бидиҳад ва ҳатто расонаҳои саудӣ иддаъо мекунанд, ки ҷанги Арабистон алайҳи Яман бо истинод ба маншур ва қавонини байналмилал оғоз шудааст.

Аммо кишварҳои ҳамроҳ бо Саудӣ дар ин моҷароҷӯӣ, яке Аморот аст, ки дунболаравиаш аз сиёсатҳои Арабистон дар ҳамаи заминаҳо чунон ошкор аст, ки бархе Аморотро яке аз аморатҳои Оли Сауд қаламдод мекунанд. Ва яке дигар Баҳрайн аст, ки дар вобастагии ҳокимони ғайримунтахаб ва саркӯбгари он ба Оли Сауд шакке нест. Қатар ва Кувайт ҳам қудрати рӯёрӯӣ бо ҳокимони Арабистонро надоранд.

Дар хабаре, ки ҳамин ҳоло дидам, Фаронса ва Ангилис низ ҳимояти худро аз иқдоми низомии Арабистон алайҳи мардуми Яман эълом кардаанд. Ва дар хабаре дигар ҳам, аз фирори Адурраббуҳ Мансур Ҳодӣ ба Уммон ва тасаллути артиши Яман ва тарафдорони Ансоруллоҳ дар Адан, гузориш шудааст.

Ҷузъиёти ҷанги хунини Арабистон алайҳи мардуми Яман

Шабакаи Алъарабияи саудӣ имрӯз панҷшанбе эълом кард, Арабистон бо як сад фарванд ҷанганда ва 150 ҳазор низомӣ дар амалиёти низомӣ алайҳи Яман ширкат дорад. Бар асоси гузориши ин расона, ҷангандаҳо аз Миср, Мағриб, Ӯрдун, Судон, Кувайт, Аморот, Қатар ва Баҳрайн ҳам Арабистонро дар таҷовузи низомӣ алайҳи Яман ҳамроҳӣ мекунанд.

Ин шабака эълом кард, Миср, Покистон, Ӯрдун ва Судон ҳам омодагии худро барои мушорикат дар ҳамлаи заминӣ ба Яман эълом кардаанд.

Шабакаи Алмасира, аз шаҳид ва захмӣ шудани даҳҳо ғайринизомии бедифоъ дар ҳамалоти ваҳшиёнаи Арабистон ва муттаҳидонаш ба Яман хабар додааст. Ҷангандаҳои саудӣ як минтақаи маскунӣ дар шимоли Санъоро бомборон кардаанд, ки бар асари он, даҳҳо ғайринизомӣ шаҳид ва захмӣ шудаанд.

Ба ҳар тақдир, ҳарчанд аз ибтидои таҳаввулоти Яман ва аз даст рафтани ҳаёти халвати Оли Сауд дар ин кишвар дар пайи инқилоби мардумии ахир дар Яман, эҳтимоли дахолати низомии Арабистон дар Яман вуҷуд дошт, аммо шакке нест, ки ин моҷароҷӯии хунин ҳазинаҳои сангине барои ҳокимони Арабистон ва дигар кишварҳои мутаҷовиз хоҳад дошт, ки қобили пешбинӣ нест ва оташе, ки Оли Сауд бо ҷангафрӯзӣ дар Яман афрӯхта, қатъан домони онҳо ва кишварҳои мутахосими ҳамроҳ бо онҳоро хоҳад гирифт. Нуктае, ки пеш аз таҷовузи Арабистон аз забони инқилобиҳои Яман эълом шуд ва Оли Саудро аз даст задан ба моҷароҷӯии низомӣ алайҳи Яман барҳазар дошт. Ансоруллоҳ эълон кардааст: “Арабистон бо ин ҷанг, қабри худро бо дастони худаш хоҳад канд.”

6 Comments »

  1. Ман тарафдори Арабистон нестам, вале тахлили шумо як тарафа ба назар намоён мешавад. Хамаи мардуми Яман чонибдори Хавсихо нестанд. Он кисм аз яманихо ки зидди Хавсихо мебошанд, чонибдори хучуми адввлатхои араби мебошанд. Алчазираро хам кам кам бинед бародар Истаравшани.

    Нравится

  2. «Кумаки» «бародарони » саъуди ба хамаи ахли суннати дунё «расида» истодааст)) Сирия дар чи хол, Ирок гарки хун, фаластин кариби хафз шудан аз харитаи Замин…

    Нравится

  3. Огои Истаравшани! Шуришгарони Ирок бар зидди хукуматаш терористанд, шуришгарони Сурия бар зидди хукуматаш терористанд… чаро шуришгарони Яман (хусихо) бар зидди хукуматаш терорист нестанд?
    Обро лой накунед ого. Мо кудак нестам!

    Нравится

    • …террорист не харомзодахоро аз тамоми олам валадузинозо чамъ шуданд зидди миллати Ирок ва Сурия хамчун,ки ибн Яхуд дахолат кард ба корхои дохилии Йаман!!! Чашм бикшо!

      Нравится

  4. Сипос аз иттилоъоти чашмбозкунандае, ки мусалмони моро водор ба дидгоҳ нав мекунонад, то фарқ бикунанд Оли Саудро аз Дини Ислом. Ҳарчанд қаблан Арабистон бо мусалмонӣ ҳаммаъно ва барорбарӢ дошт, имрӯз бошад мардуми азизи мо ва мусалмонони ҷаҳон мебинанд, ки ДОИШРО ПӮШИШИ МОЛӢ КАРДА, ҶИНОЯТҲОЕ МИСЛИ ҲАМКОРӢ БО ИСРОИЛ ВА ДУШМАНОНИ ҚУРЪОН бар алайҳи Дин ошкорна нишон медиҳаду мекунад, гӯё аз қабл ҳам инҳо бо ҳам даст ба даст буданду шарик буданд бар зидди иттиҳоди Ҷаҳони Ислом. Имрӯз дигар ошкорона бо Омрико ва Исроилу Ингилис бар алайҳи мазлумин артишу аслиҳаи модернро ба кор бурда истодааст ва аз маблағи мардуми мусалмон ба подшоҳони тоғутӣ ҳадяҳо ба қадре медиҳад, ки фақро аз сарзаминҳои Исломпарвар ба куллӣ метавонист аз байн бибарад, аммо мутаассифона дар чеҳра мусалмонӣ ва дар асл ҳамдаст бо душманони Ислом мебошанд, ки —
    — имрӯз бояд дигар кард БАЁН,
    — чун дигар фитна дар Оли Сауд бо ҶУҲУД ( جحود фарисейҳо, саҳюнистҳо) шуд АЁН!
    جحود با ح яъне бо «Ҳ_ейи ҶИМӢ » ҳамон ҷуҳудеро мегӯянд ки зидди Таврот ва Инҷил мебошанд ва душмани аслӣ бар пайравони Қуръонанд. Инҳоро бо Дини Яҳудӣ иштибоҳ набояд гирифт, чун инҳо худи пайравони тавротро ба қатл мерасонанд ва худашонро динпараст ҷилва медиҳанд, дар асл бошанд инҳо ба динният ҳич рабте наборанду душманони Худо ва башар ҳастанд! Пас динҳои Тавҳидиро, ки пайравӣ аз Тавроту Инҷилу Қуръон мекунанд бояд аз ин саҳюнистҳо фарқ карду ҳам боҳам бар алайҳи ҷиноятҳои онҳо муқовимат кард!

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: