Перейти к содержимому

Фархунда, Яман, шиъаву суннӣ, басират…

Дар бораи иллати қатл ва сӯзонда шудани Фархунда аз сӯи шуморе аз мардум дар Афғонистон, он чӣ Вазорати дохилаи ин кишвар ба унвони “фарзияи асосӣ” эълом кардааст ва шавоҳиде низ бар он далолат мекунад ин будааст, ки Фархунда бо чанд “мулло” — ки корашон дар як мазор тӯморнависӣ будааст — баҳсаш мешавад ва он гоҳ яке аз ин “муллоҳо” мардумро алайҳи ин духтар бо ин иттиҳом, ки гӯӣ Фархунда Қуръонро ба оташ кашида бошад, мешӯронад ва мардум низ бидуни ҳеч таҳқиқ ва баррасии лозим, даст ба ин ҷинояти ҳавлнок мезананд.

Ва ба сухани дигар, ҷӯшиш ва ғалаён ва таҳарруки мардум бидуни ҳеч таҳқиқ ва баррасӣ ва ин ки оё ин иттиҳом аслан поя ва асосе дорад ё на буда, ки мунҷар ба ин фоҷеаи асафангез шуда, на чизе дигар. Ва ҳатто агар бар фарз бипазирем, ки пушти ин ҳодисаи дилхарош тавтиае дар кор буда ва дасти душман дар пушти он пинҳон аст, (чунон ки баъзеҳо ин фарзияро матраҳ мекунанд), дар ин сурат низ наметавон ба ин баҳона иқдоми бемаънии мардумро тавҷеҳ кард. Зеро одами оқил ҳеч гоҳ бидуни фаҳми дақиқ аз як ҳодиса ва баррасии он, иқдом ба коре намекунад. Ва асосан, одам агар аз ақлу фаҳми дурусту ҳисобӣ бархӯрдор бошад, имкон надорад гӯли тавтиагарро бихӯрад.

Албатта, ин ҳолат ва ин гуна ҷӯшиданҳо ва иқдомҳои бидуни таҳқиқ ва баррасӣ ва дар асари таҳрики ин ё он, махсуси мардуми Афғонистон ҳам нест. Балки – ва бо камоли таассуф — ин ҳолат дар миёни мусалмонон дар чанд даҳаи ахир ба як ҳолати фарогире табдил ёфтааст. Арабаш ҳам ҳамин ҳолатро дорад, тоҷикаш ҳам гирифтори ин беморӣ шудааст, туркаш низ ҳамин тавр ва офриқоияш ҳам мубтало ба он аст…

Ҳоло як мисоли дигар барои ин ҳолати асафангез бизанам.

Чаҳор панҷ сол аст, ки ҷаҳон дар Ховари Миёна шоҳиди таҳаввулоте азим аст. Ин таҳаввулот аз Тунис ва Миср шурӯъ шуд ва то Либӣ ва Сурия ва Баҳрайн ва Яман расид. Ҳол, гузашта аз ин ки таҳаввул дар кадом як аз ин кишварҳо ба суд ва нафъи кадом қудрати ҷаҳонӣ ё минтақаӣ аст ва таҳаввул дар кадоминаш ба зарар ва зиёни он, (гузашта аз инҳо), он чӣ мусаллам аст ин аст, ки ин таҳаввулот ҳеч иртиботе бо мазҳаби мардум надорад, балки сирф сиёсӣ аст, чӣ он чӣ дар Тунису Мисру Либӣ иттифоқ уфтод ва чӣ он чӣ дар Сурияву Баҳрайну Яман шоҳидаш ҳастем. Воқеият дар ин кишварҳо ҷуз ин набуд, ки мардум алайҳи ҳукуматҳои худкома ва диктотурашон қиём ва бапо хостанд. Қазия ҳамин асту бас.

Аммо як дафъа ҷаҳониён шоҳиди ин мешаванд, ки таҳаввулот дар баъзе аз ин кишварҳо (на ҳамаашон), аз равзанаи мазҳаб ва гароиши эътиқодии мардум таҳлилу баррасӣ мешавад ва расонаҳо бештар рӯи ҳамин масъала таъкид мекунанд; гӯӣ ҷанҷол асосан сари мазҳабу маслак будааст, на чизе дигар. Ва асафангезтар он, ки бисёреҳо ҳам ба ин ёваҳо боварашон шуда ва мепиндоранд, ин таҳаввулот ношӣ аз “кашмакашҳои мазҳабӣ” ва “ҷанҷоли шиъа ва суннӣ” будааст. Дуруст мисли ҳамин қазияе, ки дар робита бо Фархунда иттифоқ уфтод, ки мардум бидуни таҳқиқ ва баррасии лозим ва бо таҳрики яке ду то “мулло”, ба ҷӯш омада ва иқдом ба он амали бехирадона мезананд. Яъне аз ин ҷиҳат, ки мардум бе ҳеч таҳқиқ ва баррасӣ вақте чизе барояшон талқин мешавад, боварашон мешавад.

Албатта, ҷиҳоте, ки ба таҳаввулоти ҷорӣ дар Ховари Миёна рангу бӯи мазҳабӣ додаанд (ва ҳанӯз ҳам медиҳанд), ба хусус кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс ва дар раъси онҳо Арабистони Саудӣ ва расонаҳои заҳролуди вобаста ба ин режим мисли шабакаи Аларабия, хуб медонанд, ки агар Эрон дар канори ҳукумати Сурия истодааст, ҳеч рабте ба мазҳабу маслак надорад, балки сирф сиёсист. Яъне ин масолеҳ ва манофеи сиёсии Эрон аст, ки ӯро водор ба истодан дар канори ҳукумати Сурия кардааст, на мазҳаб. Ҳоло феълан дар мақоми арзёбии ин нестам, ки оё ин кори Эрон дуруст будааст ё на, балки фақат мехоҳам бигӯям, мазҳаб дар ин мавзеъгирӣ рабте надорад. Башшор Асади баъсии лоик чӣ рабте ба шиъа дорад?

Бале, агар як нафар ба Эрон ин ишколро бигирад, ки чаро ту дар канори як диктотур истодаӣ, чи басо ин як матлаби дуруст бошад. Аммо ин ки биёӣ ва ба масъала рангу бӯи мазҳабӣ бидиҳӣ, ин комилан ғалат ва иштибоҳ аст.

Дар масъалаи Яман низ моҷаро аз ҳамин қарор аст. Масъала дар ин кишвар ҳам мазҳабӣ нест, як масъалаи комилан сиёсист. Арабистони Саудӣ чунон ки дар Миср мухолифи Ихвонул-муслимин буд, дар Яман низ мухолифи инқилобиҳо ва ба хусус ҷунбиши Ансоруллоҳ аст. Арабистон, чунон ки намехост дар Миср ҳукумате дар кор бошад, ки тавассути Ихвон идора мешавад, ҳамин тавр намехоҳад дар Яман ҳукумате бошад, ки дар раъси он одамони ғайри вобаста ба ӯ қарор бигиранд. Яъне масъала як масъалаи комилан сиёсӣ ва марбут ба манофеъ ва масолеҳи сиёсист ва ба мазҳабу маслаки мардум рабте надорад.

Аммо бо камоли таассуф, Арабистони Саудӣ барои муваҷҷаҳ сохтани дахолати худ дар Яман, ба масъала рангу бӯи мазҳабӣ дода ва имрӯзҳо расонаҳояш шабу рӯз ба таҳрики мусалмонон алайҳи бародарони мусалмони дигарашон мепардозанд ва албатта сад афсӯс, ки бисёре аз мусалмонон низ ба ин ёваҳо борварашон шуда.

Воқеан, оё Арабистони Саудӣ дар ғами аҳли суннат аст ва ба хотири дифоъ аз онҳо дар Яман иқдом ба ин коре, ки алъон мебинем, задааст? Бо камоли пӯзиш, аммо одам бояд воқеан аҳмақ ва аблаҳ бошад, ки бовараш бишавад, шоҳзодаҳои шикамгундаи ин кишвар дар ғами аҳли суннат ҳастанд? Дар Миср Ихвонул-муслимин оё шиъа буданд ва барои аҳли суннати ин кишвар хатар доштанд, ки Арабистон алайҳи онҳо тавтиа чид ва сарнагунашон кард?

Хулоса, он чӣ мехоҳам бигӯям ин аст, ки мо мусалмонон агар мӯъмин ҳастем, мӯъмини бобасират бошем. Агар мусалмон ҳастем, мусалмони бобасират бошем. Асосан, басират шарти мусалмонӣ аст. Басират яъне огоҳ будан ва шинохти амиқ доштан. Басират ба инсон тавоноии дарки ҳақоиқ ва пушти пардаҳои ҳаводисро медиҳад; ба гунае ки ҳақро аз ботил ба вузуҳ ташхис медиҳад ва аз бӯҳронҳо ва фитнаҳо ба саломат убур мекунад. Басират яъне фаҳми дуруст ва тавонии таҳлили воқеиятҳост. Агар афроди як ҷомеа басирати кофӣ надошта бошанд, ба осонӣ фиреби тавтиаҳои душманонро хоҳанд хӯрд. Агар афроди ҷомеа басирати кофӣ надошта бошанд, бо як таҳрики ин ё он, даст ба амалҳои бехирадона назири ҳамин амале, ки дар Афғонистон бо Фархунда иттифоқ уфтод, хоҳанд зад.

Бобасират бошем…

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: