Перейти к содержимому

“ҲНИТ баста шавад!”

Меҳвари суханрониҳо ва хутбаҳои имом-хатибҳо дар намози ҷумъаи ҳафтаи пеш дар Тоҷикистон, матни таҳияшуда аз сӯи як ниҳоди вобаста ба ҳукумат буд, ки бар асоси он, имом-хатибҳои масоҷиди сар то сари кишвар маъмур ба иблоғ ва расондани паёми ин матн ба мардум буданд. Дар ин паём омадааст: “Мувофиқи фармони Худо худро ва ҷомеаи худро ислоҳ кунем ва барои ояндаи ватанамон бетараф набошем. Аз ин рӯ, пешниҳод дорам, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон барҳам дода шавад. Зеро дигар зарурати фаъолияти он намондааст. Алҳамдуллилоҳ, мо мусалмонем ва ҳамин бароямон кофист.”

Дар ин матн ҳамчунин омада: “Бигзор тариқи раъйпурсӣ одамон изҳор намоянд, ки дигар ба ягон ҳизби ба ном “исломӣ” ниёз надоранд. Мо роҳи худро интихоб кардем ва дигар намехоҳем ҷомеаи мо пароканда шавад. Мо намехоҳем, тақдири давлатҳои ҳамсоя ба сари мо ояд, ояндаи фарзандонамон дар хатар бошад.”

Касоне ки ин матнро таҳия кардаанд (ки албатта рӯшан аст, бо дастур ва суфориши чӣ ҷиҳот ва чӣ касоне омода шуда), пеш аз қироати он ба мардум, лозим буд андаке дар бораи муҳтавои ин паём (аз назари сиёсӣ) фикр мекарданд. Пештар ёдовар шуда будам ва боре дигар ҳам мутазаккир мешавам, ки дастандаркорони ҳукуматии мо мутаассифона аз фаҳм ва дирояти сиёсии лозим бархӯрдор нестанд, вагарна маҳол буд чунин дархосте аз мардум бикунанд.

Ҳол, роҷеъ ба ин матн се нукта ҳаст, ки лозим аст ёдовар бишавам:

1. Нуктаи аввал ин ки росташ ҳанӯз барои шахси банда рӯшан нашудааст, ки низом ва сохтори сиёсии Тоҷикистон аз дид ва назари давлатмардони кунунии тоҷик, чӣ сохтор ва низоме аст? Оё динӣ аст, ё ба қавли худашон, “дунявӣ”? Ҳатман хоҳанд гуфт, “дунявӣ” аст?

Хуб, агар “дунявӣ” аст, пас ин чӣ мантиқе аст, ки бар пояи он ту мехоҳӣ, ки фалон ҳизб баста бишавад? Ва мантиқат ҳам ин аст, ки чун дар Ислом ҳизб нест, пас ҲНИТ баста бишавад! Магар меъёр ва милоки қазоватҳо ва довариҳои ту дар бораи ашё дар як ҷомеаи “дунявӣ”, Ислом аст, ки агар чизе дар ин ҷомеа бо “меъёрҳои исломӣ” созгор набуд, хостори ҷилавгирӣ аз он бишавӣ? Дар ин сурат, оё мардум ҳақ надоранд ба ту бигӯянд: агар бар асоси ин меъёр ту хостори баста шудани як ҳизб ҳастӣ, пас чаро дар бораи аҳзобе дигар бо ҳамин меъёр қазоват намекунӣ? Масалан, оё ҲХДТ ҳизб нест, ки бар асоси ҳамин меъёр баста бишавад? Он ҳам як ҳизби сиёсӣ аст. Ин ду ҳизб “дар ҳизб будан” оё бо ҳам тафовуте доранд? Чаро як бому ду ҳаво?!

Бад нест ин ҷо моҷарои зарбулмасали “Як бому ду ҳаво” ва ин ки ин масал аз куҷо пайдо шудааст, ёдовар бишавам:

Зане буд, ки духтар ва домодаш ҳамроҳи ӯ дар як хона зиндагӣ мекарданд. Тобистон буд ва ҳаво гарм. Ҳама рӯи пушти бом мехобиданд. Як тарафи бом домод ва духтараш мехобиданд ва тарафи дигари бом, арӯс ва писари ин зан.

Як шаб ин зан пушти бом омад ва дид, ки духтар ва домодаш ҷудо аз ҳам хобидаанд, гуфт: ҳаво ба ин сардӣ, чаро аз ҳам ҷудо хобидаед? Ин хуб нест. Канори ҳам бихобед.

Он тарафи бом, ки арӯс ва писараш хобида буданд, дид, ки арӯс сахт шавҳари худро бағал карда хобидааст, гуфт: ҳаво ба ин гармӣ, чаро ба ҳам часпидаед? Ин хуб нест. Писарам азият мекашад. Аз ҳам ҷудо бихобед.

Арӯс, ки инро аз модаршавҳар дид, баланд шуд ва гуфт:

Қурбон шавам Худоро

Як бому ду ҳаворо

Як бари бом зимистон

Як бари бом тобистон

Гирем (бар фарзи маҳол), ки дар Ислом ҳизб набудааст. Аммо дар як давлати ба истилоҳ “дунявӣ”, он чӣ бар асоси он як ҳизб ва як гурӯҳи сиёсӣ баста ва ё ба фаъолияташ иҷоза дода мешавад, ин қонуни ҷорӣ дар он кишвар аст, на меъёрҳо ва милокҳои берун аз ин қонун. Ва меъёрҳои исломӣ ҳам, дар қонуни асосии Тоҷикистон ба унвони милок ва меъёр пазируфта нашудаанд, ки ту бар асоси онҳо бихоҳӣ доварӣ ва қазоват бикунӣ. Чаро ки дар ин сурат, пой берун аз қонун ниҳодаӣ.

Ва аз он сӯй ҳам, “масеҳӣ” ва ё “зартуштӣ” ё “исломӣ” унвон доштани як ҳизб, аз назари қонуни мавҷуд ва ҷорӣ дар Тоҷикистон, ғайри муҷоз дониста нашудааст. Зеро агар чунин буд, пас чаро то ҳол ҲНИТ фаъол аст? Бинобар ин, агар фаъолияти ҲНИТ бар асоси қонуни мавҷуд дар Тоҷикистон муҷоз бошад, пас дархости бастани он бар асоси меъёр ва милокҳои ғайри қонунӣ чист?

Оё инҳо асосан мефаҳманд, ки худашон қонуншиканӣ мекунанд?

2. Нуктаи дигар он ки гоҳе дастандаркорони ҳукуматии Тоҷикистон пешниҳодҳое матраҳ мекунанд, ки ин ҳам хосси худашон аст ва шумо ҷое дигар назири онро суроғ надоред. Яке аз онҳо ҳамин дархости иҷрои раъйпурсӣ дар ҷомеа барои бастани як ҳизб аст. Банда ҷое суроғ надорам, ки барои бастани як ҳизби сиёсӣ райъпурсӣ роҳ андохта бошанд. Ва агар ҳам бошад, як кори ғайри мантиқӣ аст. Ин дуруст мисли инро мемонад, ки масалан дар Омрико агар ҳизби ҷумҳурихоҳ ва ё демукрот дар як интихобот шикаст бихӯрад, ҳизби пирӯз хостори иҷрои раъйпурсӣ барои бастани ҳизби шикастхӯрда бишавад.

Гирем, дар интихоботи ахир ҲНИТ раъйи кофӣ наёвард (ки албатта ҳама медонанд, ҳақиқат ҷуз ин аст ва тақаллуб ба сурати густарда анҷом гирифт), аммо оё маънои ин он аст, ки пас баста бишавад? Ин чӣ мантиқе аст?! Шумо дар куҷои дунё суроғ доред, ки як ҳизб ё бояд сад дар сад пирӯз бишавад ва ё аз саҳна ба куллӣ маҳв гардад? Намедонам, дастандакорони кунунӣ ва ҳокимони феълии Тоҷикистон бо ин рафторҳо ва сиёсатҳои ғалат андар ғалат ва пуриштибоҳашон кишварро ба кадом самт мебаранд?

3. Нуктаи севвум ва ахир он аст, ки ин эҳтимол ҳам ҳаст, ки ҳукумати Тоҷикистон ва дар раъси онҳо раисиҷумҳур, дар садади пиёда кардани ҳамон сиёсате дар Тоҷикистон бошад, ки Абдулфаттоҳ Сисӣ ва атрофиёнаш дар Миср дар ҳоли пиёда кардан ҳастанд. Яъне, аввал Ихвонро канор заданд ва инак ба тадриҷ дар ҳоли маҳву ҳазфи он аз ҷомеаи Миср ҳастанд.

Агар ин ҳақиқат дошта ва касоне дар Тоҷикистон якчунин андешаеро бар сар бипарваронанд, аввал бояд хуб ва аз наздик вазъияти Мисрро пас аз сари кор омадани Сисӣ таҳлил бикунанд ва масъаларо аз тамомии ҷиҳот мавриди баррасии дақиқ ва коршиносона қарор бидиҳанд. Фақат ба гузориши расонаҳо ва таҳлилу баррасиҳои сатҳии бархе аз коршиносон иктифо накунанд. Он чӣ имрӯзҳо дар расонаҳо дида мешавад, ин зоҳири кор аст. Он чӣ имрӯз дар Миср ва дар миёни мардуми ин кишвар дар ҳоли иттифоқ уфтодан аст, тамоман ғайр аз он чизе аст, ки дар расонаҳо мебинем. Талошҳо барои ҳазфи Ихвон аз ҷомеаи Миср (ки аввалан шуданӣ нест ва амре маҳол аст) сабаб шуда шумори қобили таваҷҷӯҳе аз ҳаводорони ин ҷунбиш (ки шевае мӯътадил дошт) даст ба силоҳ бибаранд ва ба саффи ДОЪИШ дар шибҳиҷазираи Сино бипайванданд, ки барои кишваре мисли Миср дар дарозмуддат ин як мусибат аст. Шояд дар кӯтоҳмуддат (масалан як сол ва фавқаш ду се сол) Сисӣ ва ҳукуматаш битавонад давом биёварад, вале қатъан дар дарозмуддат ин шахс Мисрро ба нобудӣ хоҳанд кашонд. Ва ҳарчанд раҳбарони Ихвон инро намехоҳанд, ки ҳаводоронашон даст ба силоҳ бибаранд ва кишвар бо чолиш рӯ ба рӯ бишавад, вале дигар наметавонанд аъзои худро ба хусус ҷавононро контрол кунанд.

Умедворам, дар Тоҷикистон ин таҷрубае, ки ҳатман бо шикаст мувоҷеҳ хоҳад шуд, такрор нашавад.

1 комментарий »

  1. Ахмактарин хукумат дар дунё хукумати Точикистон аст. Намебинад, ки дар дигар кишвархо чи шуда истодааст. Агар кур набошад, оё ба ХНИТ фишор меорад? Оё мехохад, ки ХНИТ баста шавад? Бадтар ин аст, ки барои ичрои гаразхои худ домуллохоро супориш кардааст, ки кори уро анчом диханд.

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: