Усули фиқҳ

Шарҳи Усули Шошӣ (3)

Ҳукми хосс

Инак, баъд аз ошноӣ бо ҳар як аз хоссу омм, навбати он аст бибинем, ҳукми ин ду чист. Марҳуми Шошӣ аз ҳукми хосс шурӯъ мекунад. Мегӯяд:

وحكم الخاص من الكتاب وجوب العمل به لا محالة فإن قابله خبر الواحد أو القياس فإن أمكن الجمع بينهما بدون تغيير في حكم الخاص يعمل بهما وإلا يعمل بالكتاب ويترك ما يقابله

Ҳукми хосс аз Қуръон, бе тардид вуҷуби амал ба он аст. Ҳар гоҳ хабари воҳид ва ё қиёс бо хосси Қуръон дар таъоруз афтод, агар имкони ҷамъ байни онҳо – бе он ки дар ҳукми хосси Қуръон тағйире пеш ояд — вуҷуд дошта бошад, ба ҳар ду амал мекунем, вале агар имкони ҷамъ вуҷуд надошта бошад, ба Қуръон амал карда ва он чӣ бо ӯ дар таъоруз аст-ро раҳо мекунем.

Шарҳ: Агар дар Қуръони Карим ба ояте бархӯрем, ки як матлабро ба лафзи хосс адо мекунад, чорае ҷуз ин ки тибқи он амал кунем надорем. Масалан, тибқи ин ояти Қуръон, ки мефармояд: “Зану марди зинокорро сад тозиёна бизанед” (Нур/2), аз он ҷо ки лафзи “сад” лафзе аст вазъшуда барои адади маълуме, ки ҳамон сад аст, зану марди зинокор бояд сад тозиёна зада шаванд, на камтар ва на бештар.

Сипас, гоҳе чунин пеш меояд, ки хабари воҳид ва ё як қиёс, бо хосси Қуръон дар таъоруз меафтанд, яъне бо ҳам зидд меоянд, ба ин сурат, ки хосси Қуръон чизе бигӯяд ва хабари воҳид ва ё қиёс як чизи дигар. Дар ин сурат, марҳуми Шошӣ мегӯяд, агар роҳе барои ҷамъ миёни онҳо вуҷуд дошта бошад, бояд ба ҳар ду амал кунем, албатта ба гунае ки ҳукми хосси Қуръон тағйир наёбад, вагарна ба ҳукми хосси Қуръон амал карда ва он дуро раҳо мекунем. Иншоаллоҳ, вақте баҳси таъоруз пеш меояд, дар ин бора бештар сӯҳбат хоҳем кард.

Ин ҷо чун сухан аз хабари воҳид ва қиёс пеш омад, шоиста аст ин дуро ба гунаи мухтасар таъриф кунем. Марҳуми Шошӣ дар таърифи хабари воҳид мегӯяд: Хабари воҳид ҳадисе аст, ки онро як нафар аз як нафар, ва ё як нафар аз гурӯҳе, ва ё гурӯҳе аз як нафар нақл кардаанд. Албатта, каммияти ин гурӯҳ аз назари адад, ки бояд чанд нафар бошанд муҳим нест агар ин адад ба ҳадди тавотур нарасида бошад. Ва ҳукми хабари воҳид он аст, ки дар аҳкоми шаръӣ бояд тибқи он амал шавад ба шарти он ки ривояткунанда мусалмон, одил, оқил ва низ ба шарти он ки ривояти ӯ муттасил ба ҳазрати Паёмбар (с) бошад. Иншоаллоҳ, дар баҳси суннат бо ин матлаб бештар ошно хоҳем шуд.

Ва аммо дар таърифи қиёс гуфтаанд: Қиёс илҳоқи фаръ аст ба асл дар ҳукм ба хотири иллате, ки байни онҳо ҷамъ мекунад. Масалан, ҳукми арақ тибқи сареҳи Қуръон ҳурмат аст яъне ҳаром мебошад. Ин асл аст. Аммо ҳукми оби ҷав (пива) бароямон маълум нест. Ин фаръ аст. Дар ин ҷо, фаръ (оби ҷав)-ро дар ҳукм, ба асл (арақ) мулҳақ мекунем, чун ки як иллат аст, ки миёни онҳо ҷамъ мекунад, ва он иллат, масткунандагии ҳар ду аст. Бар ҳамин асос мегӯем, ҳукми оби ҷав ҳам ҳурмат аст. Инро қиёс мегӯянд. Иншоаллоҳ дар баҳси қиёс бо ин мабҳас ҳам бештар ошно хоҳем шуд.

Мисоли хосс

Сипас марҳуми Шошӣ барои хосс мисол мезанад ва мегӯяд:

مثاله في قوله تعالى يتربصن بأنفسهن ثلاثة قروء فإن لفظة الثلاثة خاص في تعريف عدد معلوم فيجب العمل به

Мисол барои хосс (-ро метавон) дар ин фармудаи Қуръон (пайдо кард): “Ва занони талоқ додашуда то се қуръ интизор мекашанд” (Бақара/228). Лафзи “се” (дар ин оят) хосс аст дар таърифи ададе маълум (ки ҳамон се аст), аз ин рӯ, бояд ба он амал шавад (ва тибқи ояти номбурда, агар занон талоқ дода шаванд ва бихоҳанд шавҳаре дигар намоянд, бояд то се қуръ интизор бикашанд на бештар ва на камтар ва сипас шавҳар кунанд).

“Қуруъ” (ки ҷамъи қуръ аст) чист? Ин ҷо миёни фуқаҳо ихтилоф аст. Баъзеҳо мисли марҳуми Шофеӣ “қуруъ”-ро “атҳор” (покиҳо) медонанд. Аммо баъзеҳо мисли Имом Абӯҳанифа (р) онро “ҳайзҳо” мегӯянд. Далели Шофеӣ бар ин ки “қуруъ” ба маънои “атҳор” (покиҳо) аст ин мебошад, ки мегӯяд: дар забони арабӣ ҳар гоҳ ҷамъи музаккар (яъне сиғаи ҷамъи калимае, ки музаккар (сиғаи мард) аст) бо адад зикр шавад (мисли се мардҳо, чаҳор мардҳо ва ғайра), ададро ба сиғаи муаннас (сиғаи зан) меоваранд (мисли “салосату риҷолин”, ё “арбаъату риҷолин” ва ғайра), ба хилофи ҷамъи муаннас, ки ҳар гоҳ бо адад зикр шавад, адад музаккар оварда мешавад. Ва чун дар ояти мавриди назар мебинем, ки адади се дар “салосату қуруъин” (се қуръ), муаннас оварда шудааст, мефаҳмем, ки “қуруъ” (ҷамъи қуръ) ҷамъи музаккар будааст, на ҷамъи муаннас. Пас ба маънои “атҳор”, ки ҷамъи “туҳр”, ки музаккар аст мебошад, на “ҳайзҳо”, ки ҷамъи муаннас аст. Зеро, агар “қуруъ” ба маънои “ҳайзҳо” мебуд, бояд “салосу қуруъин” (на салосату қуруъин) меовард, чунон ки адад бо ҷамъи муаннас музаккар оварда мешавад.

Аммо далели касоне ки мегӯянд, “қуруъ” ба маънои “ҳайзҳо” аст ин аст, ки мегӯянд: агар мо “қуруъ”-ро ба маънои “атҳор” бигирем, лозимааш ин мешавад, ки ба хосси Қуръон, ки мегӯяд: “то се қуръ интизор бикашед”, амал нашавад. Чаро? Чун ки “се қуръ” дар ин сурат, се тои комил намешавад, балки дуюним мешавад; ба ин шарҳ, ки талоқ бояд дар ҳолати туҳр (покӣ) сурат бигирад. Фарз кунед, марде дар ҳолати туҳр, ки одатан наздик ба як моҳ аст, занашро талоқ дод; масалан дар васатҳои туҳр занашро талоқ дод. Ва барои ин ки иддаашро комилан бубинад, бояд ду туҳри дигар интизор бикашад. Ду туҳри дигар, албатта ду туҳри комил хоҳад буд. Аммо чун аввалӣ, як туҳри комил нест (чун ки дар васатҳои туҳр занашро талоқ додааст), аз ин рӯ, дар маҷмӯъ, ду туҳри комилу як туҳри ноқис дидааст, на се туҳри комил. Ва бо ин, хосси Қуръон, ки мегӯяд: “се қуръ”, раҳо мешавад, ҳол он ки ҳамон тавр ки гуфтем, хосси Қуръон набояд ба ҳеҷ ваҷҳ тарк гардад.

Ин, ба хилофи он аст, ки агар “қуруъ”-ро ба маънои “ҳайзҳо” бигирем, зеро зане, ки иддаашро дидааст, яъне дуюним туҳр дидааст, ҳатман се ҳайзро пушти сар мегузаронад; як ҳайз баъди интиҳои туҳре, ки дар он талоқ дода шудааст, ҳайзи дуюм баъд аз туҳри дуюм, ва ҳайзи сеюм баъд аз туҳри сеюм.

Ҳоло, ба гуфтори марҳуми Шошӣ диққат кунед:

ولو حمل الإ قراء على الا طهار كما ذهب إليه الشافعي باعتبار أن الطهر مذكر دون الحيض وقد ورد الكتاب في الجمع بلفظ التأنيث دل على أن جمع المذكر وهو الطهر لزم ترك العمل بهذا الخاص لأن من حمله على الطهر لا يوجب ثلاثة أطهار بل طهرين وبعض الثالث وهو الذي وقع فيه الطلاق

Агар “қуруъ” (ки ҷамъи қуръ аст) ба “атҳор” ҳамл шавад – чунон ки Имом Шофеӣ мӯътақид аст ба ин ҷиҳат, ки “туҳр” музаккар аст на “ҳайз”, ва Қуръон ҳам, дар ҷамъ ба лафзи муаннас ворид шудааст, аз ин рӯ, далолат дорад, ки “қуруъ” ҷамъи музаккар будааст, ва он “туҳр” мебошад – лозим меояд, ки амал ба хосс раҳо шавад, зеро касе ки ин лафз (яъне лафзи “қуруъ”)-ро ба “туҳр” ҳамл кардааст, интизор кашидани се туҳр (барои зани талоқдодашуда)-ро эҷоб намекунад, балки ду туҳри комил ва қисмате аз он туҳр, ки дар он талоқ воқеъ шудааст-ро эҷоб кардааст.

Ин ҷо шояд касе чунин бигӯяд, ки ин ихтилоф чӣ самарае дорад? Яке “қуръ”-ро ба маънои “туҳр” гирифта ва дигаре ба маънои “ҳайз”, ҳоло чӣ шуда? Посухи ин пурсиш он аст, ки ихтилофи ин ду мазҳаб (шофеӣ ва ҳанафӣ) дар ин масъала, самароте дорад. Марҳуми Шошӣ мегӯяд:

فيخرج على هذا حكم الرجعة في الحيضة الثالثة وزواله وتصحيح نكاح الغير وإبطاله وحكم الحبس والإطلاق والمسكن والإنفاق والخلع والطلاق وتزوج الزوج بأختها وأربع سواها

Бар ин ихтилоф ин (самарот) мутараттиб мегардад:

  1. Ҳукми раҷъат дар ҳайзи сеюм: Дар назди ҳанафиҳо, раҷъат (баргашт ба шавҳари талоқдодааш) дар туҳри сеюм ҷоиз аст, аммо дар назди шофеиҳо ҷоиз нест, зеро бино ба назари ҳанафиҳо, зан дар сеюмин туҳр, аз он ҷо ки ҳанӯз ҳайзи сеюмро (яъне қуръи сеюмро) надидааст ва иддааш комил нашудааст, метавонад ба шавҳараш баргардад. Аммо дар назди шофеҳо, чун сеюмин туҳр сеюмин қуръ ба шумор меравад, зан дигар ба шавҳараш баргашта наметавонад;
  2. Никоҳи марди дигар: Дар назди шофеиҳо, никоҳи марди дигар барои зани талоқдодашуда дар туҳри сеюм ҷоиз аст, аммо дар назди ҳанафиҳо ҷоиз нест, зеро бино ба назари шофеиҳо, чун он зан дар қуръи сеюм ба сар мебарад, иддааш комил шудааст, аз ин рӯ ҷоиз аст, ки шавҳари дигар кунад. Аммо дар назди ҳанафиҳо, чун ҳанӯз ҳайзи сеюм (яъне қуръи сеюм)-ро надидааст, наметавонад ба шавҳар барояд;
  3. Ҳабси идда: Дар назди ҳанафиҳо, дар туҳри сеюм чун ҳанӯз иддааш комил нашудааст, зан ҳабси идда дорад (Тафсили ин ки “ҳабси идда” чист, дар китобҳои фиқҳӣ ба суроғаш бояд рафт), аммо дар назди шофеиҳо, чун иддааш дар туҳри сеюм комил шудааст, дигар ҳабси идда надорад;
  4. Маскану нафақаи зан: Дар назди ҳанафиҳо, дар туҳри сеюм чун ҳанӯз иддаи зани талоқдодашуда комил нашудааст, аз ин рӯ, таъмини ҷойу маскану нафақаи он зан, бар ӯҳдаи шавҳари талоқдодааш мебошад, аммо дар назди шофеиҳо, чун идда комил шудааст, дигар ин таъминот бар ӯҳдаи шавҳар нест;
  5. Хулъу талоқ: Дар назди ҳанафиҳо, дар туҳри сеюм чун ҳанӯз идда комил нашудааст, шавҳари талоқдода метавонад як талоқи дигар бидиҳад ва ё хулъ бидиҳад (тавзеҳи ин ки хулъ чист, бояд ба китобҳои фиқҳӣ муроҷеа кард), аммо дар назди шофеиҳо дигар наметавонад;
  6. Издивоҷ бо хаҳари зани талоқдодашуда: Дар назди ҳанафиҳо, дар туҳри сеюм чун ҳанӯз идда комил нашудааст, аз ин рӯ, марди талоқдода наметавонад бо хоҳари зани талоқдодааш издивоҷ намояд, зеро дар шариати мо ҷамъи миёни ду хоҳар ҷоиз нест. Аммо дар назди шофеиҳо, дар ин ҳолат ҷоиз аст, зеро идда комил шудааст ва дигар, зани талоқдодааш, зани ӯ ба ҳисоб намеравад;
  7. Гирифтани зани дигар: Дар назди ҳанафиҳо, дар туҳри сеюм, марди талоқдода агар ғайри зани талоқдодааш, боз се зани дигар дошта бошад, чун идда ҳанӯз комил нашудааст, наметавонад зани дигар бигирад, зеро дар шариати мо панҷ зан гирифтан ҷоиз нест. Аммо дар назди шофеиҳо, дар ин ҳолат, ҷоиз аст, зеро дар туҳри сеюм, дигар идда комил шуда ва он зан, дигар зани ӯ ба шумор намеравад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.