Мантиқ

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 12

Акси нақиз

Акси нақиз он аст, ки қазияе бо ҳифзи сидқ ва кайф, ба қазияи дигаре табдил шавад, ки мавзӯаш нақизи маҳмул асл ва маҳмулаш нақизи мавзӯи асл аст. Ва ба сухани дигар, акси нақиз иборат аст аз: ҷобаҷо кардани нақизи ду тараф бо ҳифзи сидқ ва кайфи қазия. Пас қазияи “Ҳар нависандае инсон аст” бо акси нақиз табдил мешавад ба “Ҳар ғайри инсоне ғайри нависанда аст.”

Шартҳои акси нақиз:

Дар акси нақиз се амр шарт аст:

  1. Ҷобаҷо кардани ду тарафи қазия ҳамроҳ бо табдили ҳар як ба нақизи он. Яъне нақизи маҳмули қазияи нахуст мавзӯи қазияи дуввум ва нақизи мавзӯи қазияи нахуст маҳмули қазияи дуввум қарор дода мешавад;
  2. Бақои кайф. Яъне қазияи мӯҷиба пас аз табдил мӯҷиба боқӣ мемонад ва қазияи солиба солиба боқӣ мемонад;
  3. Бақои сидқ. Яъне таваҷҷӯҳ мешавад, ки ҷобаҷо кардани ду тарафи қазия мӯҷиби кизби қазияи дуввум нашавад.

Натоиҷи акси нақиз:

  1. Акси нақизи солибаи куллия солибаи ҷузъия аст. Бинобар ин, акси нақизи “Ҳеч инсоне ҷамод нест” он аст, ки “Баъзе аз ғайри ҷамод ғайри инсон нест”;
  2. Акси нақизи солибаи ҷузъия солибаи ҷузъия аст. Бинобар ин, акси нақизи “Баъзе маъдан оҳан нест” ин мешавад, ки “Баъзе ғайри оҳан ғайри маъдан нест”;
  3. Акси нақизи мӯҷибаи куллия ҳамон мӯҷибаи куллия аст. Бинобар ин, акси нақизи “Ҳар нависанда инсон аст” ин мешавад, ки “Ҳар ғайри инсоне ғайри нависанда аст”;
  4. Мӯҷибаи ҷузъия акси нақиз надорад. Зеро ҳар қазияе, ки ба унвони акси нақизи он дар назар гирифта шавад, гоҳе козиб хоҳад буд, дар ҳоле ки асл содиқ аст. Масалан, акси нақизи қазияи “Баъзе ғайри оҳан маъдан аст” на қазияи “Баъзе ғайри маъдан оҳан аст” мебошад ва на қазияи “Ҳар ғайри маъдан оҳан аст”. Чун ҳар дуи инҳо козибанд, дар ҳоле ки чунон ки гузашт, яке аз шурути акси нақиз бақои сидқ аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.