Усули фиқҳ

Шарҳи Усули Шошӣ (4)

Мисоле дигар барои хосс

Дар баҳси пешин марҳуми Шошӣ гуфт, ки ҳукми хосс аз Қуръон вуҷуби амал ба он аст ва ба ҳеҷ ваҷҳ ҳатто дар сурате ки ҳадиси оҳод ва ё қиёс бо он дар таъоруз биуфтад, раҳо намешавад ва мисоле ҳам барои он зад. Инак, мисоле дигар барои хосс. Марҳуми Шошӣ мегӯяд:

وكذلك قوله تعالى: «قد علمنا ما فرضنا عليهم في أزواجهم» خاص في التقدير الشرعي فلا يترك العمل به باعتبار أنه عقد مالي فيعتبر بالعقود المالية فيكون تقدير المال فيه موكولا إلى رأي الزوجين كما ذكره الشافعي

Ҳамчунин (мисоли хоссро дар) ин ояти Қуръон (метавон дид), ки мефармояд: “Ва қад алимно мо фаразно алайҳим фи азвоҷиҳим” (Ҳамоно донистем, ки бар онон дар бораи ҳамсаронашон чӣ миқдор (аз маҳр) муқаррар кардаем) (Аҳзоб/50), ки (лафзи “фаразно” дар ин оят) хосс аст барои як миқдори муқарраршуда аз сӯи шариат, аз ин рӯ, амал ба он раҳо намешавад, (ба хилофи касе ки мепиндорад, ки ақди ивдивоҷ) ба ин эътибор, ки ақдест молӣ, пас аз ҷумлаи ақдҳои молист. Пас, муқаррар намудани миқдори мол дар ақди издивоҷ, ба раъйу назари зану шавҳар вогузор аст чунон ки Имом Шофеӣ мегӯяд.

Шарҳ: Тафсири ояти мавриди назар ин аст: Худо худ медонад он чӣ аз миқдори маҳрҳоеро, ки Ӯ Таъоло бар уммат дар мавриди ҳамсаронашон муқаррар намудааст. Маънои “мо фаразно” “он чӣ аз миқдор, ки мо худ муқаррар намудем” аст. Пас, лафзи “фаразно” (муқаррар кардем) хосс аст барои як миқдори муқарраршуда дар маҳрия аз ҷониби шариат, зеро таъйини миқдорро Худо барои худ, ки шореъ аст нисбат медиҳад ва мегӯяд: мо муқаррар кардем. Пас, миқдори маҳр як чизи муқарраршуда аз сӯи шариат буда ва кам кардан аз он миқдори муайян ҷоиз намебошад.

Албатта, миқдори ин маҳрро худи оят муҷмал гузошта ва баён нафармуда, ки чӣ миқдор бояд бошад, балки суннат ин ҷо омада ва ин миқдорро баён кардааст. Дар ривояте, ки Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ (р) аз Расули Акрам (с) нақл кардааст, ҳазраташ (с) мефармояд: “Занонро ҷуз авлиёашон (сарпарастонашон) ба ҳамсарӣ намедиҳанд, ва занон ҷуз бо ҳамтоёни худ ба ҳамсарӣ намедароянд, ва маҳрия ҳам камтар аз даҳ дирҳам набояд бошад”.

Аммо Имом Шофеӣ миқдори маҳрияро як чизи муқарраршуда аз сӯи шариат намедонад, балки таъйини миқдор дар маҳрро чизе вогузоршуда ба раъйу назари зану шавҳар мешуморад. Зеро – ба назари Имом Шофеӣ — маҳре, ки ба зан пардохт мешавад, дар муқобили ҳамон порае аз гӯште аст, ки зан дар ихтиёри шавҳар мегузорад, ва бо ин ҳисоб, маҳр мисли ҳамон амволе хоҳад буд, ки дар ақдҳои молие чун хариду фурӯш ва ё иҷора харидор ба фурӯшанда пардохт мекунад, ки миқдори онҳо ба розигии тарафайн таъйин мешавад.

Ҷавоби ҳанафиён ба Шофеӣ ин аст, ки натиҷаи амал ба ин қиёс тарки хосси Қуръон хоҳад буд, ки ҷоиз нест. Зеро, бино ба ояти номбурда, миқдори маҳрро Худо мегӯяд, мо муқаррар кардем, вале шумо ин ҷо мегӯйед, миқдори маҳрро зану шавҳар муайян мекунанд.

Ва аммо самароти ин ихтилоф:

وفرع على هذا أن التخلي لنفل العبادة أفضل من الاشتغال بالنكاح وأباح إبطاله بالطلاق كيف ما شاء الزوج من جمع وتفريق وأباح إرسال الثلاث جملة واحدة…

  1. Худро ба ибодати нафлӣ машғул кардан беҳтар аст ё никоҳ? Бар асоси дидгоҳи Имом Шофеӣ, худро машғул кардан ба ибодати нафлӣ бартар ва беҳтар аз никоҳу издивоҷ хоҳад буд, зеро ақди никоҳ дар назди ӯ, аз ҷумлаи ақдҳои молӣ мисли хариду фурӯш аст, ва фароғат ба ибодати нафлӣ аз ин гуна муомилот беҳтар аст. Аммо ҳанафиҳо ба суннати Паёмбари Ислом ҳазрати Муҳаммад (с), ки никоҳро ихтиёр кардааст чанг мезананд, ҳарчанд ташвиқ ба анҷоми ибодати нафлӣ ба таъкид аз ҷониби он ҳазрат (с) ворид шудааст. Чанг задан ба сираи он ҳазрат (с) волотар аз ихтиёри сираи ҳазрати Яҳё ибни Закариё (а) мебошад, ки издивоҷ нанамуд;
  2. Ботил сохтани никоҳ ба се талоқ дар як навбат мубоҳ аст ё макрӯҳ? Бар асоси дидгоҳи Имом Шофеӣ, ки ақди никоҳро аз ҷумлаи муомилоти молӣ медонад, ботил кардани ақди никоҳ аз сӯи шавҳар, ба ҳар сурате ки ӯ мехоҳад, чӣ бо додани се талоқ ба зан ба сурати ҷудо-ҷудо дар се покӣ ва чӣ дар як навбат бо як лафз, мубоҳ аст, чунон ки фасхи байъ (аз байн бурдани ақди хариду фурӯш) ба ҳар сурат, ки тарафайни ақд мехоҳанд ҷоиз мебошад. Аммо дар назди ҳанафиҳо дар як навбат ду то ва ё се талоқ додан дар як покӣ (ҳарчанд талоқ меуфтад) вале бидъат аст, зеро мухолифи суннат мебошад, чун ки никоҳ суннат буда ва ба сабаби он масолеҳи дунявӣ ва ухравӣ таъаллуқ мепазирад, аз ин рӯ, ботил сохтани никоҳ макрӯҳ аст, магар зарурате барои ҷудоӣ пеш омада бошад.

Мисоли сеюм барои хосс

وكذلك قوله تعالى حتى تنكح زوجا غيره خاص في وجود النكاح من المرأة فلا يترك العمل به بما روي عن النبي عليه السلام: أيما امرآة نكحت نفسها بغير إذن وليها فنكاحها باطل باطل باطل

Ҳамчунин (мисоли хоссро дар) ин ояти Қуръон (метавон пайдо намуд), ки мефармояд: “Ҳатто танкиҳа завҷан ғайраҳу” (Агар бори сеюм вайро талоқ дод, дигар бар ӯ ҳалол нест то он ки шавҳаре ҷуз ӯ кунад) (Бақара/230), ки (ин оят) хосс аст барои таҳаққуқи никоҳ аз ҷониби зан, аз ин рӯ, амал ба ин хосс раҳо намешавад ба сабаби он чӣ аз ҳазрати Паёмбар (с) ривоят шудааст, ки “Ҳар зане, ки хештанро бидуни иҷозати сарпарасташ (падар ё падарбузургаш) ба никоҳ дароварад, никоҳаш ботил аст, ботил аст, ботил аст”. (Сунан-и Абӯдовуд р.2083, Сунан-и Тирмизӣ р.1105)

Шарҳ: Имом Абӯҳанифа (р) мегӯяд: ҷоиз аст духтари ба синни балоғат расида хештанро бидуни иҷозат ва рухсати сарпарасташ (падар ё падарбузургаш) ба никоҳ дароварад. Ду шогирди боризи Имом Абӯҳанифа (р) яъне Имом Муҳаммад ва Имом Абӯюсуф, дар ин замина назаре дигар доранд. Имом Муҳаммад (р) мегӯяд: агар духтари болиға бидуни рухсати сарпарасташ хештанро ба никоҳ дароварад, фақат дар сурате ин никоҳ мунъақид хоҳад шуд, ки баъдан сарпараст розӣ шавад. Имом Абӯюсуф (р) мӯътақид аст, никоҳи духтари болиға ҷуз ба иҷозат ва рухсати сарпараст мунъақид намешавад, албатта сипас, Имом Абӯюсуф (р) аз ин назар баргашта ва мисли Имом Абӯҳанифа (р) қоил ба инъиқоди чунин никоҳе дар ҳар сурат шудааст. Ҳамчунин, нақл шудааст, ки Имом Муҳаммад (р) низ аз назари хеш баргаштааст. Ҳасан нақл мекунад, ки Абӯҳанифа (р) қоил аст, ки чунин никоҳе фақат дар сурате мунъақид аст, ки шавҳари зан куфви ӯ яъне ҳамтои ӯ (дар молу насабу ғайра) бошад, на дар ғайри куфв. Мисли чунин қавле аз Имом Абӯюсуф (р) низ нақл шудааст. Он чӣ имрӯза бештари машойих бар он ҳастанд, ҳамин назари ахир аст. Аммо Имом Молик ва Имом Шофеӣ гуфтаанд: никоҳ аз ҷониби занон мунъақид намешавад.

Маълум аст, ки далели Имом Абӯҳанифа (р) ҳамин хосси Қуръон аст, ки мегӯяд: “Ҳатто танкиҳа завҷан ғайраҳу” (то он ки шавҳаре ҷуз ӯ кунад). Дар ин оят, фоили танкиҳа худи зан аст, яъне ба никоҳ даровардан-ро ба зан нисбат медиҳад. Ва чунон ки пештар гуфта будем, агар ҳадиси оҳод ва ё қиёсе бо хосси Қуръон дар таъоруз афтанд, агар имкони ҷамъ байни онҳо бошад, ба ҳар ду амал мешавад, вале агар имкони ҷамъ набошад, ба хосси Қуръон амал карда, он дуро раҳо менамоем. Аз ин рӯ, ҳадиси оҳоде, ки мегӯяд: “Ҳар зане, ки хештанро бидуни иҷозати сарпарасташ ба никоҳ дароварад, никоҳаш ботил аст, ботил аст, ботил аст”, аз он ҷо ки қобили ҷамъ бо хосси Қуръон нест, зеро хосси Қуръон мегӯяд, зан метавонад хештанро ба никоҳ дароварад, вале ҳадис мегӯяд наметавонад, аз ин рӯ, ҳадисро раҳо карда, ба хосси Қуръон амал мекунем.

Аммо далели Имом Шофеӣ ва дигарон, ки никоҳи зани болиға аз худашро мунъақидшуда намедонанд, қатъан ривоёте будааст, ки намунааш гузашт.

Ва аммо самароти ин ихтилоф:

ويتفرع منه الخلاف في حل الوطء ولزوم المهر والنفقة والسكنى ووقوع الطلاق والنكاح بعد الطلقات الثلاث على ما ذهب إليه قدماء أصحابه بخلاف ما اختاره المتأخرون منهم

  1. Бино бар назари Имом Абӯҳанифа (р), барои зане, ки хештанро бидуни рухсати сарпарасташ ба никоҳ даровардааст, омезиш бо шавҳар ҳалол аст, аммо дар назди Имом Шофеӣ чунин омезише зино маҳсуб мегардад;
  2. Бар асоси назари Имом Абӯҳанифа (р) бар мард пардохти маҳрия, бар ӯҳда доштани нафақаи он зан ва бо маскан таъмин кардани вай лозим аст, зеро зани шаръии ӯст, аммо дар назди Имом Шофеӣ ҳеҷ як аз ин вазоифи номбурда бар мард дар баробари зан лозим нест, зеро никоҳе сурат нагирифта;
  3. Дар назди Имом Абӯҳанифа (р) ҳар гоҳ суитафоҳуме пеш ояд, мард он занро талоқ медиҳад ва талоқаш воқеъ мегардад, аммо дар назди Имом Шофеӣ талоқе сурат намегирад, чун ин навъ никоҳ назди вай аслан никоҳ ба шумор намеравад, то навбат ба талоқ бирасад;
  4. Ҳар гоҳ он зан талоқ дода шуд, агар бихоҳад шавҳари дигаре намояд, бино ба дидгоҳи Имом Абӯҳанифа (р) бояд идда нигаҳ дорад, яъне то се ҳайз мунтазир бимонад, сипас никоҳ кунад, аммо дар назди Имом Шофеӣ чун никоҳи аввалӣ никоҳ ба шумор намеравад, аз ин рӯ, ба маҳзи ҷудоӣ ҳамон лаҳза он зан метавонад ба шавҳар барояд. Албатта ин дидгоҳ, дидгоҳи қудамои асҳоби Шофеӣ аст, аммо мутааххирин аз шофеиҳо қоиланд, ки бояд идда нигаҳ дорад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.