Перейти к содержимому

Вокуниши аъроб ба тафоҳуми ҳастаии Лозан

Вокуниши ду тан аз таҳлилгарони араб ба тафоҳуми ҳастаии Лозан, ки ҳар дуяшон ба мухолифат бо Эрон ва сиёсатҳояш дар минтақа машҳур ҳастанд, қобили таваҷҷӯҳ аст. Яке Файсал Қосим, муҷрии маъруф ва ҷанҷолии шабакаи хабарии Алҷазира, ва дигарӣ, Ҷиҳод ал-Хозин, сутуннависи рӯзномаи Алҳаёт (рӯзномаи вобаста ба Арабистони Саудӣ).

Вокуниши Файсал Қосим

Ба гузориши CNN-арабӣ, Файсал Қосим дар сафҳаи Твиттери худ бо тамасхур навиштааст, ки бархе арабҳо фикр мекунанд, ки Омрико ононро барои ҳамеша ба ақди худ даровардааст, ғофил аз ин ки чӣ қадр фиреб хӯрдаанд ва намедонанд, ки Омрико ҳамаи ҳамсарони худро “ақди муваққат” мекунад.

Вай афзудааст: “Бархе арабҳо баъди тавофуқи Эрон ва Омрико тавре ба Омрико нигоҳ мекунанд, ки як зан ба ҳавуи худ нигоҳ мекунад… Дар дунёи сиёсат эътилофҳо бар асоси усул ва ахлоқ ва арзишҳо баста намешавад, балки бар асоси манофеъи касиф аст.”

Қосим хитоб ба сарони араб навиштааст: “Каме фикр кунед. Кадом беҳтар аст? Ин ки Эронро раҳо кунед, то силоҳи атомӣ бисозад ва он гоҳ зери сояи хатараш зиндагӣ кунед, ё ин ки дар муқобили дастовардҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва роҳбурдияш даст ба кор шавед? Агар аз дастовардҳое, ки Эрон ба он даст пайдо мекунад метарсед, ин мушкили шумост.”

Вай афзудааст: “Ин мушкили шумо арабҳост. Зеро дар кулли зиндагиатон ба Омрико такя кардед ва ҳеч чизе барои ояндаи кишвар ва миллататон насохтед, ҳол он ки Эрон ба худаш такя кард ва он чӣ кошт дарав кард. Фаромӯш накунед, ки Ғарб ба Покистон, ки муттаҳиди аъроб буд, иҷоза дод, то ба силоҳи атомӣ даст пайдо кунад.”

Ҷиҳод ал-Хозин: “Аслан чаро Иёлоти Муттаҳида бо Эрон музокира кард?”

Ишора: Интишори ин матлаб ба ҳеч ваҷҳ ба маънои таъйиди он аз сӯи ин сомона нест, балки сирфан ҷиҳати огоҳии хонандагон бо афкори нависандагон ва рӯзноманигорони араб мунташир шудааст.

Ҷиҳод ал-Хозин, сутуннависи машҳура араб, дар рӯзномаи Алҳаёт дар ёддоште навиштааст:

“Баҳои тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон чист? Музокирот амалан фақат миёни Иёлоти Муттаҳида ва Эрон буд… Ва ҳар кадом аз ин ду кишвар тавонистанд пас аз ду сол ба он чӣ мехостанд бирасанд. Ҳашт рӯзи паёпай музокирот идома ёфт, ҳатто баъд аз поёни зарбулаҷали таъйиншуда дар поёни моҳи гузашта, то ин ки тавофуқ ба даст омад.

Дар ҳақиқат Иёлоти Муттаҳида ва Эрон алайҳи мо ба тавофуқ расиданд. Ҳар ҳарфи дигаре ҷуз ин, сахиф ё ҷоҳилона аст. Маҳол аст, ки тавофуқ бо Эрон фақат барои коҳиши қудрати атомиаш ва қабули назорат бар он барои муддати 15 сол дар муқобили рафъи таҳримҳо бошад.

Баҳои ин тавофуқ он аст, ки Иёлоти Муттаҳида ба ДОЪИШ ва теруристҳои дигар дар Ироқ ва Сурия зарба бизанад, то ин ду кишвар ба таври комил дар ихтиёри эрониҳо қарор бигиранд. Дар Яман ҳам (Омрико) беш аз ин дигар дахолат накунад, то эрониҳо битавонанд ин кишвари арабиро низ тасоҳуб кунанд.

Раисиҷумҳур Борок Убомо аз тафоҳуме, ки ба қавли ӯ “тафоҳуми торихӣ бо Эрон” аст, истиқбол кард ва ба ҷумҳурихоҳон дар Кунграи Омрико ҳушдор дод, ки ҳеч талоше барои таътил кардани кори “тарҳи амали муштараки ҷомеъ” анҷом надиҳанд. Эрониҳо дар хиёбонҳои Теҳрон ва шаҳрҳои дигар ба хиёбонҳо омаданд, то тавофуқи ҳастаиро ҷашн бигиранд ва интизори рӯзҳои беҳтари бидуни таҳримро дошта бошанд. Бенёмин Натонёҳу мухолифати худро бо тавофуқе, ки дар Лозан ҳосил шуд иброз дошт.

Аслан чаро Иёлоти Муттаҳида бо Эрон музокира кард? Эрон наметавонад Иёлоти Муттаҳидаро ба чизе таҳдид кунад. Ҳатто агар ба бомби атомӣ ҳам даст биёбад, наметавонад аз он истифода кунад, барои ин ки дар ин сурат аз рӯйи нақшаи ҷаҳон маҳв хоҳад шуд.

Муҳаммадризо Нақдӣ, фармондеҳи басиҷи Эрон, ҳамзамон бо эъломи тавофуқи ҳастаӣ, гуфт, ки пок кардани Исроил аз нақшаи ҷаҳон ғайри қобили музокира аст. Ин мард мисли Натонёҳу одами дурӯғгӯе нест, одами ноогоҳе ҳам нест, ӯ хуб медонад, ки чӣ мегуяд, бомби атомии Эрон хатаре вуҷудӣ барои Исроил маҳсуб мешавад…

Тавофуқи ахир, ки интизор меравад дар июн такмил шавад, ба ин маъност, ки Иёлоти Муттаҳида аз ҳампаймонони арабаш аз халиҷи Форс гирифта то Миср ва ҷоҳои дигар, даст шуст. Омрико аслан ҳампаймони арабҳо набуд…

Роҳи наҷоти кишварҳои арабӣ ин аст, ки барномаи ҳастаии низомии худро ба таври аланӣ оғоз кунанд. Ва вақте ки ин тасмим иҷро шавад, он гоҳ дигар Иёлоти Муттаҳида ва дигар кишварҳои Ховари Миёна агар сӯҳбат аз минтақаи холӣ аз силоҳи ҳастаӣ бизананд, дар он мавқеъ метавонем бигӯем, ки аввал аз ҳама бояд Исроил сомонаҳои низомии атомиашро барчинад. Миср ва Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва дигарон метавонанд худ ба танҳоӣ тасмим бигиранд ва дигар оғози рақобати ҳастаӣ аз нигоҳи арабӣ воқеан амре тавҷеҳпазир маҳсуб хоҳад шуд.

Эй мардум! Ҳама бидонед, ки тавофуқи марҳалаӣ бо Эрон ва 6 кишвари ҷаҳонӣ танҳо ба суди Эрон, Омрико ва Исроил тамом хоҳад шуд, чаро ки Исроил танҳо қудрати ҳастаии низомӣ дар минтақа боқӣ хоҳад монд ва Эрон низ метавонад ба баландпарвозиҳои форсиаш идома диҳад ва мо баҳои онро бипардозем.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: