Усули фиқҳ

Шарҳи Усули Шошӣ (5)

Ҳукми омм

Пас аз ошноӣ бо ҳукми хосси Қуръон, инак навбати он аст, ки бо ҳукми омми Қуръон ошно бишавем. Марҳуми Шошӣ мегӯяд:

وأما العام فنوعان عام خص عنه البعض وعام لم يخص عنه شيء

Ва аммо омм ду навъ аст:

  1. Омме, ки баъзе аз афродаш тахсис хӯрдааст;
  2. Омме, ки чизе аз он тахсис нашуда.”

Шарҳ: Тавзеҳи матлаб ин аст, ки омм ду гуна аст: омме, ки баъзе аз афроди он ба воситаи як далели дигар аз ҳукми ин омм берун бароварда шуда, ки дар истилоҳи усули фиқҳ ба он “тахсис” мегӯянд. Мисли ин ки дар ҷое гуфта шуда бошад: “Уламоро эҳтиром кунед” (ки уламо дар ин ҷо ба сурати омм зикр шуда ва шомили ҳар олиме мешавад), вале дар ҷое дигар гуфта шуда бошад: “Фосиқон аз уламо шоистаи эҳтиром нестанд”. Пас, агар бар асоси далели аввал, ҳамаи уламо — чӣ фосиқ бошанд ва чӣ некӯкор ва одил – эҳтиром бишаванд, вале далели дуввум онро тахсис задааст, яъне баъзе аз афроди уламоро, ки фосиқ ҳастанд, аз ҳукми он берун баровардааст. Ин ҷо мегӯянд, ин омме аст, ки баъзе аз афродаш тахсис хӯрда.

Ва аммо қисмати дигар, омме аст, ки ҳеч як аз афродаш тахсис нахӯрда.

Ҳукми омме, ки тахсис нахӯрда

Марҳуми Шошӣ мегӯяд:

فالعام الذي لم يخص عنه شيء، فهو بمنزلة الخاص في حق لزوم العمل به لا محالة. وعلى هذا قلنا إذا قطع يد السارق بعدما هلك المسروق عنده لا يجب عليه الضمان لأن القطع جزاء جميع ما اكتسبه، فإن كلمة ما عامة تتناول جميع ما وجد من السارق وبتقدير إيجاب الضمان يكون الجزاء هو المجموع

Омме, ки чизе (аз афродаш) аз он тахсис нахӯрда, ба манзилаи хосс аст дар лузуми амал ба он, ва гурезе аз ин нест. Ва бар ҳамин асос аст, ки гуфтем: агар дасти дузд баъд аз он ки чизи дуздидашуда талаф шудааст қатъ ва бурида бишавад, замон бар ӯ дигар воҷиб намешавад. Зеро қатъ (-и даст) сазои ҳамаи он чӣ дузд муртакиб шудааст мебошад. Чаро ки калимаи “мо” омм буда ва ҳамаи он чӣ ки аз дузд содир шудааст-ро дар бар мегирад. Аммо агар (илова бар қатъи даст) замонро низ бар дузд воҷиб бидонем, сазо маҷмӯъ мешавад (яъне ҳам қатъи даст мешавад ва ҳам замон).”

Шарҳ: Барои фаҳми ин бахш аз суханони мусанниф лозим аст тавзеҳи бештаре бидиҳем. Назари Имом Абӯҳанифа (р) дар мавриди “омми Қуръон, ки тахсис нахӯрда”, вуҷуби амал ба он аст, дуруст мисли хосси Қуръон, ки дар баҳсҳои қаблӣ дар бораи он ба тафсил баҳс шуд.

Ҳол, агар мисолеро, ки мусанниф дар ҳамин мавзӯъ овардааст шарҳу тавзеҳ бидиҳем, масъала рӯшантар хоҳад шуд. Дар Қуръони Карим роҷеъ ба муҷозоти дузд омадааст: “Вас-сориқу вас-сориқату фақтаъу айдияҳумо ҷазоан би мо касабо…» (Сураи Моида, ояти 38) Тарҷума: “Ва марди дузд ва зани дузд дасташонро қатъ кунед, ба сазои он чӣ кардаанд…” Дар миёни фуқаҳо ин баҳс ҳаст, ки агар дузд молеро дуздида ва он мол дар дасти ӯ талаф бишавад ва аз байн биравад, оё ӯ зомини ин мол барои соҳиби он мешавад ё на? Яъне, илова бар ин ки дасташ бурида хоҳад шуд, оё зомин ҳам ҳаст ва ба соҳиби мол бояд пули онро ё мисли онро пардохт хоҳад кард ё на? Ва боз ба сухане дигар, оё сазои ӯ фақат ин аст, ки дасташ бурида шавад ё ин ки ӯ зомин ҳам ҳаст?

Назари мусанниф ба пайравӣ аз фуқаҳои ҳанафӣ ин аст, ки ӯ зомин нест ва ҳамин ки дасташ қатъ ва бурида бишавад кофӣ аст. Зеро Қуръон бурида шудани дастро сазои ҳамаи корҳое донистааст, ки аз дузд содир шуда. Ба ин далел, ки калимаи “мо” дар ояти боло (он ҷо ки фармудааст: “ҷазоан би мо касабо” яъне, “ба сазои он чӣ кардаанд”) омм аст ва иқтизо дорад, ки қатъи даст сазои ҳамаи корҳое бошад, ки аз дузд содир шуда, аз ҷумла талаф шудан ва аз байн рафтани мол дар дастони ӯ.

Аммо аз назари Имом Шофеӣ, қатъи даст фақат сазои баъзе аз афъоли дузд аст, на сазои ҳамаи афъоли ӯ. Ва агар ба Имом Шофеӣ эътироз бишавад, ки шумо бо калимаи “мо” дар ояти Қуръон (“ҷазоан би мо касабо” яъне “ба сазои он чӣ кардаанд”), ки омм аст ва иқтизо дорад, ки қатъи дастро сазои ҳамаи афъоли дузд — аз ҷумла талаф шудани мол дар назди ӯ – бидонем, чӣ мекунед? Дар посух мегӯяд: ин омм тахсис зада мешавад бо як далели дигар, ки дар ин ҷо он далел қиёс аст. Зеро магар на ин аст, ки ҳар гоҳ як ғосиб молеро ғасб кунад ва мол дар дастонаш талаф бишавад, замон бар вай воҷиб хоҳад шуд? Дар ин ҷо низ чунин аст. Яъне мол дар назди ин дузд талаф шудааст ва ӯ зомин хоҳад буд. Пас, аз ин ҷо маълум мешавад, ки қатъи даст сазои баъзе аз афъоли ӯ будааст, на сазои ҳамаи афъоли вай. Ва баъзе аз афъоли дузд ҳам ин аст, ки мол дар наздаш талаф шуда ва замон сазои ин феъл аст.

Аммо мусанниф мегӯяд: омми Қуръон ба воситаи як қиёс, ки далели заннӣ аст, тахсис зада намешавад. Омми Қуръон иқтизо дорад, ки қатъи дастро сазои ҳамаи афъоли ӯ бидонем: “Ва марди дузд ва зани дузд дасташонро қатъ кунед, ба сазои он чӣ кардаанд…

Дар идома марҳуми Шошӣ мегӯяд:

والدليل على أن كلمة ما عامة ما ذكره محمد رحمه الله: إذا قال المولى لجاريته: إن كان ما في بطنك غلاما فأنت حرة، فولدت غلاما وجارية لا تعتق

Ва далел бар ин ки калимаи “мо” (ба маънои “он чӣ”) омм аст, гуфтори Имом Муҳаммад (р) аст, ки: “Агар мавло (хоҷа) ба канизаки худ бигӯяд: агар он чӣ дар шиками туст як писар бошад, ту озод ҳастӣ”, вале ӯ як писар ва як духтар ба дунё биёварад, ӯ озод намешавад.”

Тавзеҳи гуфтори мусанниф дар ин ҷо он аст, ки хоҷа барои озод шудани канизак шарт кардааст, ки агар “он чӣ дар шиками туст як писар бошад” пас озодӣ. Ва ин шарт таҳаққуқ наёфтааст. Зеро вай як писар ва як духтар таваллуд кардааст, на як писар.

Сипас мусанниф идома медиҳад:

وبمثله نقول في قوله تعالى: «فاقرأوا ما تيسر من القرآن» فإنه عام في جميع ما تيسر من القرآن ومن ضرورته عدم توقف الجواز على قراءة الفاتحة وجاء في الخبر أنه: قال «لا صلاة إلا بفاتحة الكتاب»، فعملنا بهما على وجه لا يتغير به حكم الكتاب بأن نحمل الخبر على نفي الكمال حتى يكون مطلق القراءة فرضا بحكم الكتاب وقراءة الفاتحة واجبة بحكم الخبر

Ва монанди ҳамин суханро дар бораи ин ояти карима низ, ки мефармояд:Пас, бихонед ҳар он чӣ муяссар шавад аз Қуръон” (Сураи Музаммил, ояти 20) мегӯем. Зеро калимаи “он чӣ” омм аст дар ҳамаи он чӣ аз Қуръон муяссар шавад. Пас, бино бар ин далел, намоз барои кофӣ будан, бастагӣ ба қироати Фотеҳа нахоҳад дошт. Вале аз сӯи дигар, дар хабар омадааст, ки: “Намозе нест магар ба Фотеҳаи китоб”. Пас (таклифи мо дар ин сурат он аст, ки) ба ҳар дуи ин далел амал мекунем ба гунае ки ҳукми китоб тағйир наёбад ба ин сурат, ки хабарро ҳамл мекунем бар нафйи камол, то ин ки қироат (-и ҳар он чӣ аз Қуръон муяссар шавад, чӣ Фотеҳа бошад ё ғайри он) фарз бошад ба ҳукми китоб ва қироати Фотеҳа воҷиб бошад ба ҳукми хабар.”

Шарҳи ин матлаб: Ояти мавриди назар (яъне ояти “Пас, бихонед ҳар он чӣ муяссар шавад аз Қуръон”) дар бораи намоз ворид шудааст ба далели сиёқи калом. Яъне, бихонед дар намоз ҳар он чӣ аз Қуръон, ки муяссар шавад, чӣ Фотеҳа бошад ё ғайри он. Зеро “ҳар он чӣ муяссар шавад аз Қуръон” дар ин оят омм аст ва ҳар сурае аз Қуръонро шомил мешавад. Пас, бино бар ин далел, намоз барои кофӣ будан, бастагӣ ба ин надорад, ки ҳатман сураи Фотеҳа дар он қироат бишавад. Аммо аз сӯи дигар, ҳадисе дорем, ки мегӯяд: “Намозе нест магар ба Фотеҳаи китоб” ва маънояш ин аст, ки агар дар намоз сураи Фотеҳа хонда нашавад, он намоз дигар намоз нест. Ва бино бар ин ҳадис, намоз барои кофӣ будан, бастагӣ ба ин дорад, ки сураи Фотеҳа дар он қироат бишавад.

Мусанниф мегӯяд, мо дар ин ҷо чорае ҷуз ин надорем, ки ба ҳар дуи ин далел амал кунем, ба ин сурат, ки маънои ҳадисро ҳамл мекунем бар нафйи камол, яъне ин ки намоз бидуни Фотеҳа ҳарчанд намоз аст, аммо намози комиле нест. Бо ин ҳисоб, маънои ҳадис ин мешавад, ки “Намози комиле нест магар ба Фотеҳаи китоб”. Бо ин ҳисоб, намоз бо ҳар сурае – чӣ Фотеҳа бошад ё ғайри он – ҷоиз аст, вале агар сураи Фотеҳа дар он қироат нашавад, намози ноқисе хоҳад буд. Бар ҳамин асос аст, ки мегӯем: қироати ҳар сурае дар намоз фарз аст ба далели Қуръон, ва қироати Фотеҳа воҷиб аст ба далели ривоят.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.