Мантиқ

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 13

Ҳуҷҷат (истидлол)

Баҳси қазия, ки то ин ҷо даргираш будем, муқаддимае буд барои баҳси ҳуҷҷат, ҳамчунон ки баҳси куллиёти хамс муқаддимае буд барои баҳси муарриф.

Мо дар дарсҳои пешин гуфта будем, ки мавзӯи мантиқ муарриф ва ҳуҷҷат аст. Баъдан хоҳем гуфт, ки муҳимтарин ҳуҷҷат қиёс аст. Пас ҳамаи баҳсҳои мантиқ дар атрофи ин ду, яъне муарриф ва қиёс давр мезанад.

Инро ҳам бояд донист, ки масъалаи таърифот ба тавре ки битавон ашёро таърифи томм кард, ва ба истилоҳ, ҳадди томми ашёро кашф кард, аз назари фалосифа амре душвор ва дар бархе маворид номумкин аст, ва бинобар ин мантиқдонон чандон таваҷҷӯҳе ба боби муарриф надоранд. Аз ин рӯй, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки мавзӯи мантиқ муарриф ва ҳуҷҷат аст, ва бо таваҷҷӯҳ ба ин ки баҳси муарриф кӯтоҳ ва ночиз аст, ва бо таваҷҷӯҳ ба ин ки умдаи ҳуҷҷатҳо қиёс аст, маълум мешавад, ки меҳвари мантиқ қиёс будааст. (Анқариб қиёсро тавзеҳ хоҳем дод.)

Ақсоми ҳуҷҷат ва истидлол

Ҳуҷҷат (истидлол) ба навбати худ бар се қисм аст. Яъне он ҷо ки мехоҳем аз қазия ё қазияҳои маълум ба қазияи маҷҳуле даст биёбем, сайр ва ҳаракати зеҳни мо ба се гуна мумкин аст бошад:

  1. Аз ҷузъӣ ба ҷузъӣ: дар ин ҷо сайри зеҳни мо уфуқӣ хоҳад буд. Яъне аз нуқтае ба нуқтаи ҳамсатҳи он убур мекунад;
  2. Аз ҷузъӣ ба куллӣ: дар ин ҷо сайри зеҳни мо суъудӣ аст. Яъне аз кучактар ва маҳдудтар ба олитар ва бузургтар сайр мекунад;
  3. Аз куллӣ ба ҷузъӣ: дар ин ҷо сайри зеҳни мо нузулӣ аст. Яъне аз олитар ва бузургтар ба кучактар ва маҳдудтар сайр мекунад.

Ҳол, мантиқдонон сайр аз ҷузъӣ ба ҷузъиро тамсил меноманд. (Аммо уламои илми усули фиқҳ онро қиёс мехонанд. Яъне, қиёси усулиҳо ҳамон тамсили мантиқӣ аст ва набояд онро бо қиёси мантиқӣ халт кард.)

Сайр аз ҷузъӣ ба куллиро мантиқдонон истиқро мехонанд.

Ва сайр аз куллӣ ба ҷузъӣ дар истилоҳи мантиқдонон ва фалосифа ба номи қиёс хонда мешавад.

Қиёс чист?

Дар таърифи қиёс гуфтаанд: Қиёс маҷмӯае фароҳамомада аз чанд қазия аст, ки ба сурати як воҳид даромада ва ба наҳве аст, ки лозимаи қабули онҳо, қабули як қазияи дигар аст.

Масалан, ин гуфтори мо, ки “Арасту инсон аст, ва ҳар инсоне фонӣ аст” маҷмӯае аст ташкилшуда аз ду қазия, ки ҳар гоҳ қабул бишавад, лозимааш он аст, ки як қазияи дигареро қабул бикунем, ва он қазияи “Арасту фонӣ аст”.

Равшан аст, ки қиёс навъе фикр кардан аст. Баъдан, ки дар бораи арзиши қиёс баҳс мекунем, фикрро ба тафсил таъриф хоҳем кард. Албатта қаблан ҳам ба таври мухтасар дар бораи фикр баҳс намуда будем. Ин ҷо ночорем ишора кунем, ки фикр иборат аст аз навъе амали зеҳн рӯи маълумот ва андӯхтаҳои қаблӣ барои дастёбӣ ба як натиҷа ва табдили як маҷҳул ба як маълум. Бинобар ин, аз таърифе, ки барои қиёс кардем, маълум шуд, ки қиёс худ навъе фикр аст.

Фикр аъам аз ин ки дар мавриди тасаввурот бошад ва ё дар мавриди тасдиқот. Ва дар мавриди тасдиқот ҳам, чунон ки гуфтем, фикр ба се наҳв метавонад сурат гирад, ки яке аз он се сурат қиёс аст. Пас фикр аъам аз қиёс аст. Ба илова, фикр ба амали зеҳн аз он ҷиҳат, ки навъе кор ва фаъолият аст итлоқ мешавад. Аммо қиёс ба муҳтавои фикр, ки иборат аст аз чанд қазия бо назм ва тартиби хосс итлоқ мегардад.

Аз маҷмӯи он чӣ то кунун гуфта шуд, чанд чиз маълум шуд:

  1. Ба дастоварии маълумот ё аз тариқи мушоҳидаи мустақим аст, ки зеҳн амале анҷом намедиҳад, балки сирфан фаровардаҳои ҳавоссро таҳвил мегирад ва ё аз тариқи тафаккур бар рӯи фаровардаҳои қаблӣ аст, ки зеҳн ба навъе амал ва фаъолият мекунад. Мантиқ ба қисми аввал коре надорад. Кори мантиқ ин аст, ки қавонини дуруст амал кардани зеҳнро дар ҳангоми тафаккур ба даст диҳад;
  2. Зеҳн танҳо дар сурате қодир ба тафаккур аст (чӣ тафаккури саҳеҳ ва чӣ тафаккури ғалат), ки чанд маълум дар ихтиёр дошта бошад. Яъне зеҳн бо доштани як маълум қодир ба амали тафаккур (ҳарчанд тафаккури ғалат) нест. Зеҳн ҳатто дар мавриди тамсил низ беш аз як маълумро дахолат медиҳад;
  3. Маълумоти қаблӣ он гоҳ заминаро барои тафаккур ва сайри зеҳн (ҳарчанд тафаккури ғалат) фароҳам мекунад, ки бо якдигар бегонаи маҳз набуда бошанд.

Агар ҳазорҳо маълумот дар зеҳни мо андӯхта шавад, ки миёни онҳо як ҳадди муштарак дар кор набошад, маҳол аст, ки аз онҳо андешаи ҷадиде зода шавад.

Акнун мегӯем: лузуми таъаддуди маълумот ва ҳамчунин лузуми вуҷуди як ҳадди муштарак миёни маълумот, заминаро барои амали тафаккур фароҳам мекунад. Ва агар ҳар як аз ин ду шарт набошад, зеҳн қодир ба ҳаракат ва интиқол нест, ҳарчанд ба сурати ғалат.

Аммо як силсила шароити дигар ҳаст, ки он шароит шароити саҳеҳ фикр кардан аст, яъне бидуни ин шароит ҳам мумкин аст зеҳн ҳаракати фикрӣ анҷом диҳад, вале ғалат анҷом медиҳад ва ғалат натиҷагирӣ мекунад. Мантиқ ин шароитро баён мекунад, ки зеҳн дар ҳангоми фикр кардан ба ғалат ва иштибоҳ науфтад.

Истилоҳоти умумӣ дар қиёс

  1. Сурати қиёс. Мақсуд аз сурати қиёс шакл ва ҳайъати қарор гирифтани қазияҳо ва наҳваи таркиби онҳост;
  2. Муқаддима. Ва он ҳар қазияе аст, ки сурати қиёс аз он таркиб ва ташкил мешавад;
  3. Матлуб. Ва он қазияе аст, ки аз қиёс лозим меояд он гоҳ ки зеҳн ташкили муқаддимотро оғоз мекунад;
  4. Натиҷа. Ҳамон матлуб аст, аммо пас аз истинботи он аз қиёс;
  5. Ҳудуд. Ҳамони муфрадоти ду муқаддимаи қиёс аст, яъне мавзӯъ ва маҳмул.

Барои равшан шудани истилоҳоти ёдшуда онҳоро бар мисоли зайл татбиқ мекунем:

  1. Касе ки шароб менӯшад фосиқ аст;
  2. Ҳар фосиқе шаҳодаташ радд мешавад.
  3. Пас касе ки шароб менӯшад, шаҳодаташ радд мешавад.

Қазияи шумораи як ва ду муқаддима ҳастанд. Ва се мавриди “касе ки шароб менӯшад”, “фосиқ” ва “шаҳодаташ радд мешавад” ҳудуд ҳастанд. Ва қазияи шумораи се матлуб ва натиҷа аст. Ва таълиф ва таркиб миёни ду муқаддима сурати қиёс аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.