Перейти к содержимому

“Тавофуқи хуб” чист?

Ёддоште аз Серж Борсқиён дар Irdiplomacy

Дар филми “Махлуқоти зебо” (Beautiful Creatures) гуфтугӯе ҳаст, ки ба кори имрӯзи мо зиёд меояд. Шахсияти филм, ки писари ҷавоне ба номи Итон аст, ошиқи духтаре мешавад, ки дар гуфтугӯҳояш бо ӯ доим аз калимаи “хуб” истифода мекунад; духтари хуб, китоби хуб ва ғайра… Духтар дар посух ба Итон мегӯяд: “Хубро таъриф кун”. Ин суолро бояд аз ҳамаи мухолифони музокироти ҳастаии Эрон ва 5+1 (чӣ мухолифони омрикоӣ, чӣ эронӣ, чӣ араб ва чӣ исроилӣ) пурсид.

Моҳҳост, ки омрикоиҳо мегӯянд, адами тавофуқ беҳтар аз “тавофуқи бад” аст. Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Иёлоти Муттаҳида рӯзи панҷшанбе гуфт, ин як “тавофуқи хуб” аст. Муҳаммадҷаводи Зариф, ҳамтои эронии ӯ ҳам чанд боре гуфтааст, “тавофуқи хуб” дар дастрас аст.

Ҳоло бояд пурсид, ин “тавофуқи хуб” чист? Беҳтар аст ин тавр пурсида шавад, оё манзури тарафайн аз “тавофуқи хуб” яке аст? Қаблан ин тавр набуд. Тавофуқи хуб барои Омрико, барои Эрон тавофуқи хубе набуд, ё билъакс. Аммо вақте эрониҳо бо формули “бурд-бурд” пушти мизи музокира нишастанд, ба ин маънист, ки ин тавофуқ барои ҳар ду тараф хуб бошад. Иборати беҳтарашро Зариф баъд аз бозгашт ба Теҳрон гуфт: “Қарор нест дар музокира ва тавофуқ, як тараф тамоми имтиёзотро бигирад ва тарафи муқобил таслим шавад.” Интизор ин буд, ки тавофуқ шикасти яке ва пирӯзии дигаре набошад. Пас қобили пешбинӣ буд, ки тарафайн хостаҳои худашонро дар тавофуқ бигунҷонанд. “Тавофуқи хуб” барои тарафайн тавофуқе аст, ки ба хостаҳояшон дар сатҳе, ки мақдур ва барои худ ва дигарӣ мақбул аст, бирасанд.

Хостаҳои Эрон чӣ буд? Расмият бахшидан ба ҳаққи ғанисозии урониюм, истимрори фаъолиятҳои таҳқиқ ва тавсиъаи ҳастаӣ, рафъи таҳримҳои иқтисодии байналмилалӣ (Шӯрои амният, Омрико ва Иттиҳодияи Урупо), шафофияти барномаи ҳастаии Эрон ва эътимоди мутақобил байни Эрон ва соири кишварҳо. Баёнияи Лозан таҳаққуқи ин хостаҳо буд. Ҳасани Руҳонӣ дар шиъори интихоботиаш гуфта буд, ки шафофияти бештар дар барномаҳои ҳастаӣ ва эътимоди мутақобил, ду қадам барои коҳиши таҳримҳои байналмилалӣ аст. Баёнияи Лозан, амал ба ин ваъда буд.

Хостаҳои Ғарб чӣ буд? Оё Ғарб интизори барчидани комили таъсисоти атомии Эронро дошт? Алъон дигар касе чунин интизоре надорад. Ҳатто Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири “Исроил” ҳам манзурашро аз тавофуқи хуб “маҳдуд кардани барномаи ҳастаии Эрон” маънӣ кард. Ғарб назорат бар барномаи ҳастаии Эронро мехост. Роҳи ҳаллаш таҳрими бештар набуд. Ҳатто Борок Убомо, раисиҷумҳури Омрико ҳам баъд аз баёнияи Лозан гуфт, таҳримҳо ба танҳоӣ наметавонист барномаи ҳастаии Эронро мутаваққиф кунад. Роҳи ҳалл дар бозрасии бештар буд, ки Ғарб ба он расид. Ҳатто ҳамон таъсисоти Фарду, ки тибқи арзёбии коршиносони низомии ғарбӣ бо ҳамлаи “Исроил” ҳам қобили бомбборон нест, ҳоло табдил ба маркази таҳқиқоти ҳастаӣ мешавад. Хостаи Ғарб ин буд, ки нигарониҳо аз барномаи ҳастаии Эрон бартараф шавад. Роҳи ҳалли он на қатъномаи Шӯрои амният буд ва на таҳрими бештар ва на таҳдиди низомӣ, балки супурдани кор ба бозрасони Ожонси байналмилалии энержии атомӣ аст, то қобили ростиозмоӣ бошад.

Имкони тавофуқи беҳтаре буд? Посухашро Ҷон Керрӣ дар Boston Globe дод, ки онҳое, ки тавофуқро нокофӣ медонанд, тавзеҳ диҳанд, ки чӣ роҳи ҳалли ҷойгузине доранд, ки натиҷаи беҳтаре ба даст оварад? Натиҷаи дигар ҷанг буд ё бастани таъсисоти атомӣ бар рӯи бозрасони ожонс?

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: