Дуо ва муноҷот

Чӣ лаззатбахш аст гузари насими ёди ту!

(Муноҷоти Имом Зайнулобидин Алӣ ибни Ҳусайн (а) бо Худо маъруф ба “Муноҷоти орифон”)

Худовандо! Моро аз ононе қарор деҳ, ки:

— дарахтҳои иштиёқ дар боғҳои синаҳояшон реша давонда ва шӯълаҳои ишқи ту оташ ба дилҳояшон зада ва роиҳаи ҷамоли ту парандаи афкорашонро авҷи тоза бахшида;

— онон ки дар мазореъи қурби ту, ба чарогоҳи мукошафа омадаанд ва аз чашмаи ишқи ту бо ҷомҳои лутфи ту менӯшанд;

— онон ки дар ҷивори хонаи ту маскан гузиданд ва оби ҳаёт аз борони меҳри ту менӯшанд ва либос аз насими лутфи ту мепӯшанд;

— он парвонаҳо, ки ҳамвора гирди ту мегарданд ва воми зиндагӣ аз оташи ишқи ту мегиранд;

— онон ки дар буландои қуллаи мулотифати ту танаффус мекунанд…

Худоё!

Чӣ лаззатбахш аст гузари насими ёди ту бар дилҳо ва чӣ зебост парвози парандаи хотири ту бар қалбҳо ва чӣ ширин аст паймудани андеша дар ҷодаи ғайбҳо ба сӯи ту!

Чӣ руҳ мебахшад гом задан дар масири ирфони ту ва чӣ ҷон медиҳад имон ба ғайби ту!

Худои ман! Маҳбуби ман! Чӣ хуш аст таъми ишқи ту!

Чӣ шавқофарин аст нигоҳи ошиқонаи ту!

Чӣ такондиҳанда аст таваҷҷӯҳи меҳромези ту!

Чӣ ширин аст зиндагӣ дар канори ту ва дар зери сояи лутфи ту!

Чӣ лаззатбахш аст гармои дасти навозиши ту!

Худои ман!

Чӣ оромиши ҳаяҷонангезе мебахшад нигаристан ба чашмҳои ту!..

Маҳбубам!

На танҳо аз хеш марон, ки дар канорам гир ва доманатро паноҳи ҷовидонаи ман соз!

Маро аз наздиктарин орифон ва шоистатарин бандагон ва ростгӯтарин мутеъон ва холистарин ибодаткунандагон ва мухлистарин рӯй ба ту оварандагон қарор деҳ!

Эй Халлоқи бузургиҳо ва эй офаринандаи азаматҳо! Ва эй дар вуҷудоварандаи рутбаҳои баланд!

Эй азим! Эй ҷалил! Эй бахшандаи карам ва эй каромати маҳз!

Эй дастгиранда ва ба мақсадрасонанда!

Туро савганд ба раҳмату неъмати бемунтаҳоят, ки иҷобат кун!

Эй меҳрубонтарини бахшандагон!…

(Саҳифаи Саҷҷодия)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.