Нақду назар

Атовулллоев, опозисиюни тоҷик, нақди зотӣ ва роҳи ҳалл…

Додоҷон Атовуллоев, рӯзноманигори собиқ ва раҳбари ҷунбиши “Ватандор”, дар ин ду ҳафтаи ахир ду ёддоште дар сафҳаи худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук гузошт, ки ҳар ду ба назарам қобили таваҷҷӯҳ ҳастанд, ба хусус аз ин назар, ки ӯ сарони опозисиюни тоҷикро ба як нақди зотӣ хондааст.

Ӯ, ки гаҳ-гоҳе интиқодоте тезу тунд аз сарони опозисиюн менамояд, дар ёддошти аввалаш, бо ишора ин ки интиқодҳояш “на ба хотири он, ки хусумат дорад аст, баръакс чун фарде, чун инсоне онҳо бароям гиромиянд ва ман танҳо мехоҳам, чун сиёстмадор мо бо ҳам баҳс биороем, ҳамдигарро танқид намоем, паси парда чизе набошад, ҳама розу ниёзҳои моро мардуми мо, пайравони мо, шаҳрвандони мо бидонанд..”, ёдовар шудааст:

Ман орзуе дорам: мехоҳам насли сиёсатмадороне пайдо бишавад, ки бо ҳам хархаша кунанд, тунд гӯянд, аз барномаи хеш дифоъ намоянд, бо шӯру шар баҳс биороянд, аммо чун аз минбар рафтанд, бо ҳам нишинанд, маърака ороянд, дар дил кинаву дар бағал санг надошта бошанд. Бидуни мубоҳасаву мунозара, бидуни ёрии ақлҳо, мо ба манзили мурод намерасем ва роҳи ростинро намеёбем…

Аммо дар ёддошти дуввумаш, мардумро мухотаби хеш қарор додааст. Ӯ дар ин ёддошт ибтидо ин суолро тарҳ мекунад, ки дар вазъияте, ки имрӯза гиребонгири мардум шудааст, чӣ касоне муқассир ва гунаҳкоранд? Сипас худаш посух менависад: “Ман мегӯям: мо (мардум) гунаҳгорем! Мо гунаҳгорем, ки беҳтарин ҳадяи Илоҳӣ — зиндагиро қадр накардем…” Он гоҳ мегӯяд: “Чора чист?.. Бедор шудан! Мардона зистан! Ва зиндагиро либоси дигар пӯшонидан. Либосҳои кӯҳнаро ба кӯча афканед…. То мо дигар нашавем, чизе дигар нахоҳад шуд. Агар мо дигар бишавем, зиндагиро он гоҳ дигар мекунем…

* * *

Ба назари ман, ин ду матлаб, ки “насли сиёсатмадороне пайдо бишавад, ки бо ҳам хархаша кунанд, тунд гӯянд, аз барномаи хеш дифоъ намоянд…” (то охир) ва ҳам ин ки роҳи чора дар “Бедор шудан! Мардона зистан! Ва зиндагиро либоси дигар пӯшонидан…” (то охир) аст, орзуҳои хуб аст ва мӯътақидам, ҳамаи сарони опозисиюн ҷуз инро намехоҳанд, аммо суоле, ки матраҳ аст ин аст, ки чӣ кор бояд кард, ки замина барои таҳаққуқи ин ду орзу фароҳам бишавад? Ба назар мерасад, ҳам пайдо шудани насли наве аз сиёсатмадорон, ки чунину чунон бошанд ва ҳам бедор шудан ва мардона зистани мардум, заминаҳоеро лозим дорад, ки фароҳам кардани онҳо бар дӯши опозисиюни кунунӣ (ҲНИТ, Ватандор, ҲСДТ ва ғайра) аст. Яъне, опозисиюни феълӣ агар ҳамин аълон барои ин муҳим даст ба кор нашавад, сад сол ҳам, ки бигузарад, вазъият тағйир нахоҳад кард. Ва ба сухани дигар, инки Додоҷон мегӯяд, “То мо дигар нашавем, чизе дигар нахоҳад шуд”, калидаш дар дастони худи опозисиюни феълӣ, аз ҷумла худи Додоҷон Атовуллоев аст.

Ҳол, барои фароҳам шудани ин заминаҳо, он чӣ феълан анҷоми он зарурӣ ба назар мерасад ин доштани як минбари муштарак барои опозисиюн аст. Сарони опозисиюн бояд даст рӯи дасти ҳам бигузоранд ва бо ҳам ва бо такя бар худашон, як шабакаи моҳвораӣ роҳ биандозанд. Он ҷост, ки метавонед, ҳам паёми худро ба мардум бирасонед, ва ҳам насли наве аз сиёсатмадоронро тарбият намоед. Расона дар ҷаҳони имрӯз нақши асосиро мебозад. Дуруст аст, ки шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла Фейсбук ва ё радиои Зелло феълан дар дастрас ҳастанд, аммо ин ду, ҳам аз назари мухотаб маҳдуданд ва ҳам “паёми навишторӣ” ҳаргиз наметавонад ҷои “паёми гуфторӣ ва дидорӣ”-ро бигирад. Имрӯз дар Тоҷикистон шумо манзилеро пайдо намекунед, ки аз моҳвора холӣ бошад. Шояд 90 дарсади мардум имрӯз дорои моҳвора бошанд. Вале дарсади ночизе, шояд фақат 10 дарсад, бо Фейсбук ё Зелло ошно ҳастанд. Он ҳам Худо медонад, ки ин дарсад барои чӣ манзуре вориди шабакаҳои иҷтимоӣ мешаванд.

Аммо ин ки оё имкон дорад, опозисиюни феълӣ, ки аҳдофи мухталифе доранд, дорои шабакаи воҳид бошанд? Посух мусбат аст. Лоақал аз ин назар, ки як ҳадаф ва як ормони муштарак аст, ки онҳоро ба ҳам гирд меоварад, ва он ҳам, наҷоти Тоҷикистон аст! Ва асосан, чаро чунин пиндошта шавад, ки аҳзоби мухталиф наметавонанд дорои минбари воҳид бошанд? Магар на ин аст, ки ҳамаи онҳо хоҳони Тоҷикистони озод ва демукротик ҳастанд? Лозимаи доштани як ҷомеаи озод ва демукротик он аст, ки ҳар касе дар баёни ҳарфҳояш озод бошад ва касе монеъи ӯ нашавад. Ва агар натавонанд имрӯз бо ҳам кор бикунанд, пас чӣ тафовуте аз режим ва низоми кунунӣ хоҳанд дошт? Бинобар ин, яке аз нуқоти мусбати роҳандозии ин моҳвора ба сурати муштарак ин ҳам ҳаст, ки дарси таҳаммул ва дарси шунидани ҳарфҳои дигарро бароямон меомӯзад, ки ҳамин худаш заминае дигар барои сохтани Тоҷикистони озод ва воқеан демукротик дар оянда аст.

Ба ҳар ҳол, аз он ҷо ки қарор аст дар торихи 14 апрел (яъне чанд рӯзи дигар) Эътилофи мухолифон бо шумули ҷунбиши “Ватандор” ва “Гурӯҳи 24” ва бархе дигар аз шахсиятҳо, дар шаҳри Берлини Олмон тазоҳуроте дар эътироз ба сиёсатҳои ҳукумати феълии Тоҷикистон роҳ биандозанд, шояд ин муносибат беҳтарин фурсат бошад, то бо ҳам барои роҳандозии ин шабакаи моҳвораӣ тасмим бигиранд. Опозисиюни тоҷик имрӯз беш аз ҳар замони дигаре ниёз ба ин минбар дорад.

Аммо ин ки чӣ касе маблағ ва ҳазинаи ин моҳвораро таъмин хоҳад кард, посух ин аст, ки агар опозисиюн ба сурати дастаҷамъӣ (ҲНИТ, Ватандор, ҲСДТ, Гурӯҳи 24 ва ғайра) воқеан тасмим барои ин кор бигирад ва дар тасмимашон ҷиддӣ бошанд, аз миёни худи тоҷикон ёфт мешаванд сарватмандоне, ки таъмини ин прусаро бар ӯҳда бигиранд. Ва асосан, воҷиб аст, ки бо дасти худи тоҷикҳо ва бо пули худи тоҷикҳо ин моҳвора роҳандозӣ бишавад. Ва агар касе ҳам пайдо нашуд, пас роҳи дигараш он аст, ки бо кӯмаки худи мардум бичархад. Қатра-қатра ҷамъ шавад, дарё шавад.

1 ответ »

  1. Ҷаноби Сайдюнус ва Додоҷон! Шумо ба зудӣ зарбаеки апазитсия бо марги Умаралӣ ва эъломи экстремист будани озодизохоҳи хурданд, мебинед ва моки аз ҳозир мебинем. Дар сиёсати шумо ҷомеа ба сурати хеле ҷузӣ ва дақиқ шинохта нашудааст. Дар тоҷикистон мехоҳед тазоҳурот кунед дар ҳолеки то ҳол натавонистед 20 нафарро майдон бароред. Дигар бо марги Умаралӣ ва саркуби тарафдорош мардум шикасти равонӣ хурданд.
    Ман намедонам ин шери беруни майдон(Додоҷон) чаро кушта намешавад, агар барнома ва назари ту таъсир дошт ин ҳукуаметроки шумо барои мардум нишон медиҳед ҳатман ба воситаи он кушта мешудед. Ё мехоҳед монанди соли 92 майдон тавассути дигарон пур шавад. Ба назари ман Умаралӣ таърихи солҳои 92 ро намедонист агар медонист мумкин кушта намешуд..

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.