Перейти к содержимому

“Агар натавонистӣ шикасташон бидиҳӣ, ба онҳо бипайванд”

Ёддоште аз Абдулборӣ Атвон дар нашрияи Раъюл-явм

Ардуғон зарфи ду соли гузашта ва дар шароити хосси минтақа ба вижа авзоъи Ироқ, Сурия ва Яман, барои дуввумин бор ба Эрон сафар мекунад. Раисиҷумҳури Туркия дар шароите ба Эрон сафар мекунад, ки:

  1. Аввалан, баҳси имкони ташкили эътилофи саудӣ-қатарӣ-туркӣ барои муқобила бо Эрон дар ҳоли шаклгирӣ аст. Ва ин пас аз худдории Покистон аз мушорикат дар ҷанги заминӣ ё ҳавоӣ дар Яман дар чорчӯби “Тӯфони қотеъ” аз бими паёмадҳои он дар Покистон буд, ба вижа ки беш аз 20 дарсад аз артиши Покистонро шиъаён ташкил медиҳанд;
  2. Дуввум ин ки ин дидор чанд рӯз пас аз тавофуқнома миёни Эрон ва 5+1 дар бораи барномаи ҳастаии Эрон сурат мегирад. Ва ин тавофуқе аст, ки ба поёни таҳримҳои иқтисодӣ меанҷомад ва ҳаққи Эрон барои ғанисозӣ дар сатҳи пойин ва таҳти назорати байналмилалӣ ва ҳифзи ҳамаи таъсисоти ҳастаияш ба расмият шинохта мешавад.

Ва ҳамчунин ин сафар дар ҳоле аст, ки раисиҷумҳури Туркия ҳамаи “хутути қирмиз”-ро ҳангоме ки дар моҳи гузашта аз “тасаллути Эрон дар минтақа” сухан гуфт ва ин ки “Эрон аз ҳимояти бархе гурӯҳҳо дар Яман даст бардорад” ва аз “Тӯфони қотеъ” ҳимоят кард, зери по гузошт. Ин мавзеъгирӣ вокуниши бархе намояндагони порлумони Эронро ба дунбол дошт ва онҳо хостори лағви ин дидор шуданд. Вазорати хориҷаи Эрон кордори Туркияро фаро хонд ва хостори тавзеҳот дар бораи ин мавзеъгирӣ шуд.

Суоле, ки матраҳ аст ин аст, ки чаро Ардуғон бо вуҷуди таблиғоти расонаҳо ва намояндагони Маҷлиси Эрон, исрор бар ин сафар дошт? Дар посух бояд гуфт, ки Ардуғон монанди бисёре аз раҳбарони араб нест, ки вокуниши инфиъолӣ анҷом диҳад, ва дигар он ки вай сиёсатро аз иқтисод ҷудо кардааст ва манофеъи кишварро фавқи манофеъи дигар медонад.

Ардуғон ба унвони як иқтисоддон ба Эрон рафтааст. Зеро ба хубӣ медонад, ки Эрон пас аз рафъи таҳрими иқтисодии Омрико ва Ғарб дар моҳи июн ба дунболи тавофуқи ахир, ба кишвари минтақаии бузурге ва бозори бузург ва кишвари содиркунандаи нафту гоз бидуни ҳеч маҳдудияте рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Ва ин фурсати муносиб барои ширкатҳои туркӣ фароҳам меоварад ва афзоиши ҳаҷми мубодилоти тиҷориро, ки дар ҳоли ҳозир 30 милёрд дулор дар сол аст-ро ба дунбол хоҳад дошт ва онро ду баробар хоҳад кард.

Ишколе надорад агар Ардуғон нақши як тоҷирро дошта бошад ва бозорҳое барои ширкатҳои худ боз кунад. Ва ин прогмотизм (амалгароӣ) сабаби интихоби вай ва ҳизбаш барои се бор шуд ва Туркияро ба унвони қудрати 17-уми иқтисодии ҷаҳон қарор дод. Ба вижа ки ҳамроҳи вай ҳайъати иқтисодии муташаккил аз бозаргонон, ки теъдоди онҳо беш аз 100 нафар аст, ҳузур доранд.

Раисиҷумҳури Туркия ба хубӣ медонад, ки наздик шудани Эрон ва Омрико ба зиёни Туркия ва иқтисоди он аст. Ва ҳамчунин медонад, ки Омрико ҳампаймони қобили эътимод нест ва аз ҳамин рӯ, аз сиёсати ангилисӣ, ки мегӯяд: “Агар натавонистӣ шикасташон бидиҳӣ, ба онҳо бипайванд” пайравӣ мекунад. Ба ҳамин далел Ардуғон ба Эрон рафтааст ва чаро наравад? Ба вижа ки омрикоиҳо пас аз 36 сол аз душманӣ ва навохта шудани табли ҷанг, дар баробари Эрон таслим шудаанд.

Албатта, ба ҳамон андоза ки ҷанбаи иқтисодии дидори Ардуғон аҳаммият дорад, ҷанбаи сиёсии ин сафар низ дорои аҳаммият аст. Парвандаҳое монанди Ироқ, Сурия ва Яман бӯҳронзо ҳастанд. Ардуғон бо гузинаҳои душворе дар ҳоли ҳозир рӯ ба рӯст:

  1. Нахуст он ки бо дасти дарозшудаи саудиҳо ба сӯи вай барои вуруд ба эътилофи ташкилшуда аз сӯи Арабистон дар баробари эътилофи Эрон ва муқобила бо он чӣ вай, “тасаллути Эрон” хондааст рӯ ба рӯст, ба вижа ки саудӣ намехоҳад ба Миср ба унвони узви аслӣ такя кунад ва онро омили печидатар шудани ихтилофоти Туркия ва Миср медонад;
  2. Дуввум он ки Ардуғон дар қиболи эътилофи саудӣ, хатти машйи Навоз Шариф нахуствазири Покистонро, ки се рӯз қабл аз Онкора дидор кард дунбол кунад ва худро аз паёмадҳои низомӣ дур созад;
  3. Севвум он ки Ардуғон равобити хуби худро бо Эрон ва Арабистони Саудӣ ҳифз кунад ва нақши “кабӯтари сулҳ” ё миёнҷиро ифо кунад ва тарҳҳоеро ироа намояд.

Дидори ногаҳонии Муҳаммад бен Ноиф — ҷонишини валиаҳди Арабистон ва аз чеҳраҳои таъсиргузор дар Арабистон, дар рӯзи душанбе ва каме қабл аз сафари Ардуғон, чӣ басо дар интихоби гузинаи раисиҷумҳури Туркия дахил бошад. Мо намедонем, ки Муҳаммад бен Ноиф дар ҷаъбаи худ чӣ дошта, аммо медонем, ки Арабистон даргири ҷанг дар Яман аст ва бо ҳамалоти ҳавоӣ наметавонад онро тамом кунад ва таҳаввулоти майдонӣ ба нафъи Ансоруллоҳ ва артиши ин кишвар аст ва Арабистон ба Туркия ба унвони шарик дар эътилофи кунунӣ ниёз дорад ва ҳамчунин ба миёнҷигарии Туркия агар Онкоро дар пайвастан ба ин эътилоф таъаллул кунад, ниёз дорад.

Муҳаммад бен Ноиф бастаи молӣ ва иқтисодии қобили таваҷҷӯҳе ба Туркия барои васваса кардани он ба вуруд ба эътилофи саудӣ пешниҳод кардааст ва шояд аз ӯ хоста бошад, то миёни Арабистон ва Эрон миёнҷигарӣ кунад.

Тӯб ҳамакнун дар замини Ардуғон аст ва интихоби ҳар гузинае аз сӯи вай, таъсири зиёде дар минтақа ва даргирии он ва роҳи ҳаллҳои мумкин барои бӯҳронҳои он дорад. Ардуғон монанди арӯсе аст, ки хостгорони зиёде дорад. Бояд сафари Ардуғон ба Эронро ба вижа дидори вай бо раҳбари Эронро ба диққат дунбол кунем.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: