Сиёсат

Раҳбари Эрон ба Ардуғон чӣ гуфт?

Раҳбари Эрон дар дидор бо Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, бо ишора ба таҳаввулоти бархе кишварҳои минтақа ва фаъолиятҳои ваҳшиёнаи гурӯҳҳои теруристӣ дар Ироқ ва Сурия гуфт: “Агар касе дасти пинҳони душманро дар ин қазия набинад, худро фиреб додааст.” Ардуғон низ бо баёни ин ки ҷиноятҳои гурӯҳи теруристии ДОЪИШ-ро маҳкум мекунад, таъкид кард: “Ман ДОЪИШ-ро мусалмон намедонам ва алайҳи он низ мавзеъгирӣ кардаам.”

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари раҳбари Эрон, Оятуллоҳ Хоманаӣ асри сешанбе (07.04.2015) дар дидори Раҷаб Таййиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, таҳаввули “бедории умумии исломӣ”-ро иллати аслии нигаронии душманони Ислом хонд ва бо ишора ба тарроҳиҳои мутақобили душманон барои мувоҷеҳа бо ин ҳодиса, таъкид кард: “Имрӯз Омрико ва саҳюнистҳо аз ихтилофоти дохилии бархе кишварҳои исломӣ хушҳол ҳастанд. Роҳи ҳалли ин мушкилот ҳамкории кишварҳои исломӣ ва анҷоми иқдомоти амалии муносиб ва созанда аст.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор, бо ишора ба манофеъ ва масолеҳи муштараки Эрон ва Туркия аз тақвияти равобит, хотирнишон кард: “Қудрати ҳар як аз кишварҳои мусалмон дар дунёи Ислом, дар воқеъ қудрати уммати исломӣ аст ва сиёсати куллии Ҷумҳурии Исломии Эрон ин аст, ки кишварҳои исломӣ якдигарро тақвият ва аз тазъифи ҳам худдорӣ кунанд. Ва тақвияти равобити Эрон ва Туркия низ ба таҳаққуқи ҳамин ҳадаф кӯмак мекунад.”

Раҳбари Эрон афзуд: “Таъкиди ҳамешагии мо ин аст, ки кишварҳои исломӣ аз эътимод ба Ғарб ва Омрико баҳрае намебаранд. Ва имрӯз низ ҳама ба равшанӣ натиҷаи иқдомоти Ғарб дар минтақаро, ки ба зарари Ислом ва минтақа аст, мебинанд.”

Вай, бо ишора ба таҳаввулоти бархе кишварҳои минтақа ва фаъолиятҳои ваҳшиёнаи гурӯҳҳои теруристӣ дар Ироқ ва Сурия гуфт: “Агар касе дасти пинҳони душманро дар ин қазия набинад, худро фиреб додааст.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар таъйиди ин воқеият, ба хушҳолии Омрико ва саҳюнистҳо аз вазъияти минтақа ишора кард ва афзуд: “Саҳюнистҳо ва бисёре аз давлатҳои ғарбӣ ва беш аз ҳама Омрико, аз ин қазия хушнуданд ва тасмим надоранд, масъалаи ДОЪИШ-ро тамом кунанд.”

Раҳбари Эрон дар идома бо ёдоварии бархе намунаҳо аз ваҳшигариҳои камназири ДОЪИШ ва ҳамчунин қасди аввалияи ин гурӯҳи теруристӣ барои тасаллут бар Бағдод, ин суолро матраҳ кард, ки чӣ касоне ин ҷараёнро пуштибонии молӣ ва таслиҳотӣ мекунанд? Вай афзуд: “Бегонаҳо қатъан намехоҳанд ин масоил ҳал шавад, бинобар ин, ин кишварҳои исломӣ ҳастанд, ки бояд барои ҳалли ин мушкилот тасмим бигиранд, вале мутаассифона тасмими ҷамъии муносиб ва созандае гирифта намешавад.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар идома, қазияи Яманро як намунаи дигар аз мушкилоти ҷадиди дунёи Ислом хонд ва дар хусуси роҳи ҳалли бӯҳрони Яман таъкид кард: “Мавзеи Ҷумҳурии Исломӣ дар хусуси тамоми кишварҳо аз ҷумла Яман, мухолифат бо дахолати хориҷӣ аст. Бинобар ин, аз назари мо роҳи ҳалли бӯҳрони Яман низ таваққуфи ҳамалот ва дахолати хориҷӣ алайҳи мардуми ин кишвар аст. Ва ин яманиҳо ҳастанд, ки бояд барои ояндаи кишварашон тасмимгирӣ кунанд.”

Раҳбари Эрон ҳодисаи “бедории умумии исломӣ” ва аташи миллатҳо барои Исломро, иллати аслии ҳассосияти душманон хонд ва гуфт: “Дар муқобили ин бедорӣ душманони Ислом зидди ҳамлаи худро муддатҳост оғоз кардаанд ва воқеияти таассуфбор ин аст, ки бархе аз ҳукуматҳои исломӣ низ хиёнат мекунанд ва пул ва имконоти худро дар хидмати душман қарор медиҳанд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ сипас ба вазъияти Ироқ ишора кард ва бо ишора ба кӯмаки Эрон ба мардуми Ироқ барои ҷилавгирӣ аз тасаллути теруристҳо афзуд: “Эрон дар Ироқ ҳузури низомӣ надорад, аммо равобити торихӣ, решадор ва бисёр наздике байни ду миллати Эрон ва Ироқ барқарор аст.”

Раҳбари Эрон бо орзуи шавкат ва иззати рӯзафзун барои дунёи Ислом, бар омодагии Эрон барои табодули назар ва ҳамфикрӣ барои ҳалли масоили минтақа таъкид кард.

Дар ин дидор оқои Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, бо ишора ба музокироти худ дар Теҳрон гуфт: “Дар ин сафар масоили дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор додем ва дар хусуси равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳамчунин масоили минтақа гуфтугӯ кардем.”

Вай ба равобити Теҳрон ва Онкоро дар ҳавзаи энержӣ ишора ва хотирнишон кард: “Шӯрои ҳамкории иқтисодии Эрон ва Туркия ташкил шуда ва ба вазирони худ дастур додаем, ки корҳоро дунбол кунанд, то бо фаъолияти бештар интизороте назири афзоиши мубодилоти иқтисодӣ ба сатҳи 30 милёрд дулор муҳаққақ шавад.”

Раисиҷумҳури Туркия бо таъкид бар лузуми ҳалли масоил ва мушкилоти дунёи Ислом дар даруни он ва бидуни дахолати Ғарб, гуфт: “Мушкилоти зиёде дар минтақа вуҷуд дорад, ки бояд бо кӯмаки якдигар онҳоро ҳал кунем ва набояд барои ҳалли ин масоил мунтазири Ғарб монд.”

Раисиҷумҳури Туркия ҳамчунин бо баёни ин ки ҷиноятҳои гурӯҳи теруристии ДОЪИШ-ро маҳкум мекунад, таъкид кард: “Ман ДОЪИШ-ро мусалмон намедонам ва алайҳи он низ мавзеъгирӣ кардаам.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.