Сиёсат

Рози душманиҳои Ятимов ва ниҳодаш бо чеҳраҳои исломӣ

Дар таҳлил ва арзёбии рафтори афрод, холӣ аз фоида нахоҳад буд агар ин рафторро гоҳе аз диди Қуръон мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор бидиҳем. Дар ин навиштор бар онам, то рафтори бархе аз кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба хусус раиси ин ниҳод ҷаноби оқои Саймумин Ятимовро аз нигоҳи Қуръон арзёбӣ бикунам.

Дар робита бо таҷассуси КДАМ аз шахсиятҳои исломӣ ва дасисаҳое, ки алайҳи онон мечинад, пештар фикр мекардам, ки ҳадафи КДАМ аз ин корҳо сирф сиёсист ва бо ин шайтанатҳо мехоҳад аз нуфузи ҲНИТ дар ҷомеа бикоҳад. Аммо ҳоло, ки интихобот баргузор гардид ва ҳукумат ҲНИТ-ро амалан аз саҳна хориҷ карда ва дигар ҳеч “хатаре” ҳам аз ноҳияи ин ҳизб барои худаш эҳсос намекунад, пас бо ин ҳол, чаро ҳанӯз ҳам, ки ҳанӯз аст КДАМ ва раисаш исрор ва пойфишорӣ бар “бе эътибор сохтан”-и шахсиятҳои исломӣ дар ҷомеа доранд? Чаро дасисаҳои ин ниҳод ва раисаш алайҳи исломгароҳо мутаваққиф намешавад? Асосан, чаро ин ҳама исрор бар ин кор?

Оё ҳадаф куллан бастани ҲНИТ аст? Шояд… Баъид ба назар намерасад. Вале бастани ҲНИТ чандон ниёз ба чидани ин ҳама дасиса ва бофтани наворҳои мустаҳҷан ва нашри дурӯғ ва акозиб надорад…

Пас, рози ин ҳама шайтанатҳо дар чист?

Ба назари ман, шайтанатҳои ин ниҳод ва раисаш реша дар душманӣ ва адовати ӯ бо асли Ислом дорад. Ӯ бо “сиёҳ кардан”-и чеҳраҳои исломӣ, ҳадафе ҷуз ин надорад, ки дар ҷомеа тухми нафрат нисбат ба Исломро бикорад ва мардумон аз Ислом мутанаффир бишаванд.

Шояд суол бикунед, агар ӯ бо Ислом душманӣ дошт, мустақиман худи Ислом ва омӯзаҳои онро зери суол мебурд, на ин ки ба сиёҳ кардани чеҳраҳои исломӣ даст бизанад?

Нигоҳе ба Қуръон ва торихи Паёмбари Ислом (с) нишон медиҳад, ки ин шева шеваи ҷадиде набудааст. Дар замони худи Паёмбар (с), иддае аз душманони қасамхӯрдаи Ислом вақте диданд, ин дин дар ҷомеа реша давонидааст ва наметавон ба сурати мустақим рӯ дар рӯи он истод, омаданд масҷиде бино ниҳоданд; бо ин ҳадаф, ки мардум агар бихоҳанд “мусалмони воқеӣ” бошанд, бояд дар ин масҷид намоз гузоранд, на дар масҷиде, ки Паёмбар (с) бино ниҳодааст. Мехостанд бигӯянд, Паёмбар (с) “мусалмони воқеӣ” нест, балки ин мо ҳастем, ки “мусалмонем”!

Қуръони Карим аз ин масҷид ба унвони “Масҷиди зирор” ном бурдааст. Мефармояд:

Ва (гурӯҳе аз онон) касоне ҳастанд, ки масҷиде сохтанд барои газанд расондан ва куфр варзидан ва ҷудоӣ афкандан миёни мӯъминон ва сохтани камингоҳе барои касоне ки бо Худо ва Паёмбари Ӯ аз пеш дар ҷанг буданд. Ва ҳар ойина савганд мехӯранд, ки мо ҷуз некӣ нахостем. Ва Худо гувоҳӣ медиҳад, ки онон дурӯғгӯянд.” (Сураи Тавба, ояти 107)

Ин дар замони худи Паёмбар (с) иттифоқ уфтода. Наметавонистанд ба мардум бигӯянд, аз ин дин мутанаффир бишавед, Исломро канор занед… Зеро рӯяшон сиёҳ мешуд. Мардум ин динро дӯст доштанд. Хуб, ҳоло бояд чӣ мекарданд, то ба аҳдофи худ бирасанд? Чорае ҷуз ин надиданд, ки мардумро аз канори Паёмбар (с) дур бикунанд. Ва барои ин манзур, масҷид бино ниҳоданд ва эълон карданд, ки мо “мусалмонем”, мушкиле бо дини Худо надорем, балки мушкили мо бо Паёмбар (с) ва масҷиди ӯст, бинобар ин, биёед ба масҷиди мо намоз гузоред, пушти сари мо намоз гузоред, на пушти сари Паёмбар (с)… Қуръони Карим ин иддаро ба унвони бемордилон ёд мекунад. Дар бораашон мефармояд:

Ва аз мардумон касоне ҳастанд, ки мегӯянд: ба Худо ва ба рӯзи қиёмат имон овардаем, ва ҳол он ки имон надоранд. (Ва ба пиндори худ) Худо ва касонеро, ки имон овардаанд фиреб медиҳанд, дар ҳоле ки ҷуз худро фиреб намедиҳанд ва намефаҳманд…” (Сураи Бақара, оятҳои 8 ва 9) Бале, инҳо бо ин корҳояшон, бо ин тарфандҳояшон, бо ин дасисабозиҳояшон, бо ин навор сохтанҳояшон ҷуз худашонро фиреб намедиҳанд, вале мушкил ин ҷост, ки намефаҳманд. Аммо ин ки чаро намефаҳманд ва чаро дарк намекунанд, посухаш ин аст, ки дигар бемор шудаанд, дилҳояшон бемор шудааст. Қуръони Карим дар идома мефармояд:

Дар дилҳошон беморӣ ҳаст…” Ва аз он ҷо ки бар кори худ исрор меварзанд ва даст аз душманӣ барнамедоранд, Худо дар сазои ин исрор ва пойфишорӣ ва душманияшон, бар беморӣ ва марази онон меафзояд. Мефармояд: “Дар дилҳошон беморӣ ҳаст. Ва Худо бемории ононро меафзояд ва ба сазои ин ки дурӯғ мегуфтанд, азобе дарднок доранд.” (Сураи Бақара, ояти 10) Агар азоби Худо дар ин дунё барояшон ин аст, ки бар бемории онон биафзояд, дар қиёмат ҳам ононро бо азобе дарднок гирифтор хоҳад кард.

Вақте ин суханон ба онҳо гуфта бишавад, зуд мегӯянд, мо ҷуз ислоҳ дар ҷомеа намехоҳем. Аммо Қуръон мефармояд: “Ва чун ба онҳо гуфта шавад, ки дар замин фасодкорӣ накунед, мегӯянд: ҳамоно мо некӯкор ва ислоҳгарем.” Қуръон дар посухашон мефармояд: “Огоҳ бошед, ки онон худ фасодкоранд, вале намефаҳманд.” Бале, мушкили инон ҳамин нафаҳмӣ ва адами шуъурашон аст. Намефаҳманд, ки наметавонанд бо ин корҳо Исломро дар дили мардумон сиёҳ бикунанд, зеро ин дин дини Худост, бо фитрати одамӣ даромехтааст.

Мехоҳанд, дини Худоро бо даҳонашон хомӯш кунанд ва Худо ҷуз ин намехоҳад, ки нури худро тамом ва ошкор созад, агарчӣ кофирон хуш надоранд.” (Сураи Тавба, ояти 32)

* * *

Аз тамомии дӯстони маҷозиам дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук хоҳиш мекунам, лутфан сафҳаеро, ки пештар мутаъаллиқ ба инҷониб буд, вале дар ҳоли ҳозир ба далели шикаста шудани он тавассути афроде нобакор, аз дастам хориҷ аст, масдуд (заблокировать) ва ё ба мудирияти шабака шикоят (пожаловаться) намоянд, то ин сафҳаро ба куллӣ масдуд ва бибандад. Иншоаллоҳ сари фурсат сафҳае ҷадид ба роҳ хоҳам андохт.

Поянда бошед!

Бо камоли эҳтиром дӯсти шумо

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Нишонии ин сафҳа: https://www.facebook.com/profile.php?id=100001641249635

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.