Нақду назар

Ду нукта дар бораи “бозгашт ба асли хеш”

Беш аз як моҳ аст, ки “қишри фарҳехта”-и тоҷик ва ба хусус давлатмардонаш андармони ин шудаанд, ки чӣ кор бикунанд, то “сатри сиёҳ”-и бахше аз бонувони ин кишварро бо “либоси миллӣ” ҷойгузин бикунанд? Ва ин ҳамму ғамм албатта замоне барояшон падид омад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронӣ “аз афзоиши майли бонувон ба либосҳои ғайр нигаронӣ карда” гуфтааст: “Халқи мо… ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпӯшӣ раво нест…. Баъзе занону духтарони тоҷик сиёҳпӯшӣ карда, таърих ва моҳияти ин тарзи либоспӯширо намедонанд ва ҳатто донистан намехоҳанд.” Ва ҳамчунин афзудааст: “Баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд”.

Дар ин робита шоиста донистам ду нуктаро барои азизони хонанда ёдовар бишавам:

“Асл” чист?

Нуктаи аввал он ки бисту анде сол аст, ки давлатмардони тоҷик дар моҳияти “асл” – он ҷо, ки мегӯянд, “бояд ба асли хеш бозгашт” – дар як ҷаҳли мураккаб ғӯтавар шудаанд ва ҳанӯз натавонистаанд ташхис бидиҳанд, ки ин “асл” худаш чӣ чиз ҳаст, ки бояд ба он бозгашт? Оё хӯрданист, ошомиданист, пӯшиданист?..

Агар гуфтам, дар “ҷаҳли мураккаб” ҳастанд, ба ин хотир аст, ки намедонанд, вале гумон мекунанд, ки медонанд. Зеро ҷаҳл ва надонистан ду гуна аст: сода ва мураккаб. Ҷаҳли сода ин аст, ки ту надонӣ ва ба надонистани худ огоҳ бошӣ. Ин навъ ҷаҳл некӯст. Зеро водорат мекунад, аз пайи огоҳӣ ва донистан бишавӣ. Ва ба қавли шоир, касе ки надонад ва бидонад, ки надонад, “лангон хараки хеш ба манзил бирасонад”. Аммо ҷаҳли мураккаб он аст, ки ту надонӣ, вале ба надонистани худ огоҳ набошӣ ва гумон бикунӣ, ки огоҳӣ ва медонӣ. Ин як мусибат аст. Зеро ҳаргиз водорат намекунад, ки ба суроғи донистан ва огоҳ шудан биравӣ. Чаро ки фикр мекунӣ, ту медонӣ.

Он кас ки надонад ва бидонад, ки надонад,

Лангон хараки хеш ба манзил бирасонад.

Он кас ки надонад ва надонад, ки надонад,

Дар ҷаҳли мураккаб абадуддаҳр бимонад.

Воқеан агар бонувонамон “либоси миллӣ” бар тан кунанд (ки ҳанӯз мушаххас нест, муроди инон аз “либоси миллӣ” кадом аст, оё фаранҷӣ аст ё чизе дигар), оё мо ба “асли хеш” бозгаштаем? Ва ё агар мардони мо “либоси сафеди карбос, ҷелак, сарпӯши миллӣ” баргиранд, оё “асл”-и худро бозёфтаанд?

Асосан, бозёфти “асл” оё танҳо ба ин аст, ки зоҳиратро шабеҳи зоҳири гузаштагонат бикунӣ? Фарз кунем, аз ҳамин фардо тамоми мардуми тоҷик, аз раисиҷумҳураш бигир то поинтарин қишри ин ҷомеа, “либоси миллӣ” бар тан кунанд, масалан раисиҷумҳур либосе шабеҳи либоси амирони сомонӣ бар тан кунад ва тамоми вузарову руасо салла бар сар ва ҷелак бар тан кунанд ва бонувон низ шабеҳи бонувони аҳди сомонӣ либос бипӯшанд, дар ин сурат, оё мо ба “асл”-амон баргаштаем?

Воқеан, агар касе чунин биандешад, бояд ба пизишк муроҷеа кунад.

Ё на, манзур аз “асл” ва бозгашт ба он, тамоман чизе дигар аст ва рабте ба зоҳир ва либосу пӯшиш надорад. Агар Сомониён Сомониён буданд (ва мо ба онҳо ифтихор мекунем ва “асл”-и худ мешуморемашон) ба ин аст, ки мардумоне буданд мустақил, рӯи пои худ истода, дорои мух ва фикру андеша, амиронаш фазоеро дар ҷомеаи он рӯз фароҳам карда буданд, ки аз батнаш амсоли Рӯдакиҳо, Бӯалиҳо, Беруниҳо, Фирдавсиҳо ва садҳо донишмандоне дигар берун омаданд. Бухорову Самарқандаш бо мадорис ва донишгоҳҳояш ба маркази илму дониши дунёи он рӯз табдил шуда буд, ки аз ақсо нуқоти гетӣ ташнагони илму маърифат ба он ҷо рахти сафар мебастанд.

Ва аммо агар либосашон саллаву ҷомаву ҷелаку аз ин қабил чизҳо буда, ба ин ҷиҳат будааст, ки либоси он замон ҳамин гуна буд. Агар Сомониён бо ҳамон муху фикру андеша ва ҳамон тамаддуну фарҳанг имрӯз ба ҷои мо мебуданд, ҳамин либосу пӯшишҳое, ки имрӯза мо дорем ва роиҷ аст, бар тан мекарданд.

Бинобар ин, агар мо бихоҳем ба “асл”-и худамон баргардем, ба ҷои ин хузаъбалот, бояд мисли гузаштагонамон мустақил бошем, дорои мух ва фикру андеша бошем, ғуломи ину он набошем, давлатмардон ва ба хусус ҳокими ин кишвар фазоеро дар ҷомеа фароҳам бисозад, ки лоақал як нафар дар ҳадди Бӯалӣ аз ин ҷомеа берун биёяд.

Оё “сатри сиёҳ” муваллиди ифротигарӣ аст?

Нуктаи дигар он ки Эмомалӣ Раҳмон, чунон ки дар боло ёдовар шудем, дар ҳамон суханронӣ дар бораи “сатр” гуфтааст: “Баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд”. Оё воқеан ин одам фикр мекунад, ки ин сатр будааст, ки ифротигарӣ ва теруризмро ба дунбол меоварад? Яъне агар фардо яке аз духтаронаш “сатр” бар сар гирад (бар фарзи маҳол албатта), ӯ дигар аз ҳамон лаҳза терурист ва ифротӣ аст ва худашро миёни мардум мунфаҷир хоҳад кард? Ё на, ифротӣ ва терурист будан, реша дар мухи одам дорад, реша дар ақида ва фикри ӯ дорад. Решааш ин ҷост, ки агар ӯ фикр мекунад мусалмон аст, ӯ Исломро дуруст нафаҳмидааст, ба ӯ Исломро воруна ироа намудаанд. Магар ҳамин шумори қобили таваҷҷӯҳе аз теруристҳое, ки имрӯза дар Сурия ва ё Ироқ даст ба ҷиноят мезананд, бузургшуда ва тарбиятёфтаи ҳамон ҷомеаи Ғарб нестанд? Ҷомеае, ки на аз “сатр” дар он хабаре ҳаст ва на аз “ҳиҷоб”… Мухашон тарак хӯрда ва фикрашон олуда гардида, чӣ сатр бар сар дошта бошанд ё надошта бошанд.

Ва барои ин ки Ислом дар ҷомеа дуруст тафҳим бишавад ва дуруст ироа бигардад, ту ба ҷои ин хузаъбалот, биё ва ба руҳониҳои огоҳ ва донишманд маҷол бидеҳ, то ба мардум Исломро дуруст бифаҳмонанд, на ин ки дари масоҷид ва мадориси онҳоро бибандӣ ва онҳоро аз минбар маҳрум бисозӣ. Ва вақте маҳрумашон кардӣ, ҷавонони ташна ба дин, аз оби гилолуд сероб мешаванд ва натиҷа ҳам ин мешавад, ки терурист ва ифротӣ ба бор оянд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.