Мантиқ

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 14

Ақсоми қиёс

Дар баҳси пешин гуфта гузаштем, ки ҳуҷҷат (ва ё ҳамон истидлол) ба навбати худ бар се қисм аст, ва қиёс яке аз ақсоми ҳуҷҷат ба шумор меравад. Ва дар таърифи қиёс ҳам гуфтем, ки қиёс маҷмӯае фароҳамомада аз чанд қазия аст, ки ба сурати як воҳид даромада ва ба наҳве аст, ки лозимаи қабули онҳо, қабули як қазияи дигар аст.

Баҳси имрӯз дар бораи ақсоми қиёс аст. Қиёс аз назари сурат ва ҳайъати таълифаш ба ду дастаи: иқтиронӣ ва истисноӣ тақсим мешавад.

Ва аммо қиёси истисноӣ қиёсе аст, ки дар муқаддимоти он, ба натиҷа ва ё нақизи он тасреҳ мешавад, мисли:

  1. Агар Муҳаммад олим бошад, бояд ба вай эҳтиром гузошт;
  2. Аммо Муҳаммад олим аст;
  3. Натиҷа: Пас бояд ба Муҳаммад эҳтиром гузошт.

Ҳамон тавре ки мулоҳиза мешавад, дар ин қиёс натиҷа дар муқаддимаи шумораи як омадааст.

Мисоли дигар:

  1. Агар Фарҳод одил бошад, Худоро маъсият намекунад;
  2. Аммо ӯ Худоро маъсият кардааст;
  3. Натиҷа: Пас Фарҳод одил нест.

Дар ин қиёс нақизи натиҷа ба сароҳат дар муқаддимаи шумораи як омадааст.

Ва аммо қиёси иқтиронӣ қиёсе аст, ки дар муқаддимот натиҷа ва ё нақизи он ба сароҳат наомадааст, мисли:

  1. Касе ки шароб менӯшад фосиқ аст;
  2. Ҳар фосиқе шаҳодаташ радд мешавад;
  3. Натиҷа: Пас касе ки шароб менӯшад, шаҳодаташ радд мешавад.

Дар ин мисол натиҷа на худаш ва на нақизи он ба сароҳат дар муқаддимот наомадааст.

Қиёси иқтиронӣ гоҳе аз чанд ҳамлия ташкил мешавад, ки дар ин сурат қиёси иқтиронии ҳамлӣ номида мешавад. Ва гоҳе аз чанд шартия ва ё як шартия ва як ҳамлия ташкил мешавад, ки дар ин сурат қиёси иқтиронии шартӣ номида мешавад, мисли:

  1. Агар Шокир мусалмон аст, ба Худо имон дорад;
  2. Агар касе ба Худо имон дошта бошад, намоз мехонад;
  3. Натиҷа: Агар Шокир мусалмон аст, намоз мехонад.

Ҳамон тавре ки мулоҳиза мешавад, ҳар ду муқаддимаи қиёси фавқ шартияи муттасила аст.

Мисоли дигар:

  1. Исм калима аст;
  2. Калима ё мабнӣ аст ва ё муъраб;
  3. Натиҷа: Исм ё мабнӣ аст ва ё муъраб.

Дар ин қиёс муқаддимаи шумораи як, ҳамлия ва муқаддимаи шумораи ду, шартияи мунфасила аст.

Дар баҳсҳои оянда аввал дар бораи қиёси иқтиронии ҳамлӣ баҳс мекунем ва сипас қиёси истисноиро мавриди баррасӣ қарор медиҳем.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.