Усули фиқҳ

Шарҳи Усули Шошӣ (6)

Идомаи баҳси ҳукми омме, ки тахсис нахӯрда

Мусанниф мегӯяд:

وقلنا كذلك في قوله تعالى: «ولا تأكلوا مما لم يذكر اسم الله عليه» إنه يوجب حرمة متروك التسمية عامدا، وجاء في الخبر أنه عليه السلام سئل عن متروك التسمية عامدا فقال: «كلوه فإن تسمية الله تعالى في قلب كل امرىء مسلم» فلا يمكن التوفيق بينهما، لأنه لو ثبت الحل بتركها عامدا لثبت الحل بتركها ناسيا فحينئذ يرتفع حكم الكتاب فيترك الخبر

Ва ончунон (суханеро, ки дар баҳси пешин дар бораи ояти “Пас, бихонед ҳар он чӣ муяссар шавад аз Қуръон” гуфтем) дар бораи ин гуфтори Худованд, ки “Ва нахӯред аз он чӣ номи Худо бар он зикр нашудааст” (Сураи Анъом, ояти 212) низ мегӯем, зеро ки ин оят мӯҷиби ҳурмат (ҳаром будан)-и чорпое аст, ки гуфтани “Бисмиллоҳ” (дар ҳангоми забҳаш) амдан тарк шудааст. Зеро калимаи “мо” (он чӣ) дар ин ҷо омм аст ва шомили ҳамаи мавориди тарки “Бисмиллоҳ” дар ҳангоми куштани чорпо мешавад, чӣ он мавриде, ки гуфтани “Бисмиллоҳ” амдан тарк шуда ва чӣ он мавриде, ки “Бисмиллоҳ” аз рӯи фаромӯшӣ тарк шуда. Вале дар хабар омадааст, ки аз ҳазрати Паёмбар (с) дар бораи чорпое пурсиданд, ки ҳангоми забҳи он гуфтани “Бисмиллоҳ” амдан тарк шудааст. Паёмбар (с) фармуданд: “Онро бихӯред, зеро “Бисмиллоҳ” гуфтан дар қалби ҳар марде мусалмон ҳаст.” Ва имкони ҷамъ байни ин ду (яъне оят ва ривоят) вуҷуд надорад. Зеро агар (бар асоси ривоят) ҳалол будани он дар сурати “тарки Бисмиллоҳ аз рӯи амд” собит бишавад, ҳалол буданаш дар сурати “тарки Бисмиллоҳ аз рӯи фаромӯшӣ” низ собит хоҳад шуд. Дар ин сурат, ҳукми Қуръон (ба куллӣ) бардошта мешавад. Пас (бар ҳамин асос аст, ки) хабар дар ин ҷо раҳо мешавад.”

Шарҳ: Тавзеҳи матлаб ин ки агар касе бигӯяд: чаро миёни ин ду (оят ва ривоят) ҷамъ накунем, ба ин сурат, ки оятро ба василаи ривоят тахсис бизанем? Яъне чунин бигӯем: оят омм аст ба гунае ки ҳам шомили кушташудае аст, ки “Бисмиллоҳ” амдан дар он тарк шудааст ва ҳам шомили кушташуде аст, ки “Бисмиллоҳ” дар он аз рӯи фаромӯшӣ тарк шуда. Ва чун ривоят дар мавриди кушташудае аст, ки “Бисмиллоҳ” дар он амдан тарк шудааст, бинобар ин, мо бигӯем: омми Қуръон ба василаи ривоят тахсис мехӯрад. Яъне ривоят мавридеро, ки гуфтани “Бисмиллоҳ” дар он амдан тарк шудааст, аз ҳукми омм хориҷ месозад.

Дар посух мегӯем: Агар чорпои кушташудаеро, ки ҳангоми забҳаш гуфтани “Бисмиллоҳ” амдан ва дидаву дониста тарк шудааст-ро ҳалол бидонем, ба тариқи авло чорпои кушташудае, ки ҳангоми забҳи он гуфтани “Бисмиллоҳ” аз рӯи фаромӯшӣ ва надониста тарк шудааст, ҳалол хоҳад буд. Тоза, худи Паёмбар (с) фармудаанд, ки “Хато ва фаромӯшӣ аз сари уммати ман бардошта шудааст”. Яъне, ҳар гоҳ аз рӯи хато ва фаромӯшӣ муртакиби амале шуданд, Худо узри онҳоро мепазирад. Бо ин ҳисоб, агар ҳар ду мавриди тарки “Бисмиллоҳ”-ро чӣ аз рӯи амд бошад ва чӣ аз рӯи хато аз ҳукми омми Қуръон хориҷ бисозем, дар он сурат, ҳукми Қуръон ба куллӣ бардошта шуда ва пои мухолифат бо ҳукми сареҳи Қуръон пеш меояд. Бар ҳамин асос аст, ки ҳадиси мазкур тарк ва раҳо мешавад, ба далели таъорузаш бо ҳукми Қуръон.

Ду ишкол бар мусанниф:

Ду ишколи асосӣ дар ин ҷо бар мусанниф яъне марҳуми Шошӣ ворид аст:

  1. Аввал ин ки эшон ривоятро дуруст нақл накардаанд. Зеро ин ривоят, ки Дориқутнӣ аз Абӯҳурайра (р) дар Сунани худ овардааст, ба ин тартиб аст: “Марде аз ҳазрати Паёмбар (с) пурсид: назари шумо дар ин масъала чист, ки марде аз мо (чорпоеро) забҳ мекунад ва гуфтани “Бисмиллоҳ” фаромӯшаш мешавад? Паёмбар (с) фармуданд: “Номи Худо бар ҳар мусалмоне ҳаст” Ва Ибни Нофеъ гуфтааст: “Номи Худо бар даҳони ҳар мусалмоне ҳаст.” (Сунани Дориқутнӣ, 11/169 Ашшомила). Ва тоза ин ривоят, ба гуфтаи худи Дориқутнӣ, як ривояти заъиф аст, ба далели вуҷуди Марвон ибни Солим дар санади ривоят, ки заъиф аст. Ва бархе аз муҳаддисон ин ривоятро мавзӯъ ҳам донистаанд;
  2. Ишколи дигар он ки бо қатъи назар аз заъиф будани ривоят, сӯҳбат дар ин ривоят дар бораи касе аст, ки гуфтани “Бисмиллоҳ” дар ҳангоми забҳ фаромӯшаш шудааст, на ин ки аз рӯи амд ва дидаву дониста онро тарк карда бошад, чунон ки мусанниф оварда.

* * *

Дар идома мусанниф мегӯяд:

وكذلك قوله تعالى: «وأمهاتكم اللاتي أرضعنكم» يقتضي بعمومه حرمة نكاح المرضعة وقد جاء في الخبر: «لا تحرم المصة ولا المصتان ولا الإملاجة ولا الإملاجتان»، فلم يمكن التوفيق بينهما فيترك الخبر

Ва ҳамчунин ин сухани Худованд, ки: “Ва модароне, ки ба шумо шир додаанд” (Сураи Нисо, ояти 23) бо умуми худ иқтизои ҳурмат (ҳаром будан)-и никоҳ бо модарони ризоъиро дорад. Ва дар хабар омадааст, ки: “Ҳаром намекунад як макидан ва на ду макидан…” Ва имкони ҷамъ байни ин ду (оят ва ривоят) вуҷуд надорад. Пас бинобар ин, хабар раҳо мешавад.”

Шарҳ: Тавзеҳ он ки дар мазҳаби ҳанафӣ никоҳ бо модари разоъӣ (яъне зане, ки ба тифле шир додааст ҳарчанд модари ӯ нест) ҳаром аст, чӣ як бор макида бошад ё бештар. Вале дар ҳадисе, ки Имом Муслим низ онро аз Уммул-муъминин Оиша (р) ривоят кардааст, омада, ки: “Ҳаром намекунад як макидан ва на ду макидан…” Ояти “Ва модароне, ки ба шумо шир додаанд” омм аст ва ҳар мавриде аз макиданро шомил мешавад, чӣ як макидан бошад ва чӣ ду макидан ё бештар. Аммо ривоят ду мавридро аз ҳукми омм берун кардааст, яъне як макидан ва ду макиданро. Ва равшан аст, ки мадлули ин ривоят бо мадлули оят дар таъоруз аст ва имкони ҷамъ байни онҳо низ мавҷуд нест. Ва бинобар ин, ривоят дар ин ҷо раҳо мешавад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.