Пароканда

Раҳбари Эрон: “Бинии Оли Сауд ба хок молида хоҳад шуд”

Раҳбари Эрон бо интиқоди шадид аз таҷовузи Арабистони Саудӣ ба хоки Яман, бо таъкид бар ин ки “ин ҳаракат дар минтақа қобили қабул нест ва ман ҳушдор медиҳам, ки бояд даст аз ҳаракати ҷиноятомез дар Яман бардоранд” гуфт: “Саудиҳо дар ин моҷаро қатъан зарба хоҳанд хӯрд ва бинии онҳо ба хок молида хоҳад шуд.”

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раҳбари Эрон, Оятуллоҳ Хоманаӣ имрӯз (09.04.2015) дар суханоне, бо ишора ба таҳаввулоти Яман изҳор дошт: “Саудиҳо бо таҷовуз ба Яман хато ва иштибоҳ карданд ва бидъати бадеро дар минтақа бунён гузоштанд.”

Раҳбари Эрон кори ин рӯзҳои давлати саудӣ дар Яманро мушобеҳи ҷинояти саҳюнистҳо дар Ғазза хонд ва ба ду ҷанбаи ин мавзӯъ пардохт. Вай иқдом алайҳи миллати Яманро “ҷиноят, наслкушӣ ва қобили таъқиби байналмилалӣ” донист ва афзуд: “Куштани кӯдакон, тахриби хонаҳо ва нобуд кардани зербиноҳо ва сарвати миллии як кишвар ҷинояте бузург аст.”

Вай таъкид кард: “Яқинан саудиҳо дар ин масъала хасорат ва зарар хоҳанд кард ва ба ҳеч ваҷҳ пирӯз нахоҳанд шуд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар хусуси далели пешбинии шикасти саудиҳо гуфт: “Далели ин пешбинӣ возеҳ аст, зеро тавоноии низомии саҳюнистҳо чандин баробари саудиҳо ва минтақаи Ғазза низ як минтақаи кучак буд, аммо онҳо натавонистанд муваффақ шаванд, дар ҳоле ки Яман кишваре паҳновар ва бо ҷамъияти даҳ милюнӣ аст.”

Раҳбари Эрон таъкид кард: “Саудиҳо дар ин моҷаро қатъан зарба хоҳанд хӯрд ва бинии онҳо ба хок молида хоҳад шуд.”

Вай, бо ишора ба савобиқи саудиҳо дар масоили сиёсати хориҷӣ гуфт: “Мо бо саудиҳо дар масоили гуногуни сиёсӣ ихтилофоти мутаъаддиде дорем, аммо ҳамеша мегуфтем, ки онҳо дар сиёсати хориҷӣ матонат ва виқор нишон медиҳанд, аммо чанд ҷавони бетаҷруба умури он кишварро дар даст гирифта ва доранд ҷанбаи таваҳҳушро бар ҷанбаи матонат ва зоҳирсозӣ ғалаба медиҳанд, ки ин кор қатъан ба зарарашон тамом хоҳад шуд.”

Раҳбари Эрон хитоб ба давлати саудӣ таъкид кард: “Ин ҳаракат дар минтақа қобили қабул нест ва ман ҳушдор медиҳам, ки бояд даст аз ҳаракати ҷиноятомез дар Яман бардоранд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ сипас ба ҳимоят ва дифоъи Омрико аз давлати саудӣ ишора кард ва афзуд: “Ин табиати Омрико аст, ки дар ҳамаи қазоё ба ҷои ин ки аз мазлум ҳимоят кунад, тарафи золимро мегирад, аммо онҳо низ дар ин мавзӯъ зарба хоҳанд дид ва шикаст хоҳанд хӯрд.”

Вай, бо ишора ба иддаъои дахолати Эрон дар Яман гуфт: “Ҳавопаймоҳои ҷинояткорашон осмони Яманро ноамн карда ва баҳонаҳои аблаҳонае, ки аз назари Худованд, миллатҳо ва мантиқи байналмилалӣ мардуд аст, барои дахолат дар Яман ҷур мекунанд, аммо ин корҳоро дахолат намедонанд ва дар муқобил, Эронро муттаҳам мекунанд.”

Раҳбари Эрон миллати Яманро миллате куҳан ва бо собиқаи дерин, ки зарфият ва тавоноии таъйини давлати худро дорад хонд ва муҷаддадан таъкид кард: “Лозим аст давлати саудӣ ҳар чӣ зудтар даст аз ин ҷиноятҳои фоҷеъабор бардорад.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ нақшаи аввалияи тарроҳишуда тавассути бадхоҳони миллати Яманро, эҷоди халаъи қудрат ва ба вуҷуд овардани шароите мушобеҳи вазъияти бисёр бад ва риққатбори Либӣ хонд ва гуфт: “Хушбахтона дар таҳаққуқи чунин ҳадафе ноком монданд, зеро ҷавонони мӯъмин, алоқаманд ва мӯътақид ба роҳ ва равиши ҳазрати Амиралмуъминин (а) аъам аз суннӣ ва зайдӣ муқобили онон истоданд ва аз ин ба баъд низ истодагӣ карда ва пирӯз хоҳанд шуд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.