Перейти к содержимому

Яман “Ветноми Миср”?

(Дарсҳое, ки Арабистони Саудӣ бояд аз таҷрибаҳои гузашта биомӯзад)

Untitled-2Таҳлиле аз Ҷесси Феррис дар нашрияи Foreign Policy

Дар баҳори соли 1967 Ҷамол Абдунносир, раисиҷумҳури вақти Миср, дар гуфтугӯ бо сафири Омрико дар Қоҳира, бо ибрози таъассуф эълом кард, ки ҷанг дар Яман ба “Ветноми” вай табдил шудааст. Вай дар ин бора гуфт: “Ман як гурӯҳ ба Яман эъзом кардам ва дар ниҳоят маҷбур шудам ин гурӯҳро бо 70000 нерӯ пуштибонӣ кунам.”

Дар тӯли ҷанги панҷсола, ки аз соли 1962 шурӯъ шуд ва дар 1967 поён ёфт, Носир беш аз 10 ҳазор нерӯи худро аз даст дод, милёрдҳо дулор зарар кард ва худро аз назари диплумотик дар шароите қарор дод, ки дар ниҳоят танҳо роҳи боқимонда барои хориҷ шудан аз ҷанг дар Яман, ҷанг бо “Исроил” буд. Ҳамон тавр ки Носир худ низ дар поёни ҷанг эълом кард, Яман барои Миср ба манзилаи Ветном барои Омрико, Алҷазоир барои Фаронса ва Лубнон барои “Исроил” буд.

Миср бар ин ақида буд, ки ин таҷриба дигар “ҳеч гоҳ” набояд такрор шавад. Дигар ҳеч гоҳ писарони худро ба далоили номаълум ба саҳнаи набарде дуруфтода барои ҷанг эъзом накунад, ҳеч гоҳ артиши худро барои сохти кишваре, ки амалан ҳеч гоҳ вуҷуд надоштааст, талаф накунад ва ҳеч гоҳ пойи худро дар Яман нагузорад.

Шояд “ҳеч гоҳ” вожаи шадидуллаҳне барои ин мавзӯъ буд. Наздик ба ним қарн баъд, Абдулфаттоҳ Ассисӣ, раисиҷумҳури Миср бори дигар, ва ин мартаба дар ҳимоят аз ҳамлаи Арабистони Саудӣ ба ҳусиҳо, нерӯи заминӣ ба Яман эъзом кард. Ассисӣ пештар нерӯи дарёӣ ва ҳавоиро ба ин даргирии низомӣ эъзом ва эълом карда буд, ки нерӯҳои заминӣ низ “дар сурати лузум” эъзом хоҳанд шуд.

Ҳамонанди саудиҳо, мисриҳо ва муттаҳидони онҳо дар моҷароҷӯии низомии дигаре дар Яман даргир шудаанд ва бар мабнои иттифоқоти рухдода дар гузашта, ин моҷароҷӯӣ бо чолишҳое ҳамроҳ хоҳад буд, ки метавонад пирӯзии мудохилакунандагонро ба хатар андозад.

Дар поизи соли 1962 як фармондеҳи гурдони мисрӣ ба номи Салоҳуддин Алмаҳризӣ ба мофавқҳои худ дар радаҳои болои низомӣ эълом кард, ҷанг дар Яман кӯтоҳмуддат ва сода нахоҳад буд. Кудатое алайҳи ҳукумат дар Яман рух дода ва ҷои онро як ҷумҳурии баргирифта аз низоми ҳоким дар Миср гирифта буд. Бо ин ҳол, ҷумҳурии ташкилшуда заъиф буд ва қабоили яманӣ, ки ба Имом Муҳаммад Албадр, ҳокими барканоршудаи Яман вафодор буданд, бо ҳимояти Арабистони Саудӣ, таҳдиде барои фурӯпошии ҷумҳурии ташкилшуда маҳсуб мешуданд.

Носир, ки бо подшоҳи Арабистон бар сари раҳбарии ҷаҳони араб кашмакаш дошт, фурсатро ғанимат шумурд, то базрҳои инқилобро дар шибҳиҷазираи Арабистон бикорад. Намешуд замонро аз даст дод. Дар ин миён, як мақоми аршади иттилоотии артиши Миср эълом кард, ки муборизаи низомӣ бисёр сода хоҳад буд ва барои тарсондани қабоили яманӣ эъзоми нерӯҳои чатрбози муҷаҳҳаз ба баландгӯ ва маводди оташбозӣ ва норинҷакҳои дудзо кофист.

Аммо Алмаҳризӣ, ки дар даҳаи қаблӣ ба унвони раиси ҳайъатҳои эъзомии Миср чанд солеро дар Санъо гузаронда буд, наметавонист чунин бардоштеро бипазирад. Вай таҷрибаи туркҳо дар даргирӣ дар Яманро дар қарни 19-ум ёдовар шуд. Эъзоми нерӯ ба Яман ҳеч гоҳ барои пирӯзӣ дар ҷанг дар ин кишвар кофӣ набудааст. Нерӯҳои омӯзишдидаи мисрӣ наметавонистанд бо мардони ҷангҷӯи қабоили муҷаҳҳаз ба чоқу ва аслиҳа дар манотиқи кӯҳистонӣ ҳариф шаванд. Тонкҳои мисрӣ дар манотиқи муртафаъи Яман ғайриқобили истифода буданд. Ҳамлаи ногаҳонӣ алайҳи нерӯҳои мисрӣ аз ҳар ҷиҳате мумкин буд. Ва аз сӯи дигар, фосилаи 1200 мойлӣ миёни Миср ва Яман таъмин ва таҷҳизи нерӯҳои муборизро ба кобусе табдил мекард. Алмаҳризӣ тасреҳ кард, беҳтар аст дифоъ аз Яманро бар ӯҳдаи яманиҳо бигузорем.

Мисриҳо дар моҳҳои баъд, аз тариқи пули ҳавоии сохташуда бо кӯмаки Никита Хрушев, раҳбари Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ, нерӯ ба Яман эъзом ва таҷҳизот ба ин кишвар ирсол мекарданд. Аввал як гурӯҳи кумондуҳо барои муҳофизат аз пойтахт ворид шуданд ва сипас гурӯҳҳои дигар барои ироаи пуштибонии ҳавоӣ омаданд ва андаке баъд низ гурдонҳои нерӯҳои мусаллаҳ барои эминсозии манотиқи атроф вориди Яман шуданд. Бо ин ҳол, ҳамон тавре ки Алмаҳризӣ ҳушдор дода буд, эъзоми нерӯҳои бештар низ барои муҳофизат аз ҷумҳурии ташкилшуда кофӣ набуд. Дар солҳои 1963 ва 1964 даргириҳо дар сар то сари Яман густариш ёфт ва Миср маҷбур шуд, ки нерӯҳои бештареро ба саҳнаи набард эъзом кунад.

Дар он замон се масъала ҷангро тӯлонӣ кард:

Аввал ин ки Арабистони Саудӣ Имом Албадр, шоҳи барканоршуда ва раҳбари зайдиҳои Яманро аз тариқи марзҳои заминӣ бо Яман таҷҳиз мекард;

Дуввум ин ки ҷодаҳои кӯҳистонии Яман фурсати қобили таваҷҷӯҳеро барои ҳамалоти ногаҳонӣ фароҳам меоварданд;

Сеюм, ташкили ҷумҳурӣ бар харобаҳои ҳукумати Имом Албадр, фосилаи чашмгире бо ташкили як кишвари мудерн бо давлати марказӣ дошт, ки битавонад гурӯҳҳои қудратманди давлатгурези яманиро таҳти контрол дароварад.

Аз соли 1964 ба баъд, Носир ба дунболи роҳе барои ақибнишинӣ аз Яман буд. Вай дар соли 1965 ғурури худро канор гузошт ва барои сулҳ бо Малик Файсал ба Ҷадда рафт. Аммо сулҳ чандон давом наёвард, чаро ки нерӯҳои таҳти ҳимояти Арабистон дар Яман (яъне зайдиҳо) аз иҷрои таъаҳҳудоте, ки тибқи тавофуқи Миср ва Арабистон ба онҳо таҳмил шуда буд, худдорӣ карданд. Дар муддатзамони андаке, Носир ва Файсал муҷаддадан бо якдигар душман шуданд ва Малик Файсал ба Теҳрон сафар кард, то ба шоҳи Эрон ташкили “Эътилофи исломӣ алайҳи мисриҳои бедин”-ро пешниҳод кунад.

Ин мартаба аммо ва дар даргирии кунунӣ, Арабистони Саудӣ дар талош аст, ки “Меҳвари суннӣ”-ро бо иттиҳод бо Миср алайҳи Эрон ташкил диҳад. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба шароити гузашта ва ҳақоиқи мавҷуд, наметавон даргириҳои кунунӣ дар Яманро ихтилофоти мазҳабӣ донист. Дар даҳаи 1960 Арабистони Саудӣ ба дунболи баҳонае буд, ки ба рақобати вай алайҳи Носир машрӯъият диҳад ва дар ин миён, дин баҳонаи хубе ба назар мерасид. (Зеро Арабистон Носир ва инқилоби вайро куфр қаламдод мекард). Дар он замон Арабистони Саудӣ ба рағми ихтилофоти мазҳабӣ, барои пирӯзӣ алайҳи Носир дар Яман дар садади иттиҳод бо шоҳи Эрони шиъӣ баромад. Ихтилофоти мазҳабӣ миёни ташайюъ ва тасаннун дар он замон Риёзро аз иттиҳод бо мухолифи аслии Носир дар Яман, ки қабоили шиъаи зайдӣ буданд, бознадошт. Аммо имрӯз саудиҳо бо бисёре аз ҳамон қабоил дар ҷанг ҳастанд. Пас иллат шиъа будани ин қабоил нест, балки ин мартаба Арабистон ҳамкорӣ ва иттиҳоди ин қабоилро бо рақиби худ дар минтақа яъне Эрон, таҳдиде ҷиддӣ мепиндорад ва аз тағйири тавозуни қудрат дар минтақа нигарон аст.

Бар хилофи Арабистони Саудӣ, дар иқдомоти Эрон камтар метавон рангу бӯи таъассуби мазҳабиро мушоҳида кард. Эрониҳо ҳамон тавре ки аз ҳусиҳо (шиъаҳои зайдӣ) ҳимоят мекунанд, аз аносури суннӣ дар Яман, ки бо ҳусиҳо муттаҳид шудаанд ва бо Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раисиҷумҳури барканоршудаи Яман, дар иртибот ҳастанд низ ҳимоят мекунанд.

Ҷанг дар Яман дар даҳаи 1960 на танҳо мавқеияти Носирро дар ҷомеаи байналмилалӣ дучори мушкил кард, балки ҳатто ба таҳдиде барои субот дар Миср табдил шуд. Омрико кӯмакҳои иқтисодӣ ба Қоҳираро мутаваққиф кард. Ва аз сӯи дигар, бо идомаи мудохилаи низомӣ дар Яман шароити иқтисодии Миср аз бад ба бадтар табдил шуд. Норизоятиҳои дохилӣ афзоиш ёфт ва интиқодҳо дар ҷаҳони араб алайҳи Носир шиддат гирифт.

Носир дар моҳи майи соли 1967 тасмим гирифт, ки барои ҳалли ин мушкил, таваҷҷӯҳи ҷаҳониёнро ба масълаи дигаре маътуф кунад. Вай дар рӯзи рӯшан ба самти саҳрои Сино лашкаркашӣ кард, ки ин масъала ба бӯҳроне байналмилалӣ табдил ва ба ҷанги 6 рӯза бо “Исроил” мунҷар шуд. Натиҷа, шикасти фоҷеъаомез буд ва дар пайи он нерӯҳои мисрӣ аз Яман хориҷ шуданд ва бад-ин тартиб “Исроил” ба ёрирасонандаи ногаҳонӣ барои пирӯзии Арабистон табдил шуд. Нерӯҳои мисрӣ дар моҳи ноябри соли 1967 аз шибҳиҷазираи арабӣ дур шуданд ва таҳдид алайҳи подшоҳии саудиҳо барои як насл аз байн рафт.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин пешинаи торихӣ, Абдулфаттоҳ Ассисӣ, раисиҷумҳури Миср, набояд дар даргир кардани Миср дар ҷанги заминии дигаре дар Яман аҷала мекард. Ба таври куллӣ, нерӯҳои муттаҳиди мудохилакунанда дар Яман бояд се дарсро аз таҷрибаи пешини Миср дар Яман биёмӯзанд:

Аввал ин ки ҳаргиз набояд интизори ҳимояти комили Омрикоро дошта бошанд. Дидгоҳи як қудрати бартар ҳамеша печидатар аз дидгоҳи бозикунони минтақаӣ аст. Ва аз сӯи дигар, дидгоҳи давлати кунунӣ дар Вошингтун комилан бо назарот ва дидгоҳҳо дар Қоҳира ва Риёз мутафовит аст.

Дуввум ин ки қудратҳои мудохилакунанда агар ба дунболи пирӯзӣ ҳастанд, мебоист нерӯҳои низомии бисёреро ба Яман эъзом кунанд, аммо боз ҳам эҳтимоли шикаст вуҷуд дорад. Дар даҳаи 1960 мисриҳо 70 ҳазор нерӯ ба Яман эъзом карданд ва 10 ҳазор нерӯро аз даст доданд. Ва бо ин ҳол, боз ҳам натавонистанд аз пешравии ҳусиҳо ҷилавгирӣ кунанд. Аз қарни 19 низ Яманро “мақбараи туркҳо” меноманд, чаро ки дар он замон нерӯҳои усмонӣ шикасти сангинеро дар талош барои саркӯби шӯришҳои қабоили яманӣ пазиро шуданд.

Севвум ин ки ҳеч иттиҳоде дар Яман ҳамешагӣ нахоҳад буд. Дастнишондаи саудиҳо дар Яман, яъне Абдураббуҳ Мансур Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ раисиҷумҳури барканоршударо аз кишвар ихроҷ ва Риёзро бо зуҳури ҳусиҳо даргир кард. Аз сӯи дигар, ба рағми ин ки раҳбари ҳусиҳо дар соли 2004 тавассути артиши Яман ва ба дастури Абдуллоҳ Солеҳ кушта шуд, ин гурӯҳ ҳеч мушкиле бо муттаҳид шудан бо Солеҳ надорад. Яман имрӯз кишваре фурӯпошида аст, ки дар он қудрат ва вобастагии қабоилӣ беш аз ҳар замони дигаре аҳаммият дорад; иттиҳодҳои гуногуне дар ин кишвар ташкил ва мунҳал мешаванд.

Аммо дар шароити кунунӣ суоли муҳимтар ин аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба ин масъала, ки таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Эрон ҳанӯз лағв нашудаанд, ин кишвар то чӣ замоне метавонад дар чанд ҷабҳаи гуногун яъне Ироқ, Сурия ва Яман ба рақобат бо Арабистони Саудӣ идома диҳад? Бо ин ҳол, посухи ин суолро наметавон дар Қоҳира, Риёз ва ё Санъо ёфт, балки посух дар натиҷаи ниҳоии музокирот миёни Вошингтун ва Теҳрон бар сари барномаи ҳастаии Эрон наҳуфтааст.

Foreign Policy

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: