Мантиқ

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 15

Қиёси иқтиронии ҳамлӣ

Баҳси ҳозир дар бораи қиёси иқтиронии ҳамлӣ аст. Дар баҳси пешин гуфтем, ки қиёси иқтиронӣ қиёсе аст, ки дар муқаддимот натиҷа ва ё нақизи он ба сароҳат наомадааст ва ин қиёс агар аз ҳамлияҳо ташкил бишавад, қиёси иқтиронии ҳамлӣ номида мешуд. Бо ин ки дар баҳсҳои қаблӣ истилоҳоти мантиқӣ тавзеҳ дода шуда буданд, вале ҷиҳати ёдоварӣ боз ҳам бо як мисол баъзе аз онҳоро, ки барои баҳси ҳозир лозим ҳастанд ёдовар мешавам. Ба ин мисол таваҷҷӯҳ бифармоед:

  1. Ҳар инсоне нотиқ аст;
  2. Ҳеч нотиқе санг нест;
  3. Натиҷа: Ҳеч инсоне санг нест.

Дар ин мисол, ҳар як аз мавзӯъҳо (яъне “инсон” дар муқадимаи аввал ва “нотиқ” дар муқаддимаи дуввум) ва маҳмулҳо (“нотиқ” дар муқаддимаи аввал ва “санг” дар муқаддимаи дуввум) ҳадд номида мешаванд.

Ҳол, қиёси иқтиронии ҳамлӣ се ҳадд дорад:

а) Ҳадди авсатҳадди васат): Дар мисоли боло “нотиқ” ҳадди васат аст. Ва сабаби он, ки онро ҳадди васат (миёна) номидаанд ин аст, ки ин ҳадд (“нотиқ” дар ҳамин мисол) воситаи барқарории нисбат миёни ду ҳадди дигар (яъне “инсон” ва “санг” дар ин мисол) шудааст;

б) Ҳадди асғар: ҳадде аст, ки дар натиҷа мавзӯъ воқеъ мешавад, мисли “инсон” дар ҳамин мисол. Ва муқаддимае, ки ҳадди асғар дар он воқеъ шудааст, суғро номида мешавад. Дар мисоли боло, “Ҳар инсоне нотиқ аст” суғрои ин қиёс аст;

в) Ҳадди акбар: ҳадде аст, ки дар натиҷа маҳмул воқеъ мешавад, мисли “санг” дар мисоли боло. Ва муқаддимае, ки ҳадди акбар дар он воқеъ шудааст, кубро номида мешавад. Дар мисоли боло, “Ҳеч нотиқе санг нест” куброи ин қиёс аст.

Қоидаҳои умумии қиёси иқтиронӣ:

Қиёси иқтиронӣ, хоҳ ҳамлӣ бошад ё шартӣ, дорои як саре қоидаҳои умумӣ ва асосӣ аст, ки бояд дар он риоят шавад, то он қиёс натиҷабахш бошад. Ин қоидаҳо ба шарҳи зерин аст:

  1. Такрор шудани ҳадди васат;
  2. Муқаддимот ҳар ду солиба набошанд;
  3. Муқаддимот ҳар ду ҷузъия набошанд;
  4. Суғро солиба ва кубро ҷузъия набошад;
  5. Натиҷа тобеъи муқаддимаи пасттар (ахасс) бошад. Яъне ҳар гоҳ як муқаддима мӯҷиба ва дигаре солиба бошад, натиҷа низ солиба хоҳад буд, зеро салб пасттар (ахасс) аз эҷоб аст. Ва ҳар гоҳ яке аз ду муқаддима ҷузъия бошад, натиҷа низ ҷузъия хоҳад буд, чаро ки ҷузъия пасттар (ахасс) аз куллия аст.

Шаклҳои чаҳоргона

Шакл иборат аст аз: қиёси иқтиронӣ ба лиҳози мавқеияти ҳадди васат нисбат ба тарафайни худ. Ва он чаҳор қисм аст, ки ба он шаклҳои чаҳоргона гуфта мешавад. Инак, баёни ҳар як аз ин шаклҳо:

Шакли аввал:

Дар шакли аввал, ҳадди васат дар суғро маҳмул воқеъ мешавад ва дар кубро мавзӯъ. Яъне мавқеияти ҳадди асғар ва акбар бо ҳадди васат дар ду муқаддима, айни вазъияте аст, ки ҳар як аз онҳо нисбат ба дигарӣ дар натиҷа доранд.

Шурути шакли аввал:

Барои ин ки шакли аввал натиҷабахш бошад, илова бар шурути умумӣ, ду шарт дар он мӯътабар аст:

  1. Мӯҷиба будани суғро;
  2. Куллӣ будани кубро.

Зарбҳои шакли аввал:

Ҳар як аз муқаддимоти қиёс, ба худии худ ва бо қатъи назар аз шурути мӯътабар дар қиёс, метавонад яке аз қазияҳои маҳсураи чаҳоргона (яъне мӯҷибаи куллия, мӯҷибаи ҷузъия, солибаи куллия ва солибаи ҷузъия) бошад. Ва агар суратҳои чаҳоргонаи суғроро дар канори суратҳои чаҳоргонаи кубро қарор диҳем, шонздаҳ сурат барои қиёси иқтиронӣ ба даст хоҳад омад, ки аз зарб кардани чаҳор дар чаҳор ҳосил мешавад. Ин матлаб дар мавриди ҳамаи шаклҳои чаҳоргонаи қиёс содиқ аст. Сурате, ки аз таълифи ду муқаддима ба вуҷуд меояд, зарб номида мешавад. Ин зарбҳои шонздаҳгона бархе дорои натиҷа ҳастанд ва бархе дорои натиҷа нест, ки ақим (нозо) хонда мешавад. Ва бо таваҷҷӯҳ ба ду шарте, ки аз ҷиҳати каммият ва кайфият барои шакли аввал баён шуд, танҳо чаҳор зарби он дорои натиҷа аст ва дигар зарбҳо ҳамагӣ ақим мебошад. Ҳар як аз ин зарбҳои чаҳоргона яке аз маҳсуроти чаҳоргонаро натиҷа медиҳад. Бинобар ин, ҳамаи маҳсурот аз зарбҳои мухталифи ин шакл берун меояд.

Зарби аввал: Аз ду мӯҷибаи куллия ташкил мешавад ва натиҷааш мӯҷибаи куллия аст, мисол:

  1. Ҳар шаробе масткунанда аст;
  2. Ҳар масткунандае ҳаром аст;
  3. Натиҷа: Ҳар шаробе ҳаром аст.

Зарби дуввум: Аз мӯҷибаи куллия ва солибаи куллия ташкил мешавад ва натиҷааш солибаи куллия аст, мисол:

  1. Ҳар шаробе масткунанда аст;
  2. Ҳеч масткунандае судманд нест;
  3. Натиҷа: Ҳеч шаробе судманд нест.

Зарби сеюм: Аз мӯҷибаи ҷузъия ва мӯҷибаи куллия ташкил мешавад ва натиҷааш мӯҷибаи ҷузъия аст, мисол:

  1. Баъзе аз сафедҳо инсон ҳастанд (яъне инсонҳои сафедпӯст);
  2. Ҳар инсоне нотиқ аст;
  3. Натиҷа: Бархе аз сафедҳо нотиқ ҳастанд.

Зарби чаҳорум: Аз мӯҷибаи ҷузъия ва солибаи куллия ташкил мешавад ва натиҷааш солибаи ҷузъия аст, мисол:

  1. Баъзе аз сафедҳо инсон ҳастанд;
  2. Ҳеч инсоне санг нест;
  3. Натиҷа: Баъзе аз сафедҳо санг нестанд.

Шакли дуввум:

Шакли дуввум қиёсе аст, ки ҳадди васат дар он дар ҳар ду муқаддима маҳмул аст. Бинобар ин, дар ин шакл асғар, ҳам дар суғро ва ҳам дар натиҷа мавзӯъ воқеъ мешавад. Аммо ҷойгоҳи акбар яксон нест, балки дар кубро мавзӯъ аст ва дар натиҷа маҳмул мебошад.

Шурути шакли дуввум:

Шакл дуввум низ ду шарт дорад:

  1. Ихтилофи ду муқаддима дар кайфият;
  2. Куллӣ будани кубро.

Зарбҳои шакли дуввум:

Бо таваҷҷӯҳ ба ду шарти ёдшуда дар ин шакл, танҳо чаҳор зарб аз зарбҳои он натиҷабахш мебошанд:

Зарби аввал: Аз мӯҷибаи куллия ва солибаи куллия ташкил мешавад ва натиҷааш солибаи куллия аст, мисол:

  1. Ҳар инсоне нотиқ аст;
  2. Ҳеч парандае нотиқ нест;
  3. Натиҷа: Ҳеч инсоне паранда нест.

Зарби дуввум: Аз солибаи куллия ва мӯҷибаи куллия ташкил мешавад ва натиҷааш солибаи куллия аст, мисол:

  1. Ҳеч инсоне ҷомид нест;
  2. Ҳар санге ҷомид аст;
  3. Натиҷа: Ҳеч инсоне санг нест.

Зарби сеюм: Аз як мӯҷибаи ҷузъия ва як солибаи куллия ташкил мешавад ва натиҷааш солибаи ҷузъия аст, мисол:

  1. Баъзе маъданҳо тилло ҳастанд;
  2. Ҳеч нуқрае тилло нест;
  3. Натиҷа: Баъзе маъданҳо нуқра нестанд.

Зарби чаҳорум: Аз солибаи ҷузъия ва мӯҷибаи куллия ташкил мешавад ва натиҷааш солибаи ҷузъия аст, мисол:

  1. Баъзе ҷисмҳо маъдан нестанд;
  2. Ҳар тиллое маъдан аст;
  3. Натиҷа: Баъзе ҷисмҳо тилло нестанд.

Шакли сеюм:

Шакли сеюм қиёсе аст, ки дар он ҳадди васат дар ҳар ду муқаддима мавзӯъ аст. Бинобар ин, дар ин шакл акбар, ҳам дар кубро ва ҳам дар натиҷа маҳмул аст. Аммо мавқеияти асғар мухталиф буда, дар суғро маҳмул аст ва дар натиҷа мавзӯъ аст.

Шурути шакли сеюм:

Ин шакл низ ду шарти асосӣ дорад:

  1. Мӯҷиба будани суғро;
  2. Куллия будани яке аз ду муқаддима.

Зарбҳои шакли сеюм:

Бо таваҷҷӯҳ ба ду шарти ёдшуда, танҳо шиш зарб аз шонздаҳ зарби ин шакл, натиҷабахш мебошанд:

Зарб аввал: Аз ду мӯҷибаи куллия ташкил мешавад ва натиҷааш мӯҷибаи ҷузъия аст, мисол:

  1. Ҳар тиллое маъдан аст;
  2. Ҳар тиллое гаронқимат аст;
  3. Натиҷа: Баъзе маъданҳо гаронқимат ҳастанд.

Зарби дуввум: Аз мӯҷибаи куллия ва солибаи куллия ташкил мешавад ва натиҷааш солибаи ҷузъия аст, мисол:

  1. Ҳар тиллое маъдан аст;
  2. Ҳеч тиллое нуқра нест;
  3. Натиҷа: Баъзе маъданҳо нуқра нестанд.

Зарби сеюм: Аз мӯҷибаи ҷузъия ва мӯҷибаи куллия ташкил мешавад ва натиҷааш мӯҷибаи ҷузъия аст, мисол:

  1. Баъзе аз парандаҳо сафед ҳастанд;
  2. Ҳар парандае ҳайвон аст;
  3. Натиҷа: Баъзе аз сафедҳо ҳайвон ҳастанд.

Зарби чаҳорум: Аз мӯҷибаи куллия ва мӯҷибаи ҷузъия ташкил мешавад ва натиҷааш мӯҷибаи ҷузъия аст, мисол:

  1. Ҳар парандае ҳайвон аст;
  2. Баъзе аз парандаҳо сафед ҳастанд;
  3. Натиҷа: Баъзе аз ҳайвонҳо сафед ҳастанд.

Зарби панҷум: Аз мӯҷибаи куллия ва солибаи ҷузъия ташкил мешавад ва натиҷааш солибаи ҷузъия аст, мисол:

  1. Ҳар ҳайвоне ҳискунанда аст;
  2. Баъзе ҳайвонҳо инсон нестанд;
  3. Натиҷа: Баъзе ҳискунандаҳо инсон нестанд.

Зарби шишум: Аз мӯҷибаи ҷузъия ва солибаи куллия ташкил мешавад ва натиҷааш солибаи ҷузъия аст, мисол:

  1. Баъзе тиллоҳо маъдан аст;
  2. Ҳеч тиллое оҳан нест;
  3. Натиҷа: Баъзе маъданҳо оҳан нестанд.

Шакли чаҳорум:

Дар шакли чаҳорум ҳадди васат дар суғро мавзӯъ ва дар кубро маҳмул воқеъ мешавад, ба акси шакли аввал. Дар ин шакл ҷойгоҳи асғар ва акбар дар натиҷа бо ҷойгоҳи онҳо дар ду муқаддима ихтилоф дорад.

Шурути шакли чаҳорум:

Ин шакл дар сурате дорои натиҷа хоҳад буд, ки илова бар шартҳои сегонаи умумӣ, ки дар ҳамаи шаклҳо мӯътабар аст, шурути зеринро низ дошта бошад:

  1. Ин ки ҳеч як аз муқаддимоти он солибаи ҷузъия набошад;
  2. Ҳар гоҳ ду муқаддимаи он мӯҷиба аст, суғро бояд куллия бошад.

Зарбҳои шакли чаҳорум:

Бо таваҷҷӯҳ ба шартҳои ёдшуда, танҳо панҷ зарб аз зарбҳои шакли чаҳорум дорои натиҷа мебошад:

Зарби аввал: Аз ду мӯҷибаи куллия ташкил мешавад ва натиҷааш мӯҷибаи ҷузъия аст, мисол:

  1. Ҳар инсоне ҳайвон аст;
  2. Ҳар нотиқе инсон аст;
  3. Натиҷа: Баъзе ҳайвонҳо нотиқ ҳастанд.

Зарби дуввум: Аз мӯҷибаи куллия ва мӯҷибаи ҷузъия ташкил мешавад ва натиҷааш мӯҷибаи ҷузъия аст, мисол:

  1. Ҳар инсоне ҳайвон аст;
  2. Баъзе пистондорҳо инсон ҳастанд;
  3. Натиҷа: Баъзе ҳайвонҳо пистондор ҳастанд.

Зарби сеюм: Аз солибаи куллия ва мӯҷибаи куллия ташкил мешавад ва натиҷааш солибаи куллия аст, мисол:

  1. Ҳеч инсоне ҷомид нест;
  2. Ҳар нотиқе инсон аст;
  3. Натиҷа: Ҳеч ҷомиде нотиқ нест.

Зарби чаҳорум: Аз як мӯҷибаи куллия ва як солибаи куллия ташкил мешавад ва натиҷааш солибаи ҷузъия аст, мисол:

  1. Ҳар мойеъе бухор мешавад;
  2. Ҳеч оҳане мойеъ нест;
  3. Натиҷа: Баъзе бухоршавандаҳо оҳан нестанд.

Зарби панҷум: Аз мӯҷибаи ҷузъия ва солибаи куллия ташкил мешавад ва натиҷааш солибаи ҷузъия аст, мисол:

  1. Баъзе мойеъҳо бухор мешаванд;
  2. Ҳеч оҳане мойеъ нест;
  3. Натиҷа: Баъзе бухоршавандаҳо оҳан нестанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.