Усули фиқҳ

Шарҳи Усули Шошӣ (7)

Ҳукми омме, ки тахсис хӯрда

Пас аз баёни ҳукми омме, ки тахсис нахӯрда, инак мусанниф ба тавзеҳ ва баёни ҳукми омме, ки тахсис хӯрдааст мепардозад. Мефармояд:

وأما العام الذي خص عند البعض، فحكمه أنه يجب العمل به في الباقي مع الاحتمال فإذا أقام الدليل على تخصيص الباقي يجوز تخصيصه بخبر الواحد أو القياس إلى أن يبقى الثلث بعد ذلك لا يجوز فيجب العمل به

Ва аммо омме, ки баъзе аз афродаш тахсис хӯрдааст, ҳукмаш ин аст, ки амал ба ин омм дар боқимонда (яъне афроде, ки тахсис нахӯрда) воҷиб аст, албатта бо эҳтимол (яъне бо ин эҳтимол, ки шояд аз ин боқимонда ҳам афроде тахсис бихӯрад.) Ва дар ин сурат ҳар гоҳ далел (-и заннӣ мисли хабари воҳид ё қиёс) бар тахсиси боқимондаи афроди ин омм барпо бишавад, ҷоиз аст инчунин оммеро ба воситаи хабари воҳид ё қиёс тахсис зад, албатта то се фарди он омм. Аммо баъд аз ин миқдор дигар тахсис ҷоиз нест ва амал ба он (яъне он чӣ боқӣ мондааст, ки камтаринаш се фард аст) воҷиб аст.”

Шарҳ: Баҳси мо дар мавриди омми Қуръон буд. Гуфтем, ки мо дар Қуръон ду гуна омм доштем: яке омме, ки тахсис нахӯрда (мисли ин ки гуфта шуда бошад: “Уламоро эҳтиром кунед”). Ва дигар омме, ки баъзе аз афродаш тахсис хӯрда (мисли он ки гуфта шуда бошад: “Уламоро эҳтиром кунед ба ҷуз фосиқон аз ононро”). Ҳукми омме, ки афродаш тахсис нахӯрда ин буд, ки ҷоиз нест онро ба воситаи як далели заннӣ (мисли хабари воҳид ё қиёс) тахсис бизанем. Дар ин бора ба тафсил баҳс шуд.

Ва аммо қисмати дуввум — яъне омме, ки баъзе аз афродаш тахсис хӯрдааст — ҳукмаш он аст, ки пас аз берун шудани афроди тахсисхӯрда аз ҳукми ин омм (мисли “фосиқон аз уламо” дар мисоли боло), воҷиб аст, ки ба афроди боқимонда амал бишавад. Дар мисоли боло, тибқи ин далел пас аз берун шудани “фосиқон аз уламо” аз ҳукми ин омм, воҷиб аст ба афроди боқимондаи уламо (ба ҷуз фосиқон) эҳтиром гузошта бишавад.

Ва нуктаи дигар он ки чун аз ҳукми ин омм афроде берун бароварда шудааст (яъне тахсис хӯрдааст, ки албатта ин тахсис ба як далели қатъӣ будааст, на заннӣ), бинобар ин, аз эҳтимол дур нест, ки афроди дигаре низ аз ин омм тахсис бихӯрад. Бар ҳамин асос аст, ки ҷоиз аст инчунин омме ба воситаи як далели заннӣ (мисли хабари воҳид ё қиёс) низ тахсис бихӯрад; бар хилофи омме, ки тахсис нахӯрдааст, ки ҷоиз нест ба воситаи далели заннӣ мисли хабари воҳид ё қиёс тахсис бихӯрад. Аммо нуктаи шоистаи тазаккур дар ин ҷо он аст, ки тахсис фақат то се фарди инчунин омме ҷоиз аст, на камтар аз он. Зеро омм, ки ба маънои “ҷамъе аз афрод” аст, наметавонад камтар аз се фард бошад, ки дигар омм намешавад. Ва дар ин сурат, воҷиб аст ба ҳамин миқдор (ки се фард аст) амал бишавад.

Сипас мусанниф мефармояд:

وإنما جاز ذلك لأن المخصص الذي أخرج البعض عن الجملة لو أخرج بعضا مجهولا يثبت الاحتمال في كل فرد معين فجاز أن يكون باقيا تحت حكم العام وجاز أن يكون داخلا تحت دليل الخصوص فاستوى الطرفان في حق المعين فإذا أقام الدليل الشرعي على أنه من جملة ما دخل تحت دليل الخصوص ترجح جانب نخصيصه

Ва (тахсис зада шудани инчунин омме ба воситаи як далели заннӣ мисли хабари воҳид ё қиёс) ба ин хотир ҷоиз дониста шудааст, ки тахсисзананда, ки баъзе аз афродро берун бароварда буд, агар баъзеи маҷҳулро (номаълумро) бароварда бошад, эҳтимол дар ҳар фарди муайян собит аст. Яъне, эҳтимол дорад, ки (ин баъз) таҳти ҳукми омм боқӣ бошад, ва ҳам ин эҳтимол меравад, ки (ин баъз) таҳти далели хосс (яъне беруншуда) дохил бошад. Пас ҳар ду тараф дар ҳаққи фарди муайян баробар аст. Дар ин сурат, агар далели шаръӣ қоим шуда бошад бар ин ки (он маҷҳул) аз ҷумлаи он чӣ дохил таҳти далели хосс мебошад аст, тарафи тахсиси он руҷҳон пайдо мекунад.

Шарҳ: Мусанниф дар ин ҷо ба чароии тахсис хӯрда шудани инчунин омме ба воситаи далели заннӣ (хабари воҳид ё қиёс) посух медиҳад. Мегӯяд: медонем, ки инчунин омме пештар ба воситаи як далели қатъӣ тахсис хӯрдааст. Ин тахсисзананда (яъне ҳамон далели қатъӣ) фардеро, ки аз ҳукми омм хориҷ кардааст, ин фарди хориҷшуда ё маълум аст ва ё номалум. Мисоли фарди номаълум мисли ин ки гуфта шуда бошад: “Уламоро эҳтиром кунед ба ҷуз баъзеи онҳо”. Дар ин мисол, фарди хориҷшуда аз ҳукми ин омм, номаълум аст ва тасреҳ нашудааст, ки ин баъзе, ки хориҷ шудааст кист? Мисоли фарди маълум мисли ин ки гуфта шуда бошад: “Уламоро эҳтиром кунед ба ҷуз фосиқон аз ононро”. Дар ин мисол, фарди беруншуда аз ҳукми омм маълум аст, ки фосиқон аз уламо ҳастанд.

Ҳол, агар фарди хориҷшуда номаълум бошад, дар ин сурат, дар бораи ҳар фарди ин омм метавон эҳтимол дод, ки ё таҳти ҳукми омм аст ва ё дохил дар таҳти ҳукми хосс (беруншуда). Яъне ҳар ду эҳтимол баробар аст. Дар ин ҳолат, агар як далели шаръӣ — агарчӣ заннӣ — пайдо бишавад ва фарди маълумеро аз ҳукми омм берун бидонад, дар ин сурат, ҷониби тахсис руҷҳон пайдо мекунад ва тахсис мехӯрад.

Сипас мусанниф мефармояд:

وإن كان المخصص أخرج بعضا معلوما عن الجملة جاز أن يكون معلولا بعلة موجودة في هذا الفرد المعين فإذا قام الدليل الشرعي على وجود تلك العلة في غير هذا الفرد المعين ترجح جهة تخصيصه فيعمل به مع وجود الاحتمال

Ва агар тахсисзанада баъзеи маълумро аз ҳукми омм берун бароварда бошад, эҳтимол меравад, ки дар фарди хориҷшуда иллате вуҷуд дорад (ки ба далели вуҷуди ҳамин иллат дар он будааст, ки аз ҳукми омм хориҷ карда шудааст). Дар ин сурат, агар як далели шаръӣ — агарчӣ заннӣ — бар вуҷуди ҳамон иллат дар афроди дигар қоим бишавад, ба он амал мешавад.”

Ин қисмат аз сухани мусанниф, бо таваҷҷӯҳ ба он чӣ дар боло гуфта шуд, возеҳ аст ва ниёз ба шарҳ надорад.

Бо ҳамин, баҳси хосс ва омми Қуръон ба поён расид. Дар баҳси баъдӣ дар бораи мутлақ ва муқайяд баҳс хоҳад шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.