Нақду назар

Қатъи барқ дар Вошингтун ва пешниҳоди унвони “пешвои миллат” барои Раҳмон

Чаҳор рӯз пеш, яъне сешанбеи гузашта (7 апрел), ду хабар бароям ҷолиби таваҷҷӯҳ буд: яке, гузорише аст, ки дар бештари хабаргузориҳо ва расонаҳои ҷаҳон дарз шуда буд, ва дигаре, хабаре, ки дар баъзе аз расонаҳои тоҷикзабон дидам.

Он чӣ дар он рӯз сархатти хабарҳои бештари хабаргузориҳо ва расонаҳои ҷаҳон буд, ҳодисае буд, ки дар шаҳри Вошингтун пойтахти Омрико иттифоқ уфтода. Ва он ин ки чанд соат дар бахшҳое аз ин шаҳр ба далоиле барқ қатъ ва хомӯш шуда ва ҳатто чанд муассисаи муҳимми давлатӣ низ дар ин шаҳр бе барқ монда будаанд. Бар пояи гузориши расонаҳо, ин рухдод мавҷе аз интиқодот ва норизоятӣ дар миёни шаҳрвандони омрикоиро дар пай дошта ва кор ба ҷое расида буд, ки ҳатто масъулони баландпояи ин кишвар ба тавзеҳ ва ташреҳи далоили вуқӯи он барои шаҳрвандон пардохтанд, ва ба навиштаи нашрияи Washington Post, агар қатъи барқ чанд соати дигар идома пайдо мекард, ин “фоҷеа” чи басо мӯҷиби поин омадани эътибор ва ҷойгоҳи Борок Убомо ва ҳизби вай (ҳизби демукрот) дар ҷомеаи Омрико шуда ва мунҷар ба шикасти ин ҳизб дар интихоботи ояндаи риёсати ҷумҳурӣ бишавад.

Ва аммо он чӣ дар ҳамон рӯз дар баъзе расонаҳои тоҷикзабон дида шуд ин аст, ки “баъзе аз донишмандони тоҷик даъват кардаанд, Эмомалӣ Раҳмон – раисиҷумҳури Тоҷикистон расман “пешвои миллат” номида шавад”.

Ҳол, хитоби инҷониб дар ин ёддошт ба ҳамин касоне аст, ки чунин пешниҳодеро ба “мардум ва мақомоти Тоҷикистон” кардаанд. Ман намехоҳам дар ин ҷо Тоҷикистонро бо Омрико муқоиса кунам. Фақат арзам ин аст, оё боре ҳам шудааст, ки Шумо барои Тоҷикистон чизе пешниҳод бикунед? Асосан, оё Тоҷикистон барои шумо аҳаммияте дорад? Оё барои мардуми ин сарзамин арзише қоил ҳастед? Оё беҳбуди ҳолу аҳволи мардуми ин кишвар бароятон аҳаммияте дорад?

Лутфан, ин дуро бо ҳам муқоиса кунед: дар бахши кучаке аз шаҳри як кишвар чанд соат барқ қатъ мешавад ва ин ҳодиса сабаб мешавад, ки хатари поин омадани ҷойгоҳ ва эътибор раисиҷумҳури ин кишвар ва ҳизбашро таҳдид бикунад. Аммо дар як кишвари дигар, 5 то 6 моҳ дар ҳамаи шаҳрҳо ва рустоҳояш, ба истиснои пойтахт, барқ ба ҷуз чанд соати андак куллан қатъ аст, ва он гоҳ иддае аз масъулони ин кишвар ба ҷои ин ки ба раисиҷумҳури ин кишвар пешниҳод бикунанд, ки ин мушкилро ҳар чӣ зудтар бартараф бикунад, ба мардум пешниҳод менамоянд, ки раисиҷумҳур “пешвои миллат” номида бишавад.

Шумо бо ин пешниҳоди масхараатон хиҷолат намекашед? Кадом як коратон ба фоидаи ин кишвар ва мардуми он аст: ин ки ба раисиҷумҳур пешниҳод бикунед, ки мушкили таъмини мардум бо барқро ҳар чӣ зудтар ҳал бикунад, ё ба мардум пешниҳод кунед, ки ин раисиҷумҳурро “пешвои миллат” бидонанд? Воқеан, кадом як ба фоидаи мардум аст?

Боз ҳам такрор мекунам, ки намехоҳам Тоҷикистонро бо Омрико муқоиса бикунам. Вале рӯшан ва возеҳ аст, ки агар қатъи барқ дар Омрико масъулонашро ба такопу меандозад, ба ин ҷиҳат аст, ки кишвар ва мардумонаш ва ҳолу аҳволи онон барояшон аҳаммият дорад, на раисиҷумҳури он. Ин масъулон агар дар раисиҷумҳур заррае беэътиноӣ ва бетаваҷҷӯҳӣ нисбат ба мардум ва ҳолу аҳволи онҳо мушоҳида бикунанд, ҳамон лаҳза ӯро аз кохаш дур хоҳанд рехт, то чи расад ба ин ки унвони “пешвои миллат” барои ӯро бихоҳанд.

Лутфан, аз онҳо биомӯзед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.