Мантиқ

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 16

Қиёси истисноӣ

Пеш аз вуруд ба асли баҳс, ниёз аст чанд матлабро, ки қаблан тавзеҳ дода будам, такрор бикунам. Гуфта будем, ки қазия ё ҳамлия аст ва ё шартия. Ва қазияи шартия ё муттасила аст ва ё мунфасила. Муттасила мисли: “Агар барқ дар абр меҷаҳад, овози раъд шунида мешавад” ва мунфасила мисли: “Адад ё ҷуфт аст ё тоқ”. Ва дар қазияҳои шартия ду тарафро муқаддам ва толӣ мехонанд. Яъне ҷузъи аввал муқаддам (мисли “Агар барқ дар абр меҷаҳад” дар мисоли муттасила ва “Ҷуфт аст” дар мисоли мунфасила) ва ҷузъи дуввум толӣ хонда мешавад (мисли “Овози раъд шунида мешавад” дар мисоли муттасила ва “тоқ аст” дар мисоли мунфасила). Бар хилофи ҳамлия, ки ҷузъи аввалро мазвӯъ ва ҷузъи дуввумро маҳмул мехонанд.

Ва ҳамчунин гуфта гузаштем, ки қиёс ё иқтиронӣ аст (ки баҳсаш ба тафсил гузашт) ва ё истисноӣ. Ва қиёси истисноӣ қиёсе буд, ки дар муқаддимоти он, ба натиҷа ва ё нақизи он тасреҳ мешавад, мисли:

  1. Агар Муҳаммад олим бошад, бояд ба вай эҳтиром гузошт;
  2. Аммо Муҳаммад олим аст;
  3. Натиҷа: Пас бояд ба Муҳаммад эҳтиром гузошт.

Ва агар онро истисноӣ номидаанд, ба ин ҷиҳат аст, ки дар кубро муқаддам ва ё толӣ истисно мешавад, то натиҷа ба даст ояд. Дар ҳамин мисоли боло, “Аммо Муҳаммад олим аст”, дар воқеъ истисно шудааст.

Ҳол, гӯем: қазияи шартияе, ки муқаддимаи қиёси истисноӣ қарор мегирад, гоҳе шартияи муттасила аст ва гоҳе шартияи мунфасила. Ва ба ҳамин лиҳоз, ин қиёс ба иттисолӣ ва инфисолӣ тақсим мешавад.

Шурути қиёси истисноӣ:

Дар ин қиёс се шарт бояд риоят шавад:

  1. Куллӣ будани яке аз ду муқаддима. Пас, агар ҳар ду муқаддима ҷузъия бошад, қиёс натиҷа нахоҳад дод;
  2. Шартия (-е, ки муқаддимаи қиёс аст) иттифоқия набошад. Шартияи иттифоқия шартияе аст, ки байни муқаддам ва толӣ иттисол ва пайванд ҳақиқӣ нест, балки иттифоқӣ аст. Мисли он ки бигӯем: “Агар гурба дохили манзил шавад, борон меборад”. Дар ин ҷо байни муқаддам ва толӣ ҳеч пайванди ҳақиқӣ барқарор нест, балки аз рӯи иттифоқ будааст.
  3. Муқаддимаи шартия мӯҷиба бошад.

Ҳукми иттисолӣ

Барои ба даст овардани натиҷа аз истисноии иттисолӣ ду роҳ вуҷуд дорад:

1) Истиснои худи муқаддам, то худи толиро натиҷа диҳад, мисол:

  1. Агар борон биборад, замин хис (тар) хоҳад шуд;
  2. Аммо борон борид;
  3. Натиҷа: Пас замин хис аст.

Дар қиёси ёдшуда агар гуфта мешуд: “Аммо замин хис аст”, наметавонистем натиҷа бигирем, ки “Пас борон борида”, зеро замин мумкин аст хис бошад, вале на ба ҷиҳати бориши борон.

2) Истиснои нақизи толӣ, то нақизи муқаддамро натиҷа бидиҳад, мисол:

  1. Агар борон биборад, замин хис хоҳад шуд;
  2. Аммо замин хис нест;
  3. Натиҷа: Пас борон наборидааст.

Дар ин қиёс агар гуфта мешуд: “Аммо борон наборид”, наметавонистем натиҷа бигирем, ки “Пас замин хис нест”, зеро имкон дорад борон наборида бошад, вале дар айни ҳол, ба хотири обпошӣ ё коре дигар, замин хис бошад.

Ҳукми инфисолӣ

Барои ба даст овардани натиҷа аз истисноии инфисолӣ, се роҳ вуҷуд дорад, ва мо танҳо яке аз онҳоро ба хотири риояти ихтисор меоварем:

Ва он ин ки агар муқаддимаи шартия як мунфасилаи ҳақиқия бошад, истиснои як тараф, нақизи тарафи дигарро, ва истиснои нақизи як тараф, айни тарафи дигарро натиҷа медиҳад. Масалан: агар гуфта шавад: “Адад ё завҷ аст ва ё фард”, истисно бар чаҳор сурат метавонад воқеъ шавад:

  1. “Аммо ин адад завҷ аст”, ки натиҷааш “Пас фард нест” мешавад;
  2. “Аммо ин адад фард аст”, ки натиҷааш “Пас завҷ нест” мешавад;
  3. “Аммо ин адад завҷ нест”, ки натиҷааш “Пас фард аст” мешавад;
  4. “Аммо ин адад фард нест”, ки натиҷааш “Пас завҷ аст” мешавад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.