Ахлоқи зишт

Чанд ҳушдор ба ҳокимон

(Ҳушдорҳои Алӣ (а) ба ҳокимон)

Ҳушдор аз рехтани хуни ноҳақ

Аз хунрезӣ бипарҳез ва аз хуни ноҳақ дурӣ кун, ки ҳеҷ чиз ҳамонанди хуни ноҳақ азоби илоҳиро наздик ва муҷозотро бузург намекунад ва нобудии неъматҳоро суръат намебахшад ва заволи ҳукуматро наздик намегардонад. Ва рӯзи қиёмат Худои Субҳон қабл аз баррасии аъмоли бандагон, нисбат ба хунҳои ноҳақрехташуда доварӣ хоҳад кард. Пас бо рехтани хуни ҳаром, ҳукумати худро тақвият накун. Чун хуни ноҳақ пояи ҳукуматро суст ва паст мекунад ва пояи онро барканда ба дигарӣ мунтақил созад. Ва ту, на дар назди ман ва на дар пешгоҳи Худованд узре дар хуни ноҳақ нахоҳӣ дошт, чаро ки ҷазои он қасос аст ва аз он гурезе нест. Агар аз рӯи хато хуни касеро рехтӣ ё тозиёна ё шамшер ё даст дучори тундравӣ шуд — ки гоҳе муште сабаб куштани касе мегардад, чӣ расад ба беш аз он — мабодо ғурури қудрат туро аз пардохти хунҳо ба бозмондагони мақтул (кушташуда) боз дорад!

Ҳушдор аз худписандӣ

Мабодо ҳаргиз дучори худписандӣ гардӣ ва ба хубиҳои худ боварӣ кунӣ ва ситоишро дӯст дошта бошӣ, ки инҳо ҳама аз беҳтарин фурсатҳои Шайтон барои ҳуҷум овардан ба туст ва кирдори нек, некӯкоронро нобуд созад.

Ҳушдор аз миннатгузорӣ

Мабодо ҳаргиз бо хидматҳое, ки анҷом додӣ, бар мардум миннат гузорӣ ё он чиро анҷом додаӣ бузург бишуморӣ ё мардумро ваъда дода, сипас хилофи ваъда амал намоӣ!

Миннат ниҳодан подоши некӯкоронро аз байн мебарад ва кореро бузург шумурдан нури ҳақро хомӯш гардонад ва хилофи ваъда амал кардан хашми Худо ва мардумро бармеангезад, ки Худои бузург фармуд: «Душмании бузург назди Худо он аст, ки бигӯед ва амал накунед».

Ҳушдор аз шитобзадагӣ

Мабодо ҳаргиз дар коре, ки вақти он фаро нарасида, шитоб кунӣ ё коре кунӣ, ки вақти он расида, аммо сустӣ варзӣ ва ё дар чизе, ки (ҳақиқати он) равшан нест, ситезаҷӯӣ намоӣ ва ё дар корҳои возеҳу ошкор кутоҳӣ кунӣ! Талош кун то ҳар кореро дар ҷои худ ва дар замони махсуси худаш анҷом диҳӣ.

Ҳушдор аз бартарихоҳӣ

Мабодо ҳаргиз дар он чӣ, ки бо мардум баробар ҳастӣ, имтиёз (бартарӣ) хоҳӣ ва аз корҳое, ки бар ҳама равшан аст, ғафлат кунӣ. Зеро ба ҳар ҳол, нисбат ба он, дар баробари мардум вазифадор ҳастӣ ва ба зудӣ, парда аз корҳо як сӯй равад ва интиқоми ситамдидаро аз ту боз мегиранд. Боди ғурурат, ҷӯшиши хашмат, таҷовузи дастат, тундии забонатро дар ихтиёри худ гир ва бо парҳез аз шитобзадагӣ ва фурӯ хӯрдани хашм, худро оромиш деҳ, то хашм фурӯ нишинад ва ихтиёри нафс дар дасти ту бошад.

Ва ту бар нафс мусаллат (ғолиб) нахоҳӣ шуд магар бо ёди фаровони қиёмат ва бозгашт ба сӯи Худо. Он чӣ бар ту лозим аст ин аст, ки ҳукуматҳои адолатхоҳонаи гузаштагон, суннатҳои бо арзиши пешиниён, равишҳои писандидаи рафтагон ва осори Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ва воҷиботе, ки дар китоби Худост, ҳама ва ҳамаро ҳамеша ба ёд оварӣ ва ба он чӣ мо амал кардаем, пайравӣ кунӣ. Ва барои пайравӣ аз фаромин ин аҳдномае, ки барои ту навиштаам ва бо он ҳуҷҷатро бар ту тамом кардаам, талош кун, чаро ки агар нафс саркашӣ кард ва бар ту ғолиб шуд, узре назди ман надошта бошӣ…

Наҳҷул-балоға

1 ответ »

  1. Бузургвор бифармоед шарҳе хидмати шумо арз кунам. Агарм вақате пайдо кардед, боз дар мавриди Наҳҷул Балоға суҳабат мекардед муҷиби хушҳолии банда хоҳад шуд.
    Бо самимияти ҳаводори дидгоҳои шумо.

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.