Бишнав аз най...

Шарҳи Маснавӣ (18)

Ҳикояти ошиқ шудани подшоҳе бар канизаке ва харидани подшоҳ канизакро (6)

Аз Худованди валиюттавфиқ дархостани тавфиқи риояти адаб дар ҳамаи ҳолҳо ва баён кардани вахомати зарарҳои беадабӣ

* * *

Аз Худо ҷӯем тавфиқи адаб,

Беадаб маҳрум гашт аз лутфи Раб.

Аз Худованд тавфиқи адабро хоҳонем, зеро ки беадаб аз луфти Парвардигор маҳрум аст.

Адаб дар луғат ба маънии фарҳанг ва ҳусни муошират омадааст. Аммо дар истилоҳи сӯфия таърифҳои мухталифе дорад. Масалан, Иззуддин Маҳмуди Кошонӣ гуфтааст: “Лафзи адаб иборат аст аз таҳсини ахлоқ ва таҳзиби ақвол ва афъол.” (Мисбоҳул-ҳидоя, с.403) Абунасри Сарроҷ аз яке аз машойих нақл мекунад, ки: “Адаб такягоҳи фақирон ва орояи тавонгарон аст.” (Аллумаъ фит-тасаввуф, с.142) Ибни Арабӣ адабро маҷмӯаи хислатҳои нек медонад ва онро дар истилоҳи аҳлуллоҳ ба чаҳор даста тақсим мекунад: 1. Адаби шариат; 2. Адаби хидмат; 3. Адаби Ҳақ; 4. Адаби ҳақиқат. (Алфутуҳотул-маккия, ҷ.2, с.284) Никелсун низ бо илҳом аз Ибни Арабӣ мегӯяд: “Адабро метавон маҷмӯаи хислатҳо, эҳсосот ва рафторе донист, ки самараи фарҳанги руҳонӣ аст.” (Шарҳи Маснавии маънавии Мавлавӣ, дафтари аввал, с.34)

Мавлоно дар абёти пешин тасреҳ карда, ки он подшоҳ нисбат ба ҳакими илоҳӣ ниҳояти адабро риоят кард, дуруст монанди эҳтироме, ки ҳазрати Умар (р) нисбат ба Паёмбар (с) қоил буд. Ба ҳар ҳол, байти фавқ ишора мекунад, ки солики мубтадӣ бояд нисбат ба муршид ва пири худ адабро риоят кунад.

Беадаб танҳо на худро дошт бад,

Балки оташ дар ҳама офоқ зад.

Шахси беадаб на танҳо худро дучори бало мекунад, балки саросари ҷаҳонро дар оташи фитнаи худ месӯзонад.

Офоқ ҷамъи уфуқ аст ба маънои канораи осмон, ки дар майдони саҳрои васеъ, ки аз дур бо замин пайваста ба назар мерасад. Дар ин ҷо офоқ киноя аст аз олам.

Моида аз осмон дармерасид,

Бе судоъу бе фурӯхту бе харид.

Ризқу рӯзии илоҳӣ бе ҳеч ранҷу заҳмат ва доду ситаде аз осмон бар қавми Мӯсо (а) фурӯ меборид.

Моида ба маънои таъом ва суфраи пур аз неъмат аст. Судоъ яъне дарди сар, заҳмат ва машаққат.

Ин байт ишора аст ба ояти 57 сураи Бақара, ки мефармояд: “Ва абрро бар шумо (Бани Исроил) соя афкандем ва манну салворо барои шумо рӯзӣ кардем. (Ва гуфтем, ки) аз ризқи покизае, ки ба шумо бахшидаем бихӯред. Ва онон на бар мо, ки бар худ ситам карданд.” Манн моддае аст самғмонанд, ки бар дарахтон нишинад ва маззае ҳамчун ангубин ва асал дорад. Баъзе низ гуфтаанд: манн нони латиф ва нозук будааст. Дар бораи салво низ гуфтаанд: салво парандае аст сапед монанди балдарчин. Низ гуфтаанд: салво мурғест сурх аз гунҷишк бузургтар.

Дар миёни қавми Мӯсо чанд кас

Беадаб, гуфтанд: ку сиру адас?

Дар миёни қавми Мӯсо (а) чанд нафар одами беадаб гуфтанд: пас сиру адас ку?

Беадаб дар мисроъи дуввум, сифати чанд кас дар мисроъи аввал аст.

Ин байт ишора аст ба ояти 61 сураи Бақара, ки мефармояд: “Ва ёд оред замонеро, ки (шумо Бани Исроил) гуфтед: эй Мӯсо! Ҳаргиз мо бар як таъом насозем. Парвардигори хешро бихон, то аз он чӣ замин мерӯёнад, аз сабзӣ, хиёр, сир, адас ва пиёз барои мо берун орад…

Мунқатеъ шуд хону нон аз осмон,

Монд ранҷи заръу белу досамон.

Он нону суфраи осмонӣ қатъ шуд ва барои мо заҳмати зироъату шахм задану даравидан боқӣ монд.

Боз Исо чун шафоат кард Ҳақ,

Хон фиристоду ғанимат бар табақ.

Бори дигар, ки ҳазрати Исо (а) шафоат кард, Ҳақ Таъоло таъому арзоқе барои онон фиристод.

Боз густохон адаб бигзоштанд,

Чун гадоён заллаҳо бардоштанд.

Боз беадабҳо ва густохҳо адабро фурӯ ниҳоданд ва монанди гадоён барои захира кардан, ҳар як саҳме ва қисмате аз суфраи ризқи илоҳӣ бардоштанд.

Нукта: Ин кор аз ҳирсу тамаъ ношӣ мешавад; гӯӣ, ки эътимоде ба неъматдиҳанда нест, ки такрори инъом кунад.

Залла боқимондаи ғизое аст, ки меҳмон бо худ барад. Сӯфияро низ расм чунин буда, ки боқимондаи ғизоро аз хонаи мизбон бо худ мебурданд.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.