Сиёсат

Ҳокимони Эрон бештар ба Ленин шабеҳ ҳастанд ё ба Горбачёв?

Таҳлиле аз Дэвид Брукс (David Brooks) дар нашрияи The New York Times

Ишора: Интишори ин матлаб ба ҳеч ваҷҳ ба маънои таъйиди он аз сӯи ин сомона нест, балки сирфан ҷиҳати огоҳии хонандагон бо таҳлил ва бардошти коршиносони омрикоӣ аз тавофуқи ахир миёни Эрон ва 5+1 мебошад, ба хусус бо таваҷҷӯҳ ба ин ки нависандаи ин ёддошт аз назари сиёсӣ шахсияте муҳофизакор ва чандон бо низоми Эрон миёнаи хуб надорад.

Сарфи назар аз ҳамаи ҳарфу ҳадисҳо дар мавриди теъдоди сонтрифюжҳо ва зарфияти ғанисозии Эрон, тавофуқи эҳтимолии раисҷумҳур Убомо бо Эрон, қиморе бузург бар сари моҳияти низоми ҳоким бар Эрон аст.

Аммо пурсиши аслӣ барои омрикоиҳо ин аст, ки ҳокимони Эрон бештар ба Ленин шабеҳ ҳастанд ё ба Горбачёв? Оё эрониҳо ҳамчунон ба инқилоби худ бовар доранд ва аз сарвате, ки баъд аз таҳримҳо ба даст хоҳанд овард, барои “судури инқилоб”-и худ ва “бе субот кардани Ховари Миёна” истифода нахоҳанд кард, ё ин ки онҳо эътиқодашонро ба инқилоб аз даст дода ва расидан ба як тавофуқи ҳастаӣ, равобити онҳоро бо Ғарб хуб хоҳад кард?

Рӯзи панҷшанбе Ғарб посухҳои муҳимме дар ин бора дарёфт кард. Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ — раҳбари Эрон, аввалин суханронӣ баъд аз расидани Эрон ва 5+1 ба чаҳорчӯби тавофуқи ҳастаиро анҷом дод, аммо мо аз ин суханронӣ чӣ омӯхтем?

Нахуст ин ки Иёлоти Муттаҳида ҳанӯз душмани шумораи як маҳсуб мешавад. Ҳозирон шиори “Марг бар Омрико!” сар доданд ва раҳбари Эрон “ниятҳои шайтонӣ”-и Омрикоро маҳкум кард. Вақте раҳбари Эрон аз чунин истилоҳе истифода мекунад, ба он эътиқод дорад.

Дуввум он ки маълум шуд, Иёлоти Муттаҳида бештар аз Эрон ба як тавофуқ ниёз дорад. Раҳбари Эрон дар суханронии худ ба ин ки “ҳеч гоҳ ба музокира бо Омрико хушбин набудааст”, ишора кард.

Давлати Убомо ба дунболи тавофуқ аст, вале ин мавзӯъ эрониҳоро таҳрик накардааст. Ба ҳамин далел, музокиракунандагони омрикоӣ маҷбур шудаанд аз бисёре аз хостаҳои аввалияи худ даст бардоранд. Омрико дар ибтидо бар поён ёфтани барномаи ҳастаии Эрон ва таълиқи ғанисозӣ дар ин кишвар исрор дошт, вале акнун барои идомаи музокирот бо Эрон аз ин хостаҳо даст кашидааст.

Севвумин нуктае, ки мешуд фаҳмид ин буд, ки эрониҳо интизор доранд, ки комилан ба онҳо эътимод шавад, вале дар муқобил комилан ба Омрико беэътимод ҳастанд. Эрониҳо таъкид доранд, ки ҳамаи таҳримҳо бояд якҷо бардошта шавад ва исрор доранд, ки иҷозаи вуруди бозрасони хориҷӣ ба таъсисоти низомии худро надиҳанд.

Чаҳорумин нукта ин ки эрониҳо ва омрикоиҳо бардошти мутафовите аз воқеият доранд. Тафсири эрониҳо аз тафоҳуми ба даст омада мутафовит аст ва омрикоиҳоро ба дурӯғгӯӣ дар ин бора муттаҳам мекунанд.

Нуктаи панҷум ин аст, ки ҳатто дар ҳассостарин шароити музокирот, Эрон интиқодоти худ аз Омрико ва Арабистонро ба сароҳат баён мекунад.

Шайх Абдуллоҳ бен Зоид Оли Наҳён — вазири хориҷаи Аморот, ахиран дар тавсифи рафтори эрониҳо гуфта, ки эрониҳо ба “судури инқилоби худ” бовар доранд ва ин мавзӯъ бахше аз низом ва идеулужии Эрон аст.

Суханони раҳбари Эрон метавонад аҳдофи токтикии дохилӣ ва хориҷӣ ҳам дошта бошад, вале комилан бо рафтори ахири Эрон ҳамоҳанг аст. Эрон ҳамчунон худро дар ҳоли набард бо Ғарб бар сари арзишҳо ва манофеи мутазодд мебинад. Суханронии раҳбари Эрон таъйидкунандаи мақолаи ахири Кисинҷер ва Шултз дар Wall Street Journal аст, ки манофеъи ду тарафро дар як росто намедонанд.

Ин Эрони инқилобӣ ҳатто бо вуҷуди як тавофуқи ҳастаӣ пешрафти барномаи ҳастаии худро мутаваққиф нахоҳад кард ва аз ин тавоноии ҳастаӣ — ҳатто низомӣ ва ё таҳдид ба истифода аз он — барои пешбурди аҳдофи инқилобии худ истифода хоҳад кард. Дигар кишварҳои минтақа низ сокит наменишинанд ва чизе шабеҳи мусобиқаи атомӣ дар минтақа эҷод хоҳад шуд.

Мумкин аст назари онҳое, ки мӯътақиданд, Эрон дар ҳоли тағйир аст, дуруст бошад, вале Иёлоти Муттаҳида собиқаи ваҳшатноке дар бад пешбинӣ кардани таҳаввулоти Ховари Миёна дорад. Ҷумҳурихоҳон ва демукротҳо доим нуқоти атфе барои Ховари Миёна пешбинӣ кардаанд: ҷумҳурихоҳон баъд аз мудохилаи низомӣ дар минтақа ва демукротҳо баъд аз музокирот, вале орзуҳои Омрико ҳеч гоҳ муҳаққақ нашудааст.

Дар бархе маворид ба нишонаҳои тағйир бетаваҷҷӯҳӣ шудааст, вале суханронии ахири раҳбари Эрон ҳеч нишонае аз тағйир надошт. Музокироти паймони коҳиши таслиҳот бо Брежнев ва Горбачёв як масъала буд, вале барои музокира бо Эрон танҳо метавон ибрози умедворӣ кард.

The New York Times

1 ответ »

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.