Сиёсат

Оли Сауд акнун чӣ хоҳад кард?

Рӯзи чаҳоршанбеи ҳафтаи гузашта Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, дар дидор бо аъзои Кумиссиюни амнияти миллии Маҷлиси Покистон эълом кард, Исломобод ҳеч аҷалае барои вуруд ба ҷанг дар Яман надорад. Навоз Шариф дар ин дидор ҳамчунин гуфт, ки Эрон ва Туркия дар ҳоли фаъолиятҳои диплумотик барои таваққуфи ҷанг дар Яман ҳастанд ва Исломобод беҳтар аст, ки ин фурсатро ғанимат бишуморад ва вориди ин ҷанг нашавад. Ин изҳорот дақиқан замоне аз сӯи нахуствазири Покистон баён шуд, ки Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон вориди Исломобод шуд ва дар ҷараёни дидораш бо мақомҳои олирутбаи покистонӣ аз ҷумла нахуствазири ин кишвар аз ҷанги Арабистон дар Яман интиқод кард ва танҳо роҳи ҳалли бӯҳрони ин кишварро “нишастани тарафҳои даргир пушти мизи музокира” донист.

Аз рӯзи чаҳоршанбе то кунун иттифоқоти мухталифе бар сари бӯҳрони Яман афтодааст. Замзамаи ҳалли бӯҳрони диплумотики Яман дар ҳоле зада мешавад, ки Русия низ меравад то бо тамоми қувва вориди бӯҳрони Яман шавад ва эътилофи Арабистонро ба чолиш бикашад. Ин масъала боиси нигаронии арабистониҳо шудааст. Риёз ва Абдураббуҳ Мансур Ҳодӣ, раисиҷумҳури барканоршудаи Яман, ҳар ду Русияро муттаҳам кардаанд, ки қасди ба ҳам рехтани тарҳашон дар Яманро дорад ва мехоҳад ба мухолифони Ҳодӣ силоҳ бирасонад, то битавонанд дар баробари ҳамалоти арабистониҳо муқовимат кунанд.

Риёз замоне аз таҳаррукоти Русия дар Яман нигарон шуд, ки шанбеи гузашта Маскав қатъномаи оташбас дар Яманро ба таври ногаҳонӣ таҳвили Шӯрои амният дод ва хостори “таваққуфи фаврии ҳамалот” ба ин кишвар шуд. Маскав ҳамчунин аз ин ки ҳавопаймоҳои ҷангии Арабистон ва муттаҳидонаш таъсисоти зербиноии Яман ва шаҳрвандони бедифоъи ин кишварро мавриди ҳамла қарор медиҳанд, ибрози нигаронӣ кард. Мавозеъи ногаҳонии Маскав боиси таъаҷҷуби арабистониҳо шуд ва намояндаи онҳо дар Созмони Милал ба сароҳат гуфт: “Кишварҳои арабӣ аз ин ки Русия ба таври ногаҳонӣ ба фикри ҳуқуқи башар дар Яман афтода ва хостори таваққуфи ҳамалот шудааст, шигифтзада шудаанд.”

Дар ин миён бисёре аз нозирон таҳаррукоти диплумотики Эрон, ки бо сафари Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия ба Теҳрон ва пайғомҳое, ки арабистониҳо бо эрониҳо радду бадал кардаанд ва ҳамчунин сафари вазири умури хориҷаи Эрон ба Масқат ва Исломободро низ дар пеш афтодани роҳи ҳалли диплумотик дар Яман таъсиргузор донистаанд.

Дар айни ҳол, бисёре мегӯянд, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Арабистон ва муттаҳидони арабаш ҳанӯз нерӯи заминӣ дар Яман пиёда накардаанд, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки ҳамалоти Арабистон ба Яман ба зудӣ мутаваққиф шавад ва талошҳои диплумотик ба натиҷа бирасанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ҳамаи ин таҳаввулот, пешбинии вуқӯъи яке аз ин ду сенорию вуҷуд дорад:

  1. Аввал ин ки ё воқеан ҳамалот ба Яман мутаваққиф мешаванд ва роҳи ҳалли диплумотик дар дастури кори тарафҳои даргир дар Яман қарор хоҳад гирифт. Дар ин сурат, Арабистон ҳамаи талоши худро хоҳад кард, то дастуруламали диплумотики худро вориди муъодилот кунад ва сипас дастур ба таваққуфи ҳамалот диҳад;
  2. Агар фишорҳо ба Арабистон ба андозае боло равад, ки ин кишвар маҷбур шавад ҳамалоти худро мутаваққиф кунад ва тан ба талошҳои диплумотик бидиҳад, он гоҳ ҳамон дастуруламалеро дар пеш хоҳад гирифт, ки дар Сурия ва Ироқ дар пеш гирифтааст. Яъне ҳимоят аз гурӯҳҳои такфирӣ ва теруристӣ ва равон кардани анбӯҳе аз аслиҳа ба Яман, ки ҳаммоми хуне шабеҳи Ироқ ва Сурия роҳ биуфтад.

Арабистон ба ҳеч ваҷҳ аз таҳаввулоте, ки дар Яман рух додааст, хурсанд нест. Яманро кишваре медонад, ки фақат Оли Сауд ҳаққи тасмимгирӣ дар бораи онро дорад. Ва акнун, ки мебинад Ҳусиҳо қудратро дар даст гирифтаанд ва бо муттаҳиди собиқи Оли Сауд яъне Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ эътилоф кардаанд, эҳсоси зарару зиён мекунад. Арабистониҳо Алӣ Абдуллоҳ Солеҳро муттаҳам ба хиёнат мекунанд, ки чаро бо Ҳусиҳо эътилоф кардааст. Онҳо пешбинӣ намекарданд, ки Ҳусиҳо розӣ ба эътилоф бо Абдуллоҳ Солеҳ, душмани собиқашон шаванд. Барои ҳамин ҳоло, ки ин иттифоқ афтода, Оли Сауд эҳсос мекунанд, ки тавтиъае алайҳашон шакл гирифтааст, ки бояд бо он бархӯрд кунанд.

Арабистониҳо дар замони Малик Абдуллоҳ иҷоза доданд, Ҳусиҳо рушд кунанд, чаро ки гумон мекарданд, бо рушди онҳо Ихвонулмуслимини Яман аз муъодилоти сиёсӣ ҳазф мешаванд ва яке аз муҳимтарин душманонашон канор гузошта хоҳанд шуд. Ҳамин ҳам шуд. Ҳусиҳо ихвониҳоро шикасти сангине доданд ва беш аз пеш ба қудрат наздик шуданд. Дар он марҳила арабистониҳо гумон мекарданд, ки Ҳусиҳо барои тадовуми қудрати худ маҷбуранд, бо Оли Сауд вориди музокира шаванд ва манофеъи онҳоро низ лиҳоз кунанд, чаро ки хуб медонанд, ки Риёз соҳиби қудрати сиёсии амиқе дар дастгоҳи сиёсии Яман аст. Аммо чунин нашуд. Ҳусиҳо ба суроғи муттаҳиди деринаи худ Эрон омаданд, бидуни ин ки таваҷҷӯҳе ба арабистониҳо кунанд. Ин ҷо буд, ки арабистониҳо хатои сиёсии худро муртакиб шуданд ва вориди ҷанг дар Яман шуданд.

Дар ин миён, бисёре мумкин аст эҳтимоли сеюмеро низ дар назар бигиранд. Ва он ин ки арабистониҳо дар Яман шикасти сангине бихӯранд. Дар посух ба тарафдорони ин сенорию бояд гуфт, дар сурате ки Арабистон эҳсос кунад, ки шикасташ дар Яман наздик аст, қатъан ба самти тақвияти теруризм дар Яман хоҳад рафт. Ва ин дақиқан ҳамон эҳтимоли дуввум аст, ҳатто агар ин масъала боби майли омрикоиҳо набошад.

Яман рӯзҳои сахтеро мегузаронад, аммо шояд ин бор талошҳои диплумотик битавонад воқеан коре аз пеш бибарад. Дар ин робита нигоҳи бисёре аз нозирон ба гомҳои баъдии Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, сиёсатмадори коркуштаи яманӣ аст, ки дар сояи солҳои диктотурӣ таҷрибаи таъомул бо ҷаҳони Ғарб ва арабро низ дорад.

Irdiplomacy

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.