Сиёсат

Ҷанг дар Яман; оғози ҷабҳае ҷадид алайҳи Эрон

Таҳлиле дар нашрияи Global Research

Муваффақияти Ансоруллоҳ дар ба даст овардани контроли Санъо, пойтахти Яман дар сентябри соли 2014, ба шиддат Арабистони Саудӣ ва Омрикоро музтариб ва парешон кард. Абдураббуҳ Мансур Ҳодӣ, раисиҷумҳури вақти Яман, ки мавриди ҳимояти Омрико буд, маҷбур буд, то қудратро бо онҳо тақсим кунад.

Ҳақиқати Яман воруна ҷилва дода мешавад

Дар ҷанги Яман ҳақиқат воруна ҷилва дода шудааст. Ин ҷанг ва фирори Абдураббуҳ Мансур Ҳодӣ аз Яман, ба ҳеч унвон он тавр ки бархе муддаӣ шуданд, натиҷаи як “кудатои Ҳусиҳо” дар Яман набуд. Балки ҳақиқат хилофи ин аст. Мансур Ҳодӣ маҷбур ба фирор аз Яман шуд, чаро ки саъй дошт, бо ҳимояти Арабистон ва Омрико ҳарфашро дар бораи тақсими қудрат пасбигирад.

Барканории Абдураббуҳ Мансур Ҳодӣ аз қудрат вокунише ғайримунтазира ба иқдомоти худи ӯ дар тасоҳуби қудрат дар Санъо бо ҳамкорӣ ва ҳамфикрии Вошингтун ва Оли Сауд буд. Иттиҳоди дохилии Ансоруллоҳ алайҳи раисиҷумҳури барканоршудаи ин кишвар дар таҳаввулоти ахири Яман шомили иттиҳоди зайдиҳо ва сунниҳо дар канори якдигар буд ва дар ин таҳаввулот аслан мавзӯи ихтилофи шиъа ва суннӣ матраҳ нест.

Мансур Ҳодӣ дар солҳои гузашта ва ҳатто пеш аз ба қудрат расидан, бо ҳамкории Оли Сауд ба таҳти фишор қарор додан ва озору азияти Ҳусиҳо ва дахолат дар сиёсати тоифаӣ дар Яман мепардохт. Ҳангоме ки Мансур Ҳодӣ раисиҷумҳури Яман шуд, тамоми талошашро ба кор гирифт, то бо монеътарошӣ аз иҷрои тавофуқоти суратгирифта дар иҷмоъ ва музокироти миллии Яман, ки пас аз канорагирии Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ аз қудрат дар соли 2011 ташкил шуд, ҷилавгирӣ кунад.

Кудато ё зидди кудато?

Замоне ки нерӯҳои мардумии Ансоруллоҳ авохири соли 2014 контроли Санъоро ба даст гирифтанд, дигар пешниҳодоти Мансур Ҳодиро барои тавофуқи расмӣ бар сари тақсими қудрат напазируфтанд ва вайро ба лиҳози ахлоқӣ фарде фосид ва ғайри қобили эътимод хонданд, чаро ки Мансур Ҳодӣ расман аз иҷрои ваъдаҳои пешин барои тақсими қудрати сиёсӣ сарбоз зада буд. Дар он замон, хушхидматиҳои вай ба сарони Вошингтун ва хонадони Сауд боиси афзоиши нафрати аксарияти мардуми Яман аз ӯ шуда буд; ба гунае ки ду моҳ баъд дар торихи 8 ноябр, ҳизби Мансур Ҳодӣ низ салоҳияти ӯро ба унвони раҳбари худ радд кард.

Тамоми ин вақойеъ дар ниҳоят боис шуд, то дар торихи 20 январ Ансоруллоҳ раисиҷумҳури барканоршудаи ин кишварро дастгир карда ва кохи риёсати ҷумҳурӣ ва дигар ниҳодҳои давлатиро таҳти контроли худ дароварад. Ду ҳафта пас аз ин воқеъа онҳо тавонистанд бо ҳимояти мардуми Яман, дар торихи 6 феврал давлати муваққатро ташкил диҳанд ва Мансур Ҳодӣ расман маҷбур ба канорагирӣ аз қудрат шуд.

Истеъфои Мансур Ҳодӣ аз қудрат, ақабгарди сахте барои сиёсати хориҷии Омрико ба ҳисоб меомад ва ҳамин амр низ боис шуда буд, то созмони CIA ва Пентогун маҷбур ба ақабнишинии низомӣ ва амалиётӣ шуда ва нерӯҳои амалиётӣ, иттилоотӣ ва низомии Омрикоро аз хоки Яман хориҷ кунанд. The Los Angeles Times дар торихи 25 март ба нақл аз мақомоти омрикоӣ гузориш кард, ки нерӯҳои Ансоруллоҳ ҳангоми ба даст гирифтани контроли идораи амнияти миллии Яман, ба теъдоди зиёде санади маҳрамона даст пайдо кардаанд, ки нишон медод, давлати Яман ҳамкории бисёр наздикеро бо созмони CIA дар пеш гирифта буд ва муҷаввизи амалиёти маҳрамонаи ин созмон ва Вошингтун дар Яманро содир карда буд.

Мансур Ҳодӣ, ки аз Санъо ба халиҷи Адан гурехта буд, дар торихи 7 март он ҷоро ба унвони пойтахти муваққати Яман муаррифӣ карда ва дар иқдоме муштарак, Омрико, Фаронса, Туркия ва дигари муттаҳидони онҳо дар Урупо низ сафоратхонаҳои худ дар Санъоро таътил карда ва ба дунболи он Арабистони Саудӣ, Кувайт, Баҳрайн, Қатар ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ низ ҳамагӣ сафоратҳои худро аз Санъо ба Адан мунтақил карданд. Мансур Ҳодӣ номаи истеъфои худро ботил карда ва эълом кард, ки ҳукумате дар табъид ташкил додааст.

Дар ин миён, Ансоруллоҳ ва дигар муттаҳидонаш тан ба хостаҳои Омрико ва Арабистони Саудӣ, ки тавассути Мансури Ҳодӣ дар Адан матраҳ мешуд надоданд. Пас аз чароғи сабзи Риёз Ёсин вазири хориҷаи давлати мустаъфии Яман дар Адан барои ҳамла ба ин кишвар, Арабистон бо дигар муттаҳидони араби худ дар торихи 23 март ба ин кишвар ҳамла кард.

Ёсин дар мусоҳиба бо Ашшарқул-авсат эълом кард, ки бомбборони ҳавоии Яман зарурӣ аст ва минтақаи “парвоз мамнӯъ” набояд ба ҳеч унвон бар фарози Яман эъмол шавад. Ҳангоме ки Ансоруллоҳ барои контроли авзоъ вориди Адан шуданд, Мансур Ҳодӣ фирор карда, ба Арабистон ва аз он ҷо низ ба Миср рафт, то зимни дидор бо сарони кишварҳои Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс, машрӯияти ҷанг алайҳи Яманро ба даст оварад.

Яман ва тағйири муъодилоти роҳбурдӣ дар Ховари Миёна

Ба дастгирии контрол ва қудрат дар Санъо тавассути Ансоруллоҳ, бо як саре муваффақиятҳо ва пирӯзиҳои минтақаӣ, ки барои Эрон, Ҳизбуллоҳ, Сурия ва муқовимат дар Ховари Миёна иттифоқ афтод, ҳамзамон буд. Дар Сурия давлати ин кишвар муваффақ шуд, мавзеъи худро мустаҳкамтар созад, дар шароите, ки дар Ироқ артиши ин кишвар бо кӯмакҳои қобили таваҷҷӯҳ аз сӯи Эрон, тавонист мавозеъи нерӯҳои ДОЪИШ-ро то ҳудуди зиёде шиносоӣ ва нобуд созад.

Ҳамзамон бо матраҳ шудани беш аз пеши Эрон ба унвони бозигари аслӣ дар сохтори амниятӣ ва суботи Ховари Миёна, муъодилоти роҳбурдӣ дар минтақа дар ҳоли тағйир буд. Арабистони Саудӣ ва Бенёмин Натонёҳу нахуствазири “Исроил” ба ваҳшат афтода ва шурӯъ ба тарҳи ин иддаъо карданд, ки Эрон контроли чаҳор пойтахти аслии минтақа яъне Бейрут, Димишқ, Бағдод ва Санъоро ба даст гирифтааст ва ба ҳамин далел бояд ҳар чӣ сареътар иқдоме сурат гирад, то монеъ аз густариши нуфузи Эрон шавад. Дар натиҷаи муъодилаи ҷадиди роҳбурдӣ, исроилиҳо бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз густариши беш аз пеши қудрат ва нуфузи Эрон дар минтақа, ба лиҳози роҳбурдӣ бо Оли Сауд муттаҳид мешаванд.

Аҳдофи пушти пардаи Омрико ва Арабистон дар ҷанги Яман чист?

Саудиҳо муддатҳост Яманро ба унвони ҳаёти халвати худ ва бахше аз ҳавзаи нуфузи Риёз дар назар мегирифтанд, аммо ин бор Омрико қасд дошт, то аз контроли тангаи Бобул-мандиб, халиҷи Адан ва ҷазоири “Сукутро” итминон ҳосил кунад. Бобул-мандиб дар тиҷорати баҳрии байналмилалӣ ва ҷобаҷоии баҳрии энержӣ, тангае бисёр истротежик ва муҳим ба ҳисоб меояд, ки аз тариқи уқёнуси Ҳинд бо халиҷи Форс ва аз тариқи баҳри Сурх низ бо баҳри Миёназамин дар иртибот аст. Аҳаммияти ин танга барои хутути киштиронӣ ва тиҷорати баҳрӣ миёни Офриқо, Осиё ва Урупо ҳамчун аҳаммияти бисёр зиёди коноли Суез аст.

Дар ин миён, “Исроил” низ аз ҷумлаи тарафҳои нигарон ба ҳисоб меояд ва ба ин далел, ки аз даст додани контроли Яман метавонад дастрасии “Исроил” ба уқёнуси Ҳинд аз тариқи баҳри Сурхро қатъ кунад, ба шиддат нигарон аст, чаро ки агар ин иттифоқ биуфтад ва контроли ин минтақа аз дасти муттаҳидони Омрико хориҷ шавад, дигар “Исроил” қодир нахоҳад буд ба роҳатӣ вориди халиҷи Форс шавад ва Эронро аз ин тариқ таҳдид кунад. Тамоми ин масоил аз ҷумлаи далолиле аст, ки боис шуд, то Натонёҳу низ дар музокироти марбут ба Яман бо Кохи Сафед ворид шуда ва албатта контроли Яман, яке аз мавориде буд, ки Бенёмин Натонёҳу дар изҳороти худ дар Кунграи Омрико дар торихи 3 март ба он пардохт.

Арабистони Саудӣ ба таври мушаххас нигарони ин масъала аст, ки Яман битавонад расман ба ҳамкорӣ бо Эрон бипардозад, ки чунин дастоварде барои Яман эҳтимолан боиси бозгашти нооромиҳо ба Арабистон ва ба хатар афтодани бақои Оли Сауд хоҳад шуд. Албатта Вошингтун низ ба ҳамин мизон нигарони ин масъала аст, аммо дар айни ҳол ба рақобатҳо ва тақобулҳои ҷаҳонӣ низ меандешад. Яке аз дағдағаҳои аслии Омрико ин аст, ки монеъи эҷоди ҷойгоҳе истротежик барои Эрон, Русия, Чин ва ба дунболи он дигар қудратҳои ҷаҳонӣ дар Яман ба манзури назорат бар халиҷи Адан ва истиқрор дар тангаи Бобул-мандиб шавад.

Дар канори аҳаммияти жеупулитики Яман дар ҳамлу нақли баҳрӣ, зарродхонаҳои мушакии артиши Яман низ аз аҳаммияти хоссе бархӯрдоранд. Мушакҳои Яман ин қобилиятро доранд, ки ҳар киштие, ки қасди убур аз халиҷи Адан ё тангаи Бобул-мандибро дошта бошанд, ҳадаф қарор диҳад. Аз ҳамин рӯ, ҳамалоти ҳавоии Арабистони Саудӣ ба анборҳои мушакии Яман дар ҳақиқат дар ҷиҳати таъмини манофеъи “Исроил” ва Омрико сурат гирифт. Ҳадафи аслӣ аз нишона гирифтани ин анборҳои низомии Яман ин набуд, ки аз ҳамалоти талофиҷӯёнаи артиши ин кишвар алайҳи нерӯҳои саудӣ мумониат ба амал ояд, балки ҳадафи аслӣ мумониат аз дастрасии давлати ямании ҳамсӯ бо Эрон, Русия ва ё Чин ба ин таҷҳизоти низомӣ буд.

Ҳамлаи низомии саудиҳо дар Яман, ҷабҳае ҷадид алайҳи Эрон аст

Арабистони Саудӣ бо вуҷуди тамоми иддаъоҳо дар бораи бархӯрдорӣ аз қудрати минтақаӣ, аммо ба танҳоӣ барои муқобила бо Эрон бисёр заъиф аст. Истротежии Оли Сауд ин буда, ки ба тазъифи низоми иттиҳоди минтақаӣ ва аз ин тариқ низ ба муқобила бо Эрон ва ҷабҳаи муқовимат бипардозад. Барои ин манзур, саудиҳо ба Миср, Туркия ва Покистон ниёз доранд, то бо эҷоди иттиҳоде ҷадид дар муқобили ҷабҳаи муқовимат, ба муқобила бо Эрон ва муттаҳидони минтақаии ин кишвар бипардозанд.

Муҳаммад бен Зоид бен Султон Оли Наҳён, муовини фармондеҳи кулли артиши Аморот ва валиаҳди Абӯзабӣ, дар торихи 17 март ба Марокаш рафт, то дар хусуси иқдоми низомии ҷамъӣ тавассути Аморот, Марокаш, Ӯрдун ва Миср гуфтугӯ кунад. Вай дар торихи 21 март низ бо Малик Салмон, подшоҳи Арабистон дидор ва дар ин робита гуфтугӯ кард. Ин дидорҳо дар замоне сурат гирифта буд, ки Мансур Ҳодӣ аз Арабистон ва Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс барои иқдоми низомӣ дар Яман дархости кӯмак карда буд. Аммо Уммон, ки равобити нисбатан дӯстонае бо Эрон дорад, аз ҳамкорӣ дар ин робита худдорӣ кард. Аз сӯи дигар, Уммон ба шиддат нигарони иқдомоти тафриқаафканонаи Арабистон дар миёни мусалмонон аст.

Мошинҳои шойеъапарокании саудиҳо ба интишори ин дурӯғи ҷаълӣ ва сохтагӣ пардохтанд ва муддаъӣ шуданд, ки ҳамла ба Яман вокуниш ба “таҷовузи Эрон” ба марзҳои Арабистони Саудӣ буд. Ба дунболи ҳамла ба Яман, Туркия низ ҳимояти худро аз ин ҷанг эълом кард ва як рӯз баъд, Раҷаб Тайиб Ардуғон раисиҷумҳури Туркия низ ба такрори ҳамон иддаъоҳо пардохт ва муддаъӣ шуд, ки Эрон саъй дорад, то бар минтақа чира шавад ва Туркия, Арабистон ва Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс аз ин масъала ба хашм омадаанд. Дар ҳангоми ин иттифоқот, Абдулфаттоҳ Ассисӣ раисиҷумҳури Миср низ эълом мекунад, ки амнияти Миср ҳамчун амнияти Аморот ва Арабистон аст ва як рӯз пас аз ин эълом, Қоҳира низ ба ҳамлаи Риёз алайҳи Яман мулҳақ шуд ва ҷангандаҳо ва новҳои худро ба Яман эъзом кард.

Дар ин миён, Навоз Шариф нахуствазири Покистон низ тайи баёнияе дар торихи 26 март эълом кард, ки ҳар гуна таҳдид алайҳи Арабистони Саудӣ, ба таври ҳатм бо “вокуниши қотеъе” аз сӯи Покистон мувоҷеҳ хоҳад шуд ва ба назар мерасид, ки мухотаби аслии ин паём низ Эрон бошад (ки албатта баъдҳо ағлаби ин кишварҳо аз мавозеъи худ ақибнишинӣ карданд.)

Нақши “Исроил” ва Омрико дар ҷанг дар Яман чист?

Дар торихи 27 март эълом шуд, ки “Исроил” низ дар ҷанги Яман ба ҳимоят ва ироаи кӯмак ба Арабистони Саудӣ пардохтааст. Ҳасан Зайд раиси ҳизби Алҳаққи Яман дар мақолае интернетӣ ба ташреҳи ҳамгаройии манофеъи Оли Сауд ва “Исроил” дар ҷанги Яман пардохт ва таъкид кард: “Ин нахустин боре аст, ки саҳюнистҳо амалиёти муштаракеро дар ҳамкорӣ бо аъроб сурат медиҳанд.” Албатта иттиҳоди саудӣ-исроилӣ алайҳи Яман, мавзӯи тозае нест. Пеш аз ин низ исроилиҳо дар тӯли ҷанги дохилӣ дар шимоли Яман, ки дар соли 1962 оғоз шуда буд, бо таҷҳизи низомии Арабистони Саудӣ ба кӯмаки Оли Сауд шитофтанд, то заминаи ғалабаи салтанатталабҳо бар ҷумҳурихоҳон дар шимоли Яман фароҳам ояд.

Вошингтун ҳамзамон бо музокироти ҳастаӣ, ҷанг алайҳи Яманро ҳидоят мекунад

Аз сӯи дигар, Омрико низ дар пушти парда ва аз фосилае дуртар ба раҳбарӣ ва ҳидояти ин набард нишастааст. Вошингтун дар шароите, ки ба зоҳир талош мекунад, то бо Теҳрон бар сари масъалаи ҳастаӣ ба тавофуқ бирасад, саъй дорад, то бо кӯмаки саудиҳо иттиҳод алайҳи Теҳрон ҳамчунон ҳифз шавад. Дар ҳоли ҳозир, Пентогун ба фароҳамоварии он чӣ “пуштибонии луҷестик ва иттилоотӣ” ба Оли Сауд мехонад, мепардозад.

Иштибоҳ накунед: ҷанг алайҳи Яман, ҷанги Вошингтун низ ҳаст. Омрико нақши муҳиммеро дар ҳосил шудани иттифоқи назар миёни аъзои Шӯрои ҳамкориҳои халиҷи Форс алайҳи Ямани ифо кардааст. Муддатҳост, ки баҳс дар бораи ташкили нерӯҳои артишӣ дар ҳимоят аз аъроб дар Иттиҳодияи Араб матраҳ шудааст. Пешниҳоди ташкили чунин артише дар ҷиҳати таъмини манофеъи Омрико, “Исроил” ва Оли Сауд ироа шудааст. Ҳамлаи Арабистон ба Яман барои бозгардондани Мансур Ҳодӣ ба қудрат дар ин кишвар ва тақобули минтақаӣ бо Эрон, Сурия, Ҳизбуллоҳ ва муқовимат дар Ховари Миёна низ ба талошҳо барои ба самар расондани музокирот дар хусуси ташкили артиши аъроб суръат бахшидааст.

Global Research

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.