Мантиқ

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 17

Оё мантиқ илме беҳуда аст? (1)

Ишора: Ин баҳс, ки дар се қисмат хоҳем овард, баргирифта аз баҳсҳои шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ дар китоби “Ошноӣ бо улуми исломӣ” таҳти унвони “Арзиши қиёс” аст. Эшон дар ин баҳс ба тафсил посухи ишколи касонеро, ки бар қиёс ворид кардаанд додааст.

Аз ҷумлаи масоиле, ки лозим аст зимни ин баҳсҳо баён шавад, арзиши мантиқ аст. Ва чун ғолиби тардид ва инкорҳо дар мавриди арзиши мантиқ, дар бораи арзиши қиёс будааст, мо онро таҳти унвони “Арзиши қиёс” баҳс мекунем. Ва ба ҳамин далел, ин баҳсро, ки марбут ба фоидаи мантиқ аст, мо пас аз баҳси қиёс қарор додем.

Ду навъи арзиш

Арзиши мантиқ аз ду назар мавриди баҳси соҳибназарон қарор гирифтааст:

  1. Аз назари дурустӣ (саҳеҳ будан);
  2. Аз назари муфид будан.

Бархе асосан қоидаҳои мантиқро пуч ва ғалат ва нодуруст донистаанд. Бархе дигар гуфтаанд: ғалат нест, аммо муфиди фоидае ҳам нест ва донистан ва надонистани он баробар аст, пас сарфи вақт дар он беҳуда аст.

Ҳам дар ҷаҳони Ислом ва ҳам дар ҷаҳони Урупо, бисёр касон арзиши мантиқро ё аз назари саҳеҳ будан ва ё аз назари муфид будан нафй кардаанд.

Дар ҷаҳони Ислом дар миёни урафо, мутакаллимон ва муҳаддисон, аз ин касон мебинем. Аз он миён аз Абӯсаиди Абулхайр, Сирофӣ, Ибни Таймия, Ҷалолуддини Суютӣ, Амини Астарободӣ бояд ном бурд. Урафо ба таври куллӣ “пойи истидлолиёнро чӯбин”медонанд. Он чӣ аз Абӯсаиди Абулхайр маъруф аст, эроди давр аст, ки бар шакли аввал ворид карда ва Абӯалӣ ибни Сино ба он ҷавоб додааст. (Мо баъдан онро нақд ва таҳлил хоҳем кард). Сирофӣ ҳарчанд шӯҳрати бештараш ба илми наҳв аст, аммо мутакаллим ҳам ҳаст. Абӯҳайёни Тавҳидӣ дар китоби “Ал-имтиноъу вал-муонаса” мубоҳисаи ӯро бо Матто ибни Юнус, файласуфи масеҳӣ, дар маҷлиси Дев ибни Фурот дар бораи арзиши мантиқ нақл кардааст ва Муҳаммад Абузуҳра дар китоби “Ибни Таймия” онро бозгӯ намудааст. Худи Ибни Таймия, ки пешвои аслии ваҳҳобият ба шумор меравад, китобе дорад ба номи “Аррадду алал-мантиқ”, ки чоп шудааст.

Ҷалолуддини Суютӣ низ китобе дорад ба номи “Савнул-мантиқи вал-каломи анил-мантиқ”, ки дар радди илми мантиқ ва илми калом навиштааст. Амини Астарободӣ, ки аз уламои бузурги шиъа ва раиси ахбориҳост, китобе дорад ба номи “Фавоидул-мадина”, ки дар фасли ёздаҳум ва дувоздаҳуми он китоб баҳсе дорад дар бораи бефоида будани мантиқ.

Дар ҷаҳони Урупо низ гурӯҳи зиёде бар мантиқи Арасту ҳуҷум бурдаанд. Аз назари баъзе, ин мантиқ ончунон мансух аст, ки ҳайъати Батламюсӣ чунон мансух аст. Аммо соҳибназарон медонанд, ки мантиқи Арасту бар хилофи ҳайъати Батламюсӣ, муқовимат карда ва на танҳо ҳанӯз ҳам тарафдороне дорад, балки мухолифон низ эътироф доранд, ки лоақал қисмате аз он дуруст аст. Мантиқи риёзии ҷадид, алорағми иддаъои баъзе аз тарафдорони он, мутаммим ва мукаммили мантиқи арастуӣ ва имтидоди он аст, на фасхкунандаи он. Эродҳое, ки соҳибони мантиқи риёзӣ бар мантиқи арастуӣ гирифтаанд, фаразан аз тарафи худи Арасту ба он эродҳо таваҷҷӯҳе нашуда бошад ҳам, солҳо қабл аз зуҳури мантиқи риёзӣ, аз тарафи шореҳон ва мукаммилони асили мантиқи арастуӣ монанди Ибни Сино, ба онҳо таваҷҷӯҳ шуда ва рафъи нақс шудааст.

Дар ҷаҳони Урупо афроде, ки дар мубориза бо мантиқи арастуӣ шохис шумурда мешаванд зиёданд, ва аз ҷумлаи онҳо Франсис Бекан, Декорт, Эстворд Мил ва дар асри мо Росилро бояд ном бурд.

Мо дар ин ҷо ночорем қабл аз он ки ба тарҳи эродҳо ва ишколҳо ва ҷавоби онҳо бипардозем, баҳсеро, ки маъмулан дар ибтидо тарҳ мекунанд ва мо амдан таъхир андохтем тарҳ намоем. Ва он таърифи фикр аст. Аз он ҷиҳат лозим аст таъриф ва моҳияти фикр равшан шавад, ки қиёс худ навъе тафаккур аст. Ва гуфтем, ки умдатан баҳсҳои тарафдорон ё мухолифони мантиқи арастуӣ дар бораи арзиши қиёс аст ва дар воқеъ дар бораи арзиши ин навъ тафаккур аст. Мухолифон барои ин навъ тафаккури саҳеҳ арзише қоил нестанд, ва тарафдорон муддаъӣ ҳастанд, ки на танҳо тафаккури қиёсӣ боарзиш аст, балки ҳар навъ тафаккури дигар, ҳарчанд ба сурати пинҳон ва ногоҳ, мубтанӣ бар тафаккури қиёсӣ аст.

Таърифи фикр

Фикр яке аз аъмоли зеҳнии башар ва шигифтангезтарини онҳост. Зеҳн аъмоли зиёдеро анҷом медиҳад. Мо дар ин ҷо феҳрествор онҳоро баён мекунем, то амали фикр кардан равшан шавад ва таърифи фикр мафҳуми мушаххасе дар зеҳни мо биёбад:

1. Аввалин амали зеҳн тасвирпазирӣ аз дунёи хориҷ аст. Зеҳн аз роҳи ҳавосс (ҳавосси панҷгона, яъне биноӣ, шунавоӣ, ломиса, бӯёӣ ва чашоӣ) бо ашёи хориҷӣ иртибот пайдо мекунад ва суратҳоеро аз онҳо назди худ гирд меоварад. Ҳолати зеҳн аз лиҳози ин амал, ҳолати як дурбини аккосӣ аст, ки суратҳоро бар рӯи як филм мунъакис мекунад. Фарз кунед, мо то кунун ба шаҳри Самарқанд нарафта будем ва барои аввалин бор рафтем ва биноҳои торихии онҷоро мушоҳида кардем. Аз мушоҳидаи онҳо як силсила тасвирҳо дар зеҳни мо нақш мебандад. Зеҳни мо дар ин кори худ сирфан мунфаъил аст. Яъне амали зеҳн аз ин назар сирфан қабул ва пазириш аст;

2. Пас аз он ки аз роҳи ҳавосс суратҳое дар ҳофизаи худ гирд овардем, зеҳни мо бекор наменишинад. Яъне кораш сирфан анбор кардани суратҳо нест, балки суратҳои нигаҳдоришударо ба муносибатҳое аз қароргоҳи пинҳони зеҳн ба сафҳаи ошкори худ зоҳир менамояд. Номи ин амал ёдоварӣ аст. Ёдоварӣ беҳисоб нест. Гӯё хотироти зеҳни мо монанди ҳалқаҳои занҷир ба якдигар баста шудаанд. Як ҳалқа, ки берун кашида мешавад, пушти сараш ҳалқаи дигар ва пушти сари он ҳалқаи дигар зоҳир мешавад, ва ба истилоҳи уламои равоншиносӣ, маъонӣ якдигарро тадоъӣ мекунад. Шунидаед, ки мегӯянд: “Алкалому яҷуррул калом”. Яъне, сухан аз сухан бишкофад. Ин ҳамон тадоъии маъонӣ ва тасалсули хотираҳост.

Пас, зеҳни мо илова бар суратгирӣ ва нақшпазирӣ, ки сирфан инфиъол аст, ва илова бар ҳифз ва гирдоварӣ, аз фаъолият‏ ҳам бархӯрдор аст. Ва он ин аст, ки суратҳои ҷамъшударо тибқи як силсила қавонини муайян, ки дар равоншиносӣ баён шудааст, ба ёд меоварем. Амали тадоъии маъонӣ рӯи сурат‏ҳои мавҷуди ҷамъшуда сурат мегирад бидуни он ки дахлу тасарруфе ва каму зиёде сурат гирад;

3. Амали сеюми зеҳн таҷзия ва таркиб аст. Зеҳн илова бар ду амали фавқ, як кори дигар ҳам анҷом медиҳад. Ва он ин ки як сурати хоссро, ки аз хориҷ гирифтааст таҷзия мекунад. Яъне онро ба чанд ҷузъ тақсим ва таҳлил мекунад, дар сурате ки дар хориҷ ба ҳеч ваҷҳ таҷзияе вуҷуд надоштааст. Таҷзияҳои зеҳн чанд гуна аст. Гоҳе як суратро ба чанд сурат таҷзия мекунад ва гоҳе як суратро ба чанд маънӣ таҷзия мекунад. Таҷзияи як сурат ба чанд сурат монанди ин ки як андом, ки дорои маҷмӯе аз аҷзоъ аст, зеҳн дар зарфияти худ он аҷзоъро аз якдигар ҷудо мекунад ва аҳёнан бо чизи дигар пайванд мезанад. Таҷзияи як сурат ба чанд маънӣ мисли он ҷо, ки хатро мехоҳад таъриф кунад ба “каммияти муттасили дорои як буъд”. Яъне моҳияти хатро ба се ҷузъ таҳлил мекунад: каммият, иттисол, буъди воҳид. Ва ҳол он ки дар хориҷ се чиз вуҷуд надорад. Ва гоҳе ҳам таркиб мекунад, ки он ҳам анвоъе дорад. Як навъи он ин ки чанд суратро бо якдигар пайванд медиҳад, мисли ин ки аспе бо чеҳраи инсон тасвир мекунад;

4. Таҷрид ва таъмим. Амали дигари зеҳн ин аст, ки суратҳои зеҳнии ҷузъиро, ки ба василаи ҳавосс дарёфт кардааст, таҷрид мекунад. Яъне чанд чизро, ки дар хориҷ ҳамеша бо ҳаманд ва зеҳн ҳам онҳоро бо якдигар дарёфт кардааст, аз якдигар тафкик мекунад. Масалан, ададро ҳамвора ҳамроҳи як шайъи моддӣ дарёфт мекунад, вале баъд онро таҷрид ва тафкик мекунад, ба тавре ки ададҳоро муҷаззо аз ашё тасаввур менамояд. Аз амали таҷрид болотар амали таъмим аст.

Таъмим яъне ин ки зеҳн суратҳои дарёфтшудаи ҷузъиро дар дохили худ ба сурати мафоҳими куллӣ дармеоварад. Масалан, аз роҳи ҳавосс афроде аз қабили Зайд, Амр, Аҳмад, Ҳасан ва Маҳмудро мебинад, вале баъдан зеҳн аз ин ҳама як мафҳуми куллӣ ва омм месозад ба номи инсон.

Бадеҳӣ аст, ки зеҳн ҳеч гоҳ инсони куллӣ-ро ба василаи яке аз ҳавосс идрок намекунад, балки пас аз идроки инсонҳои ҷузъӣ (яъне Ҳасан, Маҳмуд, Аҳмад …) як сурати омм ва куллӣ аз ҳамаи онҳо ба даст медиҳад ба номи инсон.

Зеҳн дар амали таҷзия ва таркиб ва ҳамчунин дар амали таҷрид ва таъмим, рӯи фаровардаҳои ҳавосс дахлу тасарруф мекунад. Гоҳе ба сурати таҷзия ва таркиб ва гоҳе ба сурати таҷрид ва таъмим;

5. Амали панҷуми зеҳн ҳамон аст, ки мақсуди аслии мо баёни он аст. Яъне тафаккур ва истидлол, ки иборат аст аз: марбут кардани чанд амри маълум барои кашфи як амри маҷҳул. Дар ҳақиқат, фикр кардан навъе издивоҷ ва таваллуд ва таносул дар миёни андешаҳост. Ба иборати дигар, тафаккур навъе сармоягузории андеша аст барои таҳсили суд ва изофа кардан бар сармояи аслӣ.

Ин масъала аст, ки бояд дар бораи арзиши қиёс мавриди баҳс қарор гирад, ки оё воқеан зеҳни мо қодир аст аз тариқи таркиб ва муздаваҷ сохтани маълумоти хеш, ба маълуми ҷадиде даст биёбад ва маҷҳулеро аз ин роҳ табдил ба маълум кунад ё хайр? Балки ягона роҳи касби маълумот ва табдили маҷҳул ба маълум он аст, ки аз тариқи иртиботи мустақим бо дунёи хориҷ, бар сармояи маълумоти хеш биафзояд ва аз тариқи марбут кардани маълумот дар даруни зеҳн наметавон ба маълуми ҷадиде даст ёфт?

Ихтилофи назари таҷрибагароён бо ақлгароён дар ҳамин нукта аст. Аз назари таҷрибагароён, роҳи мунҳасир барои касби маълумоти ҷадид, тамоси мустақим бо ашё аз тариқи ҳавосс аст. Пас ягона роҳи саҳеҳи таҳқиқ дар ашё, таҷриба аст. Вале ақлгароён мӯъатқиданд, ки таҷриба яке аз роҳҳост, ва аз тариқи марбут кардани маълумоти қаблӣ низ метавон ба як силсила маълумоти ҷадид даст ёфт. Ва марбут кардан маълумот барои даст ёфтан ба маълумоти дигар, ҳамон аст, ки аз онҳо ба қиёс ё бурҳон таъбир мешавад.

Мантиқи арастуӣ зимни ин ки таҷрибаро мӯътабар медонад ва онро яке аз муқаддимоти шишгонаи қиёс мешуморад, қонун ва қоидаҳои қиёсро, ки иборат аст аз: ба кор бурдани маълумот барои кашфи маҷҳулот ва табдили онҳо ба маълумот, баён мекунад. Бадеҳӣ аст, ки агар роҳи таҳсили маълумот мунҳасир ба тамоси мустақим бо ашёи маҷҳула бошад ва ҳаргиз маълумот натавонад василаи кашфи маҷҳулот қарор гирад, мантиқи арастуӣ бемаънӣ хоҳад буд.

Як мисол

Мо дар ин ҷо як мисоли соддаеро, ки маъмулан барои зеҳни донишомӯзон ба сурати як муаммо меоваранд, аз назари мантиқӣ таҷзия ва таҳлил мекунем, то маълум гардад, ки чӣ гуна гоҳе зеҳн аз тариқи маълумоти худ ба маҷҳуле даст меёбад.

Фарз кунед панҷ кулоҳ вуҷуд дорад, ки се тои он сафед аст ва ду тои он сурх. Се нафар ба тартиб рӯи пиллаҳои нардбоне нишастаанд; ба гунае ки он нафаре, ки бар пиллаи сеюм аст, ду нафари дигарро мебинад ва он, ки дар пиллаи дуввум аст, танҳо нафари пиллаи аввалро мебинад ва нафари сеюм ҳеч кадом аз он дуро намебинад. Ва нафари аввал ва дуввум муҷоз нестанд, ки пушти сари худ нигоҳ кунанд. Хуб, дар ҳоле ки чашмҳои онҳоро мебанданд, бар сари ҳар як аз онҳо яке аз он кулоҳҳоро мегузоранд ва ду кулоҳи дигарро махфӣ мекунанд. Ва он гоҳ чашмони онҳоро боз мекунанд ва аз ҳар як аз онҳо мепурсанд, ки кулоҳе, ки бар сари туст, чӣ ранге аст? Нафари сеюм, ки бар пиллаи сеюм аст, пас аз нигоҳе, ки ба кулоҳҳои ду нафари дигар мекунад, мегӯяд: ман намедонам. Нафари пиллаи дуввум пас аз нигоҳе ба кулоҳи нафари аввал, ки дар пиллаи аввал аст, кашф мекунад, ки кулоҳи худаш чӣ ранг аст ва мегӯяд, ки кулоҳи ман сафед аст. Нафари аввал, ки бар пиллаи аввал аст, фавран мегӯяд: кулоҳи ман сурх аст.

Акнун бояд бигӯем: нафари аввал ва дуввум бо чӣ истидлоли зеҳнӣ — ки ҷуз аз навъи қиёс намебошад — бидуни он ки кулоҳи сари худро мушоҳида кунад, ранги кулоҳи худро кашф карданд ва чаро нафари сеюм натавонист ранги кулоҳи худро кашф кунад?

Иллати ин ки нафари сеюм натавонист ранги кулоҳи худро кашф бикунад, ин аст, ки ранги кулоҳҳои нафари аввал ва дуввум барои ӯ далели ҳеч чиз набуд. Зеро яке сафед буд ва дигарӣ сурх. Пас ғайр аз он ду кулоҳ се кулоҳи дигар вуҷуд дорад, ки яке аз онҳо сурх аст ва ду то сафед, пас кулоҳи ӯ метавонад сафед бошад ва метавонад сурх бошад. Бинобар ин, ӯ гуфт: ман намедонам. Танҳо дар сурате ӯ метавонист ранги кулоҳи худро кашф кунад, ки кулоҳҳои ду нафари дигар ҳар ду сурх мебуд, дар ин сурат ӯ метавонист фавран бигӯяд: кулоҳи ман сафед аст. Зеро агар кулоҳи он ду нафарро медид, ки сурх аст, чун медонист, ки ду кулоҳи сурх бештар вуҷуд надорад, ҳукм мекард, ки кулоҳи ман сафед аст. Вале чун кулоҳи яке аз он ду нафар сурх буд ва кулоҳи дигарӣ сафед буд, натавонист ранги кулоҳи худро кашф кунад.

Вале нафари дуввум ҳамин ки аз нафари сеюм шунид, ки гуфт ман намедонам, донист, ки кулоҳи худаш ва кулоҳи нафари аввал ҳар ду то сурх нест, вагарна нафари сеюм намегуфт, ки ман намедонам, балки медонист, ки ранги кулоҳи худаш чист. Пас ё бояд кулоҳи ӯ ва нафари аввал ҳар ду сафед бошад, ва ё яке сафед ва яке сурх. Ва чун дид, ки кулоҳи нафари аввал сурх аст, кашф кард, ки кулоҳи худаш сафед аст. Яъне аз илм ба ин ки ҳар ду кулоҳ сурх нест (ин илм аз гуфтаи нафари сеюм пайдо шуд) ва илм ба ин ки кулоҳи нафари аввал сурх аст, кашф кард, ки кулоҳи худаш сафед аст.

Ва иллати ин ки нафари аввал тавонист кашф кунад, ки ранги кулоҳи худаш сурх аст ин аст, ки аз гуфтаи нафари сеюм илм ҳосил кард, ки кулоҳи худаш ва кулоҳи нафари дуввум ҳар ду сурх нест. Ва аз гуфтаи нафари дуввум, ки гуфт кулоҳи ман сафед аст, илм ҳосил кард, ки кулоҳи худаш сафед нест. Зеро агар сафед мебуд, нафари дуввум наметавонист ранги кулоҳи худашро кашф кунад. Аз ин ду илм, барояш кашф шуд, ки кулоҳи худаш сурх аст.

Ин мисол агарчӣ як муаммои донишомӯзона аст, вале мисоли хубе аст барои ин ки зеҳн дар мавориде бидуни дахолати мушоҳида сирфан бо амали қиёс ва таҷзия ва таҳлили зеҳнӣ, ба кашфи маҷҳуле ноил меояд. Дар воқеъ дар ин маворид зеҳн қиёс ташкил медиҳад ва ба натиҷа мерасад. Инсон агар диққат кунад, мебинад, ки дар ин маворид, зеҳн танҳо як қиёс ташкил намедиҳад, балки қиёсҳои мутаъаддиде ташкил медиҳад, вале ончунон сареъ ташкил медиҳад ва натиҷа мегирад, ки инсон камтар мутаваҷҷеҳ мешавад, ки зеҳн чӣ аъмоли зиёде анҷом додааст.

Донистани қоидаҳои мантиқии қиёс аз ҳамин ҷиҳат муфид аст, ки роҳи саҳеҳи қиёс ба кор бурданро бидонад ва дучори иштибоҳ, ки зиёд ҳам рух медиҳад, нашавад.

Тарзи қиёсҳое, ки нафари дуввум ташкил медиҳад ва ранги кулоҳи худро кашф мекунад, ин аст:

Қиёси аввал:

  1. Агар ранги кулоҳи ман ва кулоҳи нафари аввал ҳар ду сурх мебуд, нафари сеюм намегуфт, ки намедонам;
  2. Аммо ӯ гуфт, ман намедонам;
  3. Натиҷа: Пас ранги кулоҳи ман ва кулоҳи нафари аввал ҳар ду сурх нест.

(Ин як қиёси истисноӣ аст ва натиҷааш то ин ҷо ин аст, ки кулоҳи нафари аввал ва дуввум сурх нест).

Қиёси дуввум:

  1. Ҳоло, ки ранги кулоҳи ман ва ранги кулоҳи аввал ҳар ду сурх нест, пас ё ҳар ду сафед аст, ва ё яке сафед аст ва дигарӣ сурх;
  2. Аммо ҳар ду сафед нест, зеро мебинам, ки кулоҳи нафари аввал сурх аст;
  3. Натиҷа: Пас яке сафед аст ва дигарӣ сурх аст.

Қиёси севвум:

  1. Аз тарафе, ё кулоҳи ман сафед аст ва кулоҳи нафари аввал сурх аст, ва ё кулоҳи нафари аввал сафед аст ва кулоҳи ман сурх аст;
  2. Аммо кулоҳи нафари аввал сурх аст;
  3. Натиҷа: Пас кулоҳи ман сафед аст.

Ва аммо қиёсҳои зеҳние, ки нафари аввал ташкил медиҳад:

Қиёси аввал:

  1. Агар кулоҳи ман ва кулоҳи нафари дуввум ҳар ду сурх буд, нафари сеюм намегуфт, ман намедонам;
  2. Аммо гуфт, намедонам;
  3. Натиҷа: Пас кулоҳи ман ва кулоҳи нафари дуввум ҳар ду сурх нест.

Қиёси дуввум:

  1. Ҳоло ки ҳар ду сурх нест, ё ҳар ду сафед аст, ва ё яке сафед аст ва дигарӣ сурх;
  2. Аммо ҳар ду сафед нест, зеро агар ҳар ду сафед буд, нафари дуввум наметавонист кашф кунад, ки кулоҳи худаш сафед аст;
  3. Натиҷа: Пас яке сурх аст ва яке сафед.

Қиёси севвум:

  1. Ҳоло ки яке сафед аст ва яке сурх, пас ё кулоҳи ман сафед аст ва кулоҳи нафари дуввум сурх, ва ё кулоҳи нафари аввал сурх аст ва кулоҳи ман сафед;
  2. Аммо агар кулоҳи ман сафед мебуд, нафари дуввум наметавонист кашф кунад, ки кулоҳи худаш сафед аст;
  3. Натиҷа: Пас кулоҳи ман сафед нест, балки сурх аст.

Дар яке аз се қиёсе, ки нафари дуввум ба кор бурдааст, мушоҳида ва дидан яке аз муқаддимот аст, вале дар ҳеч як аз қиёсҳои нафари аввал мушоҳида дахолат надорад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.