Сиёсат

Эътилоф: “Мо ҳатто як дақиқа ҳам даст аз мубориза ва талоши худ барнамедорем”

Эътилофи нерӯҳои мухолифони “Тоҷикистони нав” дар баёнияе, бо таъкид бар ин ки “мо аз тамоми кишварҳое, ки ба усули демократия пойбанд ва ба ҳуқуқи башар эҳтиром қоил ҳастанд, махсусан аз кишварҳои аврупоӣ, қотеъона талаб менамоем, ки ҳама гуна ҳамкориро бо режими худкомаи Тоҷикистон қатъ намоянд”, хостори барчида шудани басоти низоми диктаторӣ ва барқарории демократияи ҳақиқӣ дар Тоҷикистон шудаанд.

Ин эътилоф имрӯз (14 апрел) дар назди Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Берлин Олмон гирдиҳамоӣ ташкил доданд. Эътилофи нирӯҳои мухолифи “Тоҷикистон нав” муташаккил аз ҷунбиши мардумии “Ватандор”, ҳаракати “Гурӯҳи 24”, ҷунбиши “Озодӣ ва Адолат”, ҳизби “Эҳёи Тоҷикистони нав” ва низ шахсиятҳои мустақил мебошад, дар поёни гирдиҳамоӣ баёнияе мунташир карданд.

Матни комили ин баёния, ки дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук мунташир шудааст, ба шарҳи зерин аст:

Баёнияи Эътилофи нерӯҳои мухолифони “Тоҷикистони нав” дар Берлин

Эътилофи нерӯҳои мухолифони “Тоҷикистони нав” муташаккил аз ҷунбиши мардумии “Ватандор”, ҳаракати мардумии “Гурӯҳи 24” ва низ шуморе аз шахсиятҳои сиёсии мухолифи режими Эмомалӣ Раҳмон, пас аз баргузории гирдиҳамоӣ дар 14 апрели соли 2015 дар шаҳри Берлини Олмон дар эътироз ба сиёсатҳои саркӯбгаронаи режими Раҳмон нисбат ба мардуми Тоҷикистон, ба хусус ба аҳзоби сиёсии мухолиф, шахсиятҳои мустақил ва дигарандешон, изҳор медорад:

1. Хитоби мо ба мардуми шариф ва сарбаланди тоҷик дар ин рӯзҳои ҳассос ва сарнавиштсоз барои кишвари азизамон он аст, ки мардуми шарифамон бояд бидонанд, ки ҳеч фишор ва таъқибе наметавонад монеъи идома додани мубориза ва талоши фарзандони ғаюр ва шарофатманди тоҷик барои наҷоти Тоҷикистон аз қабзаи режими хуношоми Раҳмон ва гурӯҳи нобакори вай бишавад. Мо ҳатто як дақиқа ҳам даст аз мубориза ва талоши худ барнамедорем, то он замон ки басоти низоми диктаторӣ аз кишварамон барчида шуда, озодӣ ва демократияи ҳақиқӣ дар он барқарор гардад;

2. Эътилоф аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хусус Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ва низ кишварҳои таъсиргузор мисли Иттиҳодияи Аврупо ва Омрико талаб менамояд, ки нисбат ба вазъияти мардуми тоҷик бетараф набошанд. Бетарафӣ ва чашмпӯшии ин созмонҳо ва ин кишварҳо аз вазъи нобасомони ҳуқуқи башар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нодида гирифтани фишорҳои режими Раҳмон ба аҳзоби сиёсӣ ва шахсиятҳои мухолиф ва дигарандеш, ки рӯз ба рӯз бештар шуда истодаанд, ин режимро ба идома додани фишорҳояш ташвиқ мекунад;

3. Дар ин рӯзҳои ҳассос, он чӣ Эътилофро беш аз ҳар чизи дигаре нигарон кардааст ин аст, ки фишорҳои режими Раҳмон нисбат ба аҳзоби сиёсии мӯътадил ва шахсиятҳои дилсӯзи кишвар ва ба ҳар баҳонае ба зиндон андохтани онҳо, сабаб шуда истодаанд, ки ҷавонони тоҷик ба тарафи созмонҳо ва гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро ҷалб бишаванд. Бинобар ин, Эътилоф аз ҷомеаи ҷаҳонӣ қотеъона талаб менамояд, ки пеши роҳи Раҳмон ва бебандубориҳои вай ва наздиконашро бигиранд ва нагузоранд, ӯ ба хотири боқӣ мондан бар курсии худ, Тоҷикистонро ба нобудӣ бикашонад;

4. Эътилоф махсусан аз вазъияти зиндониёни сиёсӣ мисли Муҳаммадрӯзӣ Искандаров — раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон, Зайд Саидов – вазири собиқи саноат ва муассиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, Шӯҳрат Қудратов – вакили мудофеъ ва фаъол дар Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, Мақсуд Иброҳимов – фаъоли сиёсӣ ва муассиси ҷунбиши Ҷавонони тоҷик барои эҳёи Тоҷикистон, Ҷалолуддин Маҳмудов – узви Шӯрои раҳбарии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ёқуб Салимов – вазири собиқи дохилаи Тоҷикистон, Ғаффор Мирзоев – фармондеҳи собиқи горди риёсати ҷумҳурӣ, чанд нафар аз аъзои “Гурӯҳи 24” ва дигар зиндониёни сиёсӣ, шадидан нигарон буда ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ қотеъона дархост мекунад, ки ба режими Раҳмон фишор оваранд, то ин зиндониён ҳар чӣ зудтар озод бишаванд;

5. Эътилоф таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои таъсиргузорро ба ин воқеияти талх низ ҷалб мекунад, ки чанд сол аст, ки режими Раҳмон ба равиши ҳазфи ҷасадии мухолифонаш рӯй овардааст, чӣ дар дохили Тоҷикистон бошад ва чӣ дар берун аз марзҳои кишвар. Ба унвони мисол, чанде пеш Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов – раҳбар ва муассиси “Гурӯҳи 24” ба дасти муздурони режими Раҳмон дар Ҷумҳурии Туркия террор шуд. Чанд бор ба ҷони Додоҷон Атовуллоев, раҳбари ҷунбиши “Ватандор” дар Русия аз ҷониби муздурони Раҳмон суиқасд ба амал омад. Чанд сол пеш дар ҳодисаи Бадахшон, шуморе аз ҷавонон бидуни ҳеч гуноҳе террор шуданд, аз ҷумла Сабзалӣ Маҳмадризоев – раиси бахши вилоятии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Бадахшон, ки ба тариқи ваҳшатноке аз сӯи кормандони КДАМ террор ва кушта шуд. Агар лозим бошад, Эътилоф ҳозир аст мадракҳо ва санадҳои заруриро, ки даст доштани режим ба ин ҷиноятҳоро собит месозанд, ба созмонҳои ҳуқуқи башар ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ ироа намояд.

Бинобар ин, Эътилоф аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои ҳуқуқи башар қотеъона талаб мекунад, ки нисбат ба омилон ва пушти пардаҳои ин ҷиноятҳо парвандаи ҷиноӣ ташкил намуда, ҳамаи онҳоро муҷозот намоянд. Дар ғайри ин сурат, ин ҷиноятҳо идома хоҳанд дошт;

6. Мо аз тамоми кишварҳое, ки ба усули демократия пойбанд ва ба ҳуқуқи башар эҳтиром қоил ҳастанд, махсусан аз кишварҳои аврупоӣ, қотеъона талаб менамоем, ки ҳама гуна ҳамкориро бо режими худкомаи Тоҷикистон қатъ намоянд;

7. Бонки ҷаҳонӣ, Сандуқи байналмилалии арз ва дигар ниҳодҳои молиявии ҷаҳонӣ бояд бидонанд, ки кӯмакҳои онон, на танҳо умри ин режимро дарозтар хоҳад кард, балки ин кӯмакҳо фақат ба кисаи Раҳмон ва наздиконаш меравад;

8. Имрӯза барои ҳамагон ошкор шудааст, ки пулиси байналмилал (Интерпол) ба як доми ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон барои боздошти мухолифони сиёсӣ ва дигарандешон бадал гашта ва режим аз он дар ростои сиёсатҳои диктатории худ истифода бурда истодааст. Бисёр ҷои таассуф аст, ки чаро то ҳанӯз намояндагони ин ташкилоти бонуфуз дар Тоҷикистон ба хотири маълумоти бардурӯғ ва бадном кардани эътибори Интерпол муҷозот намешаванд?

9. Мутаассифона бетарафии ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан кишварҳои демократӣ, нисбат ба ҷиноятҳои режими Раҳмон боиси он гаштааст, ки мақомоти Тоҷикистон густохона ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро поймол намоянд. Фишор бар болои матбуоти мустақил ва рӯзноманигорон, руҳониёну диндорон, аҳзоби сиёсиву озодандешон рӯз ба рӯз дар Тоҷикистон афзоиш ёфта ва шиканҷа дар зиндонҳо, одамрубоӣ ва қатлу куштор аз тарафи сохторҳои ҳукуматӣ ба як “маъмурияти расмӣ” табдил гаштааст.

Бинобар ин, мо умедворем, ки Иттиҳодияи Аврупо нисбат ба ин ҳама қонуншиканиҳо ва поймолшавии ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон бетаваҷҷӯҳ намонад. Ва он даста аз мансабдорони режими Раҳмонро, ки дар ин беадолатӣ ва зулму ситам беш аз ҳама нақш доранд, таҳти пайгарди қонунӣ қарор диҳанд. Ва дар ниҳоят дархости моро нисбат ба манъи иҷозати сафари ин ҷинояткорон ба Иттиҳодияи Аврупоро бепосух нагузоранд;

10. Эътилоф тасмим дорад, як шабакаи моҳвораии телевизионӣ таъсис бикунад, то садои мазлумияти мардуми тоҷик ба гӯши ҷаҳониён бирасад. Аз ҳамаи аҳзоб ва гурӯҳҳо ва шахсиятҳои сиёсии дилсӯз дархост мекунем, ки дар ин кор моро кӯмак бикунанд. Мунтазири ҳеч давлате набояд буд. Ҳеч кас ва ҳеч давлате дилаш ба мо намесӯзад. Ҳамаи онҳо ба фикри манофеъи худ ҳастанд. Имрӯз замони он аст, ки мо тоҷикон худамон даст ба кор шавем. Хостан тавонистан аст. Мо метавонем!

Сарбаланд бошед!

Эътилофи нерӯҳои мухолифони “Тоҷикистони нав”

14 апрели соли 2015

Берлин, Олмон

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.