Сиёсат

Оё Эрон “инқилобӣ” амал мекунад?

Таҳлиле аз Питер Бинорт (PETER BEINART) дар нашрияи The Atlantic

Дар бештари интиқодҳои матраҳшуда дар мавриди тавофуқ бар сари чорчӯби тавофуқномаи ниҳоии ҳастаии Борок Убомо — раисиҷумҳури Омрико бо Эрон, ба моҳияти “инқилобӣ”-и сиёсати хориҷии Эрон ишора шудааст. Дэвид Брукс (David Brooks) ҳафтаи пеш дар мақолае дар The New York Times навишт: “Бо таваҷҷӯҳ ба моҳияти давлати Эрон, тавофуқи раисиҷумҳури Убомо бо ин кишвар қиморе бузург аст. Оё онҳо ҳанӯз бо тамоми вуҷуд ба инқилоби худ имон доранд ва мумкин аст аз сарвати худ пас аз лағви таҳримҳо барои содир кардани ин инқилоб ва эҷоди бесуботӣ дар минтақа истифода кунанд?” Ҳенри Кисинҷер (Henry Kissinger) ва Ҷурҷ Шултз (George Shultz) низ ҳафтаи пеш дар матлабе, ки дар The Wall Street Journal мунташир шуд, ҳушдор доданд: “Мақомоти Эрон аз ҷумла раҳбари ин кишвар ҳамчунон дар мавриди мафҳуми назми байналмилалӣ изҳороти инқилобӣ ва зидди ғарбӣ баён мекунанд.” Ҷошу Муровчик (Joshua Muravchik) низ моҳи гузашта дар матлабе дар мавриди бомбборони Эрон ҳушдор дод: “Эрон қасд дорад инқилоби исломии худро дар сар то сари минтақаи Ховари Миёна ва варои он густариш диҳад.”

Аммо ҳар чӣ бештар ба ин матолиб таваҷҷӯҳ кунед, ин интиқодҳо камтар қонеъкунанда ба назар мерасанд.

Аввал ин ки агар фарзро бар ин бигирем, ки сиёсати хориҷии Эрон “инқилобӣ” аст, боз ҳам ин масъала наметавонад тавофуқи Лозанро зери суол бибарад. Таъкид бар моҳияти инқилобии сиёсати хориҷии Эрон таъсире бар ҳимоят ва ё радди музокироти кунунӣ нахоҳад дошт.

Дуввум ин ки истифода аз вожаи “инқилобӣ” ба унвони сифате барои Эрон аз сӯи Брукс ва Муровчик аҷиб аст. Аз ҳар ҷиҳате ба шароит бингарем, ин Эрон набуд, ки садҳо ҳазор нерӯро барои саркӯб кардани як режими араб ба умеди эҷоди “инқилобе” дар Ховари Миёна ба минтақа эъзом кард. Ин Ҷурҷ Буш — раисиҷумҳури Омрико буд, ки даст ба чунин коре зад, ки аз ҳимояти Брукс ва Муровчик бархӯрдор буд. Аз ҳамон замон ба баъд низ навмуҳофизакорон умдатан аз Убомо интиқод карданд, ки чаро эҷоди “инқилоб” ба шеваи хушунатомезро дар Эрон, Сурия, Кубо ва Русия пайгирӣ намекунад. Ошкор аст, ки идеулужии инқилобии Омрико бо Эрон бисёр тафовут дорад. Интиқоди ин афрод аз Эрон ба содир кардани “инқилоб” замоне ки худашон аз давлати Омрико мехоҳанд, ки инқилобе хосси худро содир кунад, чандон мантиқӣ ба назар намерасад.

Аммо муҳимтарин масъала ин аст, ки сиёсати хориҷии Эрон ба андозаи интиқодҳои матраҳшуда аз сӯи Брукс, Муровчик ва Кисинҷер, “инқилобӣ” нест. Барои намуна метавон аз Сурия шурӯъ кард. Бисёреҳо аз ҳимояти Эрон аз давлати Башшор Асад — раисиҷумҳури Сурия нороҳат ҳастанд, аммо ҳатто ин ҳимоятро наметавон “инқилобӣ” хонд. Тибқи таърифи Google, “инқилоб” ба маънои “истифода аз зӯр барои барандозии давлат ва ё низоме иҷтимоӣ бо ҳадафи ҷойгузин кардани давлат ва ё низоме ҷадид” аст. Арабистони Саудӣ ва Қатар чунин хостае доранд. Онҳо мехоҳанд давлате, ки муттаҳиди онҳо бошад, ҷойгузини давлати Асад кунанд. ДОЪИШ низ хостае мушобеҳ дорад. Сурияро аз рӯи нақша пок ва хилофатеро ҷойгузини он кунад. Зоҳиран хостаи Брукс ва Муровчик низ шабеҳ ба ҳамин аст. Яъне Асадро аз риёсати ҷумҳурӣ барканор ва “демукросӣ”-и ҳомии Омрикоро ҷойгузини он кунанд.

Аммо дар муқобил, Эрон аз раисиҷумҳуре ҳимоят мекунад, ки 15 сол қудратро дар даст доштааст ва ба дунболи “истифода аз зӯр барои барандозии давлат ва ё низоме иҷтимоӣ бо ҳадафи ҷойгузин кардани давлат ва ё низоме ҷадид” нест ва дар ҳақиқат саъй дорад аз чунин иттифоқе ҷилавгирӣ кунад.

Сиёсати Эрон дар Ироқ низ “инқилобӣ” нест. Ин Омрико буд, ки дар соли 2003 “инқилоб”-ро ба Ироқ кашонд. Давлати Буш режими Саддом Ҳусайнро сарнагун кард ва бар интихоботе назорат кард, ки дар натиҷаи он аксарияти шиъаи Ироқ қудратро дар ин кишвар дар даст гирифтанд. Аз он замон ба баъд Омрико саъй кардааст ҳаминон дар Ироқ дар қудрат бимонанд, бидуни ин ки ба сунниҳои Ироқ ва ё курдҳо осебе бирасад. Эрон низ сиёсате мушобеҳ дар Ироқ доштааст, чаро ки ироқиҳои шиъа бештар тарафдори Эрон ҳастанд. Нерӯи инқилобӣ имрӯз дар Ироқ, нерӯҳои ДОЪИШ аст, ки саъй дорад давлати Ироқро барканор ва хилофатро ҷойгузини он кунад. Курдҳои Ироқро низ метавон то андозае “инқилобӣ” донист, чаро ки ба дунболи ташкили кишваре мустақил ҳастанд.

Ҳамонанди Омрико Эрон низ саъй дорад назмро дар даврони пас аз Саддом дар Ироқ ҳифз кунад. Алӣ Воъиз, аз гурӯҳи байналмилалии бӯҳрон, дар ин замина хотирнишон кард: “Эрон бо курдҳо робитаи хубе дорад ва ба онҳо дар мубориза алайҳи ДОЪИШ кӯмак кардааст.” Эрон ҳатто дар иқдоме номуваффақ саъй кард, Нурӣ Моликӣ – нахуствазири пешини Ироқро қонеъ созад, ки бо сунниҳои кишвар ҳамонанди бегонагон рафтор накунад. Кенет Пулок (Kenneth Pollack), аз Муассисаи Brookings, тасреҳ кард: “То соли 2013, Эрон нерӯи боздорандаи аслӣ дар муқобили Моликӣ буд. Эрониҳо ба Моликӣ мегуфтанд, ки даст аз муҷодила бардорад, чаро ки дар ниҳоят иқдомоти вай ба шӯриши сунниҳо мунҷар мешавад. Давлати Убомо рафтори Моликиро нодида гирифт. Омрикоиҳо танҳо мехостанд натиҷаи ҳамла ба Ироқ муваффақиятомез ба назар бирасад. Эрониҳо касоне буданд, ки ба Моликӣ ёдовар шуданд, ки иштибоҳ мекунад.”

Эрон ҳатто ба рағми ҳимоят аз Ҳизбуллоҳ дар Лубнон низ “инқилобӣ” амал накардааст. Дар муқобил, Арабистони Саудӣ аз гурӯҳи суннии “14 морс”, ки дар вокуниш ба қатли Рафиқ Ҳарирӣ — нахуствазири пешини Лубнон ташкил шуд, ҳимоят мекунад. Ба таври қатъ Эрон мехоҳад, ки Ҳизбуллоҳ нуфузашро дар Лубнон ҳифз кунад, аммо дар ҳақиқат танҳо далеле, ки ҷанги дохилии Сурия ба рағми пешбиниҳо ба Лубнон кашида нашуд, ин буд, ки на Эрон ва на Арабистони Саудӣ “сиёсати инқилобӣ”-ро дар ин кишвар дунбол намекарданд. Ба назар мерасад ҳар ду кишвар дарёфтаанд, ки барои ҷилавгирӣ аз фурӯпошии Лубнон мебоист бо гурӯҳҳои таҳти ҳимояти тарафи муқобил канор биёянд. Ҳилол Кошон – устоди улуми сиёсӣ дар Донишгоҳи Бейрут, поизи гузашта дар гуфтугӯ бо рӯзномаи Daily Star гуфт: “Арабистони Саудӣ, Эрон ва Омрико барои ҷилавгирӣ аз фаварони бӯҳрони мавҷуд дар Лубнон талош мекунанд.”

Шояд танҳо дар ду маврид, яъне дар Яман ва “Исроил” битавон сиёсати Эронро “инқилобӣ” хонд. Эрон дар Яман аз Ҳусиҳо ҳимоят мекунад, ки ба дунболи касби қудрат дар кишвар ҳастанд, аммо ҳатто дар ин маврид низ Адам Борун (Adam Baron), аз Шӯрои равобити хориҷӣ, ахиран дар гуфтугӯ бо NPR тасреҳ кард: “Ин тавр набуда, ки Эрон Ҳусиҳоро ташкил диҳад ва ин тавр нест, ки Ҳусиҳо таҳти контроли Эрон бошанд. Ин гурӯҳ решаи амиқе дар масоили дохилӣ дар Яман дорад.” Шояд дар диде соддаангорона ҳимояти Эрон аз Ҳусиҳо “сиёсати инқилобӣ” тавсиф шавад, аммо нақши Теҳрон дар даргириҳо дар ин кишвар ба андозаи Риёз пурранг нест. Арабистони Саудӣ Яманро бомбборон ва бандарҳои ин кишварро таътил кардааст.

Дар ниҳоят ба сиёсатҳои Эрон дар “Исроил” мерасем. Эрон намехоҳад, ки “Исроил” вуҷуд дошта бошад. Аммо ҳатто дар мавриди “Исроил” низ Эрон дар дунбол кардани аҳдофи худ комилан мантиқӣ ва эҳтиёткорона амал мекунад. Эрон аз ҷунбишҳои Ҳизбуллоҳ ва Ҳамос ҳимоят мекунад, аммо ҳеч гоҳ ин гурӯҳҳоро ба оғози ҷанге тамомаёр алайҳи “Исроил” тарғиб накарда ва оқибати иқдомоти худро дар назар гирифтааст. Кенет Пулок дар ин бора гуфт: “Ҳеч гоҳ шоҳиди ин масъала набудем, ки эрониҳо Ҳизбуллоҳро ба иқдоме ғайри мантиқӣ ва ҷунуномез тарғиб кунанд.” Эрон мехоҳад, ки мақомоти “Исроил” бидонанд, ки Эрон тавоноии ба хоку хун кашидани исроилиҳоро дорад, аммо ҳеч гоҳ иҷоза намедиҳад душманиҳо ба шароите хориҷ аз контрол бианҷомад. Барои намуна, дар моҳи январ як фармондеҳи низомии эронӣ ва писари фармондеҳи низомии пешини Ҳизбуллоҳ дар ҳамлаи ҳавоии “Исроил” кушта шуданд. Ба гузориши Haaretz, “Исроил” дархост кард, Эрон хештандорӣ пеша кунад. Ҳизбуллоҳ вокуниши маҳдуде ба ҳамлаи ҳавоии “Исроил” нишон дод ва бад-ин тартиб даргирӣ аз контрол хориҷ нашуд.

Мумкин аст мақомоти эронӣ сиёсати хориҷии худро “инқилобӣ” бидонанд, ҳамон тавре ки раисиҷумҳури Омрико иддаъо мекунад, сиёсатҳои хориҷиаш ҳамвора аз бовар ба “озодӣ” нашъат мегиранд. Агарчӣ Эрон дастикам то замоне ки Омрикоро душмани худ бидонад, барои коҳиши нуфузи Омрико дар Ховари Миёна талош мекунад, аммо ин иқдоми Эрон аз дидгоҳе сиёсӣ ношӣ мешавад ва на идеулужии бе поя ва асос. Эрон усулан иқдоме бе мантиқ анҷом намедиҳад. Теҳрон ҳеч гоҳ давлатеро дар кишваре сарнагун ва ҷангеро оғоз накарда ва дар муқобил, роҳҳои соддатар ва камҳазинатареро барои дастёбӣ ба аҳдофи худ баргузида аст.

The Atlantic

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.