Усули фиқҳ

Шарҳи Усули Шошӣ (8)

Фасли дуввум: Мутлақ ва муқайяд

Пеш аз шарҳу тавзеҳи гуфтори мусанниф, лозим аст андаке дар бораи мутлақ ва муқайяд ва фарқи ин ду бо омм ва хосс тавзеҳ дода бишавад. Ба ин ду мисоли зерин таваҷҷӯҳ бифармоед:

  1. Олимро эҳтиром кунед;
  2. Олими одилро эҳтиром кунед.

Тибқи мисоли аввал, инсон маъмур аст, ки ба ҳар олиме эҳтиром бигузорад, чӣ одил бошад ё ғайри одил, чӣ олими динӣ бошад ё олими улуми дунявӣ. Зеро лафзи олим дар ин мисол, бе ҳеч қайду шарте зикр шудааст ва бинобар ин шомили ҳар олиме мешавад. Дар ин ҷо мегӯянд, лафзи олим мутлақ оварда шудааст. Яъне, мутлақ ва раҳо. Зеро мутлақ дар луғат ба маънои раҳошуда аст, ва дар ин ҷо ба маънои раҳошуда аз ҳар қайде аст. Аммо дар мисоли дуввум, лафзи олим муқайяд шудааст бо сифати адолат. Ва ин қайд доираи олимро тангтар кардааст. Дар ин ҷо мегӯянд, лафзи олим муқайяд аст, яъне қайд зада шудааст.

Бинобар ин, дар таърифи мутлақ гуфтаанд: Мутлақ иборат аст аз лафзе, ки дар ҷинси худ бар маънои шойеъ (густарда) ва бе қайду банд далолат дорад. Ба ин маъно, ки он лафз дорои афроде аст ва ин қобилиятро дорад, ки бар тамоми афроде, ки таҳти ин лафз метавонанд қарор бигиранд, далолат кунад. Ва муқайяд он аст, ки аз мутлақ берун оварда шуда бошад. Яъне муқайяд ҳамон мутлақ аст, ки бо афзуда шудани қайде, доираи шумули он маҳдуд мегардад.

Фарқи мутлақ ва муқайяд бо омм ва хосс

Дар фарқи мутлақ ва муқайяд бо омму хосс гуфтаанд:

  1. Далолати омм бар умум, ношӣ аз далолати вазъии лафз аст (мисли лафзи мӯъминон, ки вазъан далолат бар умум мекунад), вале далолати мутлақ бар шуюъ ва густардагӣ, бо вазъ нест, балки ба ин ҷиҳат аст, ки лафз бидуни ҳеч қайде зикр шудааст ва аз ҳамин ҷо мефаҳмем, ки шомили ҳар фарде, ки таҳти он лафз метавонад қарор гирад, мешавад;
  2. Далолати омм бар умум, ғолибан нозир бар афрод аст (мисли лафзи мӯъминон, ки шомили ҳар фарде, ки унвони мӯъмин бар онҳо сидқ мекунад мешавад), вале далолати мутлақ нозир бар аҳвол ва сифатҳои як маъност. Масалан, лафзи олим метавонад дорои сифатҳое бошад мисли одил, фосиқ, динӣ, дунявӣ ва ғайра аз аҳвол ва сифот.

Инак, баёни гуфтори мусанниф:

Марҳуми Шошӣ мегӯяд:

ذهب أصحابنا إلى أن المطلق من كتاب الله تعالى إذا أمكن العمل بإطلاقه فالزيادة عليه بخبر الواحد والقياس لا يجوز

Асҳоби мо (яъне фуқаҳои ҳанафӣ) мӯътақиданд, ки мутлақ аз китоби Худои Мутаъол (Қуръони Карим) агар имкони амал ба итлоқи он вуҷуд дошта бошад, зиёдат бар он ба воситаи хабари воҳид ва қиёс ҷоиз намебошад.”

Шарҳ: Пеш аз ҳама бояд ин нукта ёдоварӣ бишавад, ки гӯянда вақте сухане барои шунаванда мегӯяд, бешак ӯ дар мақоми баёни тамоми муроди худ барои шунаванда аст. Аз ин рӯ вақте лафзеро ба сурати мутлақ зикр бикунад, маънояш ин аст, ки муродаш мутлақи ин маъност бидуни ҳеч қайду шарте.

Ҳол, дар ин нукта тардиде нест, ки Худо дар Қуръони Карим дар мақоми баёни тамоми муроди худ аст. Пас, вақте лафзеро ба сурати мутлақ биёварад, муродаш итлоқи он аст. Итлоқ яъне мутлақ будан. Бо таваҷҷӯҳ ба ин нукта, мусанниф мегӯяд, фуқаҳои ҳанафӣ мӯътақиданд, ки агар дар Қуръони Карим як лафз ба сурати мутлақ оварда шуда бошад, қатъан муроди Худо итлоқи он лафз аст. Ҳол, агар дар як хабари воҳид (ки далели заннӣ аст) масъалае зикр шуда бошад, ки мутлақи Қуръонро муқайяд ба чизе кардааст, дар ин сурат ҷоиз нест ба воситаи ин хабар мутлақи Қуръонро тақйид бизанем (яъне муқайядаш бикунем). Зеро Қуръон далели қатъӣ ва хабари воҳид далели заннӣ аст. Бар хилофи Имом Шофеӣ, ки муқайяд кардани мутлақи Қуръонро ба воситаи хабари воҳид ва ё қиёс ҷоиз мешуморад ва мегӯяд, хабари воҳид метавонад баёни мутлақи Қуръон бошад.

Дар ин сурат бояд чӣ кард? Оё мадлули хабари воҳид ё қиёс дур рехта бишавад? Ҷавоби мусанниф он аст, ки ҳатталимкон бояд саъй кард миёни онҳо ҷамъ бишавад, ба гунае ки итлоқи Қуръон аз баён наравад. Ин аст маънои ин ҷумла, ки: “агар имкони амал ба итлоқи он вуҷуд дошта бошад, зиёдат бар он ба воситаи хабари воҳид ва қиёс ҷоиз намебошад”. Таваҷҷӯҳ доред, ки маънои ин ҷумла он нест, ки лузуман ба мадлули хабари воҳид ва ё қиёс амал намешавад, балки маънояш ин аст, ки миёни онҳо (яъне миёни мутлақи Қуръон ва хабари воҳид ё қиёс) бояд ҷамъ кард; ба тавре ки итлоқи Қуръон аз байн наравад. Ҳол, мусанниф вақте мисол меоварад, масъала рӯшантар хоҳад шуд. Инак, чанд мисоли мусанниф барои ин масъала:

Мусанниф мегӯяд:

مثاله في قوله تعالى: «فاغسلوا وجوهكم» فالمأمور به هو الغسل على الإطلاق فلا يزاد عليه شرط النية والترتيب والموالاة والتسمية بالخبر ولكن يعمل بالخبر على وجه لا يتغير به حكم الكتاب فيقال الغسل المطلق فرض بحكم الكتاب والنية سنة بحكم الخبر

Мисоли мутлақ дар ин фармудаи Худованди Таъоло (дида мешавад), ки: “Фағсилу вуҷуҳакум…” (Суратҳоятонро бишӯед…) (Сураи Моида, ояти 6). Пас, ба сабаби ин далели қуръонӣ, он чӣ (дар вузуъ) маъмур ҳастем анҷом бидиҳем, шустан ба сурати мутлақ аст (яъне шустани раҳо аз ҳар қайде). Бинобар ин, шарти ният, тартиб, муволот (пай дар пай будан), “бисмиллоҳ” гуфтан (ки ҳамаи инҳо) ба воситаи хабари воҳид (собит шудаанд), бар вузуъ афзуда намешаванд. (Яъне гуфта намешавад, ки ин аъмол низ фарз аст.) Аммо ба гунае ба хабар амал мешавад, ки ҳукми китоб (ки мутлақ буд) тағйир наёбад. Аз ин рӯ, гуфта мешавад: ғусл (шустан)-и мутлақ (ва раҳо аз ҳар қайде) фарз аст ба ҳукми китоб, ва ният суннат аст ба ҳукми хабар.”

Шарҳ: Қуръони Карим дар бораи кайфияти вузуъ фармудааст: “Фағсилу вуҷуҳакум…” яъне “Суратҳоятонро бишӯед…” (то охири оят). Вузуъ тибқи ин ояти қуръонӣ ба ҳеч чизе муқайяд нашудааст ва шомили ҳар вузуъе мешавад, чӣ бо ният бошад ё бидуни ният, чӣ бо тартиб бошад ё бидуни тартиб, чӣ бо “Бисмиллоҳ” шурӯъ бишавад ё бидуни он… Бинобар ин, агар вузуъро муқайяд ба чизе бикунем, аз қабили ният, тартиб, муволот ва ғайра, ки ин аъмол дар хабари воҳид ба унвони шартҳо ва қайдҳои вузуъ зикр шудаанд, дар ин сурат, мутлақи Қуръон ба воситаи хабари воҳид аз байн рафтааст, ки ин ҷоиз нест.

Хуб, ҳоло бояд чӣ кард? Зеро дар ҳадис аст, ки: “Ҳамоно амалҳо ба ниятҳост…” (ки маънои ин ҳадис он аст, ки ҳар амале бояд ҳамроҳ бо ният бошад). Ва низ дар мавриди риояти тартиб дар вузуъ омадааст, ки: “Ин аст вузуъ, ки Худованд намозро қабул намекунад магар ба он (тартиб).” Ва дар бораи риояти муволот (пай дар пайӣ) низ омадааст, ки Паёмбар (с) мардеро, ки намоз гузорид дар ҳоле ки дар пойҳояш лаккае дида мешуд (ки нишон медод вузуъро пай дар пай нагирифтааст), амр ба аз нав гирифтани вузуъ ва аз нав хондани намоз фармуданд. Ва дар бораи шурӯъи вузуъ бо “Бисмиллоҳ” низ омадааст, ки: “Вузуъе нест барои он кас, ки номи Худоро бар он зикр накарда бошад”. Хуб, бо инҳо чӣ кор кунем?

Мусанниф мегӯяд, ки ба мадлули ин ахбор амал мешавад, вале ба гунае амал мешавад, ки итлоқи Қуръон аз байн наравад. Ба ин сурат, ки мегӯем: мутлақи шустан, чӣ бо ният бошад ё бидуни он, чӣ бо тартиб бошад ё бидуни он ва ғайра… фарз аст ба ҳукми Қуръони Карим, вале ният суннат аст ба ҳукми ҳадиси Паёмбар (с).

Дар баҳси баъдӣ, мисолҳои дигареро дар ин мавзӯъ хоҳем овард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.