Мантиқ

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 18

Оё мантиқ илме беҳуда аст? (2)

Гуфтем, касоне ки арзиши мантиқи арастуиро нафй кардаанд, ё фоидаашро нафй кардаанд ва ё дуруст буданашро. Мо нахуст дар бораи фоида доштани мантиқ ба баҳс мепардозем:

Фоида доштани мантиқ

Эродҳое, ки дар ин хусус ворид кардаанд, иборат аст аз:

  1. Агар мантиқ дорои фоидае буд, мебоист уламо ва фалосифае, ки ошно бо мантиқ будаанд, иштибоҳ накунанд ва худашон ҳам бо якдигар ихтилоф надошта бошанд. Ва ҳол он ки мебинем, ҳамаи онҳо иштибоҳоти фаровон кардаанд, ва ба илова, оро ва афкори мутазодд ва мутаноқизе доштаанд.

Посух ин аст, ки аввалан, мантиқ ӯҳдадори саҳеҳ будани сурат ва шакли қиёс аст, на бештар. Маншаи хатои башар мумкин аст маводд ва масолеҳи аввалияе бошад, ки қазия аз онҳо ташкил мешавад. Ва мумкин аст он маводд ва масолеҳи аввалия дуруст бошад ва маншаи хато навъе муғолата бошад, ки дар шакл ва назм ва сохтмони фикр ба кор рафтааст.

Мантиқ — ҳамон тавре ки аз таърифаш пайдост, ки дар баҳсҳои аввал гуфтем — зомини дурустии фикр аз назари дуввум аст (яъне аз назари сурат ва шакл). Аммо аз назари аввал (моддаи қиёс), ҳеч қоида ва асле нест, ки сиҳҳати фикрро тазмин кунад. Танҳо зомин дар ин ҷо, муроқибат ва диққати шахси фикркунанда аст. Масалан: мумкин аст аз як силсила қазияҳои ҳиссӣ ё таҷрибӣ қиёсҳое ташкил шавад, аммо он таҷрибаҳо ба далолиле ноқис ва ғайри яқинӣ бошанд ва хилофи онҳо собит бишавад. Ин ҷиҳат бар ӯҳдаи мантиқи арастуӣ, ки онро ба ҳамин лиҳоз мантиқи сурат меноманд нест. Он чӣ бар ӯҳдаи ин мантиқ аст ин аст, ки ин қазияҳоро ба сурати саҳеҳе тартиб диҳад, ки аз ин назар маншаи ғалат ва иштибоҳ нагардад.

Сониян, ошно будан бо мантиқ кофӣ нест, ки шахс ҳатто аз лиҳози сурати қиёс низ иштибоҳ накунад. Он чӣ зомини ҳифз аз иштибоҳ аст, ба кор бастани дақиқи он аст, ҳамчунон ки ошно будан бо илми пизишкӣ, барои ҳифзи сиҳҳат ё муолиҷа кофӣ нест, балки ба кор бурдани он лозим аст. Иштибоҳоти мантиқии уламои ошно бо мантиқ, ба иллати навъе шитобзадагӣ дар ба кор бастани усули мантиқӣ аст;

  1. Мегӯянд, мантиқ абзори улум аст. Аммо мантиқи арастуӣ ба ҳеч ваҷҳ абзори хубе нест. Яъне ошно будан бо ин мантиқ ба ҳеч ваҷҳ бар маълумоти инсон намеафзояд. Ҳаргиз мантиқи арастуӣ наметавонад маҷҳулоти табиатро бар мо маълум созад. Мо агар бихоҳем абзоре дошта бошем, ки воқеан абзор бошад ва моро ба кашфиёти ҷадид ноил созад, он абзор таҷриба ва истиқроъ ва мутолеаи мустақими табиат аст, на мантиқ ва қиёс. Дар давраи ҷадид, ки мантиқи Арасту ба унвони як абзор тард шуд ва ба ҷои он аз абзори истиқроъ ва таҷриба истифода шуд, муваффақиятҳои пай дар пай ва ҳайратангезе ҳосил гардид.

Касоне, ки ин эродро зикр кардаанд ва дар воқеъ ин муғолатаро овардаанд, чанд иштибоҳ кардаанд. Гумон кардаанд — ва ё чунин вонамуд кардаанд — ки маънии ин, ки мантиқ абзори улум аст, ин аст, ки абзори касби улум аст. Яъне кори илми мантиқ ин аст, ки барои мо иттилоот ва улуме фароҳам мекунад. Ва ба иборати дигар, гумон кардаанд, ки мантиқ барои фикри башар назири теша аст барои ҳезумкаш, ки маводдро ҷамъ мекунад. Ва ҳол он ки мантиқ сирфан олати санҷиш аст. Яъне дуруст ва нодурустро бозменамояд, он ҳам олати санҷиши сурат ва шакли фикр, на модда ва масолеҳи фикр. Бинобар ин онро ба шоқул ва обтарозуи биносоз ташбеҳ кардаанд. Биносоз вақте ки девореро боло мебарад, амудии онро бо шоқул ва уфуқӣ буданро бо обтарозу ташхис медиҳад. Шоқул ва обтарозу на абзори ба дастоварии хишт, хок, оҳак, симон ва ғайра мебошад ва на василаи санҷиши дурустӣ ва нодурустии ин масолеҳ, ки солиманд ё носолим ва маъюб?

Василаи ба дастоварии маводд ва масолеҳи фикрӣ ҳамонҳост, ки қаблан гуфтем. Яъне қиёс, истиқроъ ва тамсил. Ва чунон ки қаблан ишора кардем, инҳо ҳеч кадом ҷузъи мантиқ нестанд. Мантиқ қоидаҳои инҳоро баён мекунад ва арзишашонро таъйид менамояд.

Ин ҷо мумкин аст гуфта шавад, касоне ки мункири мантиқи арастуӣ ба унвони абзори касби илм шудаанд, мақсудашон инкори арзиши қиёс аст, ва ҳамчунон ки қаблан гуфта шуд, агар масоили мантиқ қоидаҳои марбут ба қиёс аст, пас ҳарчанд худи мантиқи арастуӣ абзори санҷиш аст, на абзори касби улум, вале абзори санҷиши қиёс аст ва қиёсро ба унвони ягона абзори касби улум мешиносад. Аммо қиёс ба далоили хоссе, ки баъдан хоҳем гуфт, ҳеч гуна короие дар касби илми ҷадид надорад, ягона абзори касб ва таҳсили илм таҷриба ва истиқроъ аст.

Ин баён беҳтарин тавҷеҳи сухани мӯътаризон аст, вале чунон ки қаблан гуфтем, мантиқи Арасту қиёсро ягона абзори касби улум намедонад, балки онро яке аз абзорҳо мешиносад. Ҳамчунон ки дар дарси пеш гуфтем ва дар дарсҳои оянда низ равшантар хоҳад шуд, ки абзори касб будани қиёс ғайри қобили инкор аст.

Аз назари тарафдорони қиёс, арзиши қиёс арзиши таъйинӣ аст. Яъне қиёс дар ҳавзаи худ натиҷаи ҷадид бор меоварад, он ҳам ба сурати таъйинӣ

Арзиши тамсил, арзиши заннӣ аст, ва арзиши истиқроъ агар комил бошад, яқинӣ аст, ва агар ноқис бошад, заннӣ аст. Ва аммо таҷриба, ки ғолибан онро бо истиқроъ иштибоҳ мекунанд, арзиши яқинӣ дорад. Ҳар таҷриба дарбардорандаи қиёсе аст. Таҷриба аз муқаддимоти қиёсҳои ошкор аст ва худ дарбардорандаи қиёсе пинҳон аст. Таҷриба ҳамчунон ки Абӯалӣ ибни Сино дар “Шифо” тасреҳ кардааст, омехтае аст аз амали ҳисс ва мушоҳидаи мустақим ва амали фикр, ки аз навъи қиёс аст, на аз навъи истиқроъ ва ё тамсил, ва навъи чаҳоруме ҳам – алорағми иддаъои уламои мантиқи риёзӣ — вуҷуд надорад.

Мантиқи арастуӣ арзиши таҷрибаро ба ҳеч ваҷҳ мункир нест. Таҷриба, ки дарбардорандаи навъе қиёс аст, монанди худи қиёс агарчӣ ҷузъи мантиқ нест, вале мантиқи арастуӣ бар асоси арзиши таҷриба бино шудааст. Ҳамаи мантиқдонон тасреҳ кардаанд, ки таҷриба ҷузъи мабодии яқинӣ аст ва яке аз мабодии шашгонаи бурҳон аст.

Муваффақияти уламои ҷадид мавлуди тарзи мантиқи арастуӣ набуд, балки мавлуди ҳусни интихоби равиши истиқроӣ ба ҷои равиши қиёсӣ ва равиши таҷрибӣ (ки омехтае аст аз равиши ҳиссӣ, истиқроӣ ва равиши қиёсии холис) дар шинохти табиат будааст. Он чӣ мӯҷиби рукуди кори уламои пешин шудааст, ин буд, ки дар шинохти табиат низ монанди масоили моваротабиӣ аз равиши қиёсии холис истифода мекарданд. Пас на равиши уламои қадим тарди равиши истиқроӣ ва таҷрибӣ ба пайравӣ аз мантиқи арастуӣ буд, на равиши уламои ҷадид тарди мантиқи арастуӣ аст. Зеро мантиқи арастуӣ ягона равиши саҳеҳро дар ҳамаи улум равиши қиёсӣ намедонад, то рӯй овардан ба равиши истиқроӣ ва таҷрибӣ тарди мантиқи арастуӣ ба шумор ояд;

  1. Дар мантиқи арастуӣ арзиши умда аз они қиёс аст, ва қиёс аз ду муқаддима ташкил мегардад. Масалан, қиёси иқтиронӣ аз суғро ва кубро ташкил мешавад. Қиёс муфиди фоидае нест, зеро агар ду муқаддимаи қиёс маълум бошад, натиҷа худ ба худ маълум аст. Ва агар ду муқаддима маҷҳул бошад, натиҷа маҷҳул аст. Пас фоидаи қиёс чист?

Ҷавоб ин аст, ки сирфи маълум будани ду муқаддима кофӣ нест барои маълум будани натиҷа. Натиҷа он гоҳ маълум мегардад, ки ду муқаддима “иқтирон” пайдо кунанд. Иқтироне, ки муваллиди натиҷа аст, назири омезиши ҷинсии нару мода аст, ки бидуни омезиш фарзанд падид намеояд. Чизе, ки ҳаст, агар иқтирон ба тарзи саҳеҳе сурат гирад, натиҷа дуруст аст, ва агар ба тарзи носаҳеҳе сурат гирад, натиҷаи ғалат ба даст меояд. Кори мантиқ ин аст, ки иқтирони саҳеҳро аз иқтирони носаҳеҳ бознамояд;

  1. Дар қиёс агар ду муқаддима дуруст бошад, натиҷа дуруст аст, ва агар ду муқаддима ғалат бошад, натиҷа хоҳ нохоҳ ғалат аст. Пас ин мантиқ наметавонад таъсире дар тасҳеҳи хатоҳо дошта бошад, зеро дуруст ва нодуруст будани натиҷа, сирфан тобеи дуруст ва нодуруст будани ду муқаддима аст ва на чизе дигар.

Ҷавоб ин аст, ки мумкин аст ду муқаддима сад дар сад дуруст бошад, аммо натиҷа ба воситаи ғалат будани шакл ва нодуруст будани иқтирон ғалат бошад. Мантиқ ҷилави ингуна хатоҳоро намегирад. Ин эрод низ монанди эроди пешин, аз адами таваҷҷӯҳ ба нақши сурат ва шакл ва сохтмони фикр дар дуруст ва нодуруст будани натиҷа пайдо шудааст. Эроди сеюм ва чаҳорум ҳамонҳост, ки аз калимоти Декорти фаронсавӣ истифода мешавад;

  1. Ҳаддиаксари ҳунари мантиқ ин аст, ки ҷилави хатои зеҳнро дар шакл ва сурати қиёс бигирад. Аммо мантиқ зобита ва қоидае барои ҷилавгирӣ аз хато дар моддаи қиёс надорад. Пас мантиқ, фаразан агар битавонад аз назари сурати қиёс ба мо итминон бидиҳад, қодир нест, ки аз назари моддаи қиёс моро мутмаин созад. Пас, роҳи хато боз аст ва мантиқ бефоида. Дуруст мисли ин аст, ки дар фасли зимистон хонае бо ду дар дошта бошем ва мо фақат як дарро бибандем. Бадеҳӣ аст, ки бо боз будани дари дигар сармо ҳамчунон хоҳад омад ва бастани як дар ба куллӣ бефоида аст.

Ин эрод ҳамон аст, ки Сирофӣ – наҳвӣ ва мутакаллим ба Матто ибни Юнус гирифт ва Амини Астарободӣ дар “Фавоидул-мадина” онро ба хубӣ ташреҳ кардааст.

Ҷавоб ин аст, ки ҷилавгирӣ аз хато дар сурати қиёс, худ як фоида аст, ҳарчанд фоидаи нисбӣ. Ҷилавгирӣ аз хато дар моддаи қиёс ҳарчанд бо қоидаҳо ва қонунҳои мантиқӣ муяссар нест, вале бо диққат ва муроқибати зиёд метавон нисбат ба он мутмаин шуд. Пас бо муроқибати комил дар маводди қиёсҳо ва бо риояти қоидаҳои мантиқ дар сурати қиёсҳо, метавон аз вуқӯъ дар хато мутмаин гашт. Ташбеҳи роҳ ёфтани хато аз тариқи сурат ва модда ба роҳ ёфтани сармо аз ду дар, ба навбати худ як муғолата аст. Зеро ҳар як аз ду дар ба танҳоӣ метавонад ба қадри ду дар ҳавои утоқро сард кунад. Яъне ҳавои утоқро тақрибан ҳамсатҳи ҳавои фазои муҷовир қарор диҳад. Пас бастани як дар фоида надорад, вале маҳол аст, ки хатоҳои сурат аз роҳи модда роҳ ёбанд, ва ё хатоҳои модда аз роҳи сурат ворид гарданд. Пас фаразан мо ба ҳеч ваҷҳ қодир ба ҷилавгирӣ аз хатоҳои модда набошем, аз роҳи ҷилавгирӣ хатоҳои сурат, аз як фоидаи нисбӣ баҳрманд мегардем.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.