Сиёсат

Оё гирдиҳамоии Берлин дорои аҳаммияте ҳаст?

Ду рӯз пеш яъне дар 14 апрел дар шаҳри Берлини Олмон гирдиҳамоие дар баробари Сафорати Тоҷикистон аз сӯи Эътилофи нерӯҳои мухолифони тоҷик мавсум ба “Тоҷикистони нав” баргузор гардид. Ҳанӯз замоне аз ин тазоҳурот нагузашта, шуморе аз занон дар шаҳри Душанбе (ки гуфта мешавад, 15 то 20 нафар будаанд) дар баробари Сафорати Олмон гирди ҳам омада, шиорҳое сар доданд, ки албатта комилан рӯшан аст, ин гирдиҳамоӣ “супоришӣ” ва дар посух ба тазоҳуроти мухолифон дар Берлин буд. Ба илова, билофосила пас аз тазоҳурот дар Берлин, анбӯҳе аз “фейкҳо” ва асҳоби “фабрикаи ҷавоб” дар шабакаҳои иҷтимоӣ басиҷ шуда, ба костан аз аҳаммияти тазоҳурот дар Берлин пардохтанд.

Аммо суол ин аст, ки чаро баргузории тазоҳурот дар Берлин, бо ин ки шумори гирдиҳамомадаҳо дар он чандон зиёд ҳам набуд, ҳукумати Тоҷикистонро ба ваҳшат андохт; ба ҳадде ки аз як сӯй билофосила “артиши занони маъруф”-и худро (ки дар ҳар муносибате аз онҳо истифода мекунад) ба сӯи сафорати Олмон равона кард, ва аз сӯи дигар, асҳоби “фабрикаи ҷавоб”-ро дар шабакаҳои иҷтимоӣ басиҷ кард, то ба костан аз эътибор ва аҳаммияти тазоҳуроти Берлин бипардозанд? Магар ин тазоҳурот аз чунон аҳаммияте барои ҳукумати Тоҷикистон бархӯрдор будааст, ки ӯро ба такопу андохт?

Посух мусбат аст. Бале, тазоҳуроти Берлин, сарфи назар аз шумори ширкаткунандагонаш, бисёр муҳим ва барои ҳукумати Тоҷикистон ба манзилае “бомбе” буд. Ва иллатҳо ва сабабҳои аҳаммият доштани ин тазоҳурот барои ҳукумати Тоҷикистон, бад-ин шарҳ аст:

1. Собиқа надошт, ки мухолифони тоҷик дар берун аз қаламрави кишвар ва ба хусус дар Урупо – он ҳам дар қалби Урупо яъне шаҳри Берлин – тазоҳурот баргузор карда ва садои худро ба гӯши ҷаҳониён бирасонанд. Метавон гуфт, ин барои аввалин бор аст, ки шуморе аз мухолифони тоҷик дар як шаҳри урупоӣ гирди ҳам оянд ва ҳукумати Тоҷикистон ва ба хусус шахси Эмомалӣ Раҳмонро ба чолиш бикашанд. Урупо дар имрӯз чашму гӯши дунё маҳсуб мешавад. Мақарри бештари созмонҳо ва ниҳодҳои мудофеъи ҳуқуқи башари ҷаҳонӣ ва расонаҳои маъруф, дар ин қорра ҷой гирифтаанд. Дар Урупо ҳатто эътирози як нафар таъсиргузор ва дорои аҳаммият аст, то чӣ расад ба ин ки шуморе дар баробари сафорати як кишвар гирди ҳам оянд ва садо баланд бикунанд. Тағйироте, ки имрӯза дар ҳукумати Бирмо (Миёнмор) дида мешавад ва режими диктотурӣ дар ин кишвар тақрибан аз байн рафтааст, натиҷаи тазоҳурот ва гирди ҳам омадан ва садо баланд кардани се ё чаҳор нафар бирмоӣ дар Урупо будааст. Бинобар ин, тазоҳуроти Берлин бе тардид нигоҳи Иттиҳодияи Урупо ва расонаҳои ҷаҳонӣ нисбат ба вазъи мардум дар Тоҷикистон ва рафторҳои хушунатомези режими ҳоким дар Тоҷикистон бо аҳзоби мухолиф ва дигарандешонро дигаргун ва тағйир хоҳад дод;

2. Сониян, он чӣ афкори умумии ҷаҳон (ва хусусан Урупо) дар бораи аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолифи тоҷикро ташкил медод, ҳамон хузаъбалоте буд, ки ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ин аҳзоб илқо мекард, аз ин қабил, ки масалан, Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов як “терурист” буд, “Гурӯҳи 24” як гурӯҳи “экстримистӣ” ва “теруристӣ” аст ва мехоҳад, Тоҷикистонро ноором кунад. Билохира, онҳо, ки намедонанд, Қувватов кист, “Гурӯҳи 24” чӣ аҳдофе дорад, шояд афкори умумӣ дар Урупо ин буда бошад, ки “Гурӯҳи 24” яъне чизе шабеҳи ДОЪИШ. Вале ба вузуҳ дар ин тазоҳурот диданд, ки инҳо чӣ мехоҳанд?! Ҳарфашон чист? Шуниданд, ки дар баёнияи гирдиҳамомадаҳо (яъне баёнияи Эътилофи нерӯҳои мухолифони тоҷик) аз ҷумла омадааст: “Дар ин рӯзҳои ҳассос, он чӣ Эътилофро беш аз ҳар чизи дигаре нигарон кардааст ин аст, ки фишорҳои режими Раҳмон нисбат ба аҳзоби сиёсии мӯътадил ва шахсиятҳои дилсӯзи кишвар ва ба ҳар баҳонае ба зиндон андохтани онҳо, сабаб шуда истодаанд, ки ҷавонони тоҷик ба тарафи созмонҳо ва гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро ҷалб бишаванд. Бинобар ин, Эътилоф аз ҷомеаи ҷаҳонӣ қотеъона талаб менамояд, ки пеши роҳи Раҳмон ва бебандубориҳои вай ва наздиконашро бигиранд ва нагузоранд, ӯ ба хотири боқӣ мондан бар курсии худ, Тоҷикистонро ба нобудӣ бикашонад.”

Хуб, инҳо бисёр аҳаммият дорад ва нишон медиҳад, ки мухолифони тоҷик чунон “одамони ваҳшӣ” ҳам набудаанд, ки режими ҳоким дар Тоҷикистон онҳоро онгуна ба тасвир мекашад;

3. Аҳаммияти дигари ин тазоҳурот дар он аст, ки ин таҷаммуъ дар дилҳои ноумед умед эҷод мекунад. Тардиде нест, ки аксар ба иттифоқи мардум дар дохили кишвар аз фишорҳои режим, аз ноҷавонмардиҳои давлатмардон, аз бархӯрдҳои ғайри инсонӣ, ки бо онҳо мешавад, аз фасодҳо ва бебандубориҳои хонаводаи Раҳмон, ки чизеро дар кишвар нагузоштанд магар он ки онро тасоҳуб кардаанд, аз бархӯрдҳои ноҷавонмардонаи ҳукумат бо аҳзоби сиёсӣ ва раҳбарон ва аъзои он ва… ранҷ мебаранд, вале маҷоли баланд кардани садо барояшон фароҳам нест, агар садо баланд карданд, ҳамон лаҳза хафаашон мекунанд;

4. Аҳаммияти дигари ин тазоҳурот ба назари ман дар он аст, ки аҳзоби ташкилдиҳандаи ин Эътилоф яъне ҷунбиши мардумии “Ватандор”, ҳаракати “Гурӯҳи 24”, ҷунбиши “Озодӣ ва Адолат”, ҳизби “Эҳёи Тоҷикистони нав”, аз тасмими худ мабнӣ бар роҳандозии як шабакаи моҳвораӣ, ки ба қавли худашон “садои мазлумияти мардуми тоҷикро ба гӯши ҷаҳониён бирасонад” хабар доданд. Ин бисёр муҳим аст. Ва агарчӣ ин кор муқаддимоте мехоҳад ва замон мебарад ва роҳандозиаш ба ҳамин осонӣ ҳам нест, вале мутмаин ҳастам, ки вуҷуди сиёсатмадорон ва рӯзноманигорони коркуштае мисли Додоҷон Атовуллоев дар раъси ин Эътилоф, ки аз шӯҳрати ҷаҳонӣ бархӯрдор ҳастанд, барои тасреъи роҳандозии ин шабака кӯмак хоҳад кард.

Ба ҳар ҳол, ин чаҳор нукта буд, ки дар аҳаммияти ин тазоҳурот ба зеҳнам расид, ки ёдовар бишавам. Албатта нукоти дигаре ҳам ҳастанд, ки сари фурсат ба онҳо низ ишора хоҳам кард.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.