Мантиқ

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 19

Оё мантиқ илме беҳуда аст? (3)

Дар баҳси пеш эродҳое, ки бар фоида доштан ё надоштани мантиқи арастуӣ гирифтаанд, зикр кардем. Акнун эродҳое, ки бар дурустии он гирифта ва мантиқро пуч ва ботил ва ғалат донистаанд, ба тартиб зикр мекунем.

Албатта ёдоварӣ мекунем, ки дар ин ҷо фақат ба посухи баъзе аз ин эродҳо мепардозем. Зеро посухи баъзе дигар ниёзманд ба донистани фалсафа аст, ки ночор дар фалсафа бояд ба суроғи онҳо рафт. Ҳол, баёни эродҳо ва посухи онҳо:

1. Арзиши мантиқ вобаста ба арзиши қиёс аст, зеро мантиқ қоидаҳои дуруст қиёс карданро баён мекунад. Умдаи қиёсҳо қиёси иқтиронӣ аст, ва дар қиёси иқтиронӣ, ки ба чаҳор шакл сурат мегирад, умда шакли аввал аст, зеро се шакли дигар такя ба ин шакл дорад. Шакли аввал, ки пояи аввалӣ ва рукни ракини мантиқ аст, давр аст ва ботил. Пас, илми мантиқ аз асос ботил аст.

Баёни матлаб ин аст: ҳангоме ки дар шакли аввал масалан мегӯем:

  1. Ҳар инсоне ҳайвон аст (суғро);
  2. Ҳар ҳайвоне ҷисм аст (кубро);
  3. Натиҷа: Пас инсон ҷисм аст.

.. дар ин ҷо қазияи “Пас инсон ҷисм аст”, ба ҳукми ин ки мавлуд ва натиҷаи ду қазияи дигар аст, замоне маълуми мо хоҳад шуд, ки қаблан ба ҳар ду муқаддима, аз он ҷумла кубро, илм пайдо карда бошем. Ба иборати дигар, илм ба натиҷа бастагӣ дорад ба илм ба кубро. Аз тарафи дигар, қазияи кубро ба ҳукми ин ки як қазияи куллия аст, замоне маълуми мо хоҳад шуд, ки қаблан ҳар як аз ҷузъиёти он маълум шуда бошад. Пас қазияи “Ҳар ҳайвоне ҷисм аст” замоне барои мо маълум хоҳад шуд, ки қаблан анвоъи ҳайвонот ва аз он ҷумла инсонро шинохта ва илм пайдо карда бошем, ки инсон ҷисм аст. Пас илм ба кубро (Ҳар ҳайвоне ҷисм аст) бастагӣ дорад бар илм ба натиҷа.

Пас илм ба натиҷа мавқуф аст бар илм ба кубро, ва илм ба кубро мавқуф аст бар илм ба натиҷа. Ва ин худ даври сареҳ аст.

Ин эрод ҳамон аст, ки бино ба нақли “Номаи донишварон”, Абӯсаиди Абулхайр бар Абӯалӣ ибни Сино ҳангоми мулоқоташон дар Нишопур эрод кард ва Ибни Сино ба он посух гуфт. Назар ба ин ки посухи Ибни Сино мухтасар аст ва мумкин аст барои афроде мафҳум набошад, мо бо тавзеҳи бештар ва бо изофоте посух медиҳем, сипас айни посухи Ибни Синоро зикр мекунем. Посухи мо ин аст:

Аввалан, худи ин эрод бо як қиёсе, ки аз навъи шакли аввал аст баён шудааст, зеро хулосааш ин аст:

  1. Шакли аввал давр аст;
  2. Давр ботил аст;
  3. Натиҷа: Пас, шакли аввал ботил аст.

Аз тарафи дигар, чун шакли аввал ботил аст, ба ҳукми як қиёс, ки “Ҳар мутанӣ бар ботиле ботил аст”, ҳамаи шаклҳои қиёсии дигар ҳам, ки мубтанӣ бар шакли аввал ҳастанд, ботиланд.

Чунон ки мебинем, истидлоли Абӯсаиди Абулхайр бар ботил будани шакли аввал, қиёсе аст аз навъи шакли аввал.

Акнун мегӯем: агар шакли аввал ботил бошад, истидлоли худи Абӯсаид ҳам, ки ба шакли аввал бармегардад, ботил аст. Абӯсаид хостааст бо шакли аввал шакли аввалро ботил кунад, ва ин хулф аст.

Сониян, ин назар, ки илм ба куброи куллӣ мавқуф аст ба илм ба ҷузъиёти он, бояд шикофта шавад. Манзури Абӯсаид агар ин аст, ки илм ба кубро мавқуф аст ба илми тафсилӣ ба ҷузъиёти он (яъне бояд аввал як-яки ҷузъиётро истиқроъ кард, то илм ба куллӣ ҳосил шавад), ин ҳарф дуруст нест. Зеро роҳи илм ба як куллӣ мунҳасир ба истиқрои ҷузъиёт нест. Ба баъзе аз куллиёт мо ибтидоан ва бидуни собиқаи таҷрибӣ ва истиқроӣ илм дорем, мисли илм ба ин ки давр маҳол аст, вале баъзе аз куллиётро аз роҳи таҷрибаи афроди ангуштшуморе аз ҷузъиёт ба даст меоварем ва ҳеч зарурате ҳам надорад, ки соири маворидро таҷриба кунем, монанди илми пизишк ба хоссияти даво ва ҷараёни ҳоли бемор. Вақте як куллӣ аз роҳи таҷрибаи чанд мавриди ангуштшумор ба даст омад, бо як қиёс ба соири маворид таъмим дода мешавад.

Аммо агар манзураш ин аст, ки илм ба кубро илми иҷмолӣ ба ҳамаи ҷузъиёт ва аз он ҷумла натиҷа аст, ва ба истилоҳ, илм ба натиҷа дар илм ба кубро наҳуфта аст, ин матлаби дурусте аст, вале он чӣ дар натиҷа матлуб аст ва қиёс ба хотири он ташкил мешавад, илми тафсилӣ ба натиҷа аст, на илми басити иҷмолӣ. Пас, дар воқеъ дар ҳар қиёсе, илми тафсилӣ ба натиҷа мавқуф аст ба илми иҷмолӣ ба натиҷа дар зимни кубро. Ва ин монеъе надорад ва давр нест, зеро ду гуна илм аст.

Посухе, ки Ибни Сино ба Абӯсаид дод ҳамин буд, ки илм ба натиҷа дар натиҷа тафсилӣ аст ва илм ба натиҷа дар зимни кубро иҷмолӣ аст, ва инҳо ду гуна илманд

2. Ҳар қиёс ё такрори маълум аст ва ё мусодира ба матлуб, зеро он гоҳ ки қиёс ташкил дода, мегӯем:

  1. Ҳар инсоне ҳайвон аст;
  2. Ҳар ҳайвоне ҷисм аст;
  3. Натиҷа: Пас, ҳар инсоне ҷисм аст.

… ё ин аст, ки дар зимни қазияи “Ҳар ҳайвоне ҷисм аст” (кубро), медонем, ки инсон низ, ки яке аз анвоъи ҳайвонот аст ҷисм аст, ё намедонем? Агар медонем, пас натиҷа қаблан дар кубро маълум буд ва бори дигар такрор шудааст. Пас, натиҷа такрори ҳамон чизе аст, ки дар кубро маълум аст ва чизи ҷадиде нест. Ва агар маҷҳул аст, пас мо худашро, ки ҳанӯз маҷҳул аст, далел бар худаш дониста, дар зимни кубро қарор додаем. Ва ин мусодира бар матлуб аст. Яъне як шайъи маҷҳул худаш далел бар худаш воқеъ шудааст.

Ин эрод аз Эстворт Мил, файласуфи маъруфи ангилисӣ аст, ки дар қарни 18 милодӣ мезистааст. Чунон ки мебинем, ин истидлол дарбардорандаи матлаби тозае нест. Бо эроди Абӯсаиди Абулхайр решаи муштарак дорад. Ва он ин ки илм ба кубро он гоҳ ҳосил аст, ки қаблан илм ба натиҷа (аз роҳи истиқроъ) ҳосил шуда бошад.

Посухаш ҳамон аст, ки қаблан гуфтем. Ин ки мегӯяд, оё натиҷа дар зимни кубро маълум аст ё маҷҳул? Посухаш ҳамон аст, ки Ибни Сино ба Абӯсаид дод, ки натиҷа маълум аст иҷмолан, ва маҷҳул аст тафсилан. Бинобар ин, на такрори маълум лозим меояд ва на мусодира ба матлуб.

3. Мантиқи арастуӣ мантиқи қиёсӣ аст, ва асоси қиёс бар ин аст, ки сайри фикрии зеҳн ҳамвора нузулӣ (яъне аз боло ба поин) аст. Яъне интиқоли зеҳн аз куллӣ ба ҷузъӣ аст. Дар гузашта чунин тасаввур мешуд, ки зеҳн ибтидоан куллиётро дарк мекунад ва ба васила куллиёт ба дарки ҷузъиёт ноил мешавад. Аммо таҳқиқоти ахир нишон додааст, ки кор комилан баръакс аст. Сайри зеҳн ҳамвора суъудӣ (яъне аз ҷузъӣ ба куллӣ аст). Бар ин асос, равиши қиёсӣ аз назари мутолеоти дақиқ рӯи зеҳн ва фаъолиятҳои зеҳн, маҳкум ва матруд аст. Ба иборати дигар, тафаккури қиёсӣ бе асос аст ва ягона роҳи тафаккур, истиқроъ аст.

Ин ишкол баёни олимонаи матлабе аст, ки зимни ишколоти гузашта гуфта мешавад. Посухаш ин аст, ки маҳсур сохтани ҳаракати зеҳн ба ҳаракати суъудӣ, ба ҳеч ваҷҳ саҳеҳ нест. Зеро аввалан, чунон ки мукаррар гуфтаем, худи таҷриба ва натиҷагирии илмӣ аз умури таҷрибӣ, беҳтарин гувоҳ аст, ки зеҳн, ҳам сайри суъудӣ дорад ҳам сайри нузулӣ. Зеро зеҳн аз озмоиш дар чандин маврид, як қоидаи куллӣ истинбот мекунад ва ба ин васила сайри суъудӣ мекунад, сипас дар соири маворид ҳамин қоидаи куллиро ба сурати қиёсӣ таъмим медиҳад ва сайри нузулӣ ва қиёсӣ менамояд.

Ба илова, ҳамаи усули қатъии зеҳни инсон таҷрибӣ ва ҳиссӣ нестанд. Ҳукми зеҳн ба ин ки “давр ботил аст”, ва ё “як ҷисм дар они воҳид дар ду макони мухталиф маҳол аст вуҷуд дошта бошад”, ва даҳҳо амсоли инҳо ба ҳеч ваҷҳ наметавонад ҳиссӣ, истиқроӣ ё таҷрибӣ буда бошад.

Аҷабо, ки худи ин истидлол, ки мегӯяд, қиёс интиқол аз куллӣ ба ҷузъӣ аст, ва интиқол аз куллӣ ба ҷузъӣ, ғалат ва номумкин аст, як истидлоли қиёсӣ аст, ва аз навъи сайри нузулӣ аст. Чӣ гуна истидлолкунанда мехоҳад бо қиёс, ки бар фарз дар назари ӯ ботил аст, қиёсро ибтол кунад?! Агар қиёс ботил аст, ин қиёс ҳам ботил аст. Пас далеле бар бутлони қиёс вуҷуд надорад.

4. Мантиқи арастуӣ чунин фарз карда, ки ҳамвора робитаи ду чиз дар як қазия ба сурати индироҷ аст, бинобар ин қиёсро мунҳасир карда бар истисноӣ ва иқтиронӣ, ва қиёси иқтирониро мунҳасир карда ба чаҳор шакли маъруф. Ва ҳол он ки як навъ робитаи дигаре ғайр аз робитаи индироҷ вуҷуд дорад, ва он робитаи тасовӣ аст, ки дар риёзиёт ба кор бурда мешавад. Мисли ин ки мегӯем:

  1. Зовияи А мусовӣ аст бо зовияи Б;
  2. Зовияи Б мусовӣ аст бо зовияи В;
  3. Пас, зовияи А мусовӣ аст бо зовияи В.

Ин қиёс бо ҳеч як аз шаклҳои чаҳоргонаи мантиқ мунтабиқ нест, зеро ҳадди васат такрор нашудааст.

Дар қазияи аввал маҳмул иборат аст аз мафҳуми “мусовӣ” ва дар қазияи дуввум мавзӯъ иборат аст аз “зовия” на “мусовӣ‏” ва дар айни ҳол, ин қиёс дорои натиҷа аст.

Ин эродро уламои мантиқи риёзӣ монанди Росел ва ғайра зикр кардаанд.

Посухаш ин аст, ки уламои мантиқ — лоақалл мантиқдонони исломӣ — ин қиёсро шинохтаанд ва онро қиёси мусовот ном ниҳодаанд, вале онҳо мӯътақиданд, ки қиёси мусовот дар воқеъ чанд қиёси иқтиронӣ аст, ки робитаҳо дар он ҳама индироҷӣ мешаванд. Тафсили матлабро аз кутуби мантиқ монанди “Ишорот”-и Ибни Сино бояд ҷустуҷӯ кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.