Усули фиқҳ

Шарҳи Усули Шошӣ (9)

Мутлақ ва муқайяд (2)

Баҳси мо дар бораи мутлақ ва муқайяд аз Қуръон буд. Мусанниф дар идомаи ҳамон баҳс мегӯяд:

وكذلك قلنا في قوله تعالى: «الزانية والزاني فاجلدوا كل واحد منهما مائة جلدة». إن الكتاب جعل جلد المائة حدا للزنا فلا يزاد عليه التغريب حدا، لقوله عليه السلام: «البكر بالبكر جلد مائة وتغريب عام»، بل يعمل بالخبر على وجه لا يتغير به حكم الكتاب فيكون الجلد حدا شرعيا بحكم الكتاب والتغريب مشروعا سياسة بحكم الخبر

Ва ҳамон суханро (ки дар масъалаи вузуъ гуфтем ва бар асоси он, итлоқи Қуръон дастнахӯрда боқӣ монда буд) дар бораи ин ояти Қуръони Карим низ, ки мефармояд: “Аззонияту ваз-зонӣ фаҷлиду кулла воҳидин минҳумо миата ҷалда…” (Ҳар зани зинокор ва марди зинокорро сад тозиёна бизанед…) (Сураи Нур, ояти 2) мегӯем. Зеро Қуръони Карим сад шаллоқ (тозиёна)-ро ҳадди зино қарор додааст. Пас, тағриб (табъид) ба унвони ҳадд, бар он (сад шаллоқ) афзуда намешавад ба ин далел, ки ҳазрати Паёмбар (с) фармудаанд: “Агар бикр (марди никоҳнокарда) бо бикр (зани шӯйнокарда) муртакиби зино бишаванд, ҷазояшон ин аст, ки ҳар яке аз онҳо сад шаллоқ бихӯранд ва як сол табъид бишаванд.” (Ривояти Муслим ва Тирмизӣ). Балки ба гунае ба ин хабар амал мешавад, ки ҳукми Қуръон тағйир наёбад; (ба ин сурат, ки) шаллоқ ҳадди шаръӣ хоҳад буд ба ҳукми Қуръон, ва тағриб (табъид) амале машруъ аз назари сиёсӣ аст ба ҳукми хабар.”

Шарҳ: Ҳадд дар истилоҳи шариат ҳамон уқубат ва кайфари ҷинояткор аст. Қуръони Карим дар бораи ҳадди зинои мард ё зани ҳамсарнокарда мегӯяд: ҳадди ӯ сад шаллоқ аст. Ва Қуръон дар ин оят “сад шаллоқ”-ро мутлақ овардааст. Яъне сад шаллоқ ба унвони ҳадд барои ӯ кофӣ аст, чӣ ҳамроҳ бо табъид бошад ва чӣ бидуни табъид. (Албатта лозим ба ёдоварист, чунон ки медонем, ҳадди мард ё зани ҳамсардор раҷм аст, бинобар ин, агар яке аз онҳо (зан ё мард) ҳамсарнокарда ва дигарӣ дорои ҳамсар бошад, ҳамсарнокарда шаллоқ ва ҳамсардор раҷм мешавад.)

Аз сӯи дигар, дар ривоят аст, ки ҳазрати Паёмбар (с) фармудаанд: “Агар бикр бо бикр муртакиби зино бишаванд, ҷазояшон ин аст, ки ҳар яке аз онҳо сад шаллоқ бихӯранд ва як сол тағриб бишаванд.” (Ривояти Муслим ва Тирмизӣ) Тағриб ҳамон табъид аст. Бар мабнои ин хабар, ҳадд ва уқубати зинои ҳамсарнокарда, илова бар сад шаллоқ, табъид шудани ӯст ба муддати як сол. Яъне, ин хабар сад шаллоқро кофӣ намедонад, балки бояд як сол табъид ҳам бар шаллоқ изофа бишавад. Ба иборати дигар, ҳадди зинои ҳамсарнокарда ба мӯҷиби ин хабар, маҷмӯи ду чиз аст: сад шаллоқ ва табъид, на сад шаллоқи танҳо. Ва ин дар ҳоле аст, ки ба мӯҷиби ояти қуръонӣ, сад шаллоқ ба унвони ҳадд барои ӯ кофӣ дониста шуда буд.

Мусанниф дар ин ҷо низ ҳамон суханеро, ки дар мисоли қаблӣ гуфта мегӯяд. Ва он ин ки бар асоси назари фуқаҳои ҳанафӣ, хабари воҳид (ки далели заннӣ аст) наметавонад мутлақи Қуръонро (ки далели қатъӣ аст) муқайяд карда, итлоқи Қуръонро аз байн бибарад. Бар хилофи Имом Шофеӣ, ки муқайяд кардани мутлақи Қуръонро ба воситаи хабари воҳид ва ё қиёс ҷоиз мешуморад ва мегӯяд, хабари воҳид метавонад баёни мутлақи Қуръон бошад.

Хуб, ҳоло бо ин ривоят чӣ кор кунем? Мусанниф мегӯяд, дар ин ҷо низ бояд ҳамон кореро бикунем, ки дар мисоли пешин анҷом дода будем. Ва он ин ки ба мадлули хабар бояд ба гунае амал бишавад, ки итлоқи Қуръон аз байн наравад; ба ин сурат, ки мегӯем: шаллоқ ҳадди шаръӣ аст ба ҳукми китоб (Қуръон), ва аммо як сол табъид амале машруъ ва ҷоиз аст аммо ба лиҳози сиёсат, ва ин ба ҳукми ривоят хоҳад буд.

Нуктае, ки метавон аз ин ҷумлаи мусанниф, ки мегӯяд: “тағриб амале машруъ аз назари сиёсӣ аст ба ҳукми хабар” фаҳмид, ин аст, ки суннати ҳазрати Паёмбар (с) (яъне гуфтор ва кирдор ва тақрири он ҷаноб (с)) яксон нест. Дар мавориде, он ҷаноб (с) дар мақоми баёни ҳукми илоҳӣ ва ташреъ ҳастанд. Вале мавориде ҳам ҳаст, ки он ҷаноб (с) матлаберо ба унвони як ҳокими сиёсӣ баён ва ё анҷом додаанд. Иншоаллоҳ дар баҳси суннат, ки мерасем, дар ин мавзӯъ ба тафсил баҳс хоҳем кард.

Мисоли севвум:

Мусанниф мегӯяд:

وكذلك قوله تعالى: «وليطوفوا بالبيت العتيق» مطلق في مسمى الطواف بالبيت فلا يزاد عليه شرط الوضوء بالخبر، بل يعمل به على وجه لا يتغير به حكم الكتاب بأن يكون مطلق الطواف فرضا بحكم الكتاب والوضوء واجبا بحكم الخبر فيجبر النقصان اللازم بترك الوضوء الواجب بالدم

Ва ҳамчунин ин фармудаи Худованди Мутаъол, ки: “Вал-яттаввафу бил-байтил-атиқ” (Бар гирди он хонаи куҳан (Каъба) тавоф ба ҷой оваранд) (Сураи Ҳаҷ, ояти 29) мутлақ аст дар маънои тавоф бар гирди Каъба. Бинобар ин, шарти вузуъ ба мӯҷиби хабар, бар тавоф афзуда намешавад, балки ба гунае ба мадлули хабар амал мешавад, ки ҳукми Қуръон (яъне итлоқ) тағйир наёбад; ба ин сурат, ки (мегӯем:) мутлақи тавоф фарз аст ба ҳукми Қуръон, ва вузуъ воҷиб аст ба ҳукми хабар. Дар ин сурат, нуқсоне, ки бо тарки вузуъи воҷиб пеш меояд, бо хун ҷуброн хоҳад шуд.”

Шарҳ: Ояти фавқ тавоф бар гирди Каъбаро ба сурати мутлақ зикр карда, чӣ ҳамроҳ бо вузуъ бошад ва чӣ бидуни вузуъ. Аммо дар хабар аст, ки ҳазрати Паёмбар (с) фармудаанд: “Тавоф бар гирди Каъба салот аст (яъне навъе ибодат аст)…” (Ривояти Ҳоким дар Мустадрак). Ва медонем, ки ибодат бояд бо вузуъ анҷом бипазирад. Яъне, ба мӯҷиби ин хабар, тавоф бояд бо вузуъ бошад. Дар ҳоле ки Қуръон тавофро мутлақ оварда. Дар ин ҷо низ мусанниф ҳамон кореро, ки дар ду мисоли пешин анҷом дода буд, анҷом медиҳад. Мегӯяд, аз он ҷо ки наметавон ба воситаи хабари воҳид (ки далеле заннӣ аст) мутлақи Қуръонро (ки далели қатъӣ аст) муқайяд кард, бинобар ин, ба мадули ин хабар ба гунае амал мешавад, ки итлоқи Қуръон аз байн наравад. Ба ин сурат, ки мегӯем: мутлақи тавоф (чӣ ҳамроҳ бо вузуъ бошад ва чӣ бидуни он) фарз аст ба ҳукми Қуръон, ва аммо вузуъ доштан дар тавоф воҷиб аст ба ҳукми хабар.

Матлаби дигар он ки ҳар гоҳ тавофро бидуни вузуъ анҷом бидиҳад, ӯ тарки воҷиб кардааст (на тарки фарз). Ва бояд ин нуқсонро ҷуброн бикунад ба ин ки хун бирезад. Яъне каффораи тарки ин воҷиб, сар буридани чаҳорпо аст (ки баҳсаш дар китобҳои фиқҳӣ ба тафсил омадааст).

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.